Ҷараёни таҳаққуқи ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони навин бо номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллиро ба унвони масъалаи бунёдии ҳаёти иҷтимоӣ ташхис додаанд ва роҳу равиши густариш ва такомули онро муайян намудаанд.Ҷаноби Олӣ нақши давлатро ҳамчун омили асосии инкишофи худшиносӣ ва муттаҳидсозандаи халқ таъин намуда, масъалаи ваҳдати миллиро бар садри иқдомоти густурдаи сиёсию иҷтимоӣ бардоштаанд.
Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бар онанд, ки худшиносии миллӣ тарбиятпазир буда, бо роҳи таълиму парвариши нек ва бо бедор намудани эҳсоси ифтихори таърихӣ ва ғурури миллӣ ба он суръат бахшидан мумкин аст.
Сарвари давлат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод мекунанд ва нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Таъкид менамояд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.
Дар пайвастагӣ бо ин андешаи баланд афзудани ин нукта лозим аст, ки «мероси гузашта» ва «тафаккури таърихӣ» бо халқе иртибот дорад, ки бархурдор аз пешинаи боифтихор ва собиқаи бошукӯҳи илмиву фарҳангӣ ва маънавию ахлоқӣ аст. Маҳз ҳамин заминаҳои боэътимоди таърихиву фарҳангӣ ва маънавию ахлоқиро Президенти кишвар ҳамчун меъёрҳо ва омилҳои густариш ва таҷаддуди худшиносии миллӣ муайян намудааст.
Забон ва адабиёт
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон забонро «омили асосии рушду камоли миллат ва давлат» тавсиф намуда, таъкид мекунанд, ки омӯзишу фарогирии бештари онро ба роҳ монем. Сарвари давлат бар он аст, ки «забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад».
Шукри неъмати истиқлол, ки забони тоҷикӣ дар гаҳвораи худ боз аз сари нав, чун ҳазор сол пеш, забони расмӣ шуд ва мақоми пешина ва деринаи худро касб кард.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки забони тоҷикӣ бар иллати носозгориҳои ҳаводиси беамони таърих, бо он ки дар осори адибон, олимон ва маорифпарварон роҳи тараққӣ ва такомулро мепаймуд, дар нутқи соҳибони забон ғановати пешинаашро аз даст дод. Ҳарчанд ки пас аз Инқилоби Октябр халқи тоҷик ба маҷрои густариши забону адабиёт ворид гардид, ба сабаби расмӣ набудани забони тоҷикӣ ва русӣ будани забони осори илмҳои дақиқ, таъриху фалсафа, сиёсатнигорӣ ва иҷтимоънигорӣ доираи равнақу густариши он маҳдуд гашт. Забони тоҷикӣ мунҳасиран забони маишӣ ва забони адабиёти миллӣ гардид, дар осори бадеӣ, ки ба ҳазорон ришта бо тамоми илмҳо пайваст аст, низ латофату зебоии замони Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Ибни Синову Хайёмро гум кард.
Хусусияти хосси забони тоҷикӣ ин аст, ки забони адабӣ аз забони гуфтугӯйӣ фарқи назаррас дорад. Бар ҳасби шароити таърихӣ ва мавқеи ҷуғрофии ватани тоҷикон соҳибзабонон дар маҳаллу нуқоти гуногун ба лаҳҷаҳо ва шеваҳои мутафовут ҳарф мезананд. Бо назардошти чунин вазъи истифода аз забони тоҷикӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта устод Садриддин Айнӣ бар садад баромада буд, ки дар тамоми марзу нуқоти Тоҷикистон забони ягонаи адабии тоҷикӣ - забони меъёрро интишор диҳад. Устоди бузурги адабиёти тоҷик бо мақсади ҳарчи зудтар ва осонтар ба зеҳну тафаккури аҳли миллат расонидани калимаҳои забон таркиби луғавии онро аз калимаҳои душворҳазми арабиасос ва луғатҳои пурдабдабаву пуртакаллуф покиза намуда, аз ҳисоби калимаҳои барои бештари маҳалҳо шинос ва маъмул забони адабии ҳозираро тадвин намуд. Вай таълим медод, ки забонро фақат ба тарзи амалӣ мешавад фаро гирифт. Аммо раванди минбаъдаи омӯзиши забон, ки ба дасти дигарон, онҳое, ки аз фарҳанги пешрафтаи миллати рус дар мавриди лозиму нолозим пайравӣ мекарданд, афтод, бар хилофи нишондодҳои устод ҷараёни дигареро пеш гирифт.
