АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Эъмори ҳар давлатро бидуни оромиву субот тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вале бо амри тақдир барои баъзе аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ он дар майлонҳои ноозмуда рӯи кор омад, ки таърих мисолашро ёд надорад.    Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди чунин шахс пайдо шуд. Ин шахс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Пешвои миллат намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ як амри воқеӣ буд.
   Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ 35723 хона вайрон гашта, даҳ миллиард хисороти пулӣ расид, 25000 бесаробон, 53000 бепадар, 150000 - 200000 маҳкуми марг шуданд. Гузашта аз ин, 60 ҳзаор ба Афғонистону 195 ҳазор шаҳрванд ба давлатҳои собиқ Шуравӣ фирорӣ шуданд. Шояд ин қисмат буд, ё ки сабақи нави таърих, ки дар билоди мо тоҷикон боди бисёр ҳам тезу тунд вазид. Ҳарчанд бисёре аз фирориён ба Ватан баргашта бошанд ҳам, вале теъдоди каме аз онҳо дар Русия, Ҷопон, Куриё, Қатар, Яман ва кишварҳои дигар сокин шуда, имрӯз робитаҳои қавӣ бо Ватани худ–Тоҷикистон доранд. Мувофиқи маълумоти дақиқ, он ҳангом 79% мусофиронро дар ин ё он кишварҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медоданд, ки аз онҳо 39%-ро мардони аз 40 то 50 сола ташкил менамуданд. Чуноне, ки аз далелҳо бармеояд, бо вуҷуди ҷангу ҷидолҳои дохилӣ мардум дар пешрафт ва ободии Ватан ҷаҳду талош менамуданд. Вале ногуфта намонад, ки қисмате аз онҳо, тибқи гузориши рӯзномавии собиқ сафири мухтор ва фавқулодаи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов, дар муддати 1 сол 4 ҳазор тоҷикон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Хушбахтона, чанде нагузашта нерӯҳои солим боло гирифт, асолати аҷдодӣ дар дилу дидаҳо равшанӣ овард. Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози 16-ум доир гардид, ки он пайки наве дар мазҳари армонҳои миллат буд.
   Фарзанди барӯманди халқи тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ин марзу бумро дар сангинтарин марҳала ба дӯши худ гирифтанд ва изҳор доштанд, ки барои халқу Ватан, барои осудагӣ ва ободии он донишу қувваи худро дареғ намедоранд. Маҳз ҳамин ҷонфидоӣ ва диловарии Пешвои миллат буд, ки дар дили миллионҳо тоҷику тоҷикистониён шуълаи умеду орзуҳо аз нав фурӯзон гардид. Дар Тоҷикистон сапедӣ бар сиёҳӣ пирӯз меомад. Соли 1994 бо созмон дода шудани музокироти тоҷикон марҳалаи нав оғоз гардид. Дар ин замина қадам ба қадам барои иҷрои мақсадҳои ниҳоӣ шароит муҳайё мегардид. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 барои муттаҳид гардидани тоҷикон дар шаҳри Москва байни ҳукумати қонунии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ва сардори мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ санади ояндасози миллат-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоият ба имзо расид.
   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии кишварро бар дӯши худ гирифта буданд, аз аввалин рӯзҳои фаъолияташон роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии кишвар муайян намуданд. Пешвои миллат дар яке аз аввалин изҳороташон усули аслии фаъолияти роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сифат намуда буданд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии ҷомеамонро бо роҳӣ зӯрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас».

   Яке аз дастовардҳои бузурги ин санади тақдирсоз ба кори азнавсозӣ ҷалб гардидани 6890 силоҳдор ва дар ободонии Ватан камари ҳиммат бастани онҳо ба шумор меравад, ки он дар ҷаҳон чун намунаи ибратомуз эътироф ёфтааст.
   Ваҳдати миллӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат шодиву фараҳ овард. Он чун нушдорӯе дар ҷисму ҷонҳои хаста рӯҳу тавон бахшид, ки самарашро ҳамарӯз мо бо чашми ақл мушоҳида мекунем. Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистон на танҳо ободу зебо мегардад, балки дар пешрафти ҷомеа гомҳои устувор дорад, ки пеш аз хама, аз самари ин санади тақдирсоз замина гирифтааст.
   Моҳияти хидматҳои бузурги Пешвои миллатро дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Тоҷикистон медонем ва иқрор бо онем, ки ҳар фарзанди фарзона соҳиби унвони қаҳрамони кишвар ва пешвои асри XXI шуда наметавонад.
   Дар марҳалаи нави бунёди давлатдории муосири Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар он зоҳир мегардад, ки дар симои шахсияти беназири таърихӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои башарӣ - адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ таҷассум ефтанд ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
   Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар интиҳои асри бист аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
   Ҳалқу миллати тоҷикро Худованд назари нек кардааст. Зеро ин таъриху фарҳанг, ин миллати куҳанбунёд воқеан ниёзманди ин гуна сарвару пешвое буд, ки дар садри давлат онро аз вартаи нобудӣ ба шаҳри умеди орзуҳо раҳнамун созад. Имрӯз ин миллат бо камоли ифтихору сипос ва бо сарбаландиву худшиносии миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои худ ном мегирад. Пешвое, ки миллатро сарҷамъу муттаҳид, Ватанро хонаи умеди тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ, кӯҳистони моро воқеан ба Боми ҷаҳон мубаддал намуда, ба тоҷикон ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ, муҳаббатро ба арзу буми бобои ато кард.
Азимҷон Раҳмонзода,
муовини директори Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АИ ҶТ
(Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи
«Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан»)

БОЗГАШТ