АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Пирӯзии комили Трамп дар Айова чӣ паёмадҳое барои рақибонаш ба бор хоҳад овард?

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Расм

16 январи соли ҷорӣ, чун анъана, дар штати Айова оғози маъракаи овоздиҳӣ барои муайян кардани сиёсатмадоре, ки дар тирамоҳи имсол дар сабқати Кохи Сафед барои соҳиб шудан ба мақоми Президенти ШМА ҷумҳурихоҳонро намояндагӣ мекунад, баргузор гардид. Доналд Трамп дар ин интихобот ҳамчун номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо бартарии зиёд пирӯз шуд. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ дар Айова, Доналд Трамп 51%, наздиктарин рақибонаш Рон ДеСантис ва Никки Ҳейли мутаносибан 21% ва 19% овоз гирифтанд. Дар ҳамин ҳол, рақиби наздиктарини Трамп, ки соҳибкор Вивек Рамасвами мебошад, аз ширкат дар интихобот даст кашид ва расман эълон намуд, ки аз номзадии Трамп дар интихоботи ибтидоии Ню Ҳемпшир пуштибонӣ хоҳад кард. Аз нигоҳи хабарнигори Би-би-сӣ Энтони Зуркер[i], пирӯзии Трамп аҳамияти таърихӣ дошта, барои рақибони сиёсиаш паёмадҳои ғайричашмдоште ба бор хоҳад овард, чун ин пирӯзии бемислу монанд ба сабқати умумии интихобот таъсири муйян хоҳад гузошт.

Бояд тазаккур дод, ки бартарии президенти собиқи ШМА Доналд Трамп дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ аллакай раднопазир буд, аммо пирӯзии ӯ дар Айова дар қаринаи сиёсати муосири Амрико ва авзои байналмилалӣ воқеан ҳам ғайриоддӣ аст. Чунин пирӯзӣ дар оғози маъракаи интихоботӣ ба Трамп имконият медиҳад, ки дар муборизаи худ барои ба даст овардани курсии Президенти ШМА худро қавитар ва муътақидтар эҳсос намояд. Аз тарафи дигар, акнун ӯ метавонад ба танқиди сиёсати рақибонаш, махсусан Президент Ҷо Байден бештар таваҷҷуҳ намояд. Масалан, ҳангоми суҳбат бо тарафдоронаш дар Ню Ҳемпшир Доналд Трапм изҳор дошт, ки ба раҳбари кунунии Амрико Президент Ҷо Байден наметавонад ҳатто идораи як мағозаи қаннодиро бовар кунад[ii]. Ва ё вазири дифои ин кишвар Ллойд Остинро ба кӯдаке, ки бо ноутбук бозӣ мекунад, муқоиса кард[iii]. Дар ҳақиқат, баъд аз пирӯзӣ дар Айова Доналд Трамп дигар ҳоло худро бештар аз пештар номзади арзанда ва ягона ба мансаби Президенти ШМА тирамоҳи солӣ ҷорӣ меҳисобад. Ва ин ҳам бесабаб нест.

Аз як тараф, пирӯзии навбатии Трамп ба он далолат мекунад, ки қишрҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзи Амрико бо сиёсати дихиливу хориҷии Президент Ҷо Байден мувофиқ нестанд. Маҳз ба ҳамин сабаб намояндагони қариб ҳама қишрҳои ҷомеаи Айова новобаста ба ранги пӯст, мазҳаб, баромади иҷтимоӣ, синну сол ва ғайра Трампро дастгирӣ намуданд. Инро метавон ҳамчун муваффақиятҳои бузурги Трамп ва дастаи ҳамкоронаш арзёбӣ намуд. Аз тарафи дигар, натиҷаҳои овоздиҳӣ дар Айова ба Амрико ва тамоми ҷаҳон нишон дод, ки аксарияти кулли интихобкунандагони кишвар барои қатъи дахолати ШМА дар муноқишаи Украина овоз медиҳанд[iv]. Яъне, масъалаи таъмини суботи сиёсӣ, амнияти саросарӣ ва ҳамзистии осоишта барои зиндагии беҳтари мардумони ҷаҳон, боло бурдани сатҳи некӯаҳволии онҳо, ки имрӯз ба таври назаррас коста гаштааст, дар маркази таваҷҷуҳи интихобкунандагони кишвари Амрико қарор гирифтааст.

Даври навбатии интихоботи ҷумҳурихоҳон 24 январи соли 2024 дар Ню Ҳемпшир баргузор мешавад. Номзади ягонаи ҷумҳурихоҳон барои интихобот дар анҷумани миллии ин ҳизб дар моҳи июл муайян хоҳад шуд.

Бояд қайд намуд, ки Доналд Трамп то ҳанӯз дар чаҳор парвандаи ҷиноӣ муттаҳам дониста мешавад. Дар штати Ҷорҷия, масалан, раисиҷумҳури пешин ба сабаби талош барои лағви натоиҷи интихоботи соли 2020 муттаҳам карда шудааст. Дар ин штат дар моҳи августи соли 2023 ӯ бо додани гаравпулӣ ба маблағи 200,000 доллар аз ҳабс озод карда шуда буд. Дар ҳамин ҳол Суди олии ШМА розӣ шудаст, ки шикояти Доналд Трампро аз рӯи қарори додгоҳ, ки раисиҷумҳури пешинро аз ҳаққи ширкат дар праймеризҳои ҷумҳурихоҳ дар Колорадо манъ мекунад, баррасӣ кунад. Дар назар аст, ки ин парванда дар моҳи феврали соли 2024 баррасӣ хоҳад шуд. Қарори Суди Олӣ бидуни истисно ба ҳамаи штатҳои Амрико дахл дорад ва иҷрои он ҳатмист.

 

Каримов Ш.Т.,

сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канада

 

 


[i] https://www.bbc.com/russian/articles/cv2d79leqvgo

[ii] https://russian.rt.com/world/news/1259711-tramp-baiden-doverie-upravlenie

[iii] https://russian.rt.com/world/news/1259115-ostin-tramp-ssha

[iv] https://russian.rt.com/tag/donald-tramp

БОЗГАШТ