АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Пасманзар ё натиҷагирӣ аз филми Гулобӣ ё Pink-и Ҳиндустон (Ба муносибати 30-юмин солгарди равобити диломатии Тоҷикистону Ҳиндустон)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Давлатҳои ҷаҳон бо рушд ва эҷоди роҳҳои гуногун, аз ҷумла истифодаи неруи нарм муносибатҳои дипломатии худро тавсеа ва таҳким мебахшанд. Дар ин зимн метавон нақши эҷодкорон хусусан филмсозону нақшофаринҳои онҳоро хело муҳим арзёбӣ кард. Ин ҷо мехоҳем нигоҳе ба фестивали филмҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон (3-юм то 5-уми майи 2022 кинотеари Ватан)дошта, бошем. Зеро филму театрҳо ва коргардонону нақшофаринҳои онҳо дар баёни масоили мубрами иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти он хело нақши муҳим мебозанд. Аз чаҳор филми намоишӣ яке бо номи “Гулобӣ” ё Pink мебошад, ки таърихча ва хулосаи онро дӯст доштем то ба хонандаи тоҷик пешкаш намоем.
  Мавриди зикр аст, ки дар соли 2022 равобити диломатии Тоҷикиситону Ҳиндустон 30-юмин солгарди худро ҷашн мегиранд. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Ҳиндустон 28 августи 1992 барқарор шуда, то ба имрӯз идома дорад.
  Ҳамин тавр, метавон зикр кард, ки ҳар ду кишвар бо баргузории намоишҳои гуногун аз қабили фестивалҳо, ғизову маҳсулоти саноатӣ, сайёҳӣ ва ғайра муносибатҳои ҳасанаи худро рушд дода, ба мардумони кишварҳои якдигар кӯмак мерасонанд. Мисоли онро метавон дар намоиши фестивали филмҳо дид, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе идома дорад. Дар ин зимн, Гулобӣ ё  Pink як филми ҳиндиест, ки дар соли 2016 бо ташаббус ва саҳми бевоситаи коргардон Анируддҳа Рой Чоудхурӣ таҳия шуда, аз ҷониби Шуҷит Сиркар, Ритеш Шоҳ ва Анируддҳа Рой Чоудхурӣ навишта шудааст. Филм аз ҷониби ширкати Rising Sun Films кӯмаки молӣ ёфта, ба тамошобинон пешкаш гардидааст. Филми мазкурро як ҳайати ҳунармандон аз ҷумла, Таапси Панну, Кирти Кулхари, Андреа Тарианг, Амитабх Баччан, Ангад Беди, Тусар Пандей, Пиюш Мишра ва Дритиман Чаттерҷи дар бар мегирад, ки дар кинотеатрҳои ҷаҳон аз 16 сентябри соли 2016 ба намоиш гузошта шуда, бори нахуст соли 2022 вориди Тоҷикистон гардид. Дар натиҷа он шуҳрати тиҷоратӣ пайдо карда, дар саросари ҷаҳон барои Ҳиндустон фонди молии фаровон ба даст овард.
  Ҳамин буд, ки он дар 64-умин Ҷоизаҳои Миллии Филмҳо, ғолиби категорияи беҳтарин филм дар ироаи масъалаҳои иҷтимоӣ гардид.
  Бояд қайд кард, ки дар ибтидои моҳи марти соли 2016 ҳунарманди машҳури Ҳиндустон Амитабх Баччан эълом кард, ки дар Деҳлӣ филме наворбардорӣ мекунад, ки "Ҳавво" ном дорад. Дертар санаи 13 март Баччан ин овозаҳоро рад карда, тавассути Твиттер эълон кард, ки филм Гулобӣ ё Pink ном дорад.
  Ҳамин тариқ, коргардони филм Шуҷит Сиркар хабар дод, ки Амитабх Баччан пешниҳодро қабул кард, Таапси Панну ва Андреа Тарианг барои иҷрои нақшҳо интихоб шуданд.
  Бо ҳамин аксбардории асосии филм дар Деҳлии Нав дар Рӯзи байналмилалии занон, соли 2016 оғоз шуда, намуди зоҳирии Амитабх Баччанро коргардон Шуҷит Сиркар офарида, аммо идеяи пӯшидани ниқобро Амитабх Баччан бо сабаби экологӣ ва ифлосии Деҳлӣ пешниҳод кард.
  Ҳунарманди филм Амитабх Баччан ҳангоми наворбардорӣ дар кӯчаҳои Деҳлии Нав саргардон гашта, дар тан либосе дошт, ки мардум ӯро намешинохтанд.
  Хулоса, филми мазкур масоили иҷтимоиро мавриди омӯзиш қарор дода, дар он нақши асосиро се ҷавонзан - Минал, Фалак ва Андреа - бо се марди сарватманд, Раунак, Вишваҷётӣ ва Раҷвир Сингҳ вохӯрда, як ҷо нӯшокиҳои спиртӣ менӯшанд. Ногаҳон, Раунак, Вишваҷётӣ ва Раҷвир ба наздиктарин беморхона бо сабаби ҷароҳати вазнини Раҷвир Синкҳ дар сараш мешитобанд. Дар ҳамин вақт Минал, Фалак ва Андреа бо таксӣ ба манзили худ бармегарданд.
