АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Оид ба моҳияти салоҳияти донишҷӯён зимни таҳияи рисолаи хатм

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Таҳсилоти босалоҳият ё таҳсилоти ба ташаккули салоҳиятнокӣ асосёфта, чунонки маълум аст, роҳҳои ташаккули салоҳияту салоҳиятнокӣ, муносибати босалоҳиятро ба таълим ва дар маҷмӯъ, шакли нави муносибат ба раванди таҳсилотро фаро мегирад. Дар кишварҳои пешрафтаи олам имрӯз ба таҳсилоти босалоҳият, ки тамоми зинаҳои таҳсилотро аз пешниҳоди донишҳо ботадриҷ ба сӯи фароҳам сохтани шароит барои соҳиб гаштан ба маҷмӯи салоҳиятҳо мебарад, мақоми аввалиндараҷа гирифтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даҳсолаи охир дар самти татбиқи таҳсилоти босалоҳият корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №334 «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020»[1] тасдиқ гардид.

Тибқи талаботи ин санад дар ҷумҳурӣ низоми нави маориф, ки «мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, бояд ба талабагон имконияти азхуд намудани салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро, ба монанди қабули масъулиятнокии қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касб, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, салоҳияти алоқадорӣ, тайёрии касбии дар бозори меҳнат талаботдошта, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи солими ҳаёт, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмин намояд».

Қобили қайд аст, ки дар Стратегияи мазкур вазифаҳои тамоми зинаҳои таҳсилот вобаста ба таҳсилоти босалоҳият мушаххас гардидаанд. Вобаста ба низоми таҳсилоти олии касбӣ дар ин санад андешидани тадбирҳои зерин ба нақша гирифта шудааст: «гузариш ба стандартҳои нави замонавии ба муносибати салоҳиятнок ва ташкили модули барномаҳо асосёфта» ва «афзоиши саҳми фаъолияти мустақилонаи таълимӣ ба қадри гузаштани зинаҳои таҳсилот, ҳамчун технологияи ташаккули салоҳиятҳои асосие, ки ташаккул ёфта, дар фаъолият зоҳир мегарданд» ва амсоли он.

Дар маҷмӯъ, татбиқи таҳсилоти босалоҳият дар кишвари мо ва омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки бо ин васила соҳаи маориф ба талаботи илмию фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоии замона мутобиқ мегардад. Аз ин рӯ, таҳқиқи илмӣ ва татбиқи амалии таҳсилоти босалоҳият имрӯз бояд яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мутахассисони соҳаи маориф бошад.

Зимни татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, дар таҳияи рисолаи хатм, иҷрои як қатор талаботро аз ҷониби донишҷӯ бояд ба эътибор гирифт:

- азхудкунии талаботи стандарти тахассусӣ аз рӯи ихтисосе, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гирифтааст, аз ҷумла мувофиқи талаботи таҳсилоти босалоҳият, ки ташаккули салоҳиятҳои умумиихтисосӣ ва умумикасбиро фаро мегирад;

- азхудкунии барномаҳои таълимӣ мувофиқи талаботи таҳсилоти босалоҳият аз рӯи тамоми фанҳое, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таълим дода шудаанд.

Дар марҳилаи ниҳоии хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар кадом шакле, ки набошад (бакалавриат, мутахассис, магистратура) ҳатман таҳияи кори дипломӣ ё рисолаи хатм ба роҳ монда шудааст. Навиштани кори дипломӣ кори басо душвор ва масъулиятнок мебошад ва иҷрои он аз донишҷӯёни хатмкунанда на танҳо сатҳи баланди умумӣ ва махсуси касбӣ, балки салоҳияти баланди дар шакли хаттӣ баён кардани фикри худ ва дуруст ба роҳ мондани раванди таҳқиқотро талаб менамояд. Аз ин рӯ, ташаккули салоҳиятҳои донишҷӯён барои таҳияи кори дипломӣ ва ё рисолаи хатм, инчунин ташаккули салоҳиятҳои онҳо зимни таҳияи чунин рисола ва баъди анҷом додани он низ масъалаи муҳим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад. Бинобар  ин ҳар як хатмкунандаро лозим аст, ки пеш аз ҳама ба моҳият ва талаботи корҳои илмӣ-таҳқиқиқотӣ шинос бошад ва оид ба фаъолият дар ин самт маълумоти кофӣ пайдо намояд.

Дар  ин таҳқиқоти худ мо тасмим гирифтем ва кӯшиш намудаем, ки бо такя ба дастурҳои методии мавҷуда, таҳқиқоти илмии муосир дар соҳаи назарияи педагогика ба баъзе ҷанбаҳои масъалаи мазкур равшанӣ андохта, оид ба роҳандозии таҳияи рисолаи хатм бо истифода аз салоҳиятҳои ташаккулёфтаи хатмкунандагон ибрози назар намоем.

Вобаста ба масъалаи баррасишаванда таъкид бояд намуд, ки дар навиштани рисолаи хатм ташаккули салоҳиятҳои донишҷӯёнро бояд дар ду сатҳ муайян сохт:

1) салоҳиятҳое, ки барои таҳияи рисолаи хатм ба донишҷӯён заруранд;

2) салоҳиятҳое, ки дар раванди таҳия ва анҷоми рисолаи хатм дар донишҷӯён бояд ташаккул ёбанд.

 Бо ҳамин сабаб, дар таҳқиқоти мо ба ҳар ду ин ду ҷанба таваҷҷуҳ карда шудааст.

