АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳолати кунунии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Туризм яке аз соҳаи муҳим ва тараққиёфтаи хоҷагии ҷаҳонӣ буда, он дар рушди дараҷаи даромаднокӣ нақши бузург дорад. Ҳоло ба ҳиссаи он қариб 7 фоизи сармоягузориҳои ҷаҳонӣ рост омада, дар навбати худ барои бештар ташкил намудани ҷойи кор шароит фароҳам меоварадТоҷикистон, ки дорои фарҳанги беназир, ҷойгиршавии геополитики мусоид, гуногунии манзараҳои табиӣ, олами наботот, иқтисодиёти устувор, некӯаҳволӣ ва ҷомеаи босубот мебошад, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои бештар дорад.

    Масоҳати Тоҷикистон 142 600 км² буда, дар қисмати ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ ҷойгир аст. Дар Тоҷикистон беш аз 2000 кӯл ва обанборҳои хурду калон мавҷуданд, ки 705 км2 – и ҳудуди ҷумҳуриро ишғол кардаанд. Шумораи пиряхҳои ҷумҳурӣ ба 14509 адад баробар буда, масоҳати умумии онҳо 11146 км2 – ро ташкил медиҳад. Кӯҳҳо 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро фаро гирифтаанд, ки онҳо ба системаҳои кӯҳии Тиёншон, Ҳисору Олой ва Помир мансубанд.

   Иқлими Тоҷикистон континентию субтропикӣ буда, дар кӯҳҳо вобаста ба баландӣ гарми мӯътадил ва сард аст. Ҳарорати ҳаво дар моҳи июл аз 30° - 48°С ва дар моҳи январ бошад, аз +2°С то +2,5°С мебошад. Давомнокии фасли гармо ба 210 – 250 рӯз баробар аст. Аз ин рӯ табиати Тоҷикистон барои рушди туризм хело мусоид мебошад.

   Ҳамчунин, дар шароити номусоид қарор доштани фазои сиёсии ҷаҳон ва таваҷҷуҳи беандоза доштани аҳолӣ ба саёҳат, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои зиёд дорад. Бинобар ин, ҷиҳати тақвият бахшидани фазои ҳуқуқии рушди соҳаи сайёҳӣ, ба қанунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ворид намудан зарур аст.

   Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки заминаҳои қонунгузорӣ оид ба соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта истодааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз таваҷҷуҳи давлат ба рушди ин соҳа бештар гардидааст ва бештари санаду меъёрҳои ҳуқуқие, ки имрӯз мавриди амал қарор мегиранд, соҳаи сайёҳиро дастгирӣ менамоянд.

   Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ нишон медиҳад, ки муҳофизати соҳаи сайёҳӣ ҳамчун истеъмолкунанда ва ҳам истеҳсолкунандаи хизматрасониҳои сайёҳӣ боз ҳам тақвият дода шавад. Илова бар ин, механизмҳои ҳуқуқиро барои таъмин намудани хизматрасониҳои сайёҳӣ, инчунин, бозпас гардонидани воситаҳои пулӣ ҳангоми рух додани вазъияти ногувор дар фаъолияти ширкатҳои сайёҳиро коркард намудан зарур аст.

Бояд тазакур дод, ки муддати дароз дар хориҷа мунтазир шудани сайёҳони ватанӣ то ҳалли низоъҳои молиявӣ имконнопазир мебошад. Бинобар ин, коркарди иловагии санадҳои меъёрию ҳуқуқии мавҷуда тақозо менамояд, ки механизмҳои ҳуқуқӣ ҳолатҳои баамаломадаро оид ба пардохт намудани хизматрасониҳои операторҳои сайёҳӣ, инчунин даъвоҳои молиявии байни операторҳои сайёҳӣ ва агентҳои хориҷии назоратӣ бо мақсади зери ҳимояи қонунӣ қарор додани истироҳати сайёҳони ватанӣ дар кишварҳои хориҷ ва истироҳати сайёҳони хориҷӣ дар минтақаҳои сайёҳии кишвар ҳалу фасл гарданд.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки барои зери ҳимояи қонун қарор додани истироҳати сайёҳон коркарди масъалаҳои зерин муҳим аст:

- такмилдиҳии заминаҳои меъёрию ҳақуқӣ;

- тақвият додани методологияи шаҳодатномадиҳии операторҳои сайёҳӣ;

- батанзимдарории гумрук;

- батартибдарории қоидаҳои омаду рафт ва зист дар минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва ғайра.

