АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Олими арабшиноси тоҷик

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ва иқдоми пешгирифтаи сиёсати дарҳои бози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тоҷик ба қатори дигар соҳаҳои кишвар рӯ ба инкишоф ниҳода, дастовардҳои олимони моро дар риштаҳои илмҳои дақиқ ва табиӣ-риёзиву фанҳои ҷамъиятшиносӣ берун аз Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор медиҳанд ва донишмандони мо аз осори офаридаи донишмандони соҳаҳои гуногуни хориҷӣ хуб огаҳӣ доранд.    Адабиёти татбиқӣ ё равобити мутақобилаи адабиёти тоҷик бо адабиёти араб яке аз самтҳои муҳими адабиётшиносӣ ба ҳисоб меравад. Донишмандони мо дар ин самт низ корҳои мондагор анҷом додаанд. Донишмандони тоҷик, ки дар ин самт асарҳои арзишманд таълиф кардаанд ва равобити адабиву фарҳангии арабу аҷамро таҳқиқ намудаанд, оҷиддин Мардонӣ, Саидраҳмон Сулаймонӣ, Абдушукури Абдусаттор, Низомиддин Зоҳидӣ, Умеда Ғаффорова ва дигарон мебошанд.
   Инҷо хостем перомуни зиндагиву фаъолияти илмиву эҷодии олими арабшиноси тоҷик, Тоҷиддин Мардонӣ, ки дар таҳқиқи масоили равобити адабии арабу аҷам саҳми боризе гузоштаанд, рӯшанӣ андозем.
   Тоҷиддин Нуриддин Мардонӣ, соли 1947 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар шаҳри Ҳисор гирифта, баъдан ба шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1972 ба итмом расонидааст.
   Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, дабири илмии Институти шарқшиносӣ ва баъдан мудири шуъбаи тарҷума ва таҳқиқи осори арабизабони Институти осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон то соли 1992 адои вазифа намудааст. Дар байни ин солҳо аз кӯшишу ғайрат ва нерӯи ҷавониашон истифода бурда, ду маротиба, яъне солҳои 1970-1971 ва 1989-1990 ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Яман ва солҳои 1979-1983 дар Ҷумҳурии Ироқ хидмат кардааст. Бар замми хизматҳои шоиста дар ҷодаи илм, ҳамчун як шахси ватандӯст ва меҳанпарвар аз соли 1992 то соли 2004 дар соҳаи хадамоти дипломатии Тоҷикистон ба ҳайси сардори Девони Вазорати корҳои хориҷӣ, сардори Раёсати афрод ва иттилооти махсуси Вазорат, ҷонишини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1995-2001 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва солҳои 2001-2004 дар Туркманистон ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намудааст.
   Пас аз анҷоми маъмурияти дипломатӣ дар соли 2004 боз ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба сифати ходими пешбари илмӣ ва сарходими илмӣ фаъолият бурдааст. Соли 1986 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Пайдоиш ва инкишофи анъанаи дузабонӣ дар адабиёти форсу тоҷики асрҳои IX-X» ва соли 2006 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики асрҳои XI-XII» ҳимоя кардаанд. Инчунин, ба ҳайси сарходими илмии Шӯъбаи арабшиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ фаъолияти илмӣ кардааст. Аз соли 2017 ба тариқи интиқол ба Институти навтаъсиси омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо гузашта, то ба ҳол чун сарходими илмӣ ва сарвари бахши арабшиносии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик кор карда истодаанд.ст  Т. Мардонӣ доктори илмҳои филологӣ ва профессор буда, муаллифи китобу мақолаҳои зиёде дар соҳаи арабшиносӣ мебошанд. Асарҳои эшон ғайр аз Тоҷикистон, дар Русия, Ӯзбекистон, Арманистон, Туркменистон, Ирон, Афғонистон, Яман ва дигар кишварҳо чоп шудаанд.
