Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоте мебошад, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар қатори Нишон, Конститутсия ва Суруди миллӣ дар Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 қабул гардидааст.
Парчам танҳо аз як материали дорои се ранг иборат набуда, балки яке аз он рамзҳои муқаддасе мебошад, ки ҳастии миллат ва нишони сохибистиқлолиро инъикос намуда, яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчам дар ҳақиқат яке аз он муқаддасоте мебошад, ки обрӯю эътибор, озодӣ, соҳибдавлатӣ ва мустақилияти ҳар як давлатро ҳам дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ҳам дар замони муборизаҳо мардумро дар пояаш муттаҳид карда, онҳоро барои меҳнати софдилона, созанда ва ободкорона савқ дода пеш мебарад. Дар замони муборизаҳову муноқишаҳо бошад, муборизонро ба по хезонида онҳоро барои ғалаба бар душман рӯҳбаланд карда, яке аз омилҳои таъминкунандаи пирӯзӣ ба ҳисоб меравад. Вақте, ки парчами давлатӣ дар фазо партавафшон мешавад, дили ҳар як фарди тоҷик аз эҳсоси фараҳ, ифтихор ва муҳаббат ба Ватан лабрез мегардад.
Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз баландтарин парчамҳо ба шумор рафта, ба китоби Гиннес дохил гардидааст ва тақрибан аз тамоми гӯшаву канори пойтахт ба назар мерасад. Парчами давлатӣ имрӯзҳо ҳамчун рамзи озодиву итиқлолият дар тамоми марказҳои ноҳияву шаҳрҳо, бисёре аз ҷамоатҳову деҳоти алоҳидаро зеб дода, ҳамчун ҷойи муқаддас барои нишастану дам гирифтан ва фароғати мардум дар вақтҳои холигӣ аз кор хидмат карда истодааст. Ёдам меояд, ки ду соли пеш дар маросими кушодашавии иншооти ҷашнӣ дар яке аз дурдасттарин деҳаи ноҳияи Айнӣ-деҳаи Дарғ иштирок доштам. Дар ин деҳаи зебо чандин корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабҳо, биноҳои нави маишию фароғатӣ, бемористон ва дигарҳо аз ҳисоби ашхоси ватандӯсту саховатманди деҳа сохта шуда, омодаи аз ҷониби роҳбарияти ноҳияву вилоят кушода шудан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додан буданд. Дар миёни ҳамаи ин иншоотҳо дар як гӯшаи то он рӯз нообод ва он ҳам дар мавзеи даромади деҳа дар соҳили дарё боғе обод карда ва дар васати он боғ парчамеро бо иртифои 43 метр насб карда буданд, ки хело ҳам бо ҳашамат ва зебову дилчасп ба назар мерасид. Ин парчам ҳанӯз аз 2-3 километр нарасида ба деҳа намоён мегардад. Вақте ба пояи парчам мераседу ба иртифои он назар меандозед,чунон манзарае пеш меояд, ки гӯё парчам ҳамқади кӯҳи рӯ ба рӯи деҳа -“Пешкӯҳа”, ки аз парчам дар масофаи 400-500 метр дуртар қад кашидаву тақрибан 2-2,5 км иртифо дорад, баробар бошад. Ҳоло ин ҷой барои мардуми деҳа яке аз ҷойҳои муқаддас ба шумор рафта, рӯз аз рӯз ободтару зеботар гардонида шуда, барои тарбияи ҷавонону наврасони деҳа нақши муҳим мебозад. Парчами дар боло ёдшуда аз ҷониби як нафар ватандӯсти асил, марди бо нангу ор, собиқ чӯпони колхоз Одина Одинаев сохта шуда, ба деҳа ҳусну зебогии иловагӣ зам кардааст. Падари Одина-марҳум Бобо Одинаев ҳанӯз аз 15 солагияш ба чӯпонӣ машғул гардида,38 соли умрашро ҳамчун сарчӯпон гузаронидааст. Бобо дорои одоби баланд ва меҳнатдӯст буда, дар солҳои Шуравӣ борҳо ҳамчун сарчӯпони пешқадам ба Маскав барои ширкат дар Намоишгоҳи хоҷагии халқи Шуравӣ фиристода шуда, бо унвони “Устоди чорвои Иттиҳоди Шуравӣ”, нишони “Байрақи Сурхи Меҳнат” ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардида буданд.
Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки тоҷикон дар Осиёи Марказӣ, яке аз халқҳои бумӣ ва қадимии ин сарзамин ба шумор рафта, ҳанӯз аз давраҳои пеш аз ислом дорои рамзҳо ва муқаддасоте буданд, ки миёни онҳо Парчам яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.