Дар зер қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи сайёҳӣ нишон дода шудааст: 

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гумрук»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот»

Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкорӣ»

Барномаи давлатии рушди таризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014 ва 2015-2017

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Консепсияи рушди туризм барои солҳои 2009-2019

Дар асоси санадҳои дар боло зикргардида минтақаҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл муқаррар гардидааст:

- ноҳияи Варзоб (100,7 ҳаз.га);

- дараи Ромит (16,2 ҳаз.га); - ноҳияи Балҷувон (132,7 ҳаз.га);

- водии Зарафшон;

- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ).

Дар маҷмуъ зиёда аз 22 фоизи қаламрави Тоҷикистон ба ҳудуди табиии махсус ҳифзшаванда мансуб мебошад.

Водии Зарафшон дорои захираҳои гуногуни табиӣ, фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихӣ буда, онҳо барои муайян намудани маҳсулоти сайёҳӣ ва таъмини гардиши сайёҳони хориҷӣ имконият медиҳанд. Аз ин рӯ, дар ин минтақаи туристӣ ҳама намудҳои туризмро ба роҳ мондан мумкин аст. Илова бар ин, минтақаи мазкур барои рушд додани туризми кӯҳию кӯҳнавардӣ, экологӣ, таърихӣ, таълимӣ ва таризми этнографӣ афзалияти бештар дорад.

Айни замон дар водии Зарафшон Шӯрои сайёҳӣ фаъолият мекунад, ки он дораи 9 нафар аъзо мебошад. Онҳо дар соҳаи туризм таҷрибаи ғанӣ дошта, маҳсулоти худиро ба сайёҳони хориҷӣ пешкаш карда метавонанд. Инчунин, онҳо хизматрасониҳои муҳими зеринро ба сайёҳон пешкаш менамоянд:

- ташкил кардани сафарҳо ба шаҳрҳои таърихии Тоҷикистон тавассути шоҳроҳи Абрешим, ки он ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Ҳисор, Кӯлоб ва Хоруғро бо ҳам мепайвандад;

- ташкил кардани треккинги кӯҳӣ дар кӯҳҳо ва кӯлҳо; - ташкили саёҳатҳои нақлиётӣ, велосипедӣ ва аспӣ;

- ташкил кардани таъмини раводид (визовую поддержку) ва додани раводид дар Тоҷикистон;

- таъмин намудани ҳама гуна воситаҳои нақлиёт барои кашонидани сайёҳон;

- таъмин намудани пешвоёни ботаҷриба ва тарҷумони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва олмонӣ;

- бронкунии чиптаи хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ;

- таъмин бо манзил дар меҳмонхонаҳо ва ғайра.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ, бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ нақши аввалиндараҷа доранд ва яке аз қувваҳои асосии ҳарақатдиҳанда дар бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ, рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ба шумор меравад. Зеро онҳо барои ҷалби аҳолӣ ба саёҳат нақши муҳим доранд. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ширкатҳои сайёҳии зиёд фаъолият менамоянд, ки онҳо асоси рушди сайёҳии кишвар арзёбӣ мегардаданд. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш намуда истодааст, ки бо роҳу воситаҳои гуногун шумораи онҳоро боз ҳам зиёдтар намояд.