Салоҳиятҳоеро, ки барои таҳияи рисолаи хатм ба донишҷӯён заруранд, дар навбати худ метавон ба якчанд гуруҳ ҷудо кард. Пеш аз ҳама инҳо салоҳиятҳое мебошанд, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ барои донишҷӯи муосир дар умум пешбинӣ шудааст. Ба ин гурӯҳ салоҳиятнокии калидиро, ки тибқи дастури Шӯрои Аврупо «бояд ҷавонони аврупоӣ бо онҳо мусаллаҳ бошанд”[2] дохил намудан мумкин аст. Ин салоҳиятҳо низ дар навбати худ ба гурӯҳхо тақсим мешаванд, ки барои донишҷӯён хеле муҳимманд: 1) салоҳиятнокии сиёсӣ ва иҷтимоӣ; 2) салоҳиятнокие, ки бо ҳаёт дар ҷомеаи бисёрфарҳангӣ алоқаманд аст; 3) салоҳиятнокие, ки бо донистани муоширати шифоҳию хаттӣ алоқамандӣ дорад; 4) салоҳиятнокие, ки бо тавсеаи иттилоотикунонии ҷомеа алоқаманд аст; 5) салоҳияти омӯзиш дар давоми тамоми ҳаёт чун асоси таҳсилоти муттасил[3].

Аз ин салоҳиятҳо сеюм ва чорум дар таҳияи рисолаи хатм хеле муҳимманд. Масалан, салоҳиятнокие, ки бо донистани муоширати шифоҳию хаттӣ алоқамандӣ дорад, барои фаъолияти меҳнатӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ хеле муҳим буда, ба онҳое, ки аз чунин хислат маҳруманд, изолятсияи иҷтимоӣ таҳдид мекунад. Тибқи талабот ба чунин салоҳият дар шароити кунунӣ, махсусан, донистани якчанд забон хеле муҳим гаштааст. Доштани чунин салоҳият ба хатмкунанда имкон медиҳад, ки манбаъҳои илмиро бо забонҳои гуногун дар таҳияи рисолаи илмияш мавриди истифода қарор диҳад.

Салоҳиятнокии дигаре, ки бо тавсеаи иттилоотикунонии ҷомеа алоқаманд аст, донистани технологияҳо, фаҳмидани тарзи истифодаи онҳо, дарки ҷанбаҳои қавӣ ва заифи иттилоотро талаб мекунад, ки аз ҷониби васоити ахбори омма ва тавассути реклама паҳн мегарданд. Дар ин зимн донистани роҳҳои муносибати интиқодӣ ба ин иттилоот низ зарур аст. Ташаккули ин навъи салоҳият ба хатмкунанда имкон медиҳад, ки иттилооти заруриро бо истифода аз воситаҳои техникӣ дастрас намояд ва онҳоро дар кори илмии худ ба таври мантиқию интиқодӣ баррасӣ ва истифода кунад.

Дуюм, барои донишҷӯи муосир салоҳиятҳое, ки аз ҷониби кишварҳои аъзои раванди Болония дар доираи лоиҳаи аврупоии “Мутобиқсозии  сохторҳои таҳсилотӣ”[4] мушаххас карда шудаанд, муҳим буда, маҷмӯи чунин салоҳиятҳо ҳам ба зинаи бакалавриат ва ҳам магистратура мутобиқ карда шудааст. Дар амалисозии ин лоиҳа беш аз сад донишгоҳ аз 16 давлати дунё, ки созишномаи Болонияро ба имзо расонида буданд, саҳм гузоштаанд. Аз ҷониби иштирокчиёни лоиҳаи мазкур се категорияи салоҳиятҳо муайян ва қабул карда шуданд, ки чунинанд: 1) салоҳиятҳои инструменталӣ; 2) салоҳиятҳои муносибати байнифардӣ; 3) салоҳиятҳои системавӣ[5]. Дар таҳияи рисолаи хатм, аз нуқтаи назари мо ташаккули ҳар сеи ин салоҳиятҳо барои донишҷӯи муосир зарур аст. Аз ин рӯ, шарҳи бештари моҳияти онҳо аз манфиат холӣ нест.

Салоҳиятҳои инструменталӣ, чунонки аз номи он бармеояд, вазифаи инструмент - олот, восита, василаро иҷро намуда, чунин қобилиятҳои маърифатиро фаро мегиранд: қобилияти фаҳмидани идея ва назарияҳо ва онҳоро ба кор бурдан; қобилиятҳои методологӣ барои ташкили шароити корӣ; ташкили вақт ва стратегияи таҳсил, қабули қарор ва ё ҳалли масъалаҳо; малакаҳои технологӣ: истифодаи олоти техникӣ, малакаи идоракунии иттилоот ва кор дар компютер;  малакаҳои забонӣ: муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ, инчунин донистани забони хориҷӣ. Ба ибораи дигар, ин гурӯҳи салоҳиятҳо маҳорату малакаҳои зерини хатмкунандаро дар бар мегиранд:

  1. Қобилияти таҳлил ва синтез.
  2. Қобилияти ташкилӣ ва банақшагирӣ;
  3. Дониши умумии бунёдӣ;
  4. Дониши бунёдии касбӣ-ихтисосӣ;
  5. Малакаи навиштан ва гуфтугӯ бо забони модарӣ;
  6. Малакаи оддии компютерӣ;
  7. Малакаи идоракунии иттилоот (қобилияти ба даст овардан ва таҳлил намудани иттилооти аз манбаъҳои гуногун бадастомада);
  8. Кобилияти халли мушкилот;
  9. Қобилияти қабули қарорҳо ва ғ.

