АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ПОЙИЗИ ҲАНИФӢ ВА ШЕЪРИ Ӯ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Абдурауф, ки дар шеър “Ҳанифӣ” ва гоҳе “Пойиз” тахаллус мекард, аз тоҷикони қисмати шимоли Афғонистон (Хонобод) буда, соли 1316/1937 дар оилаи ниҳоят камбағале ба дунё омадааст. Падараш марди фақиру нодоре буда ва аз ин рӯ, агарчи ба душвориҳои зиёд таҳсилро то дараҷаи бакалавр (синфи 12) фаро гирифт, вале донишгоҳ рафта натавонист. Вале ҷавони ҷӯёи адабдӯст дониши худро ба таври хусусӣ такмил намуда, ба ҳама фақру мушкилоти иқтисодӣ то поёни умри кутоҳ бо ишқу ҳаваси фаровон ба корҳои эҷодӣ ва адабӣ пардохт.   Аз муҳтавои осор ва фарҷоми талхи зиндагиаш чунин бар меояд, ки ӯ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабии замонаш шахсе буда фаъолу кӯшо, ростқавлу ҳақиқатҷӯ ва муборизу пархошгар бо зулму беадолатӣ ва ба ҳамин “гуноҳ” соли 1979, дар ҷараёни моҷароҳои фоҷеабори сиёсии баъди табаддулоти моҳи апрели 1977 (Инқилоби шукӯҳманди савр) дар 41 – солагӣ, дар зиндон ҷони худро аз даст дод.
  Ҳанифӣ дар ин умри кутоҳ, бо он ки ҳамеша бо фақру тангдастӣ ва қаҳру ғазаби соҳибони сарвату қудрат ва бюрократияи ҳоким, ба гуфти худаш “бо мардумони фитна” даст ба гиребон буд, асарҳои зиёде дар заминаи назму наср ва пажӯҳишҳои адабӣ (фолклор) офаридааст. Теъдоди маҷмуаҳои хурду калони чопшудаи ӯро ношири зоҳиран охирин маҷмуаи шеърҳояш бо номи “Набард” 21 адад навиштааст.[1]
  Бояд гуфт, ки бо вуҷуди ҳама табаддулоту таҳаввулоти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ҷангҳои фоҷеабори тӯлонӣ ҷомеаи парешону парокандаи адабии Афғонистон Ҳанифиро фаромӯш накарда ва муҳаққиқону суханварони шинохта, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, дар бораи ин “шаҳиди фарзона” суханони гарму самимӣ ва роҷеъ ба шуҳрати адабии ӯ андешаҳои муҳаққиқона гуфтаанд.
  Масалан, Манижа Бохтарӣ дар рисолаи худ пас аз шарҳи ҳоли кутоҳ ва зикри 14 адад маҷмуаҳои чопшудааш дар бораи шуҳрати адабии ӯ чунин менависад:
  “Пойизи Ҳанифӣ аз шумораи нахустин нависандагонест, ки ба таври ҷиддӣ ба танз пардохтааст. Ӯ танзнавис, пажуҳанда ва адиб буд”.[2]
  Ба ақидаи шоири донишманд Партави Нодирӣ дар мақолаи “Пойизи” бе баргашт! Ёде аз нависандаи шаҳид Пойизи Ҳанифӣ” ӯ яке аз пуркортарин пажӯҳишгарон ва нависандагони Афғонистон буда, дар адабиёти муосири дарӣ ҳамчун пажӯҳишгари “пешгом” дар таҳқиқи “донишҳои омиёна” (фолклоршиносӣ) ва арсаи адабиёти кӯдакон шуҳрати бештар дорад. Ӯро метавон аз шумори нахустин насли танзнависони Афғонистон хонд”.[3]
  Дар доираҳои адабӣ ва миёни аҳли таҳқиқи мо низ Ҳанифӣ ношинос намондааст. Шарҳи ҳоли мухтасар ва чанд порча шеърҳояш дар маҷмуаи ашъори шоирони муосири Афғонистон, “Баҳори Кобул” (мураттиб С.Саидов)[4] ва рисолаи умумии муаллифи ин сатрҳо[5] пешкаши дӯстдорони шеъру адаби тоҷик гардидааст.
  Аммо бо ҳама арзишу аҳамияти ин маводу манобеи номбурда, то ҷое, ки иттилоъ дорем, ҳаёт ва эҷодиёти ӯ то кунун мавриди таваҷҷуҳи адабшиносон қарор нагирифта ва кори махсусе навишта нашудааст. Аз ин рӯ бисёр саҳифаҳои зиндагиномааш нонавишта ва хубиҳо ва нохубиҳои шеърҳояш, ки аз нисф бештари осори ӯро ташкил мекунанд, ногуфта мондааст.
