АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПОСДОРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПОСДОРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

(дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва ходимони дин)

Дар таърихи 9 марти соли равон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, маънавиёту маърифатии мардуми мамлакат ба таври шоиста ва зарурӣ матраҳ гардид, ки хеле бамаврид аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон қайд карданд, ки “Дини мубини ислом гуногунзабонӣ, гуногунфикрӣ ва дорои фарҳанги мухталиф будани халқу миллатҳоро эътироф кардааст. Ва иқтибос аз Қуръони маҷид оид ба ин матлаб ояти 13-уми сураи “Ҳуҷурот” меоварад, ки чунин аст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ҳамдигарро бишносед...». Яъне дар шакли қавмҳо ва қабилаҳо будани инсонҳо иродаи Парвардигор буда, онҳо аз якдигар маҳз бо миллият, расму ойин, забону фарҳанг, либоси ба худ хос ва дигар унсурҳо бояд фарқ кунанд, вагарна, аз кадом қавму қабилаву миллат будани инсонҳо номаълум хоҳад монд. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб яке аз масъалаҳои доғ барои ҷомеаи мо мебошад.  

Боиси таассуф аст, аксари заноне, ки дар солҳои охир адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд”.  

Ҳоло он, ки мо тоҷикон дар баробари дигар қавму қабилаҳо бо миллият, расму ойин, забону фарҳанг, либоси ба худ хос фарқ мекунем. Аз ин рӯ, эҳтироми либоси миллӣ қарзи ҳар яки мо мебошад, ки чунин миллати дорои таърих ва тамаддуни ғанӣ доро ҳастем. Пас мо тоҷикон дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем, ҷаро тақлид ба либоси бегона мекунем. Ҳоло он, ки ифодагари назокату малоҳати бонуи тоҷик либоси миллӣ буда, дар тамоми олам маҳз бо атласу адрас, чакан ва либоси сафед бо нақшу нигори сурхи бадахшӣ мешиносанд. Солҳои охир теъдоди занҳо ва ҷавондухтарон ба сӯйи бегонапарастӣ ва ба бар кардани либосҳои ба миллати мо бегона афзуда истодааст. Ин ҳама аз тамошои филмҳои хориҷӣ ва тақлид ба ҳунарпешаҳои хориҷӣ мебошад, ки ба фарҳанги мо таъсири манфӣ мерасонад. Дар анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо либоси сиёҳ дар рӯзи мотам ба бар мекарданд. Лекин имрӯз мебинем, ки занону ҷавондухтарон ҳиҷобу сатри сиёҳро эътироф карда истодаанд. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим бонувони мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ ба мардуми мо куллан бегона аст.

Президенти кишвар дар ин масъала бо маврид таъкид намудаанд: “Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.

Тавре ки имрӯз мушоҳида мекунем, гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд.

Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар таърихи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад.

Модарону бонувони мо низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем.

Магар ба ҷойи тақлид ба либоси бегона босаводу боиффат будан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дарки ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳанги либоспӯшии миллӣ беҳтар нест? 

Барои занон ва ҷавондухтарон зарур аст, ки ҳангоми интихоби либос урфу одатҳои миллиро ба назар гиранд аз пайи либосҳои бегона нашаванд. Чи хеле ки дар боло қайд карда будем, тамошои филмҳои хориҷӣ ва тақлид ба ҳунарпешаҳои хориҷӣ ба фарҳанги мо таъсири манфӣ мерасонад. Нафақат либос, балки давлатҳои қудратманди исломӣ неруи нармро истифода карда кино, мусиқӣ, хӯрокворӣ ва амсоли инро густариш ва паҳн карда истодаанд. Чунин падидаҳои номатлуб ба арзишҳои миллии мо бегона мебошанд.

Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин Кумитаи кор бо занон ва оиларо вазифадор кардаанд, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд.

Хулоса, дар чунин шароити ҳассоси ҷаҳоншавии фарҳангҳо мо бояд барои аз даст надодани миллият, расму ойин, забону фарҳанг, либоси миллӣ ба монанди гузаштагонамон ҷоннисорӣ кунем. Аз ин рӯ, ба мо занону духтарони тоҷик лозим меояд, ки ба қадри либоси миллиамон бирасему эҳтироми онро ба ҷо орем, чунки зани тоҷик дар ҳама давру замон посдори либоси миллии худамон будааст ва бояд ҳамин нақши муҳими худро ҳаргиз аз даст надиҳад.

Дороншоева Н.Ш.

н.и.с., мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