Дар навиштани кори дипломӣ аз доираи салоҳиятҳои инструменталӣ  қобилиятҳои таҳлил ва синтез, ташкилӣ ва банақшагирӣ, инчунин дониши бунёдии касбӣ-ихтисосӣ, малакаи навиштан ва гуфтугӯ бо забони модарӣ, малакаҳои компютерӣ ва идоракунии иттилоот (қобилияти ба даст овардан ва таҳлил намудани иттилооти аз манбаъҳои гуногун ба дастоварда), аз нуқтаи назари мо, хеле муҳимманд.

Салоҳиятҳои муносибати байнифардӣ бошад, қобилиятҳои инфиродии донишҷӯ, яъне қобилияти ифода кардани ҳиссиёти худ, қобилияти интиқод ва худтанқидкуниро дар бар гирифта, ба ин гурӯх маҳорату малакахои зеринро нисбат додан мумкин аст:

  1. Маҳорати танқидӣ ва худтанқидкунӣ доштан.
  2. Қобилияти кор дар як даста.
  3. Маҳоратҳои шахсӣ.
  4. Қобилияти кор дар гурӯҳҳои байнифаннӣ.
  5. Маҳорати ҳамкорӣ бо мутахассисони дигар соҳа ё фан.
  6. Қобилияти шинохтани гуногунрангӣ ва фарқиятҳои байни фарҳангҳо.
  7. Қобилияти кор дар контексти (зерматни) байналмилалӣ.
  8. Риоя намудани арзишҳои этикӣ ва ғ.

Ҳар як хатмкунандаи он зинаи таҳсилот, ки фаъолияти илмӣ- таҳқиқотии худро бо навиштани кори дипломӣ ва ё магистрӣ анҷом медиҳад, албатта бояд салоҳиятҳои муносибати байнифардиро  дар худ рушд бахшад. Аз қабили ин салоҳиятҳо махсусан маҳоратҳои шахсӣ, қобилияти кор дар гурӯҳҳои байнифаннӣ, маҳорати ҳамкорӣ бо мутахассисони дигар соҳа ё фан, қобилияти кор дар контексти (зерматни) байналмилалӣ ва ғайраро зикр кардан зарур аст.

Дар байни салоҳиятҳое, ки аз ҷониби кишварҳои аъзои раванди Болония мушаххас карда шудаанд, салоҳиятҳои системавӣ малака ва қобилиятҳои дар маҷмӯъ ба системаҳо алоқамандбударо мефаҳмонанд. Ин малакаву қобилиятҳо комбинатсияи фаҳмиш, мутаассир будан ва соҳиб будан ба донишҳоро дар назар доранд, ки ба шахс имкон медиҳанд, ҷузвҳои куллро дар алоқамандӣ ва ягонагии онҳо бубинад. Ба ин гурӯҳ салоҳиятҳо қобилияту малакахои зеринро дохил кардан ба мақсад мувофиқ аст:

  1. Маҳорати татбиқи донишҳо дар амал.
  2. Маҳорату қобилияти таҳқиқотӣ доштан.
  3. Маҳорат ба омӯзиш.
  4. Маҳорати мутобиқ шудан ба ҳолатҳои нав.
  5. Маҳорати эҷоди ғояҳои нав (эҷодкорӣ).
  6. Қобилияти фаҳмидани фарҳангу анъанаҳои дигар халқу кишварҳо.
  7. Маҳорати кор кардан ба таври мустақил.
  8. Маҳорати таҳияи лоиҳаҳо ва идоракунӣ.
  9. Маҳорати ташаббускорӣ.
  10. Эҳсоси масъулият барои сифат.
  11. Ирода барои муваффақ шудан ва ғ.

 Аз шумораи салоҳиятҳои номбаршуда зарур мешуморем, ки барои  навиштани кори дипломӣ донишҷӯ чунин салоҳиятҳоро ҳатман касб намояд: маҳорати татбиқи донишҳо дар амал, яъне донишҳои худро дар навиштани кори дипломӣ истифода барад; маҳорати қобилияти таҳқиқотӣ доштан; маҳорат ба омӯзиш; маҳорати эҷоди ғояҳои нав (эҷодкорӣ) ва ирода барои муваффақ шудан.

Сеюм, барои ташаккули салоҳиятҳои донишҷуён дар раванди таҳсилу омӯзиш дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки метавонанд ҳангоми таҳияи рисолаи илмӣ низ ба онҳо кӯмак кунанд, аз ҷониби ЮНЕСКО чунин маҷмӯи салоҳиятҳо пешниҳод шудаанд: 1) салоҳияти арзишӣ-мафкуравӣ; 2) салоҳияти умумифарҳангӣ; 3) салоҳияти таълимӣ-маърифатӣ; 4) салоҳияти иттилоотӣ; 5) салоҳияти коммуникативӣ; 6) салоҳияти иҷтимоӣ-меҳнатӣ; 7) салоҳияти шахсӣ-худтакмилдиҳӣ[6].

