АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ПАЙВАНДҲОИ АДАБИИ ДУ КИШВАРИ ҲАМҶАВОР ДАР МИСОЛИ ҶОМӢ ВА НАВОӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Пайвандҳои адабӣ миёни шоирони миллатҳои мухталиф дар ҳар давру замон вуҷуд доштааст ва имрӯз низ ин робитаҳо мушоҳида мешавад. Ин робита на фақат ҷиҳати рангорангӣ, зебову муҷалло сохтани ашъори шоирон мутаассир мебошад, балки тавассути он миллатҳо аз тамаддуну фарҳанг, расму русум, адабиёту забон ва дигар арзишҳои миллии ҳамдигар огоҳ мегарданд ва аз чунин арзишҳои миллии ҳамдигар таъсирпазир мешаванд.
  Тоҷикон ва ӯзбекҳо дар замонҳои пеш байни ҳамдигар пайвандҳои адабӣ дошта, адибони ӯзбек, аз қабили Турдӣ, Машраб, Махмур, Гулханӣ, Увайсӣ, Нодира, Муқимӣ, Фурқат, Убайдуллоҳи Завқӣ дар пайравии адибони тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Восифӣ, Бедил, Зебуннисо, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон ғазалу қасида, достону маснавӣ ва асарҳои насриро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълиф мекардаанд.
  Бино ба тасдиқи муҳаққиқони равобити адабии тоҷику ӯзбек И. Брагинский, С. Воҳидов, Ҷ. Бақозода, А. Сайфуллоев ва дигарон аввалин намунаи асаре, ки аз вуҷуди зулисонайнии тоҷикӣ-ӯзбекӣ гувоҳӣ медиҳад, маснавии «Муҳаббатнома»-и Хоразмӣ мебошад, ки асосан ба ӯзбекӣ ва баъзе фаслу қисматҳои он ба тоҷикӣ навишта шудааст. Бояд гуфт, ки дар марҳалаи аввали худ зуллисонайнии тоҷикӣ-ӯзбекӣ дар эҷодиёти шоирони ӯзбекзабон, ки дар мактаби шеъру шоирии форсӣ-тоҷикӣ тарбият ёфта, дар баробари ашъори ӯзбекӣ дар пайравии Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Амир Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон шеърҳои тоҷикӣ ҳам менавиштаанд, ба вуҷуд омад ва аз асри ХV ба баъд ба василаи осори Ҷомӣ, Алишери Навоӣ (Фонӣ), Атоӣ, Лутфӣ, Саккокӣ, Биноӣ ва дигар намояндагони адабиёти тоҷику ӯзбек ба авҷи аъло расид[1].
  Устувориву побарҷо мондани дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ заминае гузошт, ки шоирону нависандагони мо дар асрҳои баъдӣ ин намунаи хуби инсонпарваронаро ба худ касб намуданд ва миёни шуарову нависандагони ду миллат муносиботи устувори адабиву фарҳангӣ ба миён омад. Аз зумраи суханварони тоҷик Хоҷа Осафӣ, Амир Шайх Суҳайлӣ, Дарвеш Нозуӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Камолиддин Биноӣ, Асирӣ, Фахрии Рӯмонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Садриддини Айнӣ ва адибони ӯзбек Амирӣ, Яқинӣ, Машраб, Нодирбегим, Анбар Отун, Дилшоди Барно, Муқимӣ, Фурқат, Завқӣ, Ҳамза, Фитрат анъанаҳои зуллисонайниро идома доданд, ҳамдастию ҳамкориро ба пардаҳои баланд бардоштанд, ҷилои нав бахшиданд. Ин ҳамдастию ҳамкорӣ алҳол низ чӣ дар адабиёт ва чи дар дигар ҷодаҳои рӯзгори халқҳои тоҷику ӯзбек решаҳои нав пайдо мекунад [18]. Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбекро бе санъати муламмаъот ё ширу шакар тасаввур кардан маҳол аст, зуллисонайнӣ, яъне бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод кардани осори адабӣ ҳисоб меёбад [6].
  Сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишер Навоӣ, бо таъсири осори устодаш Мавлоно Ҷомӣ бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доштааст, бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои ноби тоҷикӣ эҷод карда, онҳоро дар шакли девони алоҳида мураттаб сохтааст. Аз эҷодиёти Навоӣ оғоз карда, минбаъд чи дар назми ӯзбек ва чи дар назми тоҷик падидаи зуллисонайнӣ, яъне ба ду забон эҷод кардан, ба таври васеъ ривоҷ пайдо намуд [13].
  Халқҳои тоҷик ва ӯзбек дар замонҳои қадим то ҳол дар ҳамсоягӣ умр ба сар бурда, аз расму оин ва хулқу атвори ҳамдигар бо хабар буда, риштаи ногусастании хешутабории ҳамдигарро то ба ин рӯз расонидаанд. Намояндагони барҷастаи ин ду миллат дар соҳаи адабиёту фарҳанг Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва рафоқатии ин ду миллат мебошанд. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад. Мо бояд барои халқҳоямон фазои дӯстию самимиятӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро тавре дар замони Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буд, фароҳам орем». Ё худ Мирзо Турсунзода гуфтааст: “Халқҳои тоҷик ва ӯзбек шабеҳи ду тори як дутор ҳастанд. Дӯстии ин ду халқ азалист”.
  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар ҳамдастӣ адабиёти форсу тоҷикро қадру манзалати тозае бахшиданд. Ҳар ду дар жанрҳои рангоранги адабиёт маҳорати худро зоҳир карданд, мавқеи устувор гирифтаанд. Мероси назмию насрии ҳарду басе мустағанӣ ва рангоранг аст [19].
  Е.Э. Бертелс дар китоби “Навои и Джами” (“Навоӣ ва Ҷомӣ”) роҷеъ ба равобити адабии Ҷомӣ ва Навоӣ гуфтааст: “Дӯстии Навоӣ ва Ҷомӣ шояд аз охирҳои соли 1469, баъди ба Ҳирот омадани Навоӣ оғоз шуда, Навоӣ Ҷомиро ба сифати шайхи худ пазируфта, зери роҳбарии вай ба тариқати нақшбандия ворид мешавад ва то охири умр дар ақидаи худ содиқ мемонад. Аммо Ҷомӣ то ба охир на танҳо ба сифати пири тариқат ба Навоӣ вафодор мондааст, балки дар як муддати кӯтоҳ бо вай дӯсти самимӣ гашта, шогирди худро дӯст доштааст ва ба ҳунари шеърдонию шеърфаҳмии вай баҳои баланд додааст” [4, 28].
  Дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ то он дараҷае будааст, ки ин ду абармарди таърих осори худро бо маслиҳату машварати ҳамдигар иншо менамудаанд. Яке аз асарҳои ирфонӣ ва тасаввуфии Ҷомӣ “Нафаҳот-ал-унс”, ки рӯзгору осори сӯфиёнро дар бар мегирад, бо хоҳиши Навоӣ иншо гардида будааст. Дар таълифи асари тарҷумаиҳолии «Нафаҳот-ал-унс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад. «Нафаҳот-ал-унс-мин ҳазарот-ал-қудус» асари насрӣ ва илмии Мавлоно Ҷомӣ буда, солҳои 1475-1476 бо забони тоҷикӣ таълиф гардидааст. Дар ин асар оид ба шарҳи ҳол ва тавсифи шайхони тасаввуфу шоирони асрҳои XIII ва XIV сухан меравад. Асари мазкурро Абдураҳмони Ҷомӣ дар пайравии «Табақот-ус-сӯфия»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ навиштааст, аммо асар аз ҷиҳати таркибу сохт ба «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридаддуни Аттор шабоҳат дорад. Калимаи «нафаҳот» арабӣ буда, маънояш бӯи хуш, роиҳа мебошад. Калимаи «унс» бошад, маънояш дӯстӣ, ошноӣ ва улфат мебошад. Ҳазрати Ҷомӣ мефармояд:
Мо надорем машоме, ки тавонем шунид,
В-арна ҳар дам вазад аз гулшани васлат нафаҳот.