   Самти асосии фаъолияти илмии Т. Мардонӣ – омӯзиши мероси адабии арабизабони тоҷик, таҳқиқи робитаҳои адабии арабу аҷам дар асрҳои миёна ва замони муосир, тарҷумаи осори арабизабони ниёгонамон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад. Устод Тоҷиддин Мардонӣ идомадиҳандаи мероси илмӣ-таҳқиқотии як қатор мусташриқин ва адабиётшиносони халқҳои гуногун, аз ҷумла Эдвард Гранвил Браун, А. Арберри, Евгений Эдуардович Бертельс, Игнатий Юлианович Крачковский, Шиблии Нуъмонӣ, Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Маликушшуаро Баҳор, Ҳанно ал-Фахурӣ, Абдулҳусайн Зарринкӯб, Сайид Нафисӣ, Забеҳуллоҳи Сафо ва дигарон мебошанд ва дар омӯзиши адабиёти араб саҳми босазои худро гузоштаанд. Барои заҳмати чунин нафарон шарқшиносони машҳури рус И. Ю. Крачковский беҳуда нагуфтааст, ки “дар рушду такомули фарҳанг ва адабиёти араб на танҳо арабҳо, балки як қатор халқу миллатҳои дигар низ саҳмгузоранд”[2,563-564].
   Асарҳои таълифнамудаи олими арабшинос Т. Мардонӣ “Дузабонӣ дар шеъри асрҳои IX-X”[4], “Носири Хусрав ва фарҳанги арабӣ”[8], “Равобити адабии Арабу Аҷам”[6], “Шеъри арабии Ибни Сино”[3], “Масъуди Саъди Салмон ва шеъри арабӣ”[7], “Рӯдакӣ ва адабиёти араб”[11], “Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам”[12], “Сухане дар бораи Абӯалӣ ибни Сино. Тадқиқот ва тарҷумаҳо”[9], “Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ”[10] мебошанд. Устод Тоҷиддин Мардонӣ ҳамчунин як қатор асарҳои машҳури Абӯалӣ ибни Сино, Абубакри Розӣ, Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ ва дигаронро аз арабӣ ба русӣ тарҷума ва чоп намуда, зиёда аз дусаду панҷоҳ мақолаи илмӣ ба табъ расонидаанд.
   Т.  Мардонӣ бо мақола ва рисолаҳои илмии худ ба инкишофи илми шарқшиносии тоҷик ва алалхусус арабшиносии тоҷик саҳми намоёне гузоштаанд. Яке аз хизматҳои дигари устод ин тарбия намудани шогирдонашон мебошад. Бо роҳбарии ин донишманди пуркор чандин шогирдон рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуда, саҳми худро дар рушти адабиёти тоҷик ва адабиёти араб гузошта истодаанд. Банда низ яке аз шогирдони устод Т. Мардонӣ буда, бо роҳбарӣ ва дастгириҳои бевоситаи ин марди хирад дар мавзӯи “Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ” рисолаи номзадӣ навишта, ҳимоя намудам.
   Инҷо мехостем перомуни як китоби пурмуҳтавои устод Тоҷиддин Мардонӣ - “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” ибрози андеша намоем. Устод Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик буда, перомуни ҳаёт ва эҷодиёти ин абармард корҳои илмиву таҳқиқотии зиёде аз ҷониби донишмандони ватаниву хориҷӣ ба анҷом расидааст. Вале перомуни Рӯдакӣ ва адабу фарҳанги арабҳо кам нафароне ҳастанд, ки таҳқиқоти илмӣ карда бошанд. Аз ин рӯ олими арабшиноси тоҷик Т. Мардонӣ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ба қатори таҳқиқотҳое, ки аз шоирони классик то замони муосир аксарияташонро мавриди омӯзиши таъсири адаби араб ба шеъри ин шоирон қарор додаанд, китобе бо номи “Рӯдакӣ ва адабиёти араб”-ро низ пешкаши хонандагон ва ҳаводорони шеъри ноби устод Рӯдакӣ ва таъсири адаби арабӣ ба ашъори ин шоири фарҳехта намоянд. Устод Мардонӣ дар таҳқиқоташон перомуни Рӯдакӣ ва адабиёти араб масъалаҳои бори дигар роҷеъ ба осори боқимондаи Рӯдакӣ, кашфи тарҷумаи арабии боз як шеъри Рӯдакӣ, як суратхаёли муштараки шоирона, чанд маънии муштарак дар осори Ибн ал-Муқаффаъ ва Рӯдакӣ, кист “он тирачашм шоири равшанбин”? (Носири Хусрав, Рудакӣ ва Абулало ал-Мааррӣ), Рӯдакӣ дар осори муҳаққиқони араб ва як пайравӣ аз шеъри Рӯдакиро таҳлилу таҳқиқ ва баррасӣ намудаанд.
