АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ОМИЛҲОИ ГАРАВИДАНИ ДУХТАРОН ВА ЗАНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

Муаллиф: Изатова Матлуба

Расм

Имрӯз яке аз масъалаҳои бисёр мураккаб зуҳури ҳаракатҳои ифротгароӣ, махсусан терроризму экстремзм, ба ҳисоб меравад, ки он як қатор кишварҳои оламро фаро гирифта, харобии зиёдро ба миён овардааст. Аҳолии зиёд хонавайрону ғариб гардида, ки дар оворагиву саргардонӣ ба сар мебаранд. Ҳазорон тифлони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтида истодаанд. Мутаассифона, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, бахусус мамлакатҳои Шарқ, ихтилофҳои динию мазҳабӣ, қавмию сиёсӣ шакли мусаллаҳонаро гирифта, бо шеваи бисёр бераҳмона ва зидди инсонӣ идома доранд.

Дар солҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарони мо низ дарди ҷонсӯзи миллату ватан гардидааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро сабаби шомил шудан ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Боиси ташвиш аст, ки имрӯз баъзе аз абарқудратҳо ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои геополитикии худ аз гурӯҳҳои ифротӣ ҳамчун силоҳ истифода менамоянд. Камтаваҷчуҳӣ ба масъалаи бастани роҳҳои таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ ва афзоиши фишор ба созмонҳо ва давлатҳои таҳвилкунандаи гурӯҳҳои террористӣ муборизаро бо ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ душвортар сохтааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои 90-и асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод. Ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фарохеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез ва бо ин роҳ таъмин намудани сулҳу субот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Суханронӣ дар Конфронси сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», Душанбе 04.05.2018, суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, Душанбе, 12.05.2018, суханронӣ дар Бадахшон 15.09.2018. аз ҷумлаи манбаъҳоеянд, ки дар онҳо масъалаҳои вобаста ба омилҳои авҷгирии ифоротгароии мазҳабӣ ва терроризми байналмилалӣ мавриди таҳлили муфассал қарор гирифта, пешниҳодҳои мушаххас ироа шуданд.

Дар байни омилҳои асосии рушди ифротгароии занон омилҳое монанди афзоиши ифротгароии динӣ дар минтақа ва Тоҷикистон, қудратманд будани афкори табъизи гендерӣ дар ҷомеа, пурзӯр будани стереотипҳои нақши зан дар оила ва ҷомеаи анъанавӣ, вусъат ёфтани таблиғоти ифротгароӣ дар сайтҳои интернетиро номбар кардан мумкин аст.

Одатан оиларо омиле меноманд, ки нақши мусбат ё манфӣ дар вусъат додани ифротгароӣ ва экстремизми иҷборӣ дорад.

Яке аз муҳимтарин омили ҷалби занон ба ҳаракатҳои ифротӣ муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аксари ҷавонзанон дар дурӣ аз ватан ва оила қарор дошта, аз ин ҷиҳат гурӯҳи осебпазирро ташкил мекунанд ва метавонанд ба таблиғи ифротиён дода шаванд.

Агар ниҳоди оила фаъолияти бештар дошта бошад, мубоҳисаи наслҳо, меросбарии фарҳанг, тарбия ва таҳсил дар дохили оила, ҳамзамон бо раванди иҷтимоишавии кӯдак сурат мегирад. Дар ин сурат ҷавонон, алалхусус шумораи камтари ҷавонон, ба ҷалбу таблиғ дода мешуданд.

Дар сатҳи ҷаҳон афзоиши экстремизми иҷборӣ ба назар мерасад, ки дар он саҳми занон хеле назаррас аст. Чунин ҳолат ба амният ва устувории кишвар, ҳамчунин хатари таъсири харобиовар ба раванди истиқрори сулҳ дорад. Ин гуна равандҳо хусусан дар шаҳраку вилоятҳое, ки дар чорроҳаи шоҳроҳҳо қарор доранд, зиёд шуда метавонад.

Бояд гуфт, ки Стратегияи миллии мухолифат ба экстремизм ва терроризм дар солҳои 2016-2020 нақшаи амали чораҳои мушаххас оид ба дастгирии занон ва пешгирии онҳо аз пайвастан ба ҳаракатҳои экстремистиро дар назар дорад. Аз ҷумлаи ин гуна чораҳои муассир - ташкили огоҳии бештари аҳолӣ аз хатари экстремизми иҷборӣ, ҳамчунин, бештар кардани иштироки занон дар шӯроҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳуқуқ ба шумop меравад. Дар ҷомеа фаҳмише густариш ёфта истодааст, ки занон метавонанд дар пешгирии ин падидаи номатлуб бо роҳи огоҳии бевосита дар оилаҳои худ ва ҷомеа, табодули иттилоот оид ба ифротгароии иҷборӣ, бо роҳи овардани далелҳои радкунанда, мустаҳкам кардани мавқеъи худ нисбат ба таблиғоти ифротӣ, ба худ гирифтани вазифаву масъулияти бештари иҷтимоӣ, иштирок намоянд.

Муқовимати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шояд, барои пешгирӣ аз терроризму экстремизм боз ҳам муассиртар гардад, агар онҳо фаҳмиши бештареро доир ба сабабҳои гендерии осебпазире, ки занонро барои иштирок дар ҳаракатҳои ифротии иҷборӣ маҷбур мекунанд, пайдо намоянд.

Имрӯз ба ин масъала ҷомеаи ҷаҳон аҳаммияти зиёд медиҳад ва дар ҷомеаи мо низ ин масъала мавриди таваҷҷуҳи доимии давлат ва ҳукумати кишвар, муассисаҳои марбута ва алхусус ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад.

Умуман, вазъи ҷомеа талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлоли Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми заковати хешро ба харҷ диҳем. Махсусан, босавод намудани духтарону занон, ки дар оила мавқеи меҳвариро ишғол мекунанд, боис мегардад, ки фарзанди солиму соҳибтафаккур ба воя расад.

 

Изатова Матлуба,

н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии

факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

БОЗГАШТ