ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Муаллиф: Давлатова Фарида

Расм

Дар тули 20 соли охир пиряхҳои ғарби Тён-Шон – Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон – 27 дар сад коҳиш ёфта, обшавии онҳо идома дорад. Дар Африқо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон вазъ боз ҳам ташвишовартар буда,  Антарктида ҳар сол ба ҳисоби миёна 150 миллиард тонна массаи яхро аз даст медиҳад. Сарпӯши яхпора зуд-зуд об шуда, ҳамасола 270 миллиард тоннаро аз даст медиҳад. Ҳаҷми умумии обшавии ях дар як сол ба қабати ях бо баландии панҷ метр баробар аст.

То соли 2050, сарфи назар аз кӯшишҳои маҳдуд кардани баландшавии ҳарорат, пиряхҳо дар сеяки 50 объекти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз байн рафта, айни замон, онҳо ҳамасола 58 миллиард тонна яхро аз даст медиҳанд, ки ба истеъмоли умумии солонаи оби Фаронса ва Испания баробар аст. Обшавии онҳо сабаби тақрибан панҷ фоизи болоравии сатҳи ҷаҳонии баҳр мебошад.

Дар ҳудуди 50 объекти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО 18 600 пирях бо масоҳати умумии тақрибан 66 ҳазор километри мураббаъ мутамарказ аст, ки ин 10 фоизи масоҳати умумии пиряхҳои Замин аст. Дар байни онҳо пиряхҳои дар баландии баландтарин дар наздикии Эверест буда, дарозтарини он дар Аляска ва охирин пиряхҳои боқимонда дар Африқо ҷойгир аст. Пиряхҳо ниёзҳои бисёр одамонро дар соҳаҳо, аз қабили об, кишоварзӣ, гидроэнергетика ва сайёҳӣ таъмин мекунанд, аз ин рӯ дақиқ пешгӯӣ кардан ва ба нақша гирифтани он муҳим аст.[2]

Мувофиқи таҳлили пурраи илмии то имрӯз гузаронидашуда, пиряхҳои ҷаҳонӣ дар зери таъсири тағйирёбии иқлим аз ҳарвақта зудтар об мешаванд. Пиряхҳои кӯҳӣ ҳамчун манбаи оби тоза барои миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон хизмат мекунанд ва дар дохили худ оби кофӣ нигоҳ медоранд, то сатҳи уқёнусҳои ҷаҳонро 32 см баланд бардоранд, агар онҳо пурра гудохта шаванд. Аммо, аз аввали аср онҳо зиёда аз 6500 миллиард тонна ё 5 фоизи яхҳои худро аз даст доданд ва суръати обшавӣ меафзояд. Дар даҳсолаи охир талафоти пиряхҳо нисбат ба солҳои 2000-2011 беш аз сеяк зиёдтар буд. [4]

Бояд зикр намуд, ки идомаи ҳаёти зиёда аз 2 миллиард нафар, аз ҷумла бисёр мардуми бумӣ, аз обшавии ях ва барф вобастаанд. Ин равандҳо онҳоро бо об барои нӯшидан ва кишоварзӣ таъмин мекунанд. Ҳифзи пиряхҳо барои суботи экологӣ ва иқтисодӣ зарур аст.

То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, беш аз ҳазори он пурра об шуда, суръати обшавии онҳо меафзояд. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста кишвари моро дар арсаи байнаммиллалӣ ҳамчун кишвари ташаббускорӣ ва дорои таваҷҷуҳи хосса дар ҳалли мушкилоти сайёра оид ба масъалаи об муаррифӣ намудааст. Ҳанӯз 3 – уми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва дар масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуда,  қайд карда буданд, ки «обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад».

Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии иқлим маънидод карданд. Таъкид карданд, ки «мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани пиряхҳоро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд». Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки «вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст».

Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат доир ба дипломатияи об дар тӯли зиёда аз 20 соли охир аз ҷониби СММ пайваста дастгирӣ меёбанд. Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- Эълон гардидани «21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»[1];

- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

- Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон санаи 28-уми декабри соли 2024 қайд намуданд «кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид мизбони аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.» [3]

Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ин иқдоми наҷибона ва ташаббуси Сарвари тоҷикон бори дигар исбот менамояд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди хамсоякишварҳо буда, пайваста саъю талош меварзад, то дар ҳалли глобалии масъалаҳои  марбут ба об саҳми беназир гузорад.

ДАВЛАТОВА ФАРИДА

ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