  Ин се зан чун шаҳрванди озоди ҷомеа бо ҳам якҷоя зиндагӣ карданро меписандиданд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ҳодисаи дар он шаб рӯйдода худро дар канор гузоранд. Дар ин асно, ҳангоми дави саҳарии Минал, ӯро пирамарде бо номи Дипак дида, эҳсос мекунад, ки ягон ҳодисае ба ӯ рӯх додааст. Хатару таҳдидҳо аз ҷониби дӯсти Раҷвир Анкит ҳувайдост, ки ӯ барои осеби Минал сабаб шудааст. Ҳамин тавр, ҳодиса боиси аз кор рафтани Фалак мегардад. Вале онҳо аз пешниҳоди шикоят ба мақомоти қудратӣ худдорӣ мекунанд. Дар ин зимн, полиси маҳаллӣ медонад, ки ин мардҳо равобити хуб дошта, аз ҷониби Ранҷит (амаки Раҷвир Синкҳ), сиёсатмадори бонуфуз, пуштибонӣ меёбанд. Бо ҳамин Минал ба назди идораи полис рафта, шикоят мекунад.
  Дар натиҷа, рӯзи дигар, ӯ аз ҷониби дӯстони Раҷвир Синкҳ рабуда мешавад. Дипаки бечора шоҳиди ҳодиса буд, аммо кӯмак карда наметавонад. Миналро дар дохили мошин таҳдид, шантаж ва таҳқир карда, ӯро метарсонанд. Пас аз чанд рӯз, вай бо шикояти Раҷвир бар асоси занон ҳамчун фоҳиша муттаҳам шуда, боздошт мегардад.
  Дар толори додгоҳ бошад вакили дифоии Раҷвир, Прашант Меҳра ҳодисаро чунин шарҳ медиҳад: Раҷвир ва дӯстонаш дар консерте бо Минал ва дӯстонаш вомехӯранд. Ҳамин тариқ, онҳо занонро ба хӯроки шом дар истироҳатгоҳ даъват намуда, айшу нӯш менамоянд. Дар натиҷа, занҳо мавриди таҷовуз қарор гирифта, ба ғазаб омада, пул талаб мекунанд, ки ин ҳама нишонаҳо аз фоҳиша будани онҳо шаҳодат медиҳад. Аммо Раҷвир аз пардохти пул саркашӣ мекунад ва Минали хашмгиншуда, ба сари ӯ бо шиша зада, фирор мекунад. Ҳамаи санаду далелҳои Прашант ба хислати бади ахлоқии занон нигаронида шудааст. Вай таъкид мекунад, ки Минал дар Деҳлӣ оила дорад, аммо ба худ танҳо зиндагӣ карданро интихоб мекунад.
  Вале изҳороти Минал ва дӯстонаш чунин мебошад: Мардон кӯшиш карданд, ки ба онҳо таҷовуз кунанд. Раҷвир кӯшиш кард, ки Миналро таҷовуз кунад ва ӯ барои дифоъ аз худ бо шиша ба ӯ ҳамла кард.
  Хулоса, факту далелҳои Дипак ба масъалаи ризоият ва ҳуқуқи зан барои гуфтани “не”, таваҷҷуҳи бештар дорад. Бо ҳамин, баҳсҳои дар толори додгоҳ ба вуҷуд омада, дар охири мурофиа, Раҷвир ба хашм меояд. Дар натиҷа, Дипак ғазабнок шуда, ҳақиқатро ошкор мекунаду мегӯяд, ки занон "чизе ки сазовор буданд, дарёфт  карданд".
  Ин ҷо метавон таъкид кард, ки Дипак аз хурофоту ақидаҳои ақибмондаи ҷомеа интиқод карда, ба ин назараст, ки занон дар сурати дер ба хона баргаштан, берун рафтан, озод будан, нӯшидан ва ғайра ҳамчун фоҳиша тасаввур карда мешаванд, вале дар асл ҳеҷ яке аз инҳо ба мардон дахл надорад. Мавқеи авҷи аслии Раҷвир ва дӯстони ӯ, ки дар парванда ғолиб омадаанд, тағйир дода шуд, то ба эҳсосоти шунавандагон осеб нарасонад.
  Хулоса, филми Гулобӣ ё Pink ба ранги дӯстдоштаи духтарон ҳеҷ иртиботе надорад, балки бештар ба он ишора мекунад, ки занон бояд ҳуқуқи суханронӣ ва гаштугузорро дар шаб озодона дар чаҳорчӯбаи қонунҳои башарӣ ва ахлоқӣ дошта бошанд.
Таҳияи Мирсаид Раҳмонов
Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
Манбаъ: Gautam, Chintamani (2017). Pink: The Inside Story. Harper Collins. ISBN 978-9352770397.

БОЗГАШТ