АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Паёми Пешвои миллат – муждаест ҷиҳати ояндаи дурахшони миллат!

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Вожаи “паём” ба маънои суханест, ки касе барои касе мегўяд ё мерасонад ва бештар ба маънои хабар, пайғом, мужда, нома, даъват ва огоҳӣ истифода мешавад.

  Ин маънӣ дар луғатномаи “Деҳхудо” ҳамчун сухан ё матлабе (катбӣ ё шифоҳӣ), ки аз тарафи касе барои дигаре фиристода шавад, омадааст.
  Ба истилоҳи сиёсӣ ва аз назари давлатдорӣ Паём чун суханронии сол то соли дигар баҳри муаррифии самтҳои асосии ҳаёти як ҷомеа ё як миллат ё як кишвар аз ҷониби роҳбари сиёсии он давлат ё миллат ироа мегардад ва ба қатори дигар самтҳои афзалиятноки ҳаёти ҷамъиятӣ самтҳои дохилӣ ва хориҷии он давлату он миллат ироа мегардад.
  Маъмулан дар Паём маҷмӯаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайра ифода меёбанд. Маънои истилоҳии давлатию коргузории “Паём” дар асл аз ҳамон маънои аслию луғавии он чандон дур нест, зеро ба ибораи содда, Паёми ҳар роҳбари давлат дар амал ҳамон сухан, ҳарф, гуфтанӣ ва барномаест, ки ӯ мехоҳад барои мардуми худ ё барои ҷомеаи дохиливу хориҷӣ расонад.
  Паёми солонаи роҳбарони давлатҳо аҳаммияти бисёр муҳимми сиёсӣ ва рамзӣ дошта, худи ҳастии давлатии миллат ва истиқлолияти сиёсии давлатро ифода мекунад. Новобаста аз чигунагии мазмуни сиёсату барномаҳои Паём, худи аз тарафи роҳбарияти як кишвар мустақилона муайян ва озодона эълон шудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, моделу шеваи давлатдорӣ, низоми арзишҳои интихобшуда ва тарзу марҳилаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳз маънои худмуайянкунии давлатӣ ё истиқлолияти сиёсии кишварро дорад.  Яъне, худи Паём додани роҳбари давлат хоси давлатҳои мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузории худро худашон мустақилона муайян мекунад.
  Паёми солонаи роҳбари ҳар давлат ҳамчунин аз аҳаммияти хосси консептуалӣ ва дурнамоӣ бархўрдор аст. Зеро маҳз дар он нишони ояндаи ҳаракати кишвар, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи он, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои хориҷӣ ва сиёсати хориҷии он, барномаҳои асосии рушди сиёсию иқтисодию иҷтимоии он ба таври возеҳу дастрас баён ва муаррифӣ мешаванд.
  Аз ин назар, матни Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мутолиа ва дарки хатти ҳаракат ва самти рушди сиёсию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он аҳаммияти махсус доранд. Дар он ҳамасола авлавиятҳо ва самтҳои асосии ҳаракат ва низ, ҳадафҳои асосии давлат на танҳо барои соли оянда, балки барои марҳилаҳои томи баъдӣ ифода мегарданд ва хатти стратегии ҳаракати давлат эълон мешавад.
  Хулоса, нуктаҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдорӣ Паёми солонаи роҳбарони давлатҳо ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам аз назари мазмуну таъйинот ҳодисаи муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати муҳимми муайянкунандаи давлатӣ ҳисоб шуда, аҳаммияти махсуси сиёсию давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузорӣ дорад. Дар сурати татбиқи дурусти ташаббусу супоришу бандҳои он, ҳар Паёми солонаи Роҳбари давлат метавонад қадам ва такони наве дар масири рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа ва давлат бошад.
  Ин аст, ки дар раванди сиёсӣ ва амалияи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз миёни суханрониҳои гуногуни Роҳбари давлат дар тўли сол, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии рушди кишвар ҷойгоҳи махсус дошта, ба шарҳу ташвиқу татбиқи он аҳаммияти махсус дода мешавад.
    Паёми ту паёми меҳру иршод,

    Паёми шод баҳри мулки обод!

Субҳиддин Зиёев

Мудири шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