  Бинобар ин дар ин сайри кутоҳу сарсарӣ дар лолазори шеъри Ҳанифӣ, бидуни арзишгузории шеъри ӯ, ки баҳси муфассалтару ҷои васеътарро тақозо мекунад, роҷеъ ба шоирӣ ва шеъри вай каме бештар таваққуф мекунем.
  Ҳанифӣ ба арсаи адабиёт хеле ҷавон ва бо шеърсароӣ қадам гузошта ва аввалин шеърҳояшро дар 19-20 солагӣ (1956-1958) гуфтааст. Вале аз сохту бофти ҳунарии ин шеърҳо пайдост, ки машқу тамрини шеърнависиро хеле пештар оғоз кардааст. Худи ӯ низ шеъру шоириро “шиор” ва “бонги дил”-и худ эълон карда, дар шеъри “Шиори ман” чунин мегӯяд:

Шоирам, шеъри ман шиори ман аст,
Нағмаҳои дили фигори ман аст.
Занад обе ба оташи доғам,
По барандоз бас, шарори ман аст...
Масту саршорам аз майи маънӣ,
Шоҳиди ҳуши майгусори ман аст.
Бар усулам, Ҳанифӣ хурда магир,
К-ин худороӣ ибтикори ман аст[6]
 
  Ҳанифӣ низ ба расми маъмули ҷавоншоирони дирӯзу имрӯз, нахустин шикваҳои дили дардманди худро дар сабку қолабҳои шеъри классикӣ, махсусан ғазал, ҷой дода ва дар мавзуъҳои анъанавии он- ишқӣ, отифӣ ва аз талхкомиву номуродиҳои хеш шеърҳои пасту баланди зиёде сурудааст.
  Шоир дар сароғози нахустин маҷмуаи чопшудаи ашъораш “Нафҳа” Насим (1966), ки як лавҳаи адабии зебое низ мебошад, шеърҳои онро ба хонандагон чунин муаррифӣ мекунад:
  “... Оре, ин ашкҳои ман аст, ашкҳое, ки дасти утуфате ин ашкҳои сӯзонамро аз рухам пок накард ва бояд ҳам пок намекард, то ин ки худам ин кӯдакони масъуми бедасту поро дона –дона аз гунаҳои заъфарониям чида ба зону нишонам, яъне рӯи ин авроқи парешон бирезам.
  Ашки бенаворо касе пок намекунад ва агар пок кунад ҳам ба домани худаш хушк менамояд”.[7]
  Пойиз дар солҳое ба шеъргӯӣ пардохта (охири солҳои 50-уми асри гузашта), ки дар адабиёти муосири Афғонистон, махсусан шеъри дарӣ таҳаввулоту дигаргуниҳои густурдае дар ҷараён буд. Домани мавзуоти шеър фароҳтар ва ба воқеиятҳои рӯзгор ва зиндагии иҷтимоӣ наздиктар мешуд ва дар шаклу қолабҳои шеърӣ низ дахолатҳо ва навҷӯиҳо оғоз гардида буд. Шоирони навандешу навпарасти насли аввал чун Юсуф Оина, Зиё Қоризода, Моили Ҳиравӣ, Раҳим Илҳом, Сулаймон Лоиқ, Бориқ Шафеӣ ва аз ҷавонтарҳо Абдулҳай Ориянпур, Фатҳмуҳаммад Мунтазир, Муҳаммадшафеъ Раҳгузар, Осафи Суҳайл, Маҳмуди Форонӣ ва амсоли онон, ашъори дигаргуна ва тозатаре аз лиҳози мазмун ва шакл мегуфтанд, ки аз фаро расидани баҳори наве дар ҳунаристони адаби дарӣ мужда медоданд.
  Шоири ҷавон дар фазои нисбатан нарми ин баҳори кӯтоҳ ва анҷумани навандешон парвариш ёфта ва бо мурури замон ва ошноии амиқтар бо авзои сиёсӣ-иҷтимоии кишвар, амалу ахлоқи болонишинони ҷомеа ва зиндагии “табақаи фаромӯшшудаи” рӯзгораш, ки шоир худ низ мансуб ба он ҷамоат буд, шеъри ӯ ранги дигар мегирад ва мехоҳад “даричае ба сӯи дардҳои миллӣ кушояд..., ки ба сӯи дунёи мардумӣ ва ҷаҳони авотифи башарӣ боз шавад”.