Барои ҳар миллати мутамаддин пеш бурдани тамоми илмҳои муосир зарур аст. Бидуни шубҳа, илми забоншиносии тоҷик аз илмҳоест, ки пешрафти хосcаеро касб кардааст. Вале дар мавриди омӯзиши рукни асосии фарҳанги миллат, ки он ҳамоно забон аст, бояд хеле боназокат ва эҳтиёткорона рафтор кунем. Дар ин маврид вазифаҳои мактаби миёна ва мактаби олиро аз ҳам ҷудо намоем. Мактаби ибтидоӣ ва миёна ҷойи савод омӯхтан ва дониш андӯхтан; ва мактаби олӣ ҷойи фаро гирифтани илм ва конуни омӯзиши роҳу усули тадқиқот ва таҳқиқоти илмӣ аст.
Эҳтиром гузоштан ба забони миллӣ омӯхтану аз бар кардани он аст. Инсон, вақте ба чизе дил мебандад, шефта мегардад, ки онро донад ва бо мафҳуму моҳияти он ошно бошад.
Фидокории Бобоҷон Ғафуров, ки барои Ватани азизаш ҳам бо қалам ва ҳам бо кори амалӣ хизмати арзанда кардааст, чӣ тавр фаромӯш мешавад? Китоби ҷовидонаи ӯ «Тоҷикон» муосирони моро бо таърихи Ватан пайваст. Дар давраи маҳви бесаводӣ садҳо фарзанди бомаърифат аз Хуҷанду Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, аз шаҳрҳои тоҷикнишини Узбекистон дар Ғарму Кӯлоб кор карда, ба ҳамватанони худ савод меомӯхтанд. Дар ҳамон вақт ҳам ҷанг буд, дар ҳамон вақт ҳам гуруснагӣ, домана ва дигар бемориҳо гиребонгири халқамон буданд. Вале ба хотири Ватан ҳеҷ кас аз мушкилӣ намеҳаросид».
Иллати вазъи ҷуғрофӣ ва дар миёни минтақаҳои тоҷикнишин бо сукути сангин қарор гирифтани силсилаи кӯҳҳои бузург аз замонҳои хеле қадим робитаҳои густурдаи миёни тоҷиконро дар ҳадди ниҳоят душвор мегардонид. Ва ҳатто имрӯз бо мавҷуд будани роҳҳои мошингард, ки минтақаҳоро, бо роҳи дуру дароз бошад ҳам, мепайвандад, дидорбиниҳои тоҷикон мавсимӣ аст. Ин роҳҳои кӯҳӣ, ки аз фарози ағбаҳои баланду бимнок мегузаранд, ҳанӯз аз охири фасли тирамоҳ бо барфу яхи фаровон пӯшида шуда, то ба оғози фасли тобистон имконияти рафтуомади автомобилҳоро ба рӯйи мусофирон мебанданд.
Албатта, фақат ҳамин далел омили асосии зуҳур намудани падидаи номатлубе, ба мисли маҳалгароӣ ва минтақагароӣ, набошад ҳам, яке аз сабабҳои аслии он ба шумор меравад.
Бо ибтикори шахсӣ ва бо роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат бунёд гардидани шоҳроҳи байналхалқии мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб, туннелҳои Истиқлол, Шаҳристон, Хатлон ва Озодӣ далели ғамхории Президенти кишвар барои даст ёфтан ба қуллаҳои баланди ваҳдату ягонагӣ ва дӯстиву бародарии тамоми тоҷикон ва халқҳои Тоҷикистон аст.
