АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ОСОРИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР ЭРОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Устод Садриддин Айнӣ ба туфайли осори гаронбаҳои илмиву адабӣ ва хидматҳои бузурги таърихиаш дар бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб, аз ҷумла Эрон ҳам шӯҳрати босазое пайдо кардааст.

   Ҳарчанд дар бораи шӯҳрати С. Айнӣ дар Эрон ва дигар кишварҳои олам дар асарҳои Д. Комиссаров, К. Айнӣ, А. Сайфуллоев, Ф. Наҷмонов сухан рафтааст, бо вуҷуди ин мавзӯи мазкур то ҳол мавриди таҳқиқи ҳарҷониба қарор нагирифтааст ва ҳатто худи асарҳое, ки роҷеъ ба устод Айнӣ дар матбуоти Эрон ба табъ расидаанд, ҳанӯз пурра ҷамъоварӣ нашудааст.

   Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки устод Айнӣ ба Эрон ва мардуми он, ки бо халқи тоҷик ҳамзабону дар мероси мадании чандинасра муштараканд, таваҷҷӯҳи зиёде дошт. Махсусан, баъди ғалабаи инқилоби Октябр, ки бо таъсири он Эрон ба арсаи ҳаракатҳои шадиди озодихоҳиву муборизаҳои инқилобӣ табдил ёфта буд, диққати устод Айнӣ ба вазъи ин кишвар ҷалб гардид ва ӯ дар як силсила мақолаҳои пуршӯри публисистии худ, ки солҳои бист дар маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расонида буд, муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми Эронро дастгирӣ намуда, хонандагони тоҷикро бо вазъияти пурошӯби он кишвар, аҳволи тоқатфарсои мардум, рафти муборизаву ҳаракатҳои инқилобии онҳо шинос мекард.

    Дар навбати худ асарҳои С.Айнӣ ба хонандагони сершумори эронӣ мақбул гардида, худи ӯ аз тарафи аҳли илму адаб ҳамчун нависандаву донишманди барҷастаи Шарқ эътироф шудааст.

   Шиносоии эрониён бо асарҳои бадеиву илмии устод Айнӣ ҳанӯз аз солҳои 20-ум шурӯъ мешавад. Повести «Одина», ки соли 1924 дар шакли китоби ҷудогона бо ҳуруфи арабӣ ба чоп расида буд, ҳамчун нахустин повест дар адабиёти советии тоҷик таваҷҷӯҳи хонандагону адибонро ба худ ҷалб намуд ва дар маҷаллаву рӯзномаҳо дар бораи он тақризу шиносномаҳо дарҷ ёфтанд. Яке аз ҳамин гуна тақризҳо, ки дар маҷаллаи «Роҳбари дониш» нашр шуда буд, ба қалами адабиётшинос Раҳим Ҳошим тааллуқ дошт. Ба воситаи ин тақриз як зани эронӣ, ки Шукӯҳи Ховариён ном дошт, ба повест иштиёқу дилбастагии зиёд пайдо мекунад ва барои ба даст овардану мутолиаи ин китоб, ки ба қавли худи ӯ «яке аз муассиртарин китобҳо барои меҳнаткашони Шарқ, хусусан, занони ситамдида мебошад», ба унвони идораи маҷаллаи мазкур нома менависад. Дар ин нома, ки хеле самимӣ навишта шудааст, ин зани маърифатдӯсти эронӣ иштиёқу шавқи беандозаашро ба мутолиаи китоби С. Айнӣ баён намуда, ҳарчи зудтар фиристодани он китоби муқаддасро хоҳиш карда аст. «Ман ҳанӯз ин китоби муқаддасеро, ки, менависад ӯ, намуна аз нолаҳо ва фарёдҳои бадбахтону гирифторони Шарқ аст, надидаам ва ҳамон навиштаи шумо ба ман ҳам собит мекунад, ки тамоми омолу орзуҳои меҳнаткашони Шарқ, хусусан, форсизабонон дар он ҷамъ хоҳанд буд… Барои ман ба даст овардани ин китоб дар Эрон хеле душвор аст, ночор ба шумо, оре шумо, ки барои бедории афкори захматкашони Шарқ ҷиддияту фидокорӣ мекунед, интизор дорам, ки як нусхаи он ҷиҳати ман ба Эрон ирсол доред. Зеро ман ҳам хоҳари заҳматкаши шумо ҳастам ва бо умедвории аз ҳад берун дар интизори расидани ин китоб чашм ба роҳи Тоҷикистони озоду инқилобӣ мебошам ва орзу дорам, ки ҳар чи зудтар муваффақ ба дарёфти он гардам…»