  Ин равзанаи иҷтимоӣ ва “даричаи” ҳунарӣ дар шеъри муосири дарӣ, ба андешаи ӯ чунин аст:
  “Он чи маро дар шеъри имрӯз зудтар ҷазб мекунад ва бештар хушам меояд, аввалтар паҳлуи авотиф (эҳсосҳо), сӯз, рамузи умумӣ ва дарди он аст, ... мунтаҳо ба ин фарқ, ки дар гузаштаҳо ин сӯз дар хилоли розу ниёзҳои тасаввуф, ишқ ва шикасту ноумедиҳои он ҷустуҷӯ шуда ва ба кор рафтааст. Вале имрӯз эҷоб мекунад, ки ин сӯзу дардҳо дар нобасомониҳои муҳит ва афроди аз назарафтодаи иҷтимоъ ва эҳсосоти иҷтимоӣ буруз намуда... ва ба кор биравад”.[8]
  Ҳамин рӯҳи неруманди ҳақиқатнигарӣ, шоирро аз тасаннуъ ва дуруғ ба соҳили ростӣ кашонда ва ашъораш, ки бештар ҷанбаи иҷтимоӣ, тарбиявӣ, интиқодӣ ва ҳаҷвӣ доранд, тарҷумони содиқи эҳсосоти шоир ва воқеиятҳои рӯзгори ӯ мебошанд.
  Шоир агарчи дар сабку шеваҳои озодтар ва мусаммату мустаъзодгунаҳои хеш, чунон ки хонандагони гиромӣ дар қисмати намунаҳои ашъораш мулоҳиза хоҳанд кард, кӯшишҳое низ дорад, аз қабили тасарруф дар теъдоди бандҳо, мисраъҳо, овардани ниммисраъҳои дарозу кӯтоҳи такрорӣ ва амсоли он, вале дар ин роҳ ифроту тундравӣ нанамуда ва латофату таровати шеърро қурбони тақлиди шеъри бегонагон ва ё ҳавову ҳаваси “пешқадаму навовар” будан накардааст. Дар озодтарин шаклу қолабҳои шеъраш аз доираи меъёру қоидаҳои дастури забон ва ниҳодҳои озмудаи шеъри анъанавӣ по фаротар нагузоштааст.
  Ҳанифӣ дар шоирӣ сабки хосе дорад, ки муҳимтарин сифати он содагӣ ва равонӣ аст. Дар ҳама анвои шеъраш ба забони сода ва бидуни тасаннуъ (сохтагӣ) сухан мегӯяд, ки ҳама кас онро мефаҳмад, яъне ба қавли худаш “ҳеҷ завқеро фаромӯш накардааст”.
  Шояд ба ҳамин далел дар шеърҳояш рамзу киноёт, ташбеҳу истиорот ва намодҳову тасвирпардозиҳои душворфаҳм, ки дар шеъри дарии замони ӯ кам-кам рахна карда буд, дида намешавад ва чунон ки мегӯяд “дар он хона (шеърҳояш) қолинҳои оташину мӯд, фарш нест, фаршу арш надорад ва пардаҳои қашангу рангин нагузордааст”[9], ба ҷои ин афзору ороишҳои адабӣ дар ашъораш, махсусан бахши танзу ҳаҷвиёти он ба таври васеъ вожагону таркиботи гӯишҳои маҳалли диёраш (қисмати шимоли Афғонистон) ва луғоту истилоҳоти навомади хориҷиро, ки сари забони мардум афтода буданд, ба кор бурда, шеърашро ба фаҳму завқи мардуми одӣ, ки мухотабони асосии шеърҳои ӯ буданд, наздиктар сохтааст.
  Ҳанифӣ дар паҳлуи ашъори иҷтимоӣ-интиқодӣ ва ҳаҷвии хеш бо шоирони навписанди ҳамсолу ҳамзамонаш, чун Абдулҳай Ориянпур, Абдулҳаким Беҳҷат, Абдулҳусайн Тавфиқ ва Маҳмуди Форонӣ ошиқонаҳои зиёде дар мазмунҳои ҷавонписанди “бараҳнатар” гоҳо ҳатто ба як ном сурудааст.
  Ӯ ҳамчунин муаллифи як силсила таснифу таронаҳои зебое низ мебошад, ки тавассути оҳангсозони кишвар, махсусан дӯсти шоир Аминуллоҳи Нидо оҳангсозӣ шуда ва бо овози ҳунармандони маҳбубу машҳури радио сабт ва “бор-бор бар боли амвоҷ пахш гардидаанд”.
  Ҳанифӣ ба “Тоҷикистони қашанг” (зебо) ва ашъори суханварони номдори он ошноӣ дошт. Ӯ “шӯълаҳои печида дар синааш” – ро пас аз хондани “чакома”-и “Ба шоир”-и устод Турсунзода, ки “нест рангинтар зи ашъораш чаман” дар манзумаи беш аз сад мисраи хеш “Сӯзу соз”, ки бахше аз он дар намунаҳо пешниҳод мегардад, баён кардааст.
