АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Парчам-яке аз муқаддасоти миллӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар таърихи тӯлонии худ, инсоният вобаста ба шароиту ҳолатҳои гуногун ва саъю кушиш рамзҳои зиёдеро эчод кардааст. Ва гуфтан мумкин аст, ки дар ин миён парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта таърихи дерину рангинтареро дорост. Истифодаи онро, таърихнигорон ҳанӯз дар солҳои то милод собит намудаанд. Богузашти давру замон парчам ҳамчун рамз мавқеяшро он чунон мустаҳкам кардааст, ки имрӯз ҳеч як давлатеро бидуни он тасаввур кардан номумкинаст.
Парчам дар саросари ҷаҳон чун рамзи маъруфу бостонӣ буда, бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ маъруфу машҳур гашта аст. Парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерубахши ҳидоятгари сарбозон ба ба пирӯзӣ будааст. Фориѓ аз сафкашию ҳарб парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорату ҳимоят мешуд ва ин анъана то имрӯз боқист.
Мусалламаст, ки парчам аз қадим барои халқи тоҷик ҳамчун нишонаи ҷавонмардиву тавоноӣ ва ҷоннисории халқ баҳри ободии давлат эътироф шудааст. Аввалин маротиба парчам дар ҶШС Тоҷикистон соли 1929 қабул шудааст. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ин рамзи давлатӣ то соли 1992 панҷ маротиба дар шаклҳои гуногун қабул шудааст. Бори охирон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ–Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, тарҳу намуди Парчами давлати Тоҷикистон ва ниҳоят «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24-ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикитон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ—Парчами давлатӣ гардид.
  Аз ин рӯ, ҳамасола дар саросари кишвар ин рӯз ҳамчун ҳамчун Рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. 24-уми ноябри соли 2009 дар Ҷумҳури Тоҷикистон Рӯзи парчами миллӣ ботантана дар саросари кишвар ҷашн гирифта шуда, ки дар шаҳри Душанбе бахшида ба ин рӯз боташаббуси Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд.  
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо аст, ки бо шарофат ва дасгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар канори рости Қасри Миллат бурҷи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, ки баландии сутуни он 165 метр буда, дарозии матои он 60 ва бари он 30 метро ташкил медиҳад. Бузургӣ, шаҳомат ва баландии парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкондод, ки он ҳамчун балантарин парчам дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф карда шуда, ба китобҳои рекордҳои Гинес баландтарин парчам дар ҷаҳон ворид карда шавад.
 «Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи халокат раҳо бахшидааст.
Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ѓуруру ифтихори миллӣ мебошад
Парчами давлатӣ, хусусан барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳамаҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд». («Мароми пойтахт» Эмомалӣ Раҳмон-25-уми ноябри 2020) Дар хотима метавон гуфт, ки имрӯз парафшонии Парчами давлатӣ мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва саодату садоқати сокинон ба Ватан—Модар гардида, моро ба сӯи музаффарияту дастовардҳои навин ҳидоят менамояд.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама мардуми
шарафманди азизамон, муборак бошад!
 
Маҳмадлатиф Исҳоқов, ходими илмии Институт

БОЗГАШТ