   Яке аз аввалин асарҳои тадқиқотии адабиётшиносии шӯравии тоҷик «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳам дар Эрон зуд шӯҳрати босазо ёфт. Соли 1927 дар рӯзномаи «Шафақи сурх» тақризи нависанда ва донишманди маъруфи Эрон Саид Нафисӣ ба табъ расид, ки дар он муаллиф ба ин китоб баҳои хеле баланд дода, «барои ҳар касе, ки дар адаби порсӣ кор мекунад», бо худ доштан ва ё лоақал хондани «ин китоби нафисро» фарз ва зарур мешуморад. Саид Нафисӣ аз ҳамин овон бо устод Айнӣ ғоибона ошнои дерину қарин гардида, орзуи дидори ӯро дар дил мепарварид. Нихоят ин ду донишманди бузург бори аввал дар Тошканд ҳангоми ҷашни 20-солагии Ӯзбекистон бо ҳамдигар вомехӯранд. Ин вохӯрӣ ва вохӯриҳои баъдинаи онҳо ба Саид Нафисӣ таассуроти амиқ мебахшанд. ӯ эҳтироми беандозаашро ба устод Айнӣ дар хотироти худ «Мусоҳабат бо шахси бузург» баён намуда, зимнан қайд мекунад, ки ҳангоми навиштани асарҳои илмӣ аз тадқиқотҳои пурарзиши Садриддин Айнӣ дар бораи устод Рудакӣ, Ибни Сино, Саъдии Шерозӣ ва амсоли инҳо хеле зиёд истифода кардааст.

   Таваҷҷуҳ ба эҷодиёти устод Айнӣ дар Эрон дар солҳои чилум боз ҳам бештар гардид. Соли 1944 дар шумораи 4 маҷаллаи «Паёми нав», ки нашрияи Ҷамъияти равобити фарҳангии Эрон ва Шӯравӣ буд, мақолаи донишманди эронӣ Парвиз Нотили Хонларӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ» чоп шуд, ки он хонандагонро бо саҳифаҳои ҳаёт ва эҷодиёти нависандаи тоҷик шиносо менамуд.

   Пас аз як сол маҷаллаи «Сухан» дар шумораи ҳаштумаш мақолаеро бо номи «Як нависандаи тоҷик» интишор дода, пораеро аз повести «Одина» пешкаши хонандагон кард.

   Ҷашни 75-солагии зодрӯзи устод С. Айнӣ, ки соли 1953 дар мамлакати мо васеъ ва ботантана қайд карда шуд, дар ҳаёти мадании халқи тоҷик ҳодисаи муҳиме буд. Ба ин муносибат дар маҷаллаи «Паёми нав» мақолаи Муҳаммад Шаҳиди Нуроӣ «Садриддин Айнӣ» нашр гардид, ки дар он ба асарҳои устод ва хидматҳои шоистаи ӯ баҳои баланд дода шуда буд.

