Минтақаи Осиёи Марказӣ дар қисми марказии Осиё ҷойгир шуда, бо кишварҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тақсимбандӣ мешавад.
Дар ин зимн, бо Қарори Шӯрои олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ аз 29.11.2024, таҳти №11 китоби "Осиёшиносӣ.Мавқеи геоиқтисодӣ ва рушди кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ.Ҷилди I." ба чоп тавсия гардида, соли 2025 зери назару таҳрири умумии профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. нашр гардид. Китоби мазкур дар шакли монографияи дастаҷамъӣ дар Нашриёти “Дониш”-и АМИТ, дар ҳаҷми 261 с. дар соли 2025 бо ҳайати муаллифон Ҳайдарзода Р., Раҷабов Ҳ., Турсунов Т., Нематова П., Ҳабибов А., Ашӯров А., Раҳмонов М., Баротов Л., Файзуллаева Н., Баҳрулло С, Назриев Ҷ., Талбаков С. рӯи чоп омад.
Дар ин китоб масъалаҳои геоиқтисодӣ ва рушди кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ дар замони муосир бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ ва геополитикии давлатҳои калидии минтақа, қудратҳои таъсирбахши минтақавӣ, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, омилҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо дар замони муосир ва таъсири он ба манфиатҳои миллӣ, вазъи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ-иҷтимоӣ ва геофарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шудааст.
Китоби мазкур дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои муҳими илмӣ, ҳуҷҷатҳои расмӣ, маводҳои мӯътамад бо ҳамоҳангсозии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ таҳия шуда, барои доираи васеъи хонандагон пешбинӣ гардидаст.
Китоби мазкур иборат аз феҳристи ихтисорҳо, муқаддима, 4 боб ва хулосаву руйхати адабиёт буда, дар муаррифии Тоҷикистони муосир ва равобити байналмилалии он бо зикри аҳамияти геополитикии минтақа ва дурнамои кишвар дар ҳаллу кашфи масоили мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва адабу фарҳангии мардуми тоҷик саҳми арзанда дорад.
Дар ин китоб масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва дурнамои ҳамкориҳои муносибатҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, роҳҳои ҳал ва тавсияву пешниҳодҳо ироа гардидааст.
Бояд қайд кард, ки китоб аз ҷониби донишмандону муҳаққиқони соҳавӣ бо донистани забонҳои кореягӣ, ҳиндӣ ва урду, фаронсавӣ, арабӣ ва ғайра бо назардошти таҳқиқоти хос ба минтақашиносӣ барои доираи васеи хонандагон, сиёсатшиносон, кишваршиносону мутахассисони равобити давлатҳои ҷаҳон ва дипломатия пешниҳод мешавад. Муаллифони китоб дар асоси корҳои таҳқиқотии худ аз руи ихтисос мавзуъро хело хуб баррасӣ ва андешаронӣ кардаанд, ки хонанда метавонад аз масоили сиёсиву дипломатӣ ва нақши Тоҷикистони муосир дар минтақа ва ҷаҳон огаҳии илмӣ пайдо хоҳад кард.
Китоб аз зери таҳриру назари д.и.ф., Раҷабов Ҳабибулло ва тақризи н.и.т. Раҳмонзода А., н.и.с. Муродов С. гузашта, ходими калони Институт Давлатов Зубайдулло муҳаррири масъул ва мудири Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии ИОМДОА АМИТ Нематова Парвина омодакунандаи китоб мебошанд.
Дар муқаддимаи китоб маълумотномаи фаровону муфид ва нуқоти муҳим оид ба низоми муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон ва дурнамои он ишорат шуда, мавзуъҳо хело дақиқ таҳқиқу баррасӣ гардида, бо далелу аснодҳо аз дипломатияи гуногунҷанбаи кишварҳо санаду далелҳо оварда, натиҷагирӣ шудааст.
Бояд зикр кард, ки дурнамои минтақаи Осиё бо манобеи фаровонаш муҳим арзёбӣ гардида, таваҷҷӯҳу талоши тағйироти ҷаҳонӣ ба ин самт бештар равона шудааст. Донишмандони соҳа бар ин назаранд, ки Осиё дар даҳсолаҳои наздик бо иҷрои нақши афзояндаи минтақа дар геополитика, сатҳи рушди технологияҳои рақамӣ, дурнамои демографӣ, дастрасӣ ба захираҳои энергетикӣ ва сармояи бозории корхонаҳо нақши пешбар хоҳанд гузошт. Ба андешаи таҳлилгарон, мавқеи кишварҳои пешрафтаи Осиё дар бисёре аз ин далелҳо ба онҳо имкон медиҳад, ки ба низоми ҷаҳон таъсиргузор бошанд.
Мавриди зикр аст, ки бештари мамлакатҳои Осиё аз нигоҳи иқтисодӣ бо ҳам алоқаманданд буда, тақрибан 60 фоизи ҳаҷми савдоро тиҷорати дохилиминтақавӣ миёни онҳо ташкил медиҳад.
Дар байни мамлакатҳои Осиё ба хусус Шарқу Ҷануби он тафовутҳои зиёди иқтисодӣ ва сиёсӣ мавҷуд буда, зимнан ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Сингапур аз Непал 60 баробар зиёдтар мебошад. Бо вуҷуди ин, коршиносон ба ин боваранд, ки кишварҳои Осиёро бо манфиатҳои ҷонибҳо муштарак баррасӣ бояд кард.