  «Нафаҳот-ал-унс» соли 1495 бо унвони «Насоим-ул-улд» аз ҷониби Мир Алишер Навоӣ бо забони ӯзбекӣ тарҷума гардидааст, инчунин, тарҷумаи англисию олмонии ин асар низ мавҷуд аст [20].
  Академик Абдулғанӣ Мирзоев перомуни дӯстиву қаринии Ҷомиву Навоӣ дар сарсухани китоби “Ҷомӣ ва Навоӣ” ва таъсири онҳо ба рушди адабиёти ин ду миллат ёдовар мешавад: “Ҳамкории ин ду марди таърихӣ намунаи беҳтарини ҳамкорӣ ва муносибати бародаронаи ду халқи қадимии Мовароуннаҳр тоҷикон ва ӯзбекон мебошад. Хизмати бузурге, ки онҳо махсусан дар тараққии маданияти асри XV-и тоҷик нишон доданд, қобили муқоиса нест. Хизмати фидокоронаи ин ду шахси олиқадрро мо дар тамоми соҳаҳои дониши ин давра айнан мушоҳида карда метавонем. Дар адабиёт, илм, мусиқӣ, наққошӣ, фанни таърихнависӣ, тазкиранигорӣ, санъати меъморӣ, сиёсат ва амсоли он, ки дар ин давра пешрафти азиме пайдо карда буданд, ҳеҷ як соҳаеро пайдо карда наметавонем, ки бешу кам бо номи ин ду симои бузург алоқае надошта бошад.
  Оид ба фаъолияти адабӣ ва сиёсии Алишер Навоӣ ва ҳамкории ӯ бо Абдураҳмони Ҷомӣ таҳқиқоти зиёде нашр шудааст. Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон», «Сабҳат-ул-Аброр», «Тӯҳфат-ул-Аҳрор», «Юсуф ва Зулайхо», «Хирадномаи Искандарӣ» мавқеи адабӣ ва сиёсии Алишери Навоиро хеле баланд бардошта, оид ба чигунагии равобити дӯстонаи байни ҳамдигар маълумот медиҳад. Алишери Навоӣ дар «Маҷолис-ун-Нафоис», «Хайрат-ул-Аброр», «Ширину Фарҳод», «Лайлию Маҷнун» ва «Садди Искандарӣ» роҷеъ ба мақоми Ҷомӣ ахбори муҳим пешкаш кардааст. Вале дар байни осори ин ду мутафаккир ягона асаре, ки равобити адабии онҳо дар он ба хубӣ таҷассум гардидааст «Хамсат-ул-мутаҳайирин»-и Алишер Навоӣ мебошад.
  Дар ҳақиқат равобити адабиву фарҳангӣ рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикону ӯзбекон мебошад. Боиси тазаккур аст, ки баъди ба сари қудрат омадани Президенти кунунии кишвари ҳамсоя Ҷаноби олӣ, муҳтарам Шавкат Мирзиёев яхпораҳои шахшудаи чандинсолаи ба тавқиф гузоштаи ин ду миллат об гашт ва равобити дӯстонаву ҳамкориҳои дуҷониба барқарор гашт, ки боиси сарфарозии мардуми халқи тоҷику ӯзбек гардид ва нақши фарҳангу адабиёт дар ин раванд назаррас аст. Дар ду се соли охир шоирони муосири ду ҷониб дар васфи дӯстиву рафоқат шеърҳои тоза офариданд ва муғанниён бошанд ин ашъори дилписандро ба риштаи мусиқӣ кашиданд. Намунаи беҳтарини дӯстӣ ин таронаи "Замон, замони мост" (Замон биздики)-ро Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев бо ду забон иҷро кардаанд:
Замон, замон- замони мо, даврон аз они мост,
Замин осмон дар дасти мо, имкон аз они мост.
Замон замон — бизнинг замон, даврон бизники,
Қӯлимизда йеру осмон, имкон бизникӣ.
