АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ПАЙДОИШИ НИЗОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

  Низоми байналмилалӣ яке аз ҷузъҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва механизми асосии ба танзим даровардани тартиботи ҷаҳонӣ мебошад. Ташаккул ва таҳаввули ҳуқуқи байналмилалӣ пас аз инқилобҳову низоъҳои асрҳои XVII—XVIII дар Аврупо шуруъ гадида, якчанд марҳилаҳои муҳим ва асосиро паси сар намудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки марҳилаҳои асосии пайдоиши низоми байналмилалӣ ба таври зерин раддабандӣ карда шудааст:

  1. Низоми Вестфалӣ

  Дар натиҷаи ҷанги сӣ сола низоми Вестфалии муносибатҳои байналмилалӣ ташкил шуда, таҳкурсии муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ гардид. Ба роҳи дипломатӣ ҳал намудани низоъҳо ва риояи шартномаҳо байни давлатҳо пешомад, ба имзо расид.

  Дар натиҷаи гуфтушидҳо принсипҳои асосии Вестфалӣ тартиб дода шуда, чунин мебошад:

  1. Муҳимияти манфиатҳои миллӣ;
  2. Принсипи тавозуни қувваҳо;
  3. Афзалият додан ба давлатдории миллӣ;
  4. Соҳибихтиёрии давлат;
  5. Ҳуқуқи талаб ва дахолат накардан ба корҳои дохилии як дигар;
  6. Баробарқуқуқии давлатҳо;
  7. Ӯҳдадории иҷроиши шартномаҳои имзошуда;
  8. Амалисозии хукуки байналхалкй ва истифодаи дипломатия.

  Принсипҳои қабулшудаи меъёрҳои нави риояи шартномаҳо танзими ҳуқуқии муносибатҳо байни давлатҳо гардид. Давлатҳои Аврупои Ғарбӣ, аз ҷумла Франсия, Британияи Кабир, Испания, Шветсия маркази асосии қудрат дар Аврупо шуданд.

  Бояд иброз кард, ки созишномаи Вестфалӣ яке аз заминаҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор рафта, дар натиҷаи он аввалин низоми ҷаҳонӣ ташкил ёфтааст. Принсипҳои нав дар давлатҳои миллии ташаккулёфта, сарҳадро аз рӯи хусусиятҳои табиӣ-ҷуғрофӣ ва забонӣ сарҳадиҳои давлатиро муаяйн намуданд. Дар баробари он манфиатҳои миллӣ ҷои манфиатҳои диниро иваз намуд.

  1. Низоми Вена

  Дар солҳои 1814-1815 конференсияи Вена баргузор шуда, дар он танҳо намояндагони Аврупо иштирок намуданд. Дар раванди он коркарди системаи шартномаҳо ва сарҳадҳои нави давлатҳои Аврупо муайян гардид. Пас аз пошхӯрии империяи Наполеон муносибатҳои байнидавлатӣ дар Конгресси Вена ба танзим дароварда шуданд. Соли 1815 аввалин кодификатсияи ҳуқуқи дипломатӣ пешниҳод гардид.

  Дар асоси Конгресси Вена чунин масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд:

  -Соли 1856 дар шаҳри Париж яке аз масъалоҳои муҳим оид ба меъёрҳои қонуни ҷангҳои баҳрӣ тартиб дода шуд.

  -Соли 1899 дар конференсияи Гаага конвенсияҳо оид ба қоидаҳои ҷанг қабул гардид.

  -Солҳои 1905–1907 дар конференсияи дуюми Гаага, конвенсияҳои аввалин оид ба ҳуқуқи ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ бо роҳи дипломатӣ пазируфта шуданд.[1]

  1. Низоми Версал

  Низоми Версал пас аз шикасти Иттифоқи сегона аз тарафи Антанта дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ солҳои 1914–1918 оғоз ёфт, ки боиси тағйир додани таносуби нави геополитикаи қудратҳо гардид. Империяҳои Олмон, Австро-Венгрия, Русияи Подшоҳӣ ва Усмонӣ (Туркия), ки қаблан марказҳои пурқудрати сиёсӣ дар Аврупо буданд, аз байн рафтанд. Дар ҳудуди онҳо давлатҳои нав пайдо шуданд, ки низоми Версал, онҳоро ба доираи таъсири худ ҳамроҳ намуд. Соли 1919 Аҳдномаи Версал дар байни қудратҳои қитъавӣ танҳо ба Франсия ва дар байни давлатҳои баҳрӣ ба Англия афзалият дода шуда буд. Дар сулҳи Версал созишномаҳо дар конфронсҳои Париж солҳои 1919-1920 ва дар Вашингтон 1921-1922 ба имзо расиданд. Бо вуҷуди ин, статус-квои тартиботи нави ҷаҳонӣ ноустувор боқӣ монд ва пас аз 20 сол қатъ карда шуд.

  Бояд қайд кард, ки сиёсатмадорони кишварҳо аз сабаби пошхӯрии Русияи Подшоҳӣ онро ҳамчун кишвари ғолиб ба конфиренсияи Париж даъват накарданд. Ба андешаи онҳо, Русияи Шӯравӣ набояд ҳамчун як қудрат вуҷуд дошта бошад. Аз номи Лигаи миллатҳо дар қисми таркибии Шартномаи Версал давлатҳои мустамликаи Олмон ва Туркия тақсим карда шуданд.