   Охирин асари барҷастаи С.Айнӣ «Ёддоштҳо»-и безаволи ӯ мебошад, ки бешубҳа аз шоҳкориҳои насри тоҷик ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки ин асар таваҷҷӯҳи эрониёнро ҳам бештар ба худ ҷалб менамояд. Бо ин асари устод Айнӣ хонандагони эронӣ бори аввал ба воситаи маҷаллаи «Паёми нав» шинос шуданд. Соли 1954  маҷалла дар яке аз шумораҳояш пораеро аз «Ёддоштҳо» дарҷ намуда буд, ки он ба хонандагони маҷалла хеле писанд омад ва онҳо ба идораи маҷалла нома навишта, чоп кардани пораҳои дигари он асарро талаб намуданд. Ҳамин тавр маҷаллаи «Паёми нав» соли 1955 дар чанд шумора «Зани мардгардида», «Духтари ноком» барин пораҳои «Ёддоштҳо»-ро бо хоҳишу тақозои хонандагон чоп намуд.

   «Ёддоштҳо» таваҷҷуҳи донишманди эронӣ Ҳабиби Яғмоиро ҳам ба худ кашида буд. ӯ дар саввумин конгресси тадқиқоти эронӣ дар мавзуи «Садриддин Айнӣ-шоир ва нависандаи Тоҷикистони шӯравӣ» суханронӣ намуда, мулоҳизаҳояшро доир ба ин шоҳасари устод баён кардааст. Суханронӣ дар шакли мақола соли 1973 дар маҷаллаи «Яғмо» ба табъ расидааст.

   Мақолаи эронишиноси маъруфи рус Д. Комиссаров, ки таҳти унвони «Мутолиаи мероси адабии Айнӣ» дар шумораи нуҳуми соли 1974 маҷаллаи «Паёми нав» нашр шуда буд, хонандагони эрониро бо мазмуну мундариҷаи снханрониҳои илмие, ки дар конференсияи 16-уми солонаи устод Айнӣ соли 1974 дар Душанбе хонда шудаанд ва умуман бо тадқиқоти умдаи роҷеъ ба С.Айнӣ анҷом ёфта шиносо намуд.

   Маҷаллаи «Паёми нав», ки дар шиносо кардани хонандагони эронӣ бо намунаҳои осори устод Айнӣ хидмати калоне ба ҷо овардааст, на танҳо аз асарҳои насрӣ, балки намунаи ашъори ӯро ҳам интишор додааст. Масалан, соли 1947 дар маҷалла шеъри устод Айнӣ «Дили Лоҳутӣ» ба табъ расида буд.

   Пораҳои ҷудогонаи асарҳои С.Айнӣ дар маҷмӯаву гулчиниҳои гуногуни дар Эрон чопшуда низ ҷой гирифтаанд. Дар маҷмӯаи панҷҷилдаи «Ҳазор соли насри форсӣ», ки онро донишманд ва мутарҷими эронӣ Карими Кашоварз тартиб додааст, дар баробари бузургтарин адибони форсизабони асрҳои 1Х-ХХ намунае аз осори  устод Айнӣ ҳам оварда шудааст. Дар ҷилди панҷуми ин китоб мураттиб шарҳи ҳоли мухтасари С.Айниро зикр намуда, ҳикоятеро аз «Ёддоштҳо», ки «Кафшпешмонии ҳазрати хоҷа Убон», ном дорад, намуна меорад ва дар охир луғатномае илова карда, калимаву таъбир ва ислоҳотеро, ки барои хонандагони имрӯзаи эронӣ номафҳуманд, шарҳ медиҳад.

   Соли 1976 мақолаи устоди донишгоҳи Теҳрон Ҳусайни Лисон «Форсии дарӣ дар он сӯи марзҳо» дар «Маҷаллаи  донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ» дарҷ гардид. Муаллиф таассурот ва мулоҳизаҳои амиқи худро аз мутолиаи «Ёддоштҳо»-и устод С.Айнӣ баён намуда, дар бораи гузаштаву имрӯзаи шаҳри Бухоро, расму оин, урфу одатҳои миллии тоҷикон, ки дар асар инъикос ёфтааст ва хусусиятҳои ҷолиби забони асар, ки латофату нафосат, шириниву малоҳати забони тоҷикиро нишон медиҳад ва ба қавли муаллиф барои бойшавии забони имрӯзаи форсӣ метавонад таъсир расонад, сухан меронад.