  Дар ду давлати ба ҳам дӯст фаъолияти марказҳои фарҳангии миллатҳо ба роҳ монда шудаанд. Чунончи, дар Тошкенд 8-уми июни соли 1990 маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон «Ориёно» таъсис дода шуд. Ҳадафи марказ рушди фарҳанг, забон, ҳифзи урфу одатҳои миллӣ ва омӯзиши фарҳанги дигар халқҳо ба шумор меравад. Дар шаҳрҳои Ҷиззах, Самарқанд, Намангон, вилоятҳои Фарғона ва Сурхондарё шаҳри Чирчиқи вилояти Тошкенд марказҳои фарҳангии тоҷикон фаъолият мебаранд. Айни замон дар вилояти Бухоро маркази тоҷику форс «Офтоби Суғдиён» созмон дода шуда, ҳафтавори «Бухорои шариф» нашр мегардад [16, 42].
  Намунаи дигари дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар мисоли Ҷомӣ ва Навоӣ ин бунёди Боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” дар маркази шаҳри Душанбе ва бунёди Боғи “Абдураҳмони Ҷомӣ” дар шаҳри Самарқанд мебошад.
  Дӯстии Ҷомиву Навоӣ тӯли қарнҳо рамзи дӯстии абадии ду халқи бародар боқӣ мемонад. Ҷомӣ дар мавриди дӯстии халқҳоямон чунин байтҳоро пеш овардааст:
Соиле гуфт бо касе ба аҷаб:
Бо фулонат чӣ нисбату наздик?
Гуфт: Ӯ турк буду ман тоҷик,
Лек дорем хешии наздик [7].
  Ба қавли устод Айнӣ, «Ҷомию Навоӣ дар атрофи масъалаҳои асосии замон баробар фикр карда, дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо бо маслиҳату дастгирии якдигар баробар мубориза мебурданд». Ин андешаи устод Айниро пасон академик Муҳаммадҷони Шакурӣ идома дода, менависад: «Ба ин маънӣ дӯстию ҳамкории Ҷомӣ ва Навоӣ аз бисёр ҷиҳат муборизаи якҷояи халқҳои тоҷику ӯзбекро дар роҳи адолати иҷтимоӣ, дар роҳи идеалҳои олии ҷамъиятию эстетикӣ ифода намудааст».
  Навоӣ баъд аз вафоти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ лаҳзае эътиқодашро ба устодаш кам накарда, меҳру муҳаббати бепоёни хешро дар асараш «Хамсат-ул-мутаҳайирин», ки ба мулоқоту суҳбатҳо, мукотибаю ҳамкории эҷодии ҳар дуяшон бахшида шудааст, беҳтарин сифатҳои Мавлоно Ҷомӣ ва дигар муосиронашро қайд намудааст.
  Мир Алишер Навоӣ то охири умр ҳамчун шогирди вафодор ба Мавлоно Ҷомӣ содиқ монда, ҳамеша дар осори хеш хислатҳои бузурги инсондӯстонаи пирашро ба некӣ ёд оварда, бо як меҳру муҳаббат оид ба хоксорӣ, фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ, саховатпешагӣ, хайрхоҳӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи ӯ ишора ва дар шеъру шоирӣ, фалсафаю ҳикмат, шариату тариқат забардаст будани устодашро зикр кардааст. Аз ҷумла, ҳамин сифатҳои беназири устодашро Навоӣ дар қасидаи “Туҳфат-ул-афкор” возеҳ шаҳр дода, на танҳо дар пайравии ӯ дар як муддати кӯтоҳ қасидаи ҷавобия таълиф кардааст, балки беҳтарин хислатҳои Мавлоноро дар баробари дигар масъалаҳои фалсафию ҳаётӣ таъкид намудааст.
  Ҷомиву Навоӣ асосгузорони равобити адабии халқи тоҷику ӯзбек мебошанд. Аз ин таҳқиқот бармеояд, ки ин ду халқи ҳамҷавор дар замонҳои пеш робитаи дӯстӣ дошта аз фарҳангу тамаддуни ҳамдигар бохабар будаанд. Ин дӯстиву пайвандӣ, ки то имрӯз омада расидааст барои мо зарур аст, ки арзишҳои миллии ҳамдигарро ҳифз намоем то дар асрҳои баъдӣ низ чунин дӯстиву ҳамкориҳо устувор бошад.
