АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҷомеаи башар таҷдиди назар дорад

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар Панҷшер фоҷиаи башарӣ рух медиҳад. Дар ин бора хабарнигорони афғону хориҷӣ хабар медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, вазъ дар ин вилоят бо ворид шудани ҷангиёни “Толибон” бениҳоят бад шудааст.  "Онҳо барои нест кардани ҳар гуна ҳаракат аз воситаҳои пешрафтаи низомӣ истифода мекунанд. Занҳо, кӯдакон ва пиронсолон дар кӯҳҳо ва водиҳо паноҳ бурдаанд. Гуруснагӣ ва хунукӣ ҳаёти ҳазорон нафарро таҳдид мекунад", - менигоранд  дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Рӯзноманигорон иддао доранд, ки идораҳои давлатӣ, беморхонаҳо ва мағозаҳо дар роҳи асосӣ таҳти назорати ҷангиён  қарор доранд. Дар ҳар як ноҳияи вилоят шумораи зиёди ҷангҷӯён мавҷуданд. Онҳо аллакай ба кофтукоби манзили сокинони маҳаллӣ шурӯъ кардаанд.

Нашрияи бритониёии Guardian  аз эҳтимоли фоҷеаи башарӣ  дар дараи Панҷшер  ҳушдор дода, менависад, ба иллати идомаи муҳосира аҳолии он ба камбуди хӯрок ва дору рӯбарӯ шудаанд. Маҳбуба Ровӣ, раҳбари созмони хайрияи австралиягии “Ваъдаи Маҳбуба” ба нашрия гуфтааст, ҳазорон нафар дар тарсу бим ва номуайянӣ ба сар мебаранд. “Одамон дар дохили водӣ дармондаанд, на ғизо доранд, на барқ, на алоқа. Ин як буҳрони башарӣ аст ва хатари наслкушӣ вуҷуд дорад,” - гуфтааст Ровӣ.

Хабарнигори New York Post аз дохили Панҷшер гузориш додааст, ки ин ҷо танҳо "Толибон" ва чанд оила аз аҳолии бумиро дидааст, ҳамаи бозорҳо баста, кӯчаҳо беодаманд ва ҳамсуҳбатони хабарнигор мегӯянд, мардум дар кӯҳу дараҳо паноҳ бурдааст. Толибон ба ин ҷо 8000 ҷангӣ оварда, дар чанд маҳалли водии Панҷшер посгоҳҳо гузоштаанд. Онҳо ба мардум муҳлат додаанд, ки баргарданд ва силоҳи худро супоранд, дар акси ҳол кушта мешаванд.  Зикр шудааст, ки феълан интернет пурра қатъ буда, алоқаи мобилӣ аз бархе ширкатҳо танҳо дар бархе қуллаҳо дастрас мебошад.

Қорӣ Фасеҳуддин, раиси  Ситоди артиши “Толибон” ваъдаи саркӯби муқовиматгаронро дода, афзуд, ки намегузоранд, кишвар вориди ҷанги дохилӣ шавад. "Касоне, ки ба номи қавмият ва муқовимат барои пуштибонӣ аз демокрусӣ ва ҳифзи дастовардҳои 20-сола дар баробари ин гурӯҳ истодаанд, саркӯб хоҳанд шуд. Ин афрод дар пайи халалдор кардани амният ва савқ додани кишвар ба ҷангҳои дохилиянд", - овардааст "Aamaj News" аз қавли Фасеҳуддин.  Гарчанде раиси Ситоди артиши "Толибон" аз афрод ва гурӯҳҳои мушаххас ном набурдааст, расонаҳои Афғонистон мегӯянд, манзури Қорӣ Фасеҳуддин нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъудро аст.

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, фармондеҳи низомии Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон дар як муроҷиати видеоии худ изҳор дошт, ки муқовимат дар Афғонистон идома дорад. Дар ин навор Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ мегӯяд, ки “Толибон” як гурӯҳи мутаассиб, ситамгар ва мутаҷовиз аст, ки бар амнтарин вилояти Афғонистон яъне Панҷшер таҷовуз кардааст ва имрӯз фазои ваҳшат ва бераҳмиро дар ин вилоят мусаллат сохтааст. “Имрӯз Панҷшер қалби Афғонистон аст ва ба намояндагӣ аз Афғонистон ва орзуҳои мардуми ин кишвар, ки иборат аз сулҳ ва як ҳукумати одил аст, дифоъ мекунад. Ба “Толибон” ва ҳама касоне, ки тарафдори онҳо ҳастанд бигуям, ки бо ворид шуданашон ба Панҷшер ба ҳеҷ сурат ба маънои поёни ҷанг нест, балки ин оғози ҷанг аст”, - гуфт Регистонӣ.