   Гарчанде мисли Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷикӣ назире нест, инчунин ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон, олимон, шоирон, нависандагон, адибон ва муаррихони араб будааст ва ба фарохури осору ашъорашон аз ҷалолати қадру баландии мақоми вай сухан гуфтаанд. Аз муҳимтарини ин шуаро ва нависандагон метавон ба Иброҳим ибни Яҳё ибни Усмони Ғаззӣ, Аҳмад ибни Умари Манифӣ, Наҷоти Нишопурӣ, Абӯҳайёни Тавҳидӣ, Изуддин ибни Асири Ҷурбузадорӣ ва Ёқути Ҳамавӣ ишора кард, ки дар осорашон дар бораи Рӯдакӣ сухан гуфтаанд. Дар баҳс аз ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар адабиёти араб нуктаи муҳим таъсирпазирии ин шоири бузург аз Қуръону ҳадис ва мазомини арабӣ аст. Самъонӣ дар «Китобу-л-ансоб» ба ин нукта ишора карда, ки Рӯдакӣ ҷуз улуми дигар илми ҳадис ва мутуни ҳадиси набавиро низ фаро гирифтааст. Дар миёни кишварҳои арабӣ мутолиоти адабиёти тоҷик, бавижа пажӯҳиш дар бораи Оли Сомон дар Миср, Сурия, Ироқ, Лубнон, Арабистони Саудӣ ва Тунис бисёр мавриди таваҷҷуҳ будааст ва пажӯҳишгарон дар ин кишварҳо ба осори Рӯдакӣ ва ҷойгоҳи рафеъи ӯ дар шеъри форсӣ таваҷҷуҳ нишон додаанд. Гарчанде Рӯдакӣ ба забони арабӣ шеър нанавишта бошад ҳам муаллифи “Китоб ал-ансоб” ас-Самъонӣ аз забони вазири номдори Сомониён Абулфазли Балъамӣ овардааст, ки “Рӯдакиро дар арабу аҷам назир нест”[5].
   Устод Т. Мардонӣ дар ҷои дигар гуфтаҳои мутарҷими “Маҷолис ан-нафоис”-и Алишери Навоӣ, муаллифи асри XV Ҳаким Муҳаммадшоҳи Қазвиниро перомуни шеъри арабии Рӯдакӣ меоранд. Қазвинӣ навиштааст, ки “Рӯдакӣ пешвову сарвари шоирони форсигӯи Мовароуннаҳр буд ва ашъори арабӣ низ некӯ мегуфт”[1,59-72]. Вале устод Т. Мардонӣ ин гуфтаҳоро аз рӯи чанд далел исбот намуда, чунин менависанд, ки “Ин суханҳо шубҳаангез ба назар мерасанд, зеро агар Рӯдакӣ ба арабӣ шеър эҷод мекард, ин ҳодиса аз мадди назари муаррихон ва тазкиранигорони пешин ҳаргиз берун намемонд. Вале агар он чизро ба эътибор гирифтем, ки девони комили ӯ маҳфуз намондааст, ва тазкираҳои зиёди асримиёнагӣ, ки дар онҳо ашъори арабии шоири бузург шояд сабт шуда бошад, аз байн рафта ва ё то ба ҳол пайдо нашуда, ба дасти муҳаққиқон нарасидаанд, масъалаи ба арабӣ шеър гуфтани Рӯдакӣ норавшан боқӣ мемонад”[11,8].
   Устод Мардонӣ дар ҷои дигари китоби “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” ақидаи баъзе муҳаққиқонро меоранд, ки гӯё Рӯдакӣ шеъри яке аз шоирони намоёни араб Абулҳасан ибни Ҷирҷисро, ки бо тахаллуси Ибн ар-Румӣ машҳур аст, аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Масалан У. М. Даудпота чунин мешуморад, ки шеъри зерини Рӯдакӣ тарҷумаи дарии шеъри Ибн ар-Румӣ аст[13]. Ман мӯи хеш на аз он кунам сиёҳ, То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ. Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,
   Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.
