ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАҚШИ ЗАНОНИ ТОҶИК ДАР ТАҲКИМИ ҶОМЕА ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.2025)

         Занон дар таърихи фарҳанг ва ҷомеаи тоҷик нақши муҳим ва устуворро доро ҳастанд. Аз замонҳои қадим то имрӯз, онҳо ҳамчун шарику ҳампаймони мардон дар тарбия, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин дар таҳким ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик фаъолона саҳм мегузоранд. Ҳанӯз дар давраҳои гуногуни таърихи миллӣ занон бо  хирад, масъулиятшиносӣ, роҳбарӣ ва ғамхории худ нақши марказӣ ва созанда  доштанд.

         Бо баргузории Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар 16 декабри соли 2025, ки ба таҳкими мақоми занон дар ҷомеа ва фарҳанг махсусан аҳамият дода шудааст, нақши занон дар рушд ва таҳкими арзишҳои миллӣ мавриди назар қарор гирифтааст.

         Дар Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ҷомеаи кишвар таъкид гардид, ки нақши занон дар таърихи миллат ва ташаккули фарҳангии миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.  Бояд тазаккур дод, ки занони тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихи миллӣ дар шохаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ нақши бориз доштанд. Фарҳанги миллӣ ва сиёсати давлатии тоҷикон ҳамеша бо мақом ва нақши занон дар тарбия, ташаккули иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ вобаста аст. Ба ин маънӣ, ки дар таърихи тоҷикон аз адабиёт ва санъат то масоили сиёсӣ фаъол буданд, бар замми дигар масъулиятҳои муҳими оилавӣ, инчунин дар ташаккул ва рушди сохторҳои миллии давлат ва фарҳанг саҳм гузоштаанд.

         Занон дар таърихи фарҳанги тоҷик ва тамоми минтақаи Осиёи Миёна нақши хеле муҳим доштанд. Аз даврони бостонӣ то имрӯз, занон дар таҳкими арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми калон гузоштаанд. Дар фарҳанги ориёӣ ва даврони Сомониён низ занон на танҳо дар хона, балки дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ низ фаъол буданд. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани мақом ва нақши занон дар ҷомеа равона гардид, ки Паём имсола ин равандро идома дода, нақши занонро ҳамчун қувваи пешбарандаи тарбияи миллӣ ва рушди устувори кишвар боз ҳам бештар тақвият  бахшидааст.

          Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид мекунад, ки занон дар риояи қонунҳои «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кӯмак мекунанд. Онҳо фарзандонро дар руҳияи эҳтироми расму ойинҳо ва анъанаҳои мардуми тоҷик тарбия мекунанд. Ба хусус, занон бояд дар амалӣ кардани сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ кӯшиш намоянд. Бо боварии комил метавон таъкид кард, ки занон дар муборизаи зидди бегонапарастӣ, хурофот ва исрофкорӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд ва бо амалҳои худ кӯмак мекунанд, то фарзандон бо ахлоқи дуруст ва маънавияти баланди миллӣ тарбия ёбанд. Ҳамин тариқ, нақши занон дар Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, ки занон дар тарбияи дуруст ва маънавии фарзандон, бо риояи арзишҳои миллӣ ва муқовимат ба хатарҳои иҷтимоӣ, нақши муҳим доранд.

        Мавриди тазаккур аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳадафи таъмини имкониятҳо ва дастгирии занон дар соҳаи иқтисод, фарҳанг ва сиёсат барномаҳои давлатӣ ва сиёсӣ амалӣ мекунад. Аз ҷумла, барои коҳиш додани хушунат алайҳи занон ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо нақшаҳои ҳукуматӣ ва барномаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд. Нақши занон дар рушди ҷомеаи тоҷик ва фарҳанги миллӣ ниҳоят муҳим ва арзишманд аст. Аз замонҳои қадим то имрӯз, занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон фаъол буданд ва нақши калидӣ дар рушди фарҳанг ва таърихро бар дӯш доштанд.

         Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025, аз дидгоҳи таърихӣ, нишонаи пешрафти ҷомеаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолият аст. Ин паём робитаи гузаштаи бостонӣ ва ояндаи муосирро нишон медиҳад, ки ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди инсонӣ афзалият дода мешавад. Ҷомеаи тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат дар роҳи таъмин, ҳифзи фарҳанг ва таҳкими арзишҳои миллӣ собитқадамона қадам мегузорад.

 

Бекова Озодамо

ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