АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо  Ҳиндустон аст

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Бо вуҷуди оне, ки дар тамоми ҷаҳон эмкунӣ идома дорад ва ширкатҳои бонуфузтарини дорусозӣ ваксинаҳои нав ба навро бар зидди коронавирус COVID-19 истеҳсол карда истодаанд, дар як қатор кишварҳо хурӯҷи бошиддати ин беморӣ нигаронкунанда мебошад.  Ҳиндустон низ дар қатори он давлатҳое меистад, ки бо сабаби рӯз ба рӯз афзоиш ёфтани ин беморӣ дар тамоми қаламрави ин кишвар маҷбур шудааст, ки карантини шадидро ҷорӣ намояд.
Соли гузашта Ҳиндустон ба як қатор кишварҳо,аз ҷумла ба Тоҷикистон ҳам барои мубориза ба ин касалӣ маводҳои тиббӣ ва доруворӣ фиристода буд.
Боиси таассуф аст, ки ҳоло Ҳиндустон, ки яке аз мамлакатҳои пешқадам аз ҷиҳати истеҳсоли доруворӣ мебошад, феълан дар вазъияти ногувор қарор дорад ва ба мадади беруна муҳтоҷ шудааст.
Дар шабонарӯзи охир дар қаламрави Ҳиндустон боз афзоиши сироятёфтагон аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин боиси нигаронии дохилӣ ва берунӣ шудаистодааст. Дар табобатхонаҳо барои беморон ҷой намерасад ва инчунин ниқоб ва кислород низ кофӣ нест.
Нишондиҳандаҳо оид ба коронавирус дар ҷаҳон (11 майи соли 2021, koronavirustoday.ru›news/india/) чунинанд:
  1. ШМА – 33499699 сироятёфта, 26489243 шифоёфта, 596038 фавтид.
  2. Ҳиндустон –22991927 сироятёфта, 19021207шифоёфта, 250025 фавтид.
  3. Бразилия – 15184790 сироятёфта, 13714135 шифоёфта, 422418 фавтид.
Дар ин рӯзҳои душвор барои Ҳиндустон ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф намонда, барои ин кишвар кӯмаки башардӯстона расондаистодааст. Ташкилоти Салиби сурхи Хитой барои мубориза бар зидди ин беморӣ ба Ҳиндустон ба маблағи 1 млн. доллари амрикоӣ кӯмакнамуд. Ширкати дорусозии Pfizer ба Ҳиндустон ба маблағи 70 млн. доллари амрикоӣ ёрдам намуд. Созмони Умумиҷаҳонии Тиб 2.6. ҳаз. Мутахассисони соҳибтаҷрибаро ба ин кишвар фиристод. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Россия, Покистон, Бритониё, Сингапур, Узбекистон, Ирландия, Олмон,Тайланд, Фаронса ва дигар кишварҳониз кӯмаки худро дареғ надоштанд.
Дар ин рӯзҳои мушкил барои халқи заҳматкаши Ҳиндустон халқи тоҷик ҳар чӣ зудтаразин буҳрони беморӣ раҳо ёфтан ва барқарор шудани ҳаёти осоиштаи фориғ аз дарду ғамро таманно дорад.

Нигина Душанбиева
к
орманди Институт
 

БОЗГАШТ