Абдураб Расули Сайёф, яке аз муҷоҳиддини маъруфу ҳамсангари Аҳмадшоҳи Масъуди шаҳид  9 сентябр  ба муносибати 20 – умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, бо ирсоли паёме дар сафҳаи фейсбукии худ аз ӯ ҳамчун як “муҷоҳиди ростину сипаҳсолори сарбаланд ва боиззати муқовимат” ёд кардааст. Дар идомаи паёмаш юриши “Толибон”- ро ба  Панҷшер маҳкум карда гуфтааст: “Панҷшер як бахши зебо ва номдоре аз сарзамини мардхез ва боиззату пурифтихори мо  мебошад. Ва юриш бар ҳарими зиндагӣ ва молу ҷону рамзҳои таърихии мардуми мусулмон ва муҷоҳиди он қатъан нораво ва дур аз мурувват асту бояд фавран мутаваққиф гардад”.

Хабаргузории Fars News Agency, ки берун аз Эрон фаъолият мекунад, рӯзи 11 сентябр ба нақл аз манобеи худ иттилоъ додааст, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамоно дар Панҷшер аст ва нерӯҳои ӯ бархилофи эълони "Толибон" ҳамоно 70 дарсади водиро таҳти назорат доранд.

     Пас аз даъвати Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар рӯзҳои охир дар Кобул, Теҳрон ва Машҳад гирдиҳамоиҳо алайҳи “Толибон” ва Покистон баргузор шуд. Ин эътирозҳо рӯзи 9-уми сентябр низ идома ёфт. Дар шаҳри Теҳрон шуморе аз фаъолони маданӣ ба зидди груӯҳи “Толибон” ва сиёсатҳои Покистон дар Афғонистон шиор доданд.

 Шаҳри Машҳади Эрон ҳам рӯзи панҷшанбе саҳнаи эътирозҳо ба зидди сиёсатҳои Покистон дар Афғонистон ва ҳимояти он аз “Толибон” будааст. Ҳамчунин беш аз 500 фаъли сиёсӣ ва мадании Эрон дар паёме ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, "шаҳодати Фаҳим Даштӣ", сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро таслият гуфтанд. Ин фаъолони сиёсӣ ва мадании эронӣ дар паёми худ навиштанд, "дар чаҳор даҳаи охир ҳеч гоҳ қалб ва ормони мардуми Эрон бо мардуми Афғонистон то ба ин ҳад гиреҳ нахӯрдаааст".

Шуморе аз мардуми Кобул низ ба даъвати Аҳмад Масъуд барои мубориза бо “Толибон” посухи мусбат доданд ва бори дигар ҷамъ шуданд. Афғонистон ва ба вижа пойтахти он шаҳри Кобул рӯзҳои охир саҳнаи эътирозҳо алайҳи ҳукумати Толибон буд. Ду рӯз пеш садҳо зан ва мард дар кӯчаҳои Кобул ва чанд вилояти Афғонистон алайҳи “Толибон” гирдиҳамоӣ карданд. Нерӯҳои “Толибон” барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода бурданд ва ба ҳаво тир холӣ карданд.

Талабшо Муқимов, рӯзноманигор тоҷик дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ навори тазоҳуроти тоҷикон дар назди бинои СММ-ро нашр кардааст. Гуфта мешавад, ки даҳҳо нафар тоҷикони муқими шаҳри Ню-Йорк барои ҳимоят аз мардуми Панҷшери Афғонистон дар назди бинои СММ даст ба тазоҳурот задаанд. “Айни хол: New York, Назди Бинои СММ, ҳамоиши эътирозӣ барои ҳимояи Панҷшери Афғонистон барои хифзи ному замини Тоҷикон!”, -навиштааст Талабшоҳи Муқим. Ҳамчунин вай таъхкид доштааст, ки ҳамоиш тахти шиори "Сулх ба Афгонистон ва адолат ба Панчшер" баргузор шуд.

Даҳҳо нафар зану духтари афғонистонӣ дар бинои сафорати ин кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, алайҳи «Толибон» ва Покистон шиор доданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Онҳо 14-уми сентябр бо сар додани шиорҳое чун «Покистон, Покистон, берун шав аз Афғонистон», «Куштани афғонҳоро бас кунед», «Аз Аҳмади Масъуд ҳимоят мекунем» ва «Зинда бод муқовимат» ҷамъомади эътирозӣ баргузор карданд.

Онҳо ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки садои онҳоро шунаванд ва ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият нашиносад ва аз Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят кунад. Ба гуфтаи онҳо, «шинохтани Аморати исломӣ дар Афғонстон ба расмият шинохтани терроризми байналмилалӣ аст ва ҳар касе, ки онҳоро ба расмият мешиносад, худ ҳомии терроризм аст».