Бо сабаби он, ки ҳар яке аз маҷмӯи ин салоҳиятҳо ҳангоми таҳияи рисолаи хатм муҳимманд, ба моҳияти ҳар як гурӯҳи ин салоҳиятҳо дар алоҳидагӣ равшанӣ меандозем:

1) салоҳияти арзишӣ-мафкуравӣ. Салоҳияти мазкур ҷой додани донишҷӯро дар ҳолати худмуайянкунӣ дар бар мегирад, яъне мо бояд дар раванди таълим донишҷӯёни қобилиятнокро ҷудо намоем ва ба онҳо барои худмуайянкунӣ кӯмак намоем. Дар маҷмӯъ дар ин ҷо сухан дар бораи самтгирии касбӣ меравад;

2) салоҳияти умумифарҳангӣ бевосита дар назар дорад, ки мо бояд донишҷӯёнро бо маънавиёт ва анъанаҳои ҷамъиятӣ шинос намоем. Омӯзгор бояд дар машғулиятҳо усулҳоеро истифода намояд, ки таълимро аз мундариҷаи асосӣ дур насозанд, аммо маъниҳои ниҳонӣ дошта бошанд, то ки тавассути онҳо салоҳиятҳои умумифарҳангии донишҷӯён ташаккул ёбанд;

3) салоҳияти таълимӣ-маърифатӣ бошад, маҷмӯи ҳолатҳои таълимиеро дар бар мегирад, ки дар онҳо донишҷӯ ҳамзамон ҳам ба ҳайси субъект ва ҳам объекти раванди таълим баромад мекунад, яъне дар ҳолати мазкур  сухан дар бораи худомӯзӣ меравад. Мутаносибан амалигардонии муносибати салоҳиятнок дар қисмати салоҳияти таълимӣ-маърифатӣ аз ҷониби омӯзгор истифодабарии усулҳои ба худтакмилдиҳии донишҷӯ мусоидаткунандаро дар назар дорад;

4) салоҳияти иттилоотӣ раванди азхудкунии технологияҳои итилоотии муосирро аз ҷониби донишҷӯ дар бар мегирад, яъне мо бояд дар машғулиятҳо чун ҳамешагӣ ба таври ғайримақсаднок ба донишҷӯ тарзи кор бо технологияи иттилоотиро омӯзонем. Аз як машғулият ба машғулияти дигар бояд сатҳи истифода аз сарчашмаҳоро боло бардорем ва бо чунин тарз донишҷӯро ба мутобиқшавӣ ба фазои иттилоотии ҷаҳони муосир  омода намоем;

5) салоҳияти коммуникативӣ истифодаи воситаҳои муоширатро аз тарафи донишҷӯ дар назар дорад. Зарур аст, ки донишҷӯ дар машғулиятҳо бо ҳамсабақон муошират намояд ва ба онҳо маводи омӯзишро тафсир карда тавонад, яъне ташкили усулҳои коммуникативӣ дар машғулиятҳо донишҷӯро ба зоҳир намудани шахсияти худ дар ҷомеа омода менамояд;

6) салоҳияти иҷтимоӣ-меҳнатӣ яке аз салоҳиятҳои муҳим ба ҳисоб рафта, он азхудкунии донишҳо ва таҷрибаро аз ҷониби донишҷӯ барои фаъолияти ҷамъиятӣ, фаъолият дар соҳаи иҷтимоӣ-меҳнатӣ, дар соҳаи муносибатҳои оилавӣ ва иҷрои уҳдадориҳо, дар масъалаҳои иқтисодиёт ва ҳуқуқ, инчунин дар худмуайянкунии касбӣ пешбинӣ мекунад. Аз ин рӯ, мустаҳкамкунии доимӣ, такмил ва назорат аз болои ин малакаҳои заминавӣ барои хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хеле зарур аст.

Нуктаҳои дар боло зикршударо хулоса карда, ҷоиз ба таъкид мешуморем, ки зимни таҳияи кори дипломӣ бояд ба чунин ҷанбаҳои салоҳиятҳои таълимӣ-маърифатӣ таваҷҷӯҳ дошта бошем: маҷмӯи ҳолатҳои таълимӣ чунин талабот аст, ки тибқи онҳо донишҷӯ ҳамзамон ҳамчун субъект ва объекти раванди таълим баромад мекунад. Ба ибораи дигар, дар ҳолати мазкур сухан дар бораи худомӯзӣ меравад. Мутаносибан, амалигардонии муносибати салоҳиятнок дар қисмати салоҳияти таълимӣ-маърифатӣ аз ҷониби омӯзгор истифодабарии усулҳои ба худтакмилдиҳии донишҷӯ мусоидаткунандаро дар назар дорад. Салоҳияти иттилоотӣ бошад, раванди азхудкунии технологияҳои итилоотии муосирро аз ҷониби донишҷӯ дар бар мегирад, яъне мо аз як машғулият ба машғулияти дигар бояд сатҳи истифода аз сарчашмаҳоро боло бардорем ва бо чунин тарз донишҷӯро ба мутобиқшавӣ ба фазои иттилоотии ҷаҳони муосир  омода намоем. Ниҳоят, салоҳияти коммуникативӣ истифодаи воситаҳои коммуникативиро аз тарафи донишҷӯ дар назар дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки донишҷӯ дар машғулиятҳо бо ҳамсабақон муошират намояд ва ба онҳо маводи омӯзиши худро дар рисолаи дипломияш тафсир карда тавонад. Вобаста ба ин бошад, ташкили усулҳои коммуникативӣ дар машғулиятҳо бояд ба тавре сурат гирад, ки донишҷӯро ба зоҳир намудани шахсияти худ дар ҷомеа омода намояд.

           Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби Фонди миллии илмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ рӯйхати салоҳиятҳое, ки бояд хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои бомуваффақият гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дошта бошад, муайян гардидааст, ки онҳо низ барои таҳқиқоти ояндаи хатмкунанда заминаи зарурӣ фароҳам меоранд. Аз нуқтаи назари мутахассисони ин Фонд, барои таҳқиқоти бомуваффақият талаб карда мешавад[7]: қобилияти гузаронидани таҳқиқоти мустақил бо соҳиб будан ба донишҳои ҳадди ақал;  фаъолияти мунтазам, равона сохтани диққати асосӣ ба мавзӯи асосии таҳқиқот;  тафаккури ғайрирасмӣ, қобилияти савол додан ба таври умум ва қабули ҷавоб ба он;  қобилияти дидани мушкилоте, ки дигарон аз он пай намебаранд; муқоисаи ғайримуқаррарӣ ва пайдо кардани пайвандҳои ҳақиқӣ байни зуҳурот;  қобилияти муттаҳидсозӣ ва тақвият додани идеяҳо;  салоҳияти дарки маълумоти нав;  омезиши комёбиҳои пурқувати дохилӣ дар таҳқиқот бо эҳсосоту нерӯи эмотсионалӣ ва ғайра.

Ба ҳамин тариқ, бо мақсади таҳияи рисолаи хатм, аз нуқтаи назари мо, қадами нахустин барои донишҷӯ ташаккули салоҳиятнокӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ аст. Қадами дуюм дар ин самт бояд ташаккули салоҳиятхои умумии донишҷӯ тибқи стандарти ихтисос бошад.

  • раванд баамалоянда, риояи талаботи асосии бехатарии иттилоотӣ, аз ҷумла ҳифзи сирри давлатӣ;
  • қобилияти донистани яке аз забонҳои хориҷӣ дар сатҳи на пасттар аз дараҷаи гуфтугӯӣ;
  • қобилияти кор карда тавонистан бо иттилоот дар шабакаҳои ҷаҳонии компютерӣ;
  • қобилияти истифода бурдани технологияи иттилоотӣ ва компютерӣ дар фаолияти касбӣ, иҷтимоӣ ва дар фаъолияти илмӣ ва маърифатӣ;
  • қобилияти кор бо иттилоот аз сарчашмаҳои гуногун, аз чумла бо истифодабарии захираҳои шабакавии Интернет барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва касбӣ.

             Боиси тазаккур аст, ки аз ин рӯйхати салоҳиятҳои умумифарҳангӣ дар таҳияи рисолаи хатм қобилиятҳои соҳиб будан ба фарҳанги тафаккур, маҳорати ба таври далелнок ва дақиқ ба роҳ мондани нутқи хаттӣ, донистани яке аз забонҳои хориҷӣ, истифода бурдани технологияи иттилоотӣ ва кор бо иттилоот аз сарчашмаҳои гуногун хеле муҳим аст.

             Дар ин ҷо такроран таъкид месозем, ки навиштани кори дипломӣ, рисолаи хатм, рисолаи магистрӣ аз тарафи донишҷӯён кори басо душвор ва масъулиятнок аст ва аз донишҷӯёни хатмкунанда на танҳо сатҳи баланди умумӣ ва махсуси касбӣ, балки қобилияти дурусти дар шакли хаттӣ баён кардани фикри худ ва қобилияти дурусти ба роҳ мондани таҳқиқотро талаб мекунад. Ин қобилиятҳои донишҷӯён бидуни омӯзишҳои махсус дар давоми давраи таҳсил наметавонанд пайдо шаванд. Ташаккули онҳо дар курсҳои поёнӣ дар иҷрои чунин навъи корҳои хаттӣ, ҳамчун навиштани реферат, гузориш, эҷоди портфелио, иҷрои корҳои курсӣ оғоз меёбад.

Ба ҳамин тариқ, дар давраи таҳсили худ донишҷӯ кори мустақилонаи худро дар самти илм аз навиштани реферат оғоз менамояд. Мақсад аз навиштани чунин навъи кори мустақилона дар донишҷӯён ташаккул додани як катор салоҳиятҳои эҷодӣ, коммуникативӣ ва таҳлилӣ мебошад. Аз ҷумла, донишҷӯ зимни навиштани реферат[8] салоҳияти муайян сохтани мубрамии мавзӯи интихобшуда, дарки моҳияти масъалаҳои илмиро пайдо карда, бо эътимоднокии  мавқеи муаллиф (асоснокӣ, далелҳо), сифати матни илмӣ (истифодаи категорияҳои махсуси илмӣ) ва роҳҳои ба вуҷуд овардани муҳокима, баёни мантиқӣ ва амсоли он ошно мешавад. Салоҳиятҳои интихоби адабиёти махсус (шумораи сарчашмаҳо ва мувофиқати он ба мавзӯи реферат), асосноккунии далелдор (мавҷудияти мисолҳои амалӣ, маълумоти оморӣ), хулосабарорӣ (қобилияти баровардани хулосаҳои фосилавӣ ва интиҳоӣ), муайян намудани мақсади таҳқиқот ва истифодаи маводхои тасвирӣ ҳам, ба андешаи муҳаққиқон, аз ҷумлаи онҳоянд. Одатан, арзёбии сатҳи ташаккули салоҳиятҳои баланди донишҷӯ зимни навиштани реферат аз 0,5 то 0,8  холро фаро мегирад. Арзёбии сатҳи ибтидоии ташаккули салоҳиятҳои донишҷӯ зимни навиштани реферат аз 0,1 то 0,5  хол мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ба ҳисоби миёна донишҷӯ бояд дар ин самт 0,5 хол салоҳият дошта бошад.