   Ҳусайни Лисон аз «Ёддоштҳо» бисёр санаду маводи аҷиби забонӣ, аз қабили зарбулмасалу мақолҳо, калимаву ибора ва таъбирҳои халқиву гуфтугӯӣ, навъҳои гуногуни калимасозӣ ва амсоли инҳоро ҷамъ оварда, бештари онҳоро шарҳ додааст ва ё муродифи форсиашонро зикр кардааст, ки минбаъд барои ба таври муқоисавӣ омӯхтани забонҳои тоҷикиву форсӣ хеле судманд аст.

   Соли 1358\ 1979 донишманди маъруфи эронӣ Эраҷи Афшор дар маҷаллаи «Оянда» китоби «Корномаи устод Садриддин Айнӣ»-ро, ки дар Душанбе Камол Айнӣ ба табъ расонда буд, муаррифӣ намуда, мухаммасеро аз устод Айнӣ ҳамчун намуна оварда буд.

   Таваҷҷуҳ ба рӯзгору осори С. Айнӣ пас аз Инқилоби исломии Эрон ва дар дар давраи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар шуд.

   Муҳимтарин  коре, ки дар Айнишиносии Эрон сурат гирифт, нашри комили  «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ буд, ки бо кӯшиш ва муқаддимаву тавзеҳоти муфассали Саидии Сирҷонӣ соли 1362 двр интишороти «Огоҳ» сурат гирифт. Китоб аз 5 бахш иборат буда, илова бар чаҳор бахши «Ёддоштҳо», «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам»-ро низ дар бар мегирад. Бар муқаддимаи китоб, ки ба як рисола монанд аст, арзишҳои таърихиву адабӣ ва забони шоҳасари устод Айнӣ нишон дода шудааст. Дар охири китоб «Фарҳанги вожаҳои тоҷикӣ» оварда шудааст, ки он хонандагони эрониро бо калимаву таъбирҳои забони тоҷикӣ ошно менамояд.

   Тавре ки Айнишиноси шинохтаи эронӣ Мустафо Бобохонӣ иттилоъ медиҳад, то имрӯз дар Эрон 6 китоби зерини устод Айнӣ чоп шудааст: «Ёддоштҳо», ки зикр шуд, «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (Теҳрон, интишороти Сурӯш, 1381 ш); «Мирзо Абдулқодири Бедил»( Теҳрон, интишороти Сураи меҳр, 1384 ш), «Намунаи адабиёти тоҷик»( Теҳрон, Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастӣ, 1385 ш),«Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам»( Теҳрон, интишороти Ориён, 1395 ш), «Мунтахаби осори адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ»-и Садриддин Айнӣ( Теҳрон, интишороти Ориён, 1396 ш).

   Соли 1386/2007  дар Донишгоҳи Теҳрон хонум Озито Ҳамадонӣ ба роҳнамоиии доктор Манучеҳр Акбарӣ ва мушовирии доктор Иброҳим Худоёр ва профессор Раҳим Мусулмонёни Қубодиёнӣ таҳти унвони бо «Сохтори ҷомеашинохтӣ дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ» рисолаи илмӣ дифоъ намудааст, ки ин иқдоми муҳим аст бар таҳқиқи амиқи осори устод Айнӣ ба шумор меравад.

   Ҳодисаи дигари муҳим баргузории «Маросими бузургдошти хадамоти илмӣ ва фарҳангии устод Садриддин Айнӣ» мебошад, ки Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон 28 даймоҳи 1395\ 2016 дар Теҳрон баргузор гардид. Бар баргузории ин маросим раиси пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ- тоҷикӣ Ҳасани Карибӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Ба муносибати ин маросим маҷмӯаи мақолоте дар бораи Садриддин Айнӣ таҳти  унвони «Зиндагинома ва хадамоти илмӣ ва фарҳангии марҳум устод Садриддин Айнӣ»  интишор ёфт.

   Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти устод С. Айнӣ ва асарҳои безаволи ӯ ҳамчунин, дар «Яғмо», «Хӯша» ва дигар маҷаллаву рӯзномаҳои Эрон як қатор мақолаҳо дарҷ ёфтаанд, ки ҳамаи онҳо дар интишори шӯҳрати устод дар ин сарзамин мадад расондаанд.