  Бояд гуфт, ки шеъри Ҳанифӣ аз нуқтаи назари фунуни адабии анъанавӣ шояд аз лағзишу саҳлангориҳо, чун каломи ғайриадибона, истифода аз забони содаи ҷорӣ ва алфози омиёна ва амсоли он холӣ набошад ва шоир худ низ ин “норасоиҳоро” медонад. Вале, бо дар назардошти он ки шеърҳо бисёр, завқҳо гуногун ва риояти завқи ҳамагон тақрибан номумкин аст, бинобар ин шоир дар мавриди чопи баъзе шеърҳояш, ки “мумкин комилан аз саломати адабӣ бархурдор ҳам набошанд”, чунин мегӯяд:
  “...Вале боз ҳам қарори ман, бо дар назардошти мизоҷҳо... ин шуд, ки боист ҳунари худро қаҳран дар хидмати завқи воҳиде асир накарда..., балки он чи будаам ва он чи гуфтаам низ аз шеърдӯстони гаронқадр пӯшида намонад, лизо ашъореро, ки дар нумуи қареҳаи (равнақи истеъдоди) шоирии худ суруда будам, гирд оварда..., тақдими аҳли завқу сухан менамоям”.[10]
  Аз сӯи дигар, Ҳанифӣ ба расми шоирону мунаққидони иҷтимоӣ бештар ба масъалаҳо ва айбу нобасомониҳои иҷтимоӣ мепардозад. Ин рӯҳия дар осори вай ба ҳадде қавӣ аст, ки дарунмояи аксарияти навиштаҳояш иҷтимоӣ ва интиқодӣ буда ва ин падидаро метавон яке аз сифатҳои дигари шеъри ӯ шумурд. Бар ҳамин бунёд дар шеърҳояш, ӯ мисли сухангӯёни иҷтимосаро маънӣ бар лафз ва содагӯиву рағбат ба алфози омиёна нисбат ба баёни адибона, бартарӣ дорад. Бинобар ин лағзишҳо ва саҳлангориҳо зоҳиран аз ноогоҳӣ ва нотавонии ӯ дар кори шоирӣ набуда, балки бештар мавлуди ҳамин нуктаҳост.
  Дар хотима бояд гуфт, ки Ҳанифӣ албатта ба тақозои муҳит ҳама гапҳои худро гуфта ва ба гувоҳии муаррифигарони андакаш, ҳама навиштаҳояшро чоп карда натавонистааст. Аммо аз рӯи ҳамин мероси боқӣ гузашта, ӯро метавон яке аз далертарин ва гӯётарин шоирони иҷтимоии замонаш шумурд.
 
Кош якчанде, Ҳанифӣ дигаре ҳам мисли ту,
Аз пайи нашри ҳақиқат пардадор бошад ҳаме.
 
Қодиров Ғиёсиддин,
ходими пешбари илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик
 
 
[1] П.  Ҳанифӣ. Набард (маҷмӯаи ашъор). Кобул, 1356/1977, - муқова.
[2] М. Бохтарӣ. Ангубини нешханд ва шаранги нушханд (ҷусторе дар боби танзпардозӣ дар  паҳнаи адабиёти забони форсии дарии Афғонистон), Кобул, 1388/2009, -с. 288
[3] Партави Нодирӣ. Ниг: Эҳсони Лемар (Афғон-Ҷарман онлайн. AFGHAN GERMAN ONLINE http:  WWW. Afgan-german.com, http://WWW. Afgan-german. de, 29.10.2020)
[4] Баҳори Кобул (маҷмӯаи ашъори  шоирони муосири Афғонистон), Душанбе, 1977,-с.221
[5] Ғ. Қодиров. Чашмандозе бар шеъри дарии Афғонистон ва таҳаввулоти он дар садаи ХХ, қисми II, Душанбе,2021, с.219.
[6] П.Ҳанифӣ. Нафҳа (маҷмӯаи ашъор), Кобул, 1345,- с.24.
[7] П.Ҳанифӣ. Нафҳа (маҷмӯаи ашъор), Кобул, 1345,- с.3.
 [8] Ҳанифӣ, Ҳабибуллоҳи Рафеъ. Сапеда (маҷмуаи ашъори дарӣ ва пашту), Кобул, 1346/1967,  - муқаддима
[9] П. Ҳанифӣ. Нафҳа (маҷмӯаи ашъор), Кобул, 1345/1966, - с.2
[10] П. Ҳанифӣ. Садбарг (маҷмӯаи ашъор), Кобул, 1349/1970, - муқаддима

БОЗГАШТ