ПАЁМ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Муаллиф: МУҲАММАДАЛИЗОДА П.М

Расм

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)

          Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои иқтисодӣ аз оғоз то анҷом нақши марказӣ дошт. Зеро аз Паёми имсола тамоми мардуми кишвар руҳбаланд гардиданд, ки кишвари мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чандин масъалаҳои мубрамро ба осонӣ паси сар намуд. Заминаи аслии ин мавҷуд будани ислоҳоти зина ба зинаи рушди иқтисоди миллӣ мебошад, ки дар асоси он рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодааст. Оқилона ва мақсаднок будани ин раванди ислоҳот боиси он гардидааст, ки “ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид”.

         Бояд қайд намуд, ки омодагӣ ва чораандешиҳои саривақтӣ тавонист, натанҳо вазъи иқтисодиро дар ҳолати мутавозун нигоҳ дорад, балки пешравиҳои иқтисодиро низ таъмин намояд. Ин андеша аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст. Ин нуқта дар Паём бо чандин паҳлуҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд: “Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд”.

         Инчунин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо дар доираи Паёми имсола, балки дар ҳама суханрониҳояшон як ҳадафи асосӣ доранд, ки он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқамон мебошад. Барои ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши шабонарӯзӣ менамоянд ва дар доираи тамоми имконот кушиш менамоянд, ки мардуми кишвар зиндагии шоиставу арзандаро соҳиб гардад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои он аз иқтисоди миллӣ пуштибонӣ менамоянд, ки пешрафти устувору натиҷабахши чунин иқтисодиёт кафолати таъмини зиндагии шоиса мебошад.

          Таҳлилҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз он гувоҳи медиҳад, ки ислоҳоту амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ натиҷаҳои хубро ба миён овардаанд: “Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад”.

          Афзудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ як омили барҳам задани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Барои ҳар як фард маълум аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт рушд намуда истодааст. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукуматро боз ҳам амиқтар мусоидат намуда истодааст. Ҳамин аст, ки сатҳи камбизоатӣ торафт коҳиш дода мешавад ва тавре дар Паём зикр гардид, “сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт”, ки сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар аввали даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 80%-ро ташкил медод.

          Маврид ба зикр аст, ки масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми имсола хеле мушаххас буда, нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи факту рақамҳо хеле хуб нишон дода шудаанд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсоли даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён омаданд. Ин ҷиҳат тавонист, ки муҳоҷирати кориро низ коҳиш диҳад. Тавре дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки чи гуна танҳо дар давоми соли 2025 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кории нав ба миён омаданд: “…ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст”.

          Аммо тавре дар боло зикр гардид, алҳол иқтисодиёти ҷаҳонӣ низоми худро ба таври пешгӯинашаванда тағйир дода истодааст. Аз ин ҷиҳат як андоза вазифаҳову андешидани тадбирҳои иловагӣ аз назари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонданд: “Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол то сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки низоми молиявии кишварро ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем”.

Ҳамин тариқ, вобаста ба Паём ҳамчун пуштибони иқтисоди миллӣ бояд қайд кард, ки:

  • бо шарофати сиёсати оқилонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ҷумҳурии мо дар роҳи инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор дорад;

  • ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат муваффақона амалӣ мегардад, ки онро мантиқи Паёми имсола ифода мекард;

  • дар ин ҷода танҳо муттаҳидиву меҳнати софдилонаи ҳар як шаҳрванди кишвари мо нақш дошта метавонад;

  • дар Паём ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодӣ эътибори аввалиндараҷа дода шуд;

  • ҷиҳати таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт;

  • Паём ҳар як шаҳрвандонро ба корҳои созандагиву бунёдкории ҷомеа раҳнамоӣ намуда, бо ин восита барои бештару беҳтар, ободу зебо гардидани ватани азизамон замина мегузорад. Ба андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ин қарзи миллӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!”.

 

МУҲАММАДАЛИЗОДА Парвина,

мудири Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ,номзади илмҳои иқтисодӣ

БОЗГАШТ