Тибқи маъуломоти муҳаллифони китоби мазкур минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (ОҶШ) дар ҳудуди нимҷазираи Ҳиндухитой ва ҷазираҳои сершумори архипелаги Малай ҷойгир шуда, бо Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Австралия ва Уқёнусия ҳамсарҳаданд. Ба ин минтақа 11 кишварҳои аз ҳама ҷиҳат фарқкунанда дохил мешаванд, ки аз рӯи сохт ба шоҳигарии мутлақ (Бруней), шоҳигарии конститутсионӣ (Таиланд, Камбоҷа, Малайзия) ва ҷумҳуриҳои (Индонезия, Сингапур, Филиппин, Лаос, Ветнам, Мянма, Тимори Шарқӣ) мансубанд. Аҳолии минтақа зиёда аз 660 млн нафар ё 8 % аҳолии кураи заминро ташкил медиҳад. Ҷойгиршавӣ дар байни ду тамаддуни қадим ва сераҳолитарин кишварҳои муосир – Чин ва Ҳиндустон ба ташаккули низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, рушди маданият, аҳолӣ ва дин таъсири худро расонидааст. Кишварҳои минтақа дар форуму созмонҳои гуногун узвияти фаъол дошта, Индонезия, Малайзия, Филиппин, Сингапур ва Таиланд таъсис ёфтааст. Бруней-Доруссалом, Ветнам, Лаос, Мьянма ва Камбоҷа муассис ва узви фаъоли Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) мебошанд.
Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор гардидааст. Аз оғози робитаҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ, илмӣ – техникӣ ва маънавӣ – фарҳангӣ ҷараён дорад.
Тибқи таснифоти СММ, аз нигоҳи сиёсӣ ва ҷуғрофӣ, Осиёи Ҷанубӣ давлатҳои Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Непал, Малдив, Покистон, Шри-Ланка дар бар мегирад. Осиёи Ҷанубӣ масоҳати 4,5 миллион километри мураббаъро фаро мегирад, ки 10% тамоми Осиё ва 3% замини ҷаҳон мебошад. Дар ин ҷо беш аз 2 миллиард нафар аҳолӣ сукунат мекунад, ки 25% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Пас аз даврони истиқолият кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ , аз ҷумла, Ҳиндустону Покистон ба таври қобили мулоҳиза рушд карданд. Бояд қайд кард, ки Покистон бо шароиту имконоте, ки дорад роҳҳои кутоҳтарин ва осонтаринро барои густариши тиҷорат ва иқтисод ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистон фароҳам сохта, дар ин самт то ҳол талошҳояшро идома дода истодааст. Барои ин иқдоми нек бояд ҳар ду кишвар аз стратегияҳои ҳамкории минтақавӣ кор мегиранд то якҷоя битавонанд, монеаҳоро паси сар намуда, дигар кишварҳои марбутаро низ барои ҳамкории минтақавӣ даъват намоянд. Ҳамин тавр, чунин шароиту имконоти фаровон Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздиктар сохта, бунёд ва амалисозии лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла CASA-1000, ки ташаббусгар ва ҳамоҳангсози асосии ин кишварҳои минтақа мебошанд, дар пайванди ногусантанӣ қарор медиҳад .
Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии Ҷумҳурии мардумии Чин, ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, ва робитаҳои геоиқтисодӣ ва геофарҳангии минтақа (дар мисоли Тоҷикистон ва Покистон) аз ҷониби муҳаққиқони соҳа бо шумули Ашӯров А., Раҳмонов М.,Файзуллаева Н.,Нарзиев Ҷ., Соҳиби Б., ва Талбаков С., ба таври хос мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.
Хулоса, муаллифони китоб масоили мубрами минтақаи ОҶШ ва муносибатҳои дипломатии Тоҷикистони навинро моҳирона таҳқиқу баррасӣ карда, бо зикри хулосаҳо ва пешниҳодҳои муносиб ва саривақтӣ ба ҳалли масоил таваҷҷӯҳ дода, онро натиҷагирӣ намудаанд.
Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки вақте хонанда дар китоб ба робитаҳои дипломатии кишварҳо мутаваҷҷеҳ мешавад, маълумоти дурусту дақиқро метавонад пайдо намуда, дар асоси он аз масоили гуногун огоҳӣ пайдо намояд. Ин равиш ба он далолат мекунад, ки хонандаи китоб бидуни ягон душворӣ аз минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ маълуоти муфассал пайдо мекунад. Марому мақсади донишмандону муаҳаққиқони соҳа низ аз он иборат мебошад, ки хонандаро бори дигар водор созад, ки ҳама робитаҳои ҳасанаи кишварҳо бар асоси сулҳу сафову дӯстиву ҳамсоягӣ рушду тавсеа ёфта, дар асоси он идома пайдо мекунад.
Яке аз хубиву аслияти ин монография аз он иборат аст, ки бо вуҷуди доштани баъзе масоили баҳсбарангез ва иштибоҳҳои техникӣ равишу сабки навиштани ҳар муаллифи он бисёр ҷолиби диққат буда, баррасиҳову таҳқиқот густурдаву мураттаб ва мавзӯоти китоб актуалӣ мебошад. Китоби мазкур самараи меҳнати чандинсолаи донишмандону муҳаққиқони Институт мебошад, ки шоистаи таҳсину офарин аст.
Мавриди зикр аст, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-таҳқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, таҳти №466 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шудааст.
Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисодиёти ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷунбишҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико машғул мебошад. Ходимону олимони Институт бо дарки дурусти масоили мубрам пайваста бо мақолаҳо ва баромадҳо дар матбуоти даврӣ ва ВАО вокунишҳо навишта, дар пешрафти илму фарҳанги кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
РАҲМОНОВ Мирсаид,
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ
ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