Рӯйдодҳои ахири Афгонистон ба мавзӯи саҳифаи аввали расонаҳои хабарии ҷаҳон табдил ёфтаанд. Дар бисёре аз онҳо ҳангоми бозтоби таҳаввулоти Афғонистон ва ба қудрат расидани Ҳаракати ифротгарову террористии "Толибон" номи Тоҷикистон ва мавзеъгирии он ҳам зикр ва баррасӣ мешавад. Тоҷикистон бо мавзеъгирии хоси худ дар баробари ҳаводиси Афғонистон дар сафи пеши кишварҳое қарор гирифт, ки ошкоро гуфтаанд, ҳукумати “Толибон”- ро эътироф нахоҳад кард. Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин эътирофро бо риояи ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмии Афғонистон ва пеш аз ҳама тоҷикон, ки 46 дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳад,  бастагӣ дод. Ин дар ҳолест, ки ҳампаймонҳои асосии Тоҷикистон - Русия ва Чин, ҳатто ҳамсояи наздиктаринамон Узбекистон нисбати  Таҳрики Исломии “Толибон” лаҳни нармтаре дошта, хостори робитаи нек бо ин гурӯҳанд.

Мавқеъгирии Эмомалӣ Раҳмон ғолибан вокунишҳои мусбат ба бор овард.  Садо баланд кардани Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва ба фоидаи тоҷикони он сӯи дарёст. Маҳз пас аз мавқегирии қотеъона, ҷиддӣ ва принсипиалии пешвои миллат мушоҳида шуд, ки бархе аз кишварҳои дигар низ назарашонро як андозае  нисбати “Толибон” тағйир доданд. Дар ин байн дар мавқеъгирии Русия ва Қазоқистон низ як тағйири андаке рӯнамо шуд. Тоҷикистон, мутаассифона ба танҳоӣ имкони пуштибонӣ аз тоҷикони Афғонистонро надорад. Танҳо дар сурати ҳамкорӣ бо Эрон ва Русия имкон дорад, ки мо қазияро ба нафъи ҳаммиллатони он сӯи дарёи Панҷ анҷом диҳем.

The Diplomat навиштааст, нақши Тоҷикистонро дар буҳрони Афғонистон кам набинед. Дар ин таҳлил омадааст, ҳарчанд Тоҷикистон кишвари хурде бо иқтисоди заиф аст, аммо марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, мизбонии пойгоҳи азими Русия ва робитаҳои наздики тоҷикони ду тарафи марз абзори муҳиме дар дасти Тоҷикистон аст, ки метавонад бо истифода аз онҳо сиёсати шарикони бузургу азимаш ба мисли Русияро ба зидди "Толибон" шакл диҳад.

Ба навиштаи The Diplomat, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса Эмомалӣ Раҳмонро маҳз барои мухолифати ошкораш ба зидди "Толибон" ба Париж даъват кард. Барои ҳамин, ба гуфтаи муаллифи матлаби таҳлилӣ, беэътиноӣ ва ё ба инобат нагирифтани таъсири Тоҷикистон ба Афғонистон кори дурусте нест. Дар матлаб омадааст: “Кишварҳои хурд аксар вақт абзорҳое доранд, ки онҳоро ба бозигарони муҳиме барои шарикони бузургашон табдил медиҳанд ва бахусус дар марҳилаҳои фавқуллода".

 Дар ҳоле, ки масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо мегуяд, роҳе ҷуз музокира бо Толибон дар Афғонистон вуҷуд надорад ва Бруссел дар садади ҳамоҳангӣ бо аъзои Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси намояндагии ин иттиҳод дар Кобул аст, Порлумони Аврупо бо судури як қатънома хостори даъвати Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба нишасти Порлумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо шудааст. Порлумони Аврупо дар қатъномае дар бораи Афғонистон аз хушунатҳои Толибон интиқод карда ва аз Иттиҳоди Аврупо хост, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба ҷаласаи худ даъват кунад. Дар қатъномаи Порлумони Аврупо омадааст, ки Покистон тавассути нерӯҳои вижа ва пуштибонии ҳавоӣ, ба ҷангиёни Толибон алайҳи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер кӯмак кардааст.

Мо шоҳиди он мебошем, ки баъди изҳороти президенти Тоҷикистон як қатор кишварҳо мавқеашонро нисбати Таҳрики исломӣ - террористии “Толибон”  ва давлати ба истилоҳ “Аморати Исломии Афғонистон”  таҷдиди назар мекунанд. Мо мутмаинем, ки  ояндаи наздик  дигар кишварҳо низ бо Тоҷикистон ҳамназар хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, коре  ки пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кард, барои шинохти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз “Толибон”  саривақтӣ ва бебаҳо  буд.  Мардуми тоҷик бо ифтихори бузург аз мавқеъгирии қотеъонаи пешвои миллат пуштибонӣ намуда, дастгириву кумаки ҳаматарафаро ба мардуми афғон ба хусус дараи Панҷшер дареғ нахоҳад дошт. Мо намегузорем, ки мардуми далеру шуҷои Панҷшер, умуман тоҷикон ва дигар аққалиятҳои миллии Афғонистон таҳти фишору зулм ва наслкӯшӣ қарор гиранд.

 

Судуров Сайдалӣ, ходими илмии Институт

 

БОЗГАШТ