АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Парчами миллӣ рамзи давлатдории тоҷикон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд, ки ҳамасола бошукуҳу  шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. 
Таърих гувоҳ аст, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номуси миллати тоҷик буд. Аввалин Парчами тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ягонагии давлатдории Ориёӣ пазируфта шудааст. Хушбахтона, баъди садсолаҳо бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик аз нав соҳиби Парчами миллӣ гардид.
Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ мекунад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад.
Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ бо ташаббуси Пешвои миллат  30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе манораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноии он 60 метр мебошад. Имрўз дар атрофи он боғи  зебоманзар бунёд шудааст.
Парчами мо нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки  фарзандони Ватан бо он қасам ёд мекунанд ва дар назди он бо нишони эҳтиром сар фуруд меоранд
Муносибати эҳтиромона ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ва қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба миллат ва давлату давлатдорӣ бошад. Аз ин рӯ, моро мебояд имрӯз ва ҳама рӯз аз Парчами миллии худ ифтихори комил дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолият ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа талқин намоем.
Иди  Парчамро ба ҳамватанони  азиз табрик гуфта, хоҳони онам, ки Парчами  миллати тоҷик зери ливои нангу номуси миллӣ муваффақу музаффар бошад.

Хоҷаев Ҳ
икматулло Ҳимматович,
                                                           ходими илмии Шуъбаи ОМ
ИОМО АМИТ
       22.11.2021
 

БОЗГАШТ