  Вобаста ба мавзӯи матраҳшуда ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои адабӣ чунин пешниҳодҳо ироа мешавад:
-Дар назди муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бахшҳои фарҳангиву адабӣ таъсис дода шавад ва он бахшҳо бо маҷаллаҳои илмиву китобҳои илмии тозанашр таъмин карда шаванд.
-шартномаи ҳамкориҳои илмӣ миёни институтҳои таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ӯзбекистон ба имзо расонида шаванд;
-осори шоиру мутафаккири бузург Мир Алишер Навоӣ ва дигар шоирони ӯзбек, ки ба адабиёти тоҷик робита доранд ба забони тоҷикӣ тарҷима карда шаванд;
-осори шоиру мутафаккири тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар шоирони тоҷик, ки ба адабиёти ӯзбек робита доранд ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда шаванд.

                                                                              Адабиёт:
  1. Абдушукури Абдусаттор.Адибони зулисонайн – мурағғибони дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек //http://tnu. tj/index.php/tj/to-ikiston-uzbekiston-sa-ifai-nav-dar-ta-rikhi-munosibat-oi-muta-obilai-du-khal-i-barodar/542-adiboni-zulisonajn-mura-iboni-d-stii-khal-oi-to-iku-uzbek (Санаи муроҷиат: 30. 03. 2019)
  2. Алиев О. Тањкими муносиботи дӯстона ё тањаввулоте, ки бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд // Ҷумҳурият. – 2018. - 13 апрел.
  3. Атобуллоев Ш. Баррасии муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон // Садои мардум. – 2020. - 17 сентябр.
  4. Е.Э. Бертелс. “Навои и Джами”. Москва, 1965. – 236 с.
  5. Ёдгор Саъдиев: «Халқи тоҷик бузург аст, зеро устод Рӯдакӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дорад» // Минбари халқ. - - 7 март.
  6. Исомитдинов Ҷ.Б. Мулоҳизаҳо роҷеъ ба равобити халқҳои тоҷику ӯзбек дар соҳаи адабиёт ва санъат // https://hgu.tj/news/media/item/149.html.
  7. Исомитдинов Ҷ.Б. Мулоҳизаҳо роҷеъ ба равобити халқҳои тоҷику ӯзбек дар соҳаи адабиёт ва санъат // https://hgu.tj/news/media/item/149.html?
  8. Каримзода К. Афзалияти таърихӣ ё тавсеаи робитаҳои дӯстонаи ду халқи бародар // Ҷумҳурият. -2018. - 19 март.
  9. Қутбиддин Б. Нақши ду сарвар ва дӯстии чил миллион нафар // «Фараж». - 2018. – 7 март.
  10. Қамарзода А. Робитаҳои адабии тоҷику ӯзбек дар давраи истиқлол // [Электронный ресурс] / Режим доступа: http: //ovozitojik. uz/news/ view?id=2640.
  11. Низомӣ А. Замину осмон ёри мо гардиданд // Ҷумҳурият. – 2018. -16 август.
  12. Раҳмонов Э. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ / Э. Раҳмонов. - Душанбе, 2001. ҷ.3. - 512 с.
  13. Раҳмонзода Абдуҷаббор. Равобити адабию фарҳангӣ – рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон // https://ovozitojik. uz/news/view?slug=ravobiti-adabiyu-farxangy-rukni-muximi-taxkimi-dustii-tojikon-va-uzbekon.
  14. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон // Садои мардум. -2018. – 10 март.
  15. Солиҳов Р. Тоҷикон ва ӯзбекон. Таърихи навини ҳамсоядорӣ // Ҷумҳурият. -2018. – 4 апрел.
  16. Ӯзбекистон умумий уйимиз.–Тошкент: Ӯзбекистон, 2004.–226 с.
  17. Шоалифзода А. Баҳори дӯстӣ. А.Шоалифзода // Ҷумҳурият. – 2018. - 16 апрел.
  18. Шоислом Шомуҳаммедов. Тарҷумон: Ҷонибек Қувноқ. Таҳияи Фарзонаи Мирзо // http://old.kmt.tj/chomi-va-navoi
  19. http://old.kmt.tj/chomi-va-navoi
  20. https://tg.wikipedia.org/wiki/
Зиёев Субҳиддин
мудири шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик
 

БОЗГАШТ