Хотиррасон кардан ва таъкид намудани Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сайре дар таърихи гузашта ва даҳсолаҳои начандон дур, ки бо вуҷуди монеаҳои зиёди маънавӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ниёгони мо баҳри баланд бардоштани савияи маънавии халқ, ташаккул додани ҳисси ифтихор аз Ватани маҳбуб ва бо алоқаи мустаҳкам ба ҳам пайвастани афроди миллат аз худ намунаҳои барҷастаи фидокорӣ ва қаҳрамонӣ нишон медоданд, бар он равона карда шудааст, ки зиёиёну равшанфикрон, ҳунармандон, роҳбарони иттиҳодияҳои эҷодӣ, шоирону нависандагон ва, умуман, ҳар касе, ки ободии Ватан ва ваҳдату ягонагии халқи кишвар барояш азиз аст, аз мушкилоти мавҷуда наҳаросида, фаъолияти хешро аз доираи маҳдуди маҳаллу минтақа ба фазои умумимиллӣ ироя диҳанд. Дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқии як минтақа ё маҳал ба таври мустақим мавриди табодул бо аҳолии дигар маҳаллу минтақаҳои ҷумҳурӣ қарор гирад. Хурсандиовар аст, ки дар заминаи дастурҳо ва нишондодҳои Президенти мамлакат корҳои зиёде ба марҳалаи иҷро расидаанд. Рӯзҳои фарҳангу маданияти Бадахшон дар Душанбе, ҳафтаи фарҳангу ҳунари вилояти Суғд дар вилояти Хатлон ва, баръакс, сафари кишоварзони ноҳияҳои вилояти Хатлон ба вилояти Суғд, сафарҳои ҳунарии театрҳои касбии вилояти Хатлон ба Душанбе ва ба дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва даҳҳо чунин маъракаи муҳим ба сифати беҳтарин намунаҳои рушду густариши робитаҳои доимии байни минтақаҳо ва маҳалҳои Тоҷикистон хидмат мекунанд.
Вазифаи дигаре, ки Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳалли онро муҳим мешуморанд, ин ҷараён додани роҳу усули баҳрабардории тамоми мардуми Тоҷикистон аз ҷойҳои таърихӣ ва музейҳои шаҳру навоҳии мухталифи мамлакат аст.
Ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, ки мазҳари таърихи қадимтарин ва гаҳвораи тамаддуни нажоди ориёӣ аст, дар ҳадди аксари минтақаҳо ҷойҳое ҳастанд, ки нишонаҳои ҳунари воло, катибаҳо, олоту афзори ниёгон дар асари ҳафриёти бостоншиносон аз қаъри хок берун шуда, бо забони безабонӣ аз шукӯҳу таҷаммули рӯзгорони дури пешиниён ҳикоятҳои аҷибе мекунанд.
Натиҷаҳои ҳафриёти бостоншиносӣ ва шарҳу тафсири мукаммали онҳо дар китобҳои зиёд ва дар авроқи бешумори ҳисоботи илмӣ сабт шудаву маҳфузанд. Онҳо, бидуни шубҳа, чун сарчашмаҳои дороии илмӣ барои миллат хидмат мекунанд. Вале бозёфтҳои бостоншиносӣ ва натиҷаҳои тадқиқоти таърихиро дар хидмати умум ва мавриди мушоҳидаи бевосита қарор додан ба мақсаду ҳадафҳои рӯз мувофиқ аст.
Созмон додани рӯзҳои музейи як минтақа ё як шаҳр дар шаҳру ноҳияи дигар дар кори осон намудани шиносоӣ бо бозёфтҳои таърихӣ ва кишваршиносӣ хеле судманд хоҳад буд. Бигузор, масалан, кормандони музейи вилоятии шаҳри Хуҷанд экспонатҳои марбут ба таърихро барои чанд муддат ба маркази вилояти Хатлон биоваранд. Ё ин ки музейҳои шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ҳамин гуна экспонатҳоро барои чанд ҳафта дар маърази тамошои хуҷандиён ва бошандагони шаҳру ноҳияҳои ҳамсоя қарор диҳанд.
Роҳи дигари ҳалли масъалаи шиносоии тоҷикистониён бо осори бостоншиносии минтақаҳои мухталифи мамлакат тартиб додани албомҳои бостоншиносӣ бо шарҳу тафсири мукаммал ва бо забони содаву равон ва роҳнамоҳои шаҳрҳои бостонӣ ва ҷойҳои таърихӣ аст.
