Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат роҷеъ ба ҳаллу фасли масоили марбути об ва ҳифзи пиряхҳо, ки дар заминаи устувори далоилу мушоҳидаҳои илман асоснок руйи кор омадаанд ва ба рафъи мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонии инсоният нигаронида шудаанд, имрӯз аз ҷониби
аксари кулли аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ гардидаанд. Зеро зарурати пешниҳодгардии онҳо аз дарки амиқи зуҳуроти мушкилоти ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо ва ҳаводиси биёбоншавии заминҳои кишварҳо бармеояд. Таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии босуръати пиряхҳои ҷумҳурӣ мегардад. Дар давоми панҷоҳ соли охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон қариб 1300 пирях тамоман об шудааст. Ин як тамоили хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд. [1]
Тибқи ҳисобу китобҳои мутахассисони соҳа, дар ҳолати об гардидани тамоми пиряхҳои олам сатҳи об дар рӯи Замин то ба 64 метр боло мебарояд. Ин на танҳо боиси зери об мондани як қисмати бузурги сайёраи мо ва маҳв шудани зиндагӣ дар бисёре аз шаҳрҳову давлатҳо мегардад, балки дар тамоми гӯшаҳои дигари сайёра инсониятро бо мушкилоти гароне рӯ ба рӯ менамояд.
Бино ба маълумоти муайяншуда, ҳоло беш аз 3 миллиард сокини сайёра аз оби тоза танқисӣ мекашанд ва пешгӯӣ мешавад, ки ин теъдод то соли 2025 ба 4 миллиард наздик мешавад. Дар айни замон дар саросари Замин ҳамарӯза аз 800 то 900 кӯдаки то 5- сола аз норасоии оби тоза мефавтанд. [2]
Дар ин радиф, боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки ташаббуси панҷуми Сарвари хирадманд ва дурандеши миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамовозии 153 кишвари олам қабул гардид.
Воқеан ҳам, ташаббуси панҷуми Пешвои муаззами миллат аҳамияти муҳими таърихӣ дорад ва басе нодир маҳсуб меёбад, зеро дар радифи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», инчунин аз соли 2025 сар карда, ҳар сол дар ҷаҳон 21-уми март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таҷлил мегардад. Ҳамзамон, ҷиҳати маблағгузории ҳифзи пиряхҳо дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид фонди махсус таъсис ёфт
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба ташаббуси панҷуми Сарвари давлат аллакай дар самти баҳри бартараф сохтани масъалаи ҳалталаби умумибашарӣ иқдомҳои самарабахшро анҷом медиҳад ва татбиқи тадбирҳо, аз қабили коҳиш додани сатҳи партовҳои саноатӣ (газҳои гармхонаӣ, аэрозолҳо), роҳандозии истеҳсоли «энергияи сабз» (неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза) дар ин радиф қарор доранд. Бояд қайдкард, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» ба қатори шаш мамолики пешсафи сайёра шомил гардида, истеҳсоли ин навъи энергия дар кишвар 98 фоизро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад. [3]
Бо дарназардошти муҳиммии бартарафсозии обшавии пиряхҳо ва дигар масоили иқлимӣ ҳаҷми солонаи маблағгузории барномаҳои мазкур беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад.
Бо саъю эҳтимоми Сарвари давлат айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии кишвар истеҳсол карда мешавад ва ҷумҳурӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи “сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷойи шашум қарор дорад. Ба нақша гирифта шудааст, ки ҷумҳурӣ то соли 2032 пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия мегузарад.