АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Паҳн шудани ақидаву андешаҳои ифротӣ тавассути технологияи иттилоотӣ

Муаллиф: Холиқова Шоира

Расм

Дар замони муосир яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз, ки на танҳо кишвари мо балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаст ин майл намудани қишри осебпазири ҷомеа, яъне ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлубест, ки он боиси ба амал омадани оқибатҳои нохуш, махсусан барангехтани низоъҳои милливу нажодӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва динӣ мегардад. Дар ҷаҳони имрӯза, дар шароити рушди босуръати технологияи иттилоотӣ мавҷуд будани сарчашмаҳои зиёди иттилоот ва идома ёфтани ҷанги иттилоотӣ байни тамаддунҳо ва кишварҳои ҷаҳон, инчунин паҳн шудани маводҳои фиребандаву носолим тариқи шабакаҳои интернетӣ хеле зиёд ба назар мерасад, ки ба тафаккури ҷавонон, махсусан насли наврас андешаҳои носолим ва нодурустро тавлид месозанд, ки сабаби бегонашавии шахсӣ ва ҷалб шудани онҳо ба созмону ташкилотҳои ифротгароии динӣ мегардад, ки он дар навбати худ ба суботу амният ва оромии ҷомеа таҳдид ва хатар эҷод менамояд. Душманони миллати мо тариқи моҳвора ва шабакахои интернетӣ таблиғот бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки суботу оромии кишвари азизамонро халалдор намоянд.

Имрӯз таъсис ва фаъолнокии даҳҳо шабакаҳои ичтимоӣ, ҳамчун воситаи осон ва дастраси муошират ва мубодилаи афкор гардида, ҳамарӯза садҳо нафар одамон, ки бештари онро ҷавонон ва насли наврас ташкил медиҳанд, вориди ин шабакаҳои иҷтимоӣ мегарданд ва дар навбати худ саҳифаҳои худро боз мекунанд. Дар баробари ин боиси таассуф аст, ки ҳаракату равияҳои ифротӣ ва тундгаро аз ин технологияи муосири иттилоотӣ барои паҳн кардани андешаву ғаразҳои нопоки худ васеъ истифода мебаранд ва таҷриба нишон медихад, ки маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ кисме аз ҷавонони ноогоҳ аз таъриху сарнавишти миллати худ, аз паст будани сатҳи маърифат ва надоштани дониши сиёсӣ ба ин созмону ҳаракатҳои мамнуъ ҷалб карда мешаванд ва он ба бегонапарастии шахсӣ оварда расонида, барои амнияти кишвар ва аҳли башар хатари ҷиддӣ эҷод менамояд, ки окибатҳои фоҷиаангезро тавлид месозад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар даҳсолаи охир фаъолияти густурдаи шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ мушоҳида мешавад, ки тавассути он ҷавонон ва насли наврас бо осонӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шуданашон имконпазир шудааст. Хеле боиси нигаронӣ ва ташвиш аст, ки дар баробари ҷавонон, хатто ҷавондухтарон ва занон низ ба ин тамоилҳо майл менамоянд ва на танҳо ҳаёти худ, балки наздикон ва аҳли башаррро зери хатар мегузоранд. Яъне имрӯз Интернет ҳамчун базаи фаъол барои тайёр кардани террористону экстремистон тавассути паҳн кардани маводу маълумотҳои электоронӣ, аз ҷумла аудио-видео, ҳар гуна роликҳову пайёмакҳо васеъ истифода бурда мешаванд, ки хеле хатарнок мебошад.

Вазъи сиёсии имрӯза ва авҷи ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар баъзе минтақаҳои олам, ки он ба бозии геополитикии абарқудратон мубаддал гаштааст, тақозо менамояд, ки дар ин самт муташаккилона тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъат ёфтани хурофотпарастиву радикализми динӣ, махсусан терроризму экстремизм, инчунин ба миён омадани мушкилот дар муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ аҳли башар ва мардуми сайёраро водор месозад, ки тамоми нерӯ, кӯшиши заҳматҳои худро барои мубориза ва аз байн бурдани ин падидаҳои хатарбор ва марговар равона намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рочеъ ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеа - афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҳар баромадашон таъкид менамоянд, ки «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархурди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд». Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, бояд хамеша аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир хабардор бошанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллиро ҳифз намуда, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Хулоса, дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар қарор дода шавад. Ҷомеаи моро низ зарур аст, ки барои пешгирии зуҳуроти номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона барои ҳифзи манфиатхои миллӣ ва давлат муттаҳид шуда, ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, ҳисси дӯст доштани Ватани худ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамон тарбия намоем. Зеро ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишвари азизамон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

 

Холиқова Шоира,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