Воситаи дигари муассир ва мувофиқ тартиб додани барномаҳои махсуси телевизионӣ бо ҷалб намудани бостоншиносон ва олимони риштаи таъриху фалсафа аст. Бардоштани филмҳои мустанад ва ё ба забони тоҷикӣ баргардонидани чунин филмҳое, ки дар хазинаи кинои тоҷик мавҷуданд, дар ҳалли масъалаи мазкур то дараҷае саҳм мегузоранд.
Барои ҳар як шахси аз таърихи миллат андаке огоҳ маълум аст, ки халқҳои тоҷику эрониву афғонистонӣ пешинаи муштарак доранд ва зиндагиашон аз як сарчашмаи пурфайзе, ки аҷдоди умумиамон ба вуҷуд овардаанд, шодоб аст. Дар замони дури таърихӣ - мазҳари асотиру ривоятҳои муъҷизанамо, - ки ҳатто таърихшиносон дар абҳоми он раҳгум мезананд ва умри сарчашмаҳои ахлоқиву маънавии аҷдоди моро гоҳо ба ҳафт ҳазор сол ва баъзан ба шаш ҳазор сол муайян мекунанд, ниёгони мо дар паҳнои бузурге, ки имрӯз якчанд давлатҳои мустақил ҷой гирифтаанд, дар давраҳои мухталиф ба авҷи тараққиёте, ки ҳатто аз нигоҳи имрӯз касро ба ҳайрат меоварад, расида будаанд.
Нишонаҳои ин тамаддуни баланд, ки дар шакли харобаҳо пас аз ҳуҷуми лашкари юнонӣ ва сипас дар асари харобкориҳои шадиди арабҳо боқӣ мондаанд, қисман дар ҳудуди Тоҷикистон ва Эрон воқеъ ҳастанд. Баҳрабардорӣ аз осори зерихокӣ, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, ба ҳар навъе, барои миллати тоҷик дастрас ҳаст. Аммо осори зерихокӣ, сангнабиштаҳо ва боқимондаҳои хароби Чиҳилсутун, Тахти Ҷамшед, Бесутун, Нақши Рустам, Истахр (Персиполис), Наҳованд, ки намунаи барҷастаи ҳунари воло ва маданияти баланди ниёгон мебошанд, ба далели равшани дар фазои мустақили сиёсиву ҷуғрофӣ воқеъ буданашон аз дидаҳои тоҷикон пинҳон мондаанд. Ва низ ба ҳамин сабаб аст, ки тоҷикон наметавонанд оромгоҳи бузургони илму адаби хешро зиёрат кунанд ва бӯйи турбати пурғурбати онҳоро эҳсос намоянд.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои техникӣ ва полиграфӣ ин монеаҳоро бартараф намуда, бо воситаи табъу нашри албомҳо ва ба навор бардоштани ҷойҳои алоқаманд бо зиндагӣ ва оромгоҳҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол пайванди бештари гузаштаву имрӯзро ба даст биоварем.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки чун дар Эрон, ки аз оромгоҳи бузургон соле зиёда аз панҷ-шаш миллиён алоқамандони таъриху тамаддун ва шефтагони шеъру ҳикмати олии ниёгон дидан мекунанд, мақбараи устод Рӯдакиро ба зиёратгоҳи ҳар шахси ватандӯст ва қадршиноси рисолати бузурги устоди шоирони Аҷам табдил диҳем. Муҷассамаҳои Исмоил Сомонӣ, устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, устод Айниро дар ҳолати олии меъморӣ ва таҷаллои дархури шаъну эътибор ва мақому мартабаи таърихиашон нигоҳ дорем. Вале самимитарин арзи сипос аз ин симоҳои бузурги таъриху Ватану миллат гиромидошти ғояҳои ватандӯстӣ, озодиву истиқлол ва ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон аст.
Ҳалли масъалаҳои мазбур, ки аз нишондодҳои Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, заминаи боэътимоде барои парвариш ёфтани ҳисси худшиносӣ, ифтихори таърихӣ ва ваҳдату ягонагӣ хоҳад шуд.
Зафар Сайидзода
мудири шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои