АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ПАЁМ – РОҲНАМОИ МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Тавре маълум аст, санаи 23-юми декабри соли 2022 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гашт. Муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми худ тамоми самтҳои ҷомеаро таҳлил намуда, аз ҷумла оид ба мақоми зан дар ҷомеа таъкидҳои саривақтӣ намуданд.
  Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз намуданд, ки Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир намуда, нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила баланд арзёбӣ менамояд.
  Қайд кардан зарур аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуданд. Чуноне дар Паём зикр гардид, ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро занон ташкил медиҳанд. Бахусус, соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Вобаста ба ин рақамҳои зикршуда гувоҳӣ аз он медиҳад, ки занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар фаъол мебошанд.[1]
  Воқеан ҳам маҳз бо дастгирию ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан дар ҷомеа боло бардошта шуд. Хусусан, тавассути қабули як қатор қонун ва қарору стратегияҳо ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занонону бонувон инкишоф ёфт. Аз ҷумла, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023», Консепсияи рушди оила ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022» аз санадҳои меъёрию ҳуқуқие мебошанд, ки бар иловаи дигар асноди муҳим дар даврони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расиданд ва барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварданд.
  Тавре Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд: ”Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.
  Бояд гуфт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи илм ва маориф имкон дод, ки дар баробари зиёд гардидани шумораи хонандагон ва донишҷӯён мактабҳоро дар шаҳру деҳот ифтитоҳ намояд. Албатта, саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф низ назаррас буда, зиёда аз 73 фоиз – ро ташкил медиҳанд.
  Чун Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамояд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф дар мадди аввал гузошта шудааст. Ногуфта намонад, ки барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар  роҳандозӣ шуда истодааст. Зеро пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагӣ дорад.
  Албатта, ҷавобан ба ҳама ғамҳориҳои Пешвои миллат бонувони хирадманди кишвар тавассути хизматҳои шабонарӯзӣ дар таълиму тарбияи насли наврас ва ба камол расонидани мутахассисони худшиносу миллатдӯст низ саҳми худро мегузоранд.
  Хулоса, маҳз Пешвои миллат пас аз ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ба мақоми зан ва боло бурдани мавқеи ӯ дар ҷомеа заминаи боэътимод гузошта, то ба имрӯз масъалаи мазкур яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии мост, ки яке аз паҳлуҳои боризи сиёсати Президенти кишварро бозгӯ менамояд.
 
Юсуфӣ Фарзона
ходими хурди илмии
шуъбаи Амрико ва Аврпуо
 
[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе.Манбаи элетронї: http://prezident.tj/node/29823

БОЗГАШТ