АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ОМИЛҲОЕ, КИ ҶОЙГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗИРО ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ФРАНСИЯ МУАЙЯН МЕКУНАНД

Муаллиф: Ашуров Ардамеҳр

Расм

Осиёи Марказӣ дар низоми сиёсати хориҷии Франсия ҷойгоҳи хоса дорад. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба вуҷуд омадани давлатҳои нави мустақил, таваҷҷуҳи Франсия ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зиёдтар гардид.

Имрӯз, дар шароити нави сиёсати ҷаҳонӣ ҳамкориҳои бисёрсамта миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Франсия ба таври мунтазам идома доранд. Дар давраи ба даст овардани истиқлолият ҳамкориҳои мутақобила яке аз самтҳои асосии фаъолияти иқтисодӣ ва дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ гардид. Ба дигар маъно, Франсия ба монанди пулест, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо мепайвандад.

Франсия дар доираи сиёсати хориҷии худ таҳким ва рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим мешуморад, ки ин ба як қатор омилҳои зерин вобаста буда, ҷойгоҳи Осиёи Марказиро дар сиёсати хориҷии Франсия муайян менамояд:

 - аввалан, дар давоми нимаи дуюми солҳои 90-ум ва нимаи аввали солҳои 2000-ум, Франсия сиёсати таҳкими муносибатҳои дипломатӣ ва фаъолияти сиёсиро дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ пеш мебурд ва ҳамзамон ба рушди робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мекард;

 - дувум, Франсия саъй дорад ҳузури иқтисодӣ ва сиёсии худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият бахшад. Аз ин рӯ, ҳам Франсия ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатҳои муштараки байналмилалӣ доранд, яъне таъмини рушди устувор, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи байналмилалӣ, мубориза бо қочоқи инсон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, танзими захираҳои об ва ғайра;

 - сеюм, дар асри XXI мубориза барои захирахои энергетикӣ пурзӯр гардид. Тавре ки маълум аст, минтақаи Осиёи Марказӣ дорои иқтидори азими гидроэнергетикӣ мебошад, ки хусусан ин иқтидор ба Тоҷикистон мутааллиқ аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати сармоягузорӣ ба ин бахш, Франсия метавонад мавқеи геополитикии худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунад;

 - чорум, Франсия мехоҳад бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи фарҳанг ва маориф ҳамкориҳои устуворро тақвият бахшад ва аллакай бо онҳо дар доираи марказҳои фарҳангӣ ва барномаҳои гуногуни илмӣ, ки ба ниёзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, ҳамкорӣ мекунад. Масалан, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Франсия Пажӯҳишгоҳи илмии худро барои таҳқиқот дар Осиёи Марказӣ (IFEAC-Institut français d'études sur l'Asie central) ва Институти омӯзиши забонҳо ва тамаддунҳои шарқ-ро (INALCO - Institut National des Langues) таъсис дод.

Сиёсати Франсия дар минтақаи Осиёи Марзакӣ ва ҳамчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самтҳои зерин равона гардидааст:

- тарғиби забон ва фарҳанг; коркард ва истифодаи захираҳои табиӣ; кӯмаки иҷтимоӣ ва мусоидат ба ҳифзи саломатӣ; тарғиб ва дастгирии фазои демократӣ; густариши соҳаи сайёҳӣ; сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок; (маориф, илм, фарҳанг, тиҷорат ва ғ); омӯзиш ва тадқиқи арзишҳои таърихӣ, ва сарчашмаҳои муҳими илмӣ; ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи маводи мухаддир, маҳдудияти сулҳу суботи минтақавӣ; рушди ҳамкориҳои энергетикӣ, дастрасӣ ба захираҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави интиқоли энергия ба Иттиҳоди Аврупо; бахши муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист; таҳияи мавзуъҳои ҳассостарини муносибатҳои кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ, ба монанди эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, бунёди давлати ҳуқуқиву демократӣ ва ғайра.

Зикри нуктаи дигарро муҳим мешуморем, ки дар муқоиса бо кишварҳои қудратманди минтақавӣ, Франсия дорои манфиатҳои назарраси иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Метавон гуфт, ки дар бисёр соҳаҳо кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Франсия дар Осиёи Марказӣ нақши бозигари асосиро мебозад, ки ин ба таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, ҳавасмандгардонии гузариши демократӣ ва ғайра рабт дорад.

Асосан дар сиёсати аврупоӣ ҷанбаи “ҳарбӣ” мисли сиёсати Амрико, Русия ва ҳатто Чин ба назар намерасад. Пас метавон таъкид кард, ки сиёсати Франсия дар минтақаи Осиёи Маказӣ тавассуси “нерӯи нарм” амалӣ мегардад. Яъне ин сиёсат бештар ҷанбаи фарҳангӣ” дорад. Масалан, тавассути «нерӯи нарм» ҷузъҳои асосии бунёдии дипломатияи фарҳангӣ, ба мисли пешбурди забон тавассути волонтёрӣ ва грантҳо барои омӯзгорони соҳавӣ муайян карда мешавад. Ё ин ки, таҳияи барномаҳои бурсиявӣ барои лоиҳаҳои муштараки фарҳангии донишҷӯён пешкаш мегардад. 

Хусусияти дигари дипломатияи Франсиявӣ дар он аст, ки таблиғи арзишҳо ва фарҳанги Франсиявӣ дар хориҷа тавассути созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва ҷомеаи илмӣ амалӣ карда мешавад. Масалан, бисёр ташкилот бе восита ба тарғиботи забон ва таълими франсавӣ машғул мешаванд. Яъне, «нерӯи нарм» таъсир ва тарғиби арзишҳои миллии Франсиявиро таъмин менамояд, ки дар Осиёи Марказӣ ба таври возеҳ назаррас аст. Пас, таъсирбахштарин зуҳуроти “нерӯи нарм”-и Франсиявӣ забон ва фарҳанги он аст ва падидаи франкофония бозгӯи бештари он мебошад, ки ҳамасола дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Ҳамин тариқ, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои гуногунсамта миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Франсия ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи самти аврупоии сиёсати хориҷии худ, тақвияти ҳамкориҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла Франсия тақвият мебахшад. Илова бар ин, масъалаи муҳим дар низоми нави равобити байналхалқӣ масъалаи модернизатсия дар иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ метавонанд ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд. Дигар ин ки тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ барои амалигардонии Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 дар кишвари мо ба манфиат хоҳад буд. Аз дигар ҷиҳат, ҳамкориҳо бо Франсия барои кишвари мо аз он ҷиҳат муҳим дониста мешаванд, ки ба манфиати рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат намоянд. Яъне характери мутақобилан судманд дошта бошанд.

 

Ардамеҳр Ашуров,

н.и.т., ходими пешбари илмии

шуъбаи Аврупо

 

БОЗГАШТ