Шумораи ширкатҳои сайёҳии ба ҳолати 1 январи соли 2018 бақайдгирифташуда, вобаста ба минтақаҳо (адад):

Суғд 21;

Хатлон 4;

ВМКБ 6;

НТМ 2.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе омилҳое мавҷуданд, ки ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ халал мерасонанд ва ба рушди онҳо монеа эҷод менамоянд. Аз ин рӯ, вазифаи асосии давлат оид ба мукамалгардонии механизми дастгирии ширкатҳои сайёҳӣ аз масоили зерин иборат мебошад:

- содда намудани тартиби барасмиятдарорӣ ва бақайдгирии ширкатҳои сайёҳӣ;

- мукамалгардонии механизми шаҳодатномадиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ;

- ташкили курсҳои омодасозӣ ва аз нав омодасозии кадрҳо барои соҳаи мазкур; - фаъолияти якҷояи сохторҳои давлатӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ;

- бо ахбороти зарурӣ таъмин намудани ширкатҳои сайёҳӣ;

- мукамал сохтани қонунгузориҳои андозӣ;

- дастгирии ташкилию ҳуқуқии ширкатҳои сайёҳӣ;

- дастгирии соҳибкорони ҷавон дар бахши ташкили ширкати сайёҳӣ;

- куммакрасонӣ ба дигар масъалаҳои банақшагирии тиҷорат дар соҳаи сайёҳӣ ва ғайра.

Рушди самаранокии иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, идора ва танзими давлатии кишвар ба таҳлилҳои пурра, дақиқ ва расмии маълумоти оморие, ки дар асоси ахбороти ҳақиқии масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ ва дигар зуҳуроти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадаанд, алоқаманд аст. Бинобар ин, солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устувор намудани заминаи омории тамоми ҷабҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар таваҷҷуҳи бештар дода истодааст.

Омори туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи дуру дароз надорад. Танҳо аввалин маротиба масъалаи ҷамъоварии маводҳои оморӣ оид ба туризм соли 2005 ба миён гузошта шуд.

Бораи гузаронидани омори туризм Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуда буданд. Имрӯзҳо бошад, барои гузаронидани омори туризм Кумитаи рушди сайёҳӣ масъулияти бештар дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ беист рушд ёфта истодааст. Аммо дар низоми омори туризм ноқисиҳои зиёд, аз қабили нокифоя будани низоми ҳисобгирии оморӣ туризм, мавҷуд набудани таҷрибаҳо оид ба гузаронидани мушоҳидаҳои интихобӣ дар омори туризм, баҳогузорӣ нашудани соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи мазкур, ҳамоҳангсозии нишондиҳандаҳои оморӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ба мушоҳида мерасанд, ки онҳо ҷараёни ташаккулёбии соҳаро гоҳ-гоҳ халалдор месозанд.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста ба таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заминаҳои омории кишвар, сабабҳое мавҷуданд, ки ба рушди ояндаи омори давлатӣ, махсусан ба омори сайёҳӣ монеаҳо эҷод менамоянд:

- масоили методологии оморӣ, ки ҳангоми дохил шудани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иҷрои уҳдадориҳои омории он дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ зуҳур меёбад;

- набудани нишондиҳандаҳо инъикоскунандаи зуҳуроти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳалли вазифаҳое, ки барои таҳлили рушди иқтисодии Тоҷикистон зарур аст;

- дастрас набудани истифодабарандагони хизматрасониҳои сайёҳӣ ба ахбороти зарурӣ;

- норасоии асосҳои ҳуқуқӣ барои ҷамъоварии ахборот ва таъмини он ба истифодабарандагони мушоҳидакор;

- номукаммал будани ҳуқуқу уҳдадориҳои танзимкунандагии ҳокимияти иҷроия, ки ҳангоми ташаккулёбии захираҳои иттилоотӣ ва гирифтани ахборот мусоидат менамоянд ва ғайра.

Мавриди зикр аст, ки мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм аз таъмини шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои самаранок ташкил намудани кори субъектҳои фаъолияти туристӣ ва дар асоси ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили бозори самаранок ва рақобатпазири сайёҳӣ, таъмини имкониятҳо барои қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони ватанӣ ва хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои амалӣ бояд ба анҷом расонида шавад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, масъалаи дигаре, ки айни замон яке аз масъалаҳои рӯзмара ва ҳалталаб ба ҳисоб меравад - ин бақайдгирии сайёҳони хориҷӣ ҳангоми воридшавӣ мебошад. Имрӯз дар ҷаҳони муосир зиёдшавии ҳаракатҳои номатлуб, ба монанди ҷинояткорӣ, тероризм ва корупсия баръало мушоҳида мегардад ва онҳо метавонанд сафарҳо ё ин, ки истироҳати сайёҳонро халалдор созанд. Бинобар ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани онҳо, роҳандозӣ намудани тадбирҳои зерин тавсия дода мешаванд:

