ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ БАРОИ МАНФИАТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Муаллиф: Иброҳимов Исроил

Расм

Дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.

Аз мазмуну муҳтавои ҳар як Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудаанд.

28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми хешро оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд. Зимни Паём Пешвои миллат оид ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ва паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим қайд карда гузаштанд. Сарвари кишвар ҷиҳати пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки “Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд”.

Баръало, имрӯзҳо мо шоҳиди босуръат шиддат гирифтани хавфу хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, ки ба пойдории сулҳу субот, ва амнияти давлатҳо таҳдид эҷод мекунанд, рӯ ба рӯ гашта истодаем. Дар баробари ин, мушкилоти иқлим – гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ, камобӣ ва гуруснагӣ ба аҳли башар хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд. Бояд қайд кард, ки дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани сиёсати хориҷии кишвар ба таъмини манфиатҳои миллату давлат ва боло рафтани мақому манзалат ва нуфузу эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.

Зимни Паёми худ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи кунунии Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин диққати аҳли нишастро ҷалб намуда, мавқеи Тоҷикистонро нисбати ҳамин кишвар баён намуданд: “Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи муосири худ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намудааст, ки боиси ба ҳалокат расидани 150 ҳазор нафар аҳолии бегуноҳ гаштааст. Аз ин лиҳоз, кишвари мо, ҷонибдори бо роҳи сулҳ ҳаллу фасли ҳама гуна низову мухолифатҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш қайд карданд, ки “Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд”.

Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати ҳаводиси таърих зиёда аз ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳонӣ фурӯ афтод. Давлати Сомониён, дар навбати худ, шакли идомаёфтаи Давлати Сосониён буд, ки низ замоне бар пояи усули давлатдории Империяи Ҳахоманишӣ бунёд гашта буд. Тоҷикони Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ “порс” номида мешаванд ва дар замони ҳукмронии арабҳо номи “тоҷик”-ро гирифтанд, ҳамон ориёиҳое ҳастанд, ки ҳамеша омили давлатҳо ва империяҳои бузург буданд, ки дар дунёи бостон ба вуҷуд омадаву фурӯ пошидаанд. Сиёсати хориҷӣ яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти сиёсии кишварҳо дар низоми байналмилалӣ ба шумор меравад ва бақою ҳаёти як кишвар ба он вобастагӣ дорад ва тасмимоту ҷиҳатгириҳои кишварҳо дар заминаи сиёсати хориҷӣ мустақиман ба зиндагии мардум, беҳбудӣ ва амнияти онҳо сару кор дорад.

Бешубҳа, имрӯз дар асоси сиёсати бобарори хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосгузори он Сарвари хирадманду дурандеш ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хоси худро касб намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Паёми имсолаи Пешвои миллатро ҳамчун қутбнамои татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ бояд аз тарафи ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҳамачониба омӯхта шавад ва аз ҳама муҳим дар татбиқи амалии он саҳмгузор бошанд. Илова бар ин Паёми мазкур дастури муҳими иҷтимоию сиёсӣ буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дарбар мегирад. Аз ин рӯ,зарур аст, ки дар муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар бояд барои омӯзиши Паём ҳамчун дурнамои стратегию геополитикӣ ташаббус нишон дода дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат навиштани рисолаҳои илмиро роҳандозӣ намоянд.

 

Иброҳимов Исроил,

докторанти PhD-и курси 1-уми

Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