Кори курсӣ бошад, яке аз намудҳои кори мустақилонаи донишҷӯ мебошад, ки дар барномаи таълимии ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи стандартҳои давлатӣ муайян ва ҷорӣ карда шудааст. Навиштани кори курсӣ омода ва тайёр шудан ба фаъолияти таҳқиқоти илмии  сатҳи тахассусӣ мебошад. Ин навъи кори илмӣ низ аз донишҷӯ донишу малака ва маҳоратро талаб мекунад. Вобаста ба ин вазифаҳои кори курсӣ аз инҳо иборат дониста мешавад[9]: 1) ташаккули малакаҳои кори мустақилона бо адабиёти илмию таълимӣ, адабиёти меъёрӣ, бо маводи даврӣ; 2) омӯзиш ва азбаркунии  усулҳои таҳқиқоти илмӣ; 3)  инкишофи  қобилияти  баён ва ва омӯзиши  матни илмию тахассусии хондашуда ва ғайра.

Барои амалӣ намудани лоиҳаҳои (корҳои) курсӣ сатҳи дониш, малака, таҷриба, кор ва хусусиятҳои касбӣ ва шахсии донишҷӯён муқаррар ва ба назар гирифта мешаванд. Зимни ин дар адабиёти методии мавҷуда ба чунин омилҳо таваҷҷуҳи махсус карда мешавад: усулҳои омӯзиш ва таҳлили донишҳо;  усулҳои математикии коркарди маълумот; истифодаи муқаррароти асосии илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ; малакахои таҳлили маълумоти компютерӣ; имконияти истифодаи шабакаҳои компютерӣ барои гирифтани маълумот; риояи қоидаҳои забон, лексика ва грамматика, баёни сухан  дар  матнҳо бо забони модарӣ ва ё хориҷӣ;  принсипҳои таҳлили матн;  таснифи мушкилот ва муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо; арзёбии истифода шудани усули ҳалли масъалаҳои баррасишаванда, истифодаи ҳама намуди  дониш барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ ва касбӣ, таълимӣ ва ғайра.

Ҳамзамон, зимни таҳияи кори курсӣ донишҷӯ тамоми донишу малака ва салоҳиятҳои худро дар таҷриба таҳлил намуда, тақсими матнро ба мундариҷаву муҳтаво аз бар мекунад, фарҳанги фикрронӣ, қобилияти синтез, таҳлил, дарки иттилоот, муқаррар намудани ҳадафҳо ва интихоби роҳҳои расидан ба онро соҳиб мегардад, усулҳои асосии коркарди маълумот, арзёбии иттилоот, тафсир ва таҳрири маълумотро аз манбаъҳои берунӣ меомӯзад ва аҳамияти матнҳои мундариҷаи касбӣ ва иҷтимоидоштаро ҳамаҷониба дарк мекунад.

Ба ҳамин тариқ, бо навиштани реферат ва кори курсӣ донишҷӯ дар худ салоҳиятҳои заруриро ташаккул дода, дар кори дипломӣ бошад, дар фарқият аз шаклҳои зикршудаи кори илмӣ на танҳо ба адабиёт такя мекунад, балки натиҷаи таҳқиқоти худро хулоса мекунад ва фарзия мебарорад. Барои донишҷӯ дар навиштани кори дипломӣ албатта роҳнамоии устодоне, ки сохибихтисос ва таҷрибадору донишманд бошанд, зарур аст, то донишҷӯро ба роҳи дуруст равона созанд, маслиҳатгару машаваратчии ӯ бошанд.

Чунонки маълум аст, барои  тайёр кардани  рисолаи  хатм (дар ин ҷо мо рисолаи магистриро чун намуна гирифтаем) метавонад маводи корҳои  илмию  таҳқиқотӣ, маърӯзаҳо дар конференсияҳои илмӣ, ҳамчунин маводе, ки дар  давраи  гузаштани  таҷрибаомӯзии  таълимӣ (омӯзгорӣ), истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ ҷамъоварӣ гардидаанд, истифода бурда шавад. Дар назар аст, ки таълимгиранда бояд салоҳиятҳоеро, ки дар давраи пешин дар худ ташаккул додааст, ҳатман дар таҳияи кори илмияш истифода барад.

Илова бар ин, дар раванди иҷрои  корхои илмӣ-таҳқиқотӣ, махсусан, таҳияи рисолаи хатм, донишҷӯ бояд дорои чунин салоҳиятҳои умумӣ бошад: қобили дарккунии маводи таълимию илмӣ ва истифодаи дониши назариявии худ  дар рафти иҷрои корҳои илмӣтаҳқиҳотӣ буда,  малакаю маҳорати  худро дар ин самт мунтазам такмил диҳад, рушд бахшад; маълумоти заруриро пайдо ва омӯзиш намуда, онро дар амал дуруст татбиқ  намояд ва ғайра.

