АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Пешвои миллат ва марҳилаи тақдирсоз дар шинохти ҳуввияти миллӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Истиқлолият калимаи зебоест, ки тавассути зикри он тасвири кишвари озоду мустақил пайдо мешавад. Моҳи декабри соли 1991 баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ қадами аввали мустақилият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон оғоз гашт, ки ҳеҷ кишвари Осиёи Марказӣ қаблан чунин мухториятро соҳиб нашуда буданд. Замоне буд, ки кишвар аз як тараф ба шинохти ҳуввият майлон дошт ва аз тарафе дигар ба кашмакашҳои таҳмилӣ таҳрик мешуд. Ба андешаи баъзеҳо кишвар аз пасомондатарин минтақаи Осиёи Миёна буд.

   Охирҳои соли 1980 ва аввалҳои соли 1992 буд, ки шиорҳои ошкорбаёнӣ ва озодӣ аз ҷониби роҳбарони собиқ Шӯравӣ оғоз шуд ва Тоҷикистонро ба сӯи шинохти миллатсозӣ бо тарзу муносибатҳои ноустувор равона мекард. Ин маҷроҳои ноҳамвору бесубот зери сарпарастии бегонаситезон кишварро рӯз то рӯз ба самти норушан ва ноором кашондан мегирифтанд ва кор ба ҷое расид, ки ҷони зиёда аз ҳазор шахс талаф ёфт ва миллионҳо хасорати иқтисодӣ бар ҷой гузошт. Талошҳои гурӯҳҳои сохта барои озодӣ ва ҳуввиятсозӣ вазъияти кишварро боз ҳам ваҳимтару ваҳшатноктар мекард ва мардумро ба тарафи парокандагӣ ва ҷудоихоҳӣ мебурд. Вазъият ба ҷое расида буд, ки дар ҷомеа ноадолатиҳои иҷтимоӣ афзудан мегирифт ва ноилоҷ бисёре аз мардум ба сӯи кишварҳои ҳамсоя муҳоҷират карда, хонаву фарзандони худро тарк карданд. Ҳамин солҳо буд, ки бо раҳму меҳрубонии Худованд болои мардуми ҷафокашидаву ранҷур боли тараҳҳум ва меҳрубониашро кушода, донаи файзу баракат ва нуру саодатро болои осмони кишвар чош диҳад. Бо лутфу карами худовандӣ ин донаи муборак ба кишвар афтод ва файзи он низ ба машоми яке аз фарзандони фарзонаи миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расид ва ӯ сабаб шуд то миллатро аз ҳалокат наҷот диҳад. Бо ҳувайдо шудани ин фарзанди фарзонаи миллат,Тоҷикистон чандин марҳиларо тай намуд, то такомул ва рушд намояд.

   Вуруди ин фард аз марҳалаи нахустин қадам дар созандагии миллат буд, ки зоҳир шуд ва ин фарзанди баруманд кишварро аз самти ҷаҳолат ва разолат ба сӯи илму шарофат кашол дода, талошу мубориза кард, то ҳамаи халқ ҷафокашидаро аз дори ғурбату дарбадарӣ, ба дори улфату меҳрубонӣ биёварад. Замоне буд, ки дар аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ кашмакашҳои сиёсиву иҷтимоӣ рух медод ва гоҳу ногоҳ асароти мусбату манфии онба мардуми кишвар таъсир мерасонд.

   Таҳлилгарон Кирил Нурҷанов ва Крисшан Блеур воқеаҳои он даврро чунин баррасӣ карданд: "Охирҳои соли 1980 ва аввалҳои соли 1990 вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии дар Тоҷикистон ноустувор буд. Корбурдони гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарони сиёсӣ барои тағйири вазъ талош мекарданд. ...Аммо баъди чанд муддате вазъ нооромтар шуд ва тақсимбандии гуруҳӣ ва минтақавии кишвар оғоз шуд". (“Tajikistan: Political and Social History” by Kirill Nourzhanov and Christian Bleuer, Australia National University, 2013”)

   Ин вазъи нооромро қаҳрамони миллат андешида, боз як бори дигар бо шаҳомату ҷасури дар ҷаласаи таърихсози қавм аз ҷой бархост ва ба халқи худ чунин хитоб кард: "То замоне, ки дар бадан ҷон дорам барои озодӣ ва ободии халқу ватан ҷонамро фидо мекунам ва ҳаргиз иҷозат намедиҳам,ки душманон ба он хадша зананд". Ин иқдоми дуввум буд, ки ин фарзанди абармарди кишвар барои созандагии миллат талошҳо варзид то ватанро аз парокандагӣ ва ҷудоӣ муҳофизат намояд.