   Ниҳоят бояд гуфт, ки устод С. Айнӣ бо бисёр адибону донишмандони барҷастаи Эрон дӯстии мустаҳкам дошт, ки муносибатҳои самимона бо Саид Нафисӣ ва Алиасғари Ҳикмат, ки бо ӯ бевосита вохӯрда аз сӯҳбатҳояш файзёб шудаанд, далели равшани он мебошад. Шоир ва донишманди маъруф Алиасғари Ҳикмат пас аз вохӯрӣ  бо С.Айнӣ дар Тошканд соли 1948 «Риштаи пайванди миллал /як зарбулмасали тоҷикӣ/ шеъре навишта, онро ба устод С.Айнӣ тақдим менамояд. ӯ дар ин шеър, ки бо зарбулмасали тоҷикии «ҳамсоя зи ҳамсоя басе панд мегирад, ангур зи ангур ҳаме банд мегирад» оғоз меёбад, эҳтироми бузург ва эҳсосоти самимии худро ба «марди хирадманд», шоири шаҳири тоҷик» ифода намуда, дар охир менависад:

         Садри адабу айни ҳунар Айнии доно,

         К-аш даҳр наёрад, ки ҳамонанд бигирад.

         Хурсанд шавад хотири ғамгин агар устод

         Аз ин суханон хотири хурсанд бигирад.

         Хандон шаваду шод шавад Ҳикмати маҳзун,

         Аз дӯст агар як-ду-се лабханд бигирад.

   Ҳусни таваҷҷӯҳи мардуми Эронро ба устод Айнӣ рӯзноманигор А. Куҷулӣ дар «Садриддин Айнӣ бонии адабиёти классикии тоҷик» ном мақолаи худ ифода намуда монанди нависандаи чех Юлиус Фучик навиштааст: «Айнӣ танҳо моли тоҷикҳо нест, ӯ мутааллиқ ба ҳамаи башарият аст».

   Ҳамин тавр, аксари мақолаву тақризҳои дар матбуоти Эрон дар бораи С. Айнӣ чопшуда, хусусияти ташвиқотӣ дошта барои ба хонандагони эронӣ шинос намудани эҷодиёти устод ба аҳамияти калон соҳибанд. Навиштаҳои дигари донишмандони эронӣ аз қабили тақризи С. Нафисӣ, мақолаи Ҳ. Лисон, муқаддимаи Саидии Сирҷонӣ, рисолаи Озито Ҳамадонӣ дорои ҷанбаи тадқиқӣ буда, дар баррасии осори устод С.Айнӣ ва омӯзиши муқоисавии забонҳои тоҷикию форсӣ шоистаи тақдир мебошанд.

 

Мирзо Муллоаҳмад,

корманди Институт

  

Рўихати адабиёти истифодашуда

1. Шарқи сурх 1958 №7, саҳ. 97

2. Ю.Акбаров.Талаби ҳаёт ва қисмати адабиёт, Душанбе, «Ирфон», 1977, саҳ. 7.

3. Саид Нафисӣ. Мусоҳабаи бо марди бузург. Садрмддмн Айнӣ дар хотироти дӯстон ва шогирдон, Душанбе, «Ирфон», 1968, саҳ. 183.

4. А. Сайфуллоев. Мактаби Айнӣ, Душанбе, «Ирфон», 1978, саҳ. 336.

5. Комиссаров Д. Мутолиаи  мероси адабии Айнӣ, маҷаллам «Паёми навин», 1974, № 9.

6. Карими Кашоварз. Ҳазор соли насри порсӣ, китоби панҷум, Теҳрон, 1968.

7. Алиасғари Ҳикмат. Риштаи пайванди милал (як зарбулмасали тоҷикӣ), маҷаллаи «Паёми нав», 1949, № 4.

8. А. Саёфуллоев. Мактаби Айнӣ, саҳ.337.

 

БОЗГАШТ