           Дар ин рафт омӯзиши масъала ва татбиқи он дар амал, дуруст ва равшану возеҳ фахмидани мушкилот, тарҳрезии мавод тибқи талабот, қобилияти саривақт идоракунии ҷараёни иттилоот, таҳлили имкониятҳои алтернативӣ ва амсоли он муҳим аст. Ҳамзамон, наздик шудан ба пешрафти назарияи илмӣ, такя ба назария, системаи дониш, ҷанбаи илмию методӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва гузаштан ба системаи нави дидактикиро донишҷӯ бояд дар ҷараёни таҳияи рисолаи хатм дарк намояд.

Ба назар бояд гирифт, ки таълимгиранда бояд салоҳиятҳоеро дошта бошад, ки ҷавобгӯи талабот ба кори хатм бошанд. Масалан, аз ҷумлаи чунин талабот ба рисолаи  магистрӣ  чунин навъҳои он муҳим шумурда мешаванд[10]:

- сатҳи тахассуси  илмии магистрант мутобиқ ба кори хатм буда, ӯ қобилияти мустақилона бурдани корҳои ҷустуҷӯии илмӣ ва  ҳалли масъалаҳои мушахасси илмиро нишон диҳад;

- хусусияти эҷодӣ дар истифодаи маводи умуминазариявӣ, маълумоти  нодири оморӣ ва  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии  амалкунанда аз ҷониби магистрант ба кор бурда шаванд;

-  бо  дарназардошти барномаи интихобшудаи магистрӣ кори илмии хатмкунанда самти амалӣ дошта  бошад;

-  натиҷаи кори илмии магистрант ба  талаботи  баёни мантиқӣ ва  дақиқии мавод, исботшавандагӣ ва боэътимодии рақамҳо, ифодаи пайдарҳами иттилоот, ягонагии дохилӣ ва мувофиқа кардани маводи ҳуқуқӣ ҷавобгӯ бошад;

- рисолаи хатм маҳорати  таълимгирандаро  ҷиҳати  истифодаи  усулҳои  оқилонаи  ҷустуҷӯ, интихоб, коркард ва ба низом даровардани иттилоот, қобилияти кор кардан бо санадҳои ҳуқуқиро инъикос намояд;

- рӯзмарра будани мавзӯи интихобшуда, аҳамияти назариявию амалӣ доштани он муҳим аст;

- кори илмии магистрант дорои маҷмӯи мавод ва хулосаҳои бо далелҳо асоснокшуда бошад;

-  мувофиқи талаботе, ки нисбати корҳои ба нашр тавсияшуда пешниҳод карда мешавад, бояд рисолаи хатм дуруст тартиб дода шуда бошад (сохтори дақиқ, ҷамъбасти мантиқӣ, дуруст тартиб додани иқтибосҳо ва библиография, рӯйхати адабиёт, бо сифат  иҷро кардан ва ғ.).

           Табиист, ки дар баробари мавҷудияти чунин қобилиятҳо, инчунин дониши хуби асосҳои соҳаи илми дахлдор, ки дар он таҳқиқот гузаронида мешавад, талаб карда мешавад.  Ин чунин маъно дорад, ки раванди таълим бояд бо чунин тарз ба нақша гирифта шавад, ки донишҷӯён бо дараҷаи баланди ба даст овардани донишҳои амиқ ва қавӣ мусаллаҳ карда шаванд.  Дар айни замон, албатта, муҳим аст, ки донишҷӯён бояд зарурат ва аҳамияти кори мустақилро дар ташаккули ин салоҳиятҳо худ ба худ дарк намоянд. Ҳамаи ин талаб мекунад, ки хатмкунандаи ҳар гуна зинаи таҳсилоти олии касбӣ салоҳиятҳои заруриро пеш аз оғоз кардан ба таҳияи рисолаи хатм доро бошад.

Мавриди зикри хос аст, ки рисолаи  дипломӣ ва ё магистрӣ марҳилаи ниҳоии муайян кардани донишу малакаи касбӣ-ихтисосии донишҷӯ буда, омодагии ӯро барои фаъолияти ояндаи  илмӣ-таҳқиқотӣ мувофиқи ихтисоси интихобкардааш нишон медиҳад. Дар ин ҳангом то кадом дараҷа дониши назариявӣ ва амалӣ доштани хатмкунанда ва истифодаи донишҳои ӯ барои ҳалли масъалаҳои илмию касбӣ ошкор мегардад, онҳоро таҳкиму густариш мебахшад, барои ба хадафи гузошташуда расидан  дар кадом сатҳ ҷаҳд намуданро маълум месозад. Ҳамзамон, хатмкунанда малакаи мустақилона таҳқиқу озмоиш гузаронидан, натиҷаи онро қайд карда, аз он хулосаи илмӣ бароварданро ба даст оварда,  барои  пайдо кардани мавқею вазифааш дар рушди ҷомеа заминаи нахустинро мегузорад.

Дар охир ҷоиз ба зикр аст, ки дар худи раванди иҷрои кори дипломӣ низ, чунонки болотар таъкид намудем, дар донишҷӯ салоҳиятҳои дигари шахсӣ ташаккул меёбанд. Аз ҷумлаи онҳо, қобилияти худташакккулдиҳӣ, худомӯзӣ, фаъолияти инноватсионию эҷодкорӣ, қобилияти проблема гузоштан ва роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ кардан, қобилияти исботи дуруст будани натиҷаҳои бадастоварда, истифодаи дониши назариявии худ дар таҷриба ва амалия ва ғайра хеле муҳим арзёбӣ мегарданд.