- пурзур намудани мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ;

- дар навбати аввал маҳдуд ва минбаъд барҳам додани манбаъҳои ба рушди тероризм мусоидадкунанда (аз қабили манбаъҳои таъминкунанда ба маводи ғизоӣ, сармоя ва силоҳ);

- роҳандозӣ ва истифода бурдани омилҳои аз байн бурдани корупсия ва ғайра.

Бояд тазакур дод, ки дар шароити ҷаҳонишавии соҳаи сайёҳӣ рушди устувори он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чорабиниҳо ва тадбирҳои зерин ниёз дорад:

1. Беҳтар намудани инфрасохтори туризми миллӣ.

- таҳия намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба рушд ва беҳтар сохтани инфрасохтори туристӣ;

- таъмини мунтазами сармоягузории ширкатҳои ватанию хориҷӣ, ки асоси рушди туристии кишвар ба шумор мераванд;

-гузаронидани чорабиниҳои ташкилию техникӣ барои фароҳамовардани шароити мусоид ҷиҳати рушди санъати меҳмоннавозӣ;

- таҳия ва қабули санадҳои нави меъёрию ҳуқуқӣ оид ба хизматрасонии стандартизатсионӣ ва сертификатсиякунонии тиҷорати (бизнес) меҳмондорӣ.

2. Баланд бардоштани вазъи низоми ташкили сайёҳони хориҷию ватанӣ ва таъмин намудани хизматрасонии босифат дар бахшҳои сайёҳӣ.

3. Таъмини фаъолияти самараноки рекламавӣ барои мусоидат намудани маҳсулоти туристии миллӣ дар бозорҳои сайёҳии хориҷӣ.

4. Таъмини маблағгузории давлатӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаитуризм.

Барои рушди соҳаи туризм аз ҳама омилҳои муҳим инфрасохтори мусоид ва меҳмонхонаҳои бароҳат ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, барои ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва дар заминаи ин рушди соҳаи сайёҳии кишвар, ҳалли масоили зерин, ба монанди баргузории курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани касбият ва тахассуснокии масъулони соҳа, ҷалби сармоя ба бунёди комплексҳои сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳои типи нави «Ҳомстей» ва «Гестхаус», насб намудани нишонаҳои мавзеъҳои сайёҳӣ дар даромадгоҳи шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои сайёҳӣ, ташкили заминаҳои сайёҳӣ ва аз нав ҷиҳозонидани лагерҳои партофташуда ҳамчун иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди ҳоҷатхонаҳои обшусташаванда дар шоҳроҳҳо, мавзеҳои кӯҳӣ ва таҳти назорати қатъӣ қарор додани ҳолати санитарию гигиении онҳо, ҳамчунин, ошхонаву ҳаммомҳо, мабразу дастшуйгоҳҳо, ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, заминаҳои куҳнавардӣ дар мавзеъҳои куҳӣ, дар мазеъҳои кӯҳӣ, ҷудо намудани қитъаи замин ба Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати бунёди заминаҳои нави сайёҳӣ зарур мебошанд.

 

Адабиёти истифодашуда:

   1. Маълумоти расмии Кумитаи рушди сайёҳӣ.

   2. Р.Б. Баротов “Конҳои маъдани Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо”. / Душанбе 2001, 156 саҳ.

   3. Амиров Н.И., Ҷобиров Ш.А., Валиев З.Ҷ. “Механизми таъмини рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳолат, масоил ва роҳҳои ҳалли онҳо).

   // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2/2. Душанбе: “Сино” 2017, С. 64-67.

Н. И. Амиров,

муовини директори Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупо,

Ш. А. Ҷобиров,

мудири шуъбаи

омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию

иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистонии

Институти иқтисодии кишоварзӣ

 

БОЗГАШТ