АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Паём – инъикоси масъалаҳои ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

    Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рӯйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуд. Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки бе муҳобот, дар ниҳоди насли ҷавон нерӯву тавонӣ ва умед бахшидан ба ояндаи дурухшони Ватанамон аз омилҳои асосӣ гардид.
    Ҳарчанд давраҳои тақдирсози кишварамон бо хотираҳои ибратомӯзи таърихӣ пушти сар шуд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо – ҷавонон вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти бузургро доро мебошанд. Бо ибораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд».
Андешаҳои Пешвои муаззами миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри мо ҷавононро ба Ватан ва эҳтиромамонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.
   Бешубҳа, дар чунин шароит зарур аст, асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамоюлоти арзӣ ва татбиқи манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳанд. Барои насли ҷавон имрӯз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо бояд аз ҳамагуна манфиатҳо бартарӣ дошта, бо роҳу усули муосир ҷавобгӯ ба талаботи ҳаёти онҳо пойдевори тарбияи ватандӯстиашонро фаро гирад.
    Таҷрибаи ҷаҳони муосир собит сохт, ки иқтисоди ғаниву устувор ва ҳатто арзиши пуриқтидори замонавӣ наметавонад амнияти давлатро ба таври бояду шояд таъмин намояд. Дар ин дигаргуниҳои сиёсӣ ва хатарҳои умумибашарӣ танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро аз чунин фоҷеа эмин дошта метавонанд, ки сиёсати озмудашударо бо пуштибонии халқи дорои зиракии сиёсӣ амалӣ намоянд.
 Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад”.   
    Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо низ ба якчанд амалҳои номатлуб ба монанди ифротгароӣ ва хусумати мазҳабӣ даст зада, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ ба хориҷ рафта, дигаронро низ мехоҳанд ба ин роҳи бад раҳнамоӣ намоянд. Чунин кирдорҳо муқобили манфиатҳои миллӣ буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрӯзҳо характери умумимиллӣ пайдо кардааст.
    Таърихи тамаддун ва дастовардҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собит менамояд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушди пешрафти ҳар як кишвар аст. Бинобар он насли ҷавон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерӯи демократии давлатро балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда, 13 марти соли 1992 қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул шуд, ки бо мурури замон қонуни мазкур дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 қабул гардид.
Дар ҳамин замина, бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати кишвар ҳисобида, ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд».
Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ - яъне соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат аст. Баҳри коҳиш додани зуҳуроти ифротгароӣ миёни ҷавонон ва даъвати ин қишр ба илму маориф, созандагиву бунёдкорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат, чораҳои зурурӣ андешида мешавад.
     Илова бар ин, бо ташаббусу дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат нисбат ба қишри ояндасози мамлакат дар кишвар як чанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба мисоли «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нодир таъсис дода шуд, ки натиҷаи хуб дар як муддати кӯтоҳ ба бор овард.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ низ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии болозикр, таъкид намуданд: «Хотирнишон месозам, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад». Эътироф намудани Пешвои миллат, шаҳодатгари он аст, ки ҷавонон воқеан ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд.
    Ба андешаи Пешвои миллат “Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад”. Дар гузашта миёни мардум ақидае вуҷуд дошт, ки ватандӯст будан ин ҷон супоридан барои Ватан аст. Албатта ин андеша дуруст аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки ватандӯстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ гирад, аз ҷумла; доштани оилаи хуб, беҳтарин мутахассиси ягон соҳа шудан, доштани касб ва умуман амале, ки манфиатбахш бошад ва ҳатто дар ҳолати манфиатбахш набудан басанда аст, ки зарарасон набошад.
Ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки бо Ватани худ фитихор дорем. Ифтихор намудан хуб аст, вале беҳтар он аст, ки Ватан аз мо, бо рафтору кирдор, дастоварду ташаббусҳо, созандагиву бунёдкорињои мо ифтихор кунад.
 
Раҳмонзода А.Ш., н.и.т. – муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