Хулоса, зимни татбиқи муносибати босалоҳият  ба таълим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ, махсусан дар таҳияи рисолаҳои хатм (корҳои дипломӣ ва магистрӣ) ташаккули салоҳиятҳои донишҷӯён тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, ки Шӯрои Аврупо,  кишварҳои аъзои Болония, Юнеско, Фонди миллии Амрико ва амсоли он пешбинӣ карда шудааст, зарур аст. Ҳамзамон, ташаккули салоҳиятҳо тибқи стандарти давлатии ихтисос муҳим мебошад. Чунонки таҳлилҳо нишон доданд, чунин намудҳои салоҳиятнокии донишҷуён, ки  зимни навиштани реферат ва кори курсӣ дар курсҳои поёнӣ оғоз меёбад, барои тайёр гаштани хатмкунаyдагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ кӯмак расонида, ба рушди салоҳиятҳои касбию шахсии онҳо таъсири мусбат мерасонад. Ташаккули салоҳиятҳо дар таҳияи кори дипломӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос вазифаи дастаҷамъонаи кафедраҳои тахассусӣ, садорати факултетҳо, сохторҳои илмӣ ва роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Аз ин рӯ низоми имрӯзаи маориф ва илми педагогикаро зарур аст, ки масъалаи баррасишаванда, роҳу усулҳои инноватсионии таълимро бо мақсади ташаккули ин салоҳиятҳо на танҳо дар донишҷӯён, балки дар омӯзгорони роҳбар ва мушовири илмии онҳо ҷустуҷӯ ва таҳқиқ намуда, ҳар чӣ бештар дастурҳои таълимию методӣ таҳия, нашр ва манзури онҳо гардонанд.

 

Адабиёт

  1. Зимняя И.А. Ключевые компетентности как результативно-целевая основа компетентностного подхода в образовании. Авторская версия.-М.: Исследовательский центр проблем качества подготовки специалистов, 2004.
  2. Мишурина О. А., Чупрова Л. В., Муллина Э. Р. Научно-исследовательская работа студентов как средство формирования профессиональных компетенций //Международный журнал экспериментального образования. – 2016. – № 4-3.
    URL: http://www.expeducation.ru/ru/article/view?id=9812 (санаи муроҷиат: 17.07.2018).
  3. Низомномаи магистратура. Бо қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007№ 650 тасдиқ шудааст.
  4. Научная работа как источник формирования профессиональных компетентностей/ https://studbooks.net/2024338/pedagogika/ nauchnaya_rabota_istochnik_formirovaniya_professionalnyh_kompetentnostey (санаи муроҷиат: 17.07.2018).
  5. Пак Ю. Н., Шильникова И. О., Пак Д. Ю. Компетентностный подход – инновационная основа методологического обновления образовательных программ. Опыт высшей школы Казахстана 2017 г. // https://cyberleninka.ru/ article/n/kompetentnostnyy-podhod-innovatsionnaya-osnova-metodologicheskogo-obnovleniya-obrazovatelnyh-programm-opyt-vysshey-shkoly (санаи муроҷиат: 13.02.2018).
  6. Перечень компетенций (в соответствии с ФГОС направлений подготовки) // http://docplayer.ru/26625237-Perechen-kompetenciy-v-sootvetstvii-s-fgos-napravleniy-podgotovki.html.
  7. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №334 тасдиқ шудааст.
  8. Федоров А.Э., Компетентностный подход в образовательном процессе Омск: Изд-во ООО «Омскбланкиздат», 2012.

 

Холиқова Ш.Қ.

Субҳониддин Қ.

 

 

 

[1] Стратегияи миллии рушди маорифи Љумњурии Тољикистон то соли 2020 Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 июни соли 2012, №334 тасдиќ шудааст.

[2] Зимняя И.А. Ключевые компетентности как результативно-целевая основа компетентностного подхода в образовании. Авторская версия.-М.: Исследовательский центр проблем качества подготовки специалистов, 2004. – С.6.

[3] Њамон љо.

[4] Пак Ю. Н., Шильникова И. О., Пак Д. Ю. Компетентностный подход – инновационная основа методологического обновления образовательных программ. Опыт высшей школы Казахстана 2017 г. // https://cyberleninka.ru/ article/n/kompetentnostnyy-podhod-innovatsionnaya-osnova-metodologicheskogo-obnovleniya-obrazovatelnyh-programm-opyt-vysshey-shkoly (санаи мурољиат: 13.02.2018). – С.5

[5] Њамон љо.

[6] Федоров А.Э., Метелев С.Е., Соловьев А.А., Шлякова Е.В. Компетентностный подход в образовательном процессе.- Омск: Изд-во ООО «Омскбланкиздат», 2012.- С 41-43/

 

[7] Научная работа как источник формирования профессиональных компетентностей / / https://studbooks.net/2024338/pedagogika/ nauchnaya_rabota_istochnik_formirovaniya_professionalnyh_kompetentnostey (санаи мурољиат: 17.07.2018)/

[8] Мишурина О. А., Чупрова Л. В., Муллина Э. Р. Научно-исследовательская работа студентов как средство формирования профессиональных компетенций //Международный журнал экспериментального образования. – 2016. – № 4-3.
URL: http://www.expeducation.ru/ru/article/view?id=9812 (санаи мурољиат: 17.07.2018). – С. 412-415.

[9] Њамон љо.

[10] Низомномаи магистратура. Бо ќарори Њукумати Љумҳурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2007№ 650 тасдиќ шудааст.

БОЗГАШТ