   Бо ҳамин нияти нек барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан иқдомҳои наҷибу чорасоз, қадамҳои қавитар гузошт ва миллатро ба самти созандагӣ ва ободонӣ роҳнамоӣ кард. Аммо ҷои таассуф буд, ки дар ҳамон шабу рӯз вазъияти минтақа дар муҳити инқилобӣ ва фарозу нишебиҳо қарор дошт ва афроди ситезаҷуй ва тангназар аз марҳалаҳои санҷишӣ барои рушд ва нумуи миллатсозӣ истифода карда, кишварро боз ба сӯи торикӣ ва ҷаҳолат таҳрик карданд ва талошу муборизаҳои ташаббусозӣ ин фарзанди барумандро нодида гирифтанд. Вале ин абармарди таърих боз як маротиби дигар дурандешона фикр кард ва вазъро таҳлилу баррасӣ карда, боз дубора роҳи наверо барои наҷоти миллат интихоб кард. Ин роҳ хело душвортару сангинтар буд,зеро аз як сӯ ташаббусҳои миллатсозӣ идома дошт ва аз суи дигар инқилобҳои носозгори дохиливу қавмӣ идома доштанд. Дарку фаҳми дурусти вазъият хело душвортар буд ва ҳар кас онро ба таври худ шарҳу баррасӣ медод. Вале ин абармарди таърих қадами худро устуворона гузошта, боз маротибаи дигар ба шири модарон қасам ёд кард ва барои наҷоти ватану миллат марҳалаи наверо барои созандагии миллат оғоз кард. Ин абармард барои таҳкими субот ва ободии кишвар сари мизи гуфтугуҳо нишаста, аз ҳамаи афроди ҷомеа дархост кард, ки барои амният ва ваҳдати ватану миллат саҳмгузоранд ва роҳ надиҳанд,ки душманони дохиливу хориҷӣ ба роҳи интихобкаради мо, ки рушд ва нумуи миллат ва созандагии он аст, халал расонанд.

   27-ум июни 1997 дар саҳтифаи таърихи миллат санаи наверо сабт кард, ки то имрӯз намунаи ибратсоз барои тамоми ҷаҳониён гаштааст. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки барои ободӣ ва созандагии миллат роҳнамоӣ ва роҳбарии фарди боинсофу нексиришт зарурат аст, то тавонад халқашро ба қуллаи мурод бирасонад. Намунаи онро метавон дар суботу оромии кишвар дид, ки имрӯз аксари сайёраи олам аз ин неъмат бенасиб монда, дар ранҷу азоб қарор доранд.

   Таҳлилу баррасиҳои гуногун нишон медиҳад, ки бисёре аз кишварҳои ноамн ва ноором аз надоштани роҳбари одилу нексиришт азият мекашанд ва лиҳозо масоили ватаниву қавмии худро наметавонанд тавассути гуфтугуҳо ҳаллу фасл намоянд.

   Барои аз парокандагӣ ва ҷудоии миллату қавм фарде ё нафаре зарур аст, ки шабҳо бедорхобӣ кашида, халқашро аз таҳлука наҷот диҳад.З еро дар ҳар ҷомеа ва кишвар афроде ҳастанд,ки намехоҳанд қавми дорои тамаддуну фарҳанг, маърифату матонат ва шоистагиву ҷасорат дар ҷаҳон шуҳрату шаҳомат пайдо карда, чун кишвари озоду соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намоянд.

   Миллати мо ифтихор аз он мекунад, ки дар худ чунин фарзанди фарзонаеро тарбият кардааст, ки ояндабин ва дурандеш буда, дар ҳама ҳолот талош кард, ки халқу ватани худро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад ва дасисаву макри душманони ватанро ошкор созад, то мардуми кишвар роҳи дурусту устуворро пеша карда, аз паси макру ҳиллаи нохалафони дохиливу хориҷӣ нараванд. Ин марҳали дигаре буд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар созандагии миллат иқдому барномасозӣ кард ва Тоҷикистонро чун яке аз амнтарин минтақаи ҷаҳон гардонд.

    Бо ҳамаи ин фарозу нишебҳо Тоҷикистон бо талошу сарварии роҳбари бо инсофу ватанпарвар тавонист кишварро аз сахтгароӣ ба нармгароӣ,аз ҷангҷуӣ ба сулҳу оромӣ ва аз зулму ҷаҳолат ба илмуомузиву адолат бирасонад. Ин талошу муборизаҳо барои ҳифзу нигаҳдории ватани азиз буд,ки имрӯз дар арсаи ҷаҳон чун кишвари соҳибфарҳангу мутамаддин шинохта шудааст.

   Хулоса, Тоҷикистону озоду соҳибихтиёр аввалин маротиба моҳи сентябри соли 1991 мактаби миёнаро тамом карду ба донишгоҳ дохил гашт. Аз соли 1997 то соли 2017 ин ҳама марҳалаҳоро паси сар кард ва ҳоло омодагии ба имтиҳонҳо қарор дорад, то онҳоро бо мувафаққият биспорад. Ин донишҷӯи бозаковат бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замонҳо дар марҳалаи курсҳои такмили омодагӣ мебинад, то тавассути ин омӯзишҳо тавонад боз якбори дигар масоили умдаи ватану миллатро баррасӣ карда, ташаббуси созандагии ҳуввиятшиносиро ба мардум тафҳим намуда, онҳоро аз дасисаҳо ва макру фиреби душманони дохиливу беруна огоҳӣ дода, ба онҳо дарси ибрат ва хештаншиносӣ биёмузонад.

   Боварии комил дорем, ки ин донишҷӯ мароҳилаҳои ҳассосу хатарнок ва чорасозро низ паси сар хоҳад кард ва сарбаландона боз ба қуллаҳои болотар хоҳад расид, зеро тамоми донишҷуён аз мактаби дарси донишу сулҳи устоду хиради фарзанди фарзонаи миллат сабақ омӯхта, хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллиро таълим гирифтанд ва ҳеҷ гоҳ мардуми бонангу номуси ин миллати ҷафокашида иҷозат намедиҳанд, ки кишвар боз ба вартаи ноамнию носуботии ҷаҳон табдил ёбад.

   Мирсаид Раҳмонов,

корманди Институт

БОЗГАШТ