   Шеъри арабии ибн ар-Румӣ чуни наст[13,145]:
    لَمْ أَخْضَبِ الشَّیْبَ لِلْغَوَانِي          أَبْغِي بِهِ عِنْدَهَا وِدَادَا
   بَلِ الْخِضَابُ عَلَی شَبَابِي   أَلْبَسْتُ مِنْ بَعْدِهِ حِدَادَا
   Ман мӯи пиронаамро баҳри соҳибҷамолон ранг накардаам,
   Ки бо ин наздашон меҳру муҳаббат хоҳам.
   Балки ба ёди ҷавониам онро ранг кардам-
   Чун гузашт (ҷавониам) либоси сиёҳи мотам ба бар кардам.
   Устод қайд кардаанд, ки дар воқеъ ба муносибати Ибн ар-Румӣ гуфтан ба маврид аст, ки модараш форс буд ва аз ин рӯ шоир бо аслу насаби форсии худ, ки онро ба подшоҳони эронӣ пайваста медонист, ифтихор мекард, ва дар ашъораш калимоту ибороти тоҷикиро зиёд истифода кардааст.
   Дар охир гуфтаниям, ки ин чанд сухане, ки перомуни Рӯдакӣ ва адабиёти араб гуфтем қатрае аз баҳри таҳқиқоти устод Тоҷиддин Мардонӣ мебошад ва умедворем, ки устод дар оянда низ боз ҳам зиёдтар ба ин масъалаҳо таваҷҷӯҳ менамоянд ва шогирдонашонро дар ин самт дастгирӣ намудаву корҳое, дар рӯдакишиносӣ ва арабшиносии тоҷик, ки ниёз ба таҳқиқ доранд ҷомаи амал хоҳанд пӯшонид.
Субҳиддин Зиёев,
корманди Институт
 
      Адабиёт
  1. Афсаҳзод А. Баҳсҳо оид ба Рӯдакӣ дар асри XV. Ёдбуди устод Рӯдакӣ.-Душанбе: Дониш, 1978. С. 59-72.
  2. Крачковский, И. Ю. Общие соображения о плане истории арабской литературы // И. Ю. Крачковский. Избранные сочинения. Т.2. –М.-Л., 1956. С.563-564.
  3. Мардонӣ, Т.Н. Шеъри арабии Ибни Сино. Т.Н. Мардонӣ.-Душанбе: Ирфон,2006.-125с.
  4. Мардонов Т. Н. Арабско-таджикское двуязычие в поэзии IX-X вв. Душанбе: Маориф, 1993.-164с.
  5. Ас-Самъонӣ, Абусаъд. Китоб ал-ансоб. Иътана бинашриҳи Д. С. Марголиус. Аъодат табъаҳу би-л-офсет Мактабат ал-Мусанно.-Бағдод (б.т).
  6. Таджиддин Мардони. Арабско-таджикские литературные связи. Душанбе: Ирфон, 2006.-400с.
  7. Таджиддин Мардони. Масʼуд Саʼд Салман и арабская поэзия. Душанбе: Ирфон, 2006.-74с.
  8. Таджиддин Мардони. Насир Хусрав и арабоязычная культура. Душанбе: Пайванд, 2005.-142с.
  9. Таджиддин Мардони. Слово об Абуали ибн Сина. Исследования и переводы. Душанбе: Дониш, 2018.-376с.
  10. Тоҷиддин Мардонӣ. Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ. Душанбе: Дониш, 2018.-110с.
  11. Тоҷиддин Мардонӣ. Рӯдакӣ ва адабиёти араб. Душанбе: Ирфон, 2010, 128с.
  12. Тоҷиддин Мардонӣ. Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам. Душанбе: Ирфон, 2010.-236с.
  13. Daudpota M. U. The influence of of Arab poetry on the development of Persian poetry.-Bombay: The Fort printing press, 1934.

БОЗГАШТ