  Дар конференсияи Лигаи миллатҳо дар Вашингтон соли 1922 ба Британияи Кабир на танҳо ҳуқуқи доштани флоти бузурги баҳрӣ инчунин дар зери назорати худ доштани алоқаҳои баҳрӣ ва фазоӣ-баҳрӣ дода шуд. Дар баробари он мамлакатҳо бо кӯмаки Лигаи миллатҳо дар байни Олмон ва Русияи Шуравӣ “кордонҳои санитарӣ” яъне давлатҳои махсус Лаҳистон, Чехия ва дигар кишварҳоро ташкил намуда, намегузоштанд, ки давлатҳои бузурги қитъавӣ бо ҳам наздик шаванд. Дар натиҷа ҳарду кишвар Олмон ва Русияи Шӯравӣ аз алоқаҳои бевоситаи зичи ҳамдигар маҳрум шуданд. Тартиботи сохташудаи ҷаҳонӣ ба муқобили Русияи Шӯравӣ, Олмон ва Чин нигаронида шуда буд.

  1. Низоми Потсдам

  Низоми Потсдам дар соли 1945 баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон дар як шаҳраки хурди наздикии шаҳри Берлин дар мизи мудаввар шартномаи Потсдам ба имзо расид, ки таносуби нави қувваҳоро дар Аврупо пас аз ғалаба ба Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёни он ба вуҷуд омада буд, муқаррар кард. Дар ин низом сарҳадҳои нав ва ба ҳам пайвастани қувваҳои нави байнидавлатӣ муайян гардид.[2] Дар шартномаи Потсдам ИҶШС ва ИМА нақши асосиро мебозиданд. Шартномаи Потсдам ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хотима бахшид. Дар низоми Ялта-Потсдам шартномаҳои ҳуқуқӣ ба имзо нарасидааст. Асоси тартиботи баъдиҷангӣ танҳо бо тарзи шифоҳӣ баён гардида, расман сабт нагардидааст, аммо дар шакли декларативӣ муқаррар намуданд.

  Талафоти умумӣ дар ҷанги сӣ сола, ҷанги Напалион ва ҷанги якум ва дуюм табқи маълумотҳои мухталиф 100 миллион нафарро ташкил додааст. Пас аз ҷангҳо, гуфтушинидҳо ва амалишавии низомҳои байналмилалӣ аввалин ташкилоти универсалии байналмилалӣ  Лигаи миллатҳо мебошад, ки соли 1919 таъсис ёфта буд. Аммо ин ташкилот дар байни давлатҳо натавонист ҳамчун институти боэътимоди таъмини сулҳу амният нуфузи худро нигоҳ дорад. Соли 1945 Созмони Миллали Муттаҳид таъсис гардид, ки вазифаи мазкурро ба зима гирифт. То солҳои 70-ум як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла 18 апрели соли 1961 Конвенсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ, 24 апрели соли 1963 Конвенсияи Вена дар бораи равобити консулӣ ва 23 майи соли 1969 Конвенсияи Вена дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ қарор қабул карда шуд. Инчунин кодификатсияи конвенсияҳо дар бораи ҳуқуқи ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои муҳом ба имзо расид. Аз ин рӯ, низомҳои байналмилалӣ дар натиҷаҳои талофоти инсонӣ, буҳрони иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои муҳими давлатдорӣ ба даст оварда шуда, бадбахтона бархе аз давлатҳои тариққиёфта низомҳоро риоя намекунанд ва бояд онҳо манфиатҳои инсониятро мавриди назари хеш қарор диҳанд.

  Мавриди зикр аст, ки таъсиси Созмони Милали Мутаҳҳид яке аз натиҷаҳои мусбати баъдиҷангӣ буда, он ҳамчун созмони универсалии танзимкунандаи ҳуқуқи байналхалқӣ мебошад. Дар вазъи норавшани тартиботи ҷаҳонӣ нақш ва мақоми  шартномаҳои  байналмилалӣ чун василаи танзими тартибот ва дар ҳуқуқ байнидавлатӣ нақши назаррас дорад. Риоя ва эътироф нашудани ҳуқуқи байналмилалӣ бархе аз кишварҳои тариққиёфта, боиси нигаронӣ мебошад. Ҳеҷ давлат наметавонад бидуни низомҳои ба даст омада муносибатҳои худро бо дигар давлатҳо таъмин намояд. Маҳз шартномаҳои байналмилалӣ имконият медиҳад, ки низоми мураккаби муносибатҳои гуногунҷанба ба танзим дароварда шаванд. Бархурди манфиатҳои миллӣ ва эҳтиром накардани он асоси низоъзои ҷаҳонӣ мебошанд. Пойдоиши идеяҳои баробарӣ, соҳибихтиёрӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ ва дигар арзишҳо ба даст омада шуда, қатъиян риоя карда шавад.


Соҳиби Баҳруло,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ,

Нарзиев Ҷаҳонгир

докторант PhD ва ходими хурди илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ ва

Саидова Моҳира,

магистранти курси якуми Институт

 

[1] Мартенс Ф.Ф. Современное международное право цивилизованных народов. В 2-х томах. Том 2., 2016, 432 С-20

[2] Международные отношения и дипломат

ия на Древнем Востоке. - М.: Наука, 1987

БОЗГАШТ