АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Пешвои миллат-парчамбардори миллат

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Чанде  қабл  тамоми расонаҳои  бонуфузи байналмилаливу  минтақавӣ  хабари  муҳимро  оид  ба  сарфароз  гардонидани  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат – Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бо нахустин мукофоти  олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»  пахш карданд. 

Тавре  маълум  аст,   мукофоти  мазкур бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ,  ба  Пешвои  миллати  тоҷикон  дар  фазои  тантанавӣ  аз  тарафи  Президенти  Туркманистон  Гурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов  супорида  шуд.

Дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов  ширкат  варзида,  суханронӣ  намуданд.

Ба ақидаи  банда,  ин мукофот дар арафаи таҷлили 30-солаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи бузурге барои мардуми Тоҷикистон аст. Мо бояд ифтихор кунем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гирифтани нахустин мукофоти олии “Нишони  фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сазовор  гардиданд.

Воқеъан  ҳам, Пешвои  миллатамон  ба  ин  мукофот  арзандаанд. Маҳз бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷии Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ сазовори эҳтиром ва нуфуз аз ҷониби ҷомеаи чаҳонӣ гардид. Ҳамин сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои ҳамешагии дар ҷаҳон эътирофгардидаи Президенти Тоҷикистон ва кӯшишҳои ҳалқи тоҷик барои таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд, ки бо дастгирии СММ ва дигар созмонҳои байналмилаллӣ, дар кишвар   сулҳу  осоиштагӣ  барқарор  шуд  ва  дар  давоми 30 соли  истиқлолияти  худ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  дастовардҳои назаррас  ноил гардид.

Яке аз дастовардҳои бузург таҳкими равобити байналмилалӣ ва ҳамкориҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик, Амрико, Аврупо ва Африқо мебошад. Самти асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналмилаӣ сиёсати “дарҳои боз” мебошад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон    пиёда  карда  мешавад.

Ба  туфайли  ин  сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои  миллат  обрӯю  эътибори  кишвар  дар  ҷаҳон ба маротиб боло  рафтааст. Имрӯз  тоҷиконро ҳамчун  кишвари  демократӣ, ҳуқуқбунёд  ва  дуниявӣ  мешиносанд  ва  бо  он  доду гирифту  рафтуомад  мекунанд. 

Умедворам, ки  Пешвои  миллатамон  дар  оянда  низ  баҳри таҳкими  сулҳу  субот дар кишвар  ва  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  хизматҳои  шоёнтаре  мекунанд  ва  сазовори   мукофотҳои  аз  ин  ҳам  баландтар  мегарданд.

 

 

Хоҷаев  Ҳ.Ҳ. корманди илмии

шуъбаи  Осиёи Марказии

ИОМДОА АМИТ

09.08.2021

 

БОЗГАШТ