АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Муаллиф: Махмедов Муҳаммадҷон

Расм

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд»[1].

Дар муддати 27 сол сулҳу Ваҳдат дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонда ва ниҳолаш боровар гардида истодаст. Барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқи таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, бохабар будан аз вазифаҳои муқаддасоти ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, қудрату тавоноӣ, сарҷамъию ҳамбастагӣ ободию осудагӣ ва эҳёгари фарҳангу хотираҳои таърихӣ ва шахсиятҳои мондагор буда, як мактаби бузургро бунёд намудаанд.

Истиқлолият ва Ваҳдат бузургтарин арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, дар шароити Истиқлолият, Ваҳдат ва ягонагӣ инсон озоду осуда зиндагӣ намуда, худро ҳамчун миллат мешиносанд. Фарди худшиносу худогоҳ инкишоф дода, Ваҳдати миллӣ раванди ташаккулёбии миллатро омили асосии унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ваҳдати миллиро ташкил медиҳад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки сулҳ дар кишвар танҳо дар асосӣ таҳаммулпазирии қувваҳои гуногун ва баргаштани ҷомеа ба давлати навбунёд мебошад, Таърих исбот менамояд, ки зиндагии шоиставу сазовори мардум ва рушди босуботи ҷомеа танҳо ҳангоми пойдории Ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.

Хушбахтона, бо шарофати сиёсати хирадмандона, азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳ пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад. Ин бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият буда, ҳеҷ неъмате баробари сулҳ ва Ваҳдати миллӣ нест. Ҳатто истиқлоли кишваре, ки дар он сулҳу субот ва ваҳдати комили ҷомеа пойдор набошад, наметавонад аркони давлатдорӣ ва низоми сиёсиро дуруст амалӣ кунад.

Имрӯз мо насли ҷавон бояд он эътимодеро, ки Ҳукумати кишвар нисбат ба мо доранд, ҷавобгӯ бошем ва ин аз мо масъулияти баландро дар назди Ватан - модар ва ҷомеаи азизамон талаб менамояд ва моро вазифадор месозад, ки бо нерӯи созандагиву бунёдкор пайи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми саҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши худро гузорем. Танҳо бо ин васила мо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми мамлакати худро дар байни дигар кишварҳои олам зина ба зина боло бардорем.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодони ботаҷриба дарсҳои сиёсию ҳуқуқи дар байни аҳли илм ва донишҷӯёну магистрон мегузаронанд, ки он омили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва бедор намудани ҳуввияти миллӣ дар байни ҷавонон мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони роҳбарии худ як қатор тадбирҳо андешидаанд, ки ба таҳкими ваҳдату субот дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ мебошад. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги мо дар ин роҳ натиҷаҳои матлуб ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад. Зеро, он роҳ ва намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқуъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо омилҳои дигар низ метавонанд таъсири худро расонанд. Аз ҷумла, нақши Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон, дигар сохторҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дар ин Шуро ба ҳам омаданд, дар роҳи муттаҳид намудани нерӯҳои солими ҷомеа назаррас мебошад. Таъсири Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ширкати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон бузург мебошад. Таърих кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин як мӯҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва Ватан ба сарзамини амн ва халқу миллат ба як воҳиди том таҳти арзишҳои миллӣ муттаҳид гарданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ сиёсати ризоияти байни миллатҳо ва таҳаммулпазириро фаъолона дастгирӣ мекунад. Дар Тоҷикистон миллатҳои зиёде зиндагӣ мекунанд ва ҳукумат барои ҳамзистӣ ва ҳамкории фарҳангу мазҳабҳои мухталиф шароит фароҳам меорад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ байни қавмҳо даъват намуда, аз сиёсати ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди тамоми бахшҳои ҷомеа ҷонибдорӣ мекунад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисод барои коҳиши мизони камбизоатӣ ва беҳбуди шароити зиндагии шаҳрвандон тадбирҳоро амалӣ мекунад. Вай ба инкишофи зерсозтори маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ фаъолона ёрӣ мерасонад.

Ҳамин тариқ, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Ваҳдати миллӣ дар ҳалли низоъҳо, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон беназир мебошад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари тадбирҳои зикршуда ба рушди маориф ва фарҳанги миллӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Он таъсис ва рушди муассисаҳои таълимӣ, инчунин таъмини дастрасии ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба таҳсилоти босифатро дастгирӣ мекунад. Ба ин сохтмони мактабҳо, донишкадаҳои олӣ ва марказҳои илмӣ, инчунин нав кардани барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ дохил мешавад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон фаъолона талош мекунад. Барои таъмини суботу амнияти дохилӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳо меандешад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутуни сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, миллати куҳанбунёди тоҷикро ба чунин муваффақияти таърихи комёб гардониданд ва Ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддасот ҳифз намуданд. Мебояд ин санаву сулҳу ватанро чун гаҳвараки чашм нигоҳ дорем.

Махмедов Муҳаммад Тоҷиддинович,

ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон


[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 21 декабри соли 2021.

БОЗГАШТ