АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ПОЛИТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ: МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ВА СОХТОРИ ОН

Муаллиф: Назарзода Носир

Расм

Аввалин воҳидҳои политсия дар Туркия дар замони Империяи Усмонӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар соли 1845 Қоидаҳои политсия қабул карда шуд, ки дар он вазифа ва уҳдадориҳои политсияро, ки қаблан вазифаҳои ҳарбикунонишударо иҷро мекард, муайян кард(1).

Дар соли 1909 Саридораи амнияти политсияи миллии Туркия таъсис ёфт ва дар соли 1913 Вазорати корҳои дохилӣ Дастурамалеро, ки вазифаҳои Раёсатро муайян мекунад, тасдиқ намудааст. Дар соли 1932 Қонун дар бораи ташкили политсия қабул карда шудааст (2).

Дастурамалҳои дар боло қайд шуда то қабули Қонуни №2559 “Дар бораи ваколатҳо ва уҳдадориҳои  политсия” дар соли 1934 амал мекарданд. Соли 1937 Қонуни № 3201 «Дар бораи ташкили амният» қабул шуд, ки ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва ваколатҳои кормандони политсияро ба танзим дароварда аст. Солҳои 2008-2009 ба Қонуни мазкур тағйиротҳои ҷиддӣ ворид карда шуданд (3).

Ҳоло политсияи Туркия ба ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурӣ дохил мешавад, ки дар он Сарраёсати бехатарӣ мавҷуд аст.

Ба уҳдадориҳои политсияи Туркия инҳо дохил мешаванд:

- таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон ва амволи онҳо;

- ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҷинояткорон;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳукумат муқаррар кардаанд;

- пешгирии ҷиноятҳо (4).

Дар назди политсия вазифаҳои сиёсӣ низ гузошта шудааст: муҳофизати ягонагии давлат ва таъмини тартиботи конститутсионӣ. Илова бар ин, политсия инчунин вазифаҳои маъмуриро иҷро намуда, аз ҷумла чораҳои амниятӣ ва кӯмак расонидан ба мақомотҳои дигарро низ амалӣ менамояд.

 

СОХТОРИ ПОЛИТСИЯИ ТУРКИЯ

Амнияти дохилӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро дар Туркия се шохаи политсия амалӣ мекунанд:

1). Сарраёсати генералии политсияи миллии Туркия ((The Directorate General of Turkish National Police), ки барои ҳудудҳои мунитсипалитетҳои шаҳр масъул аст;

2). Фармондеҳии генералии жандармерия (the General Command of Gendarmerie), ки барои минтақаҳои деҳот масъул аст;

3). Фармондеҳии посбонии соҳилӣ (the Coast Guard Command), ки соҳилҳои кишварро муҳофизат менамояд (5).

Акнун ба онҳо наздиктар назар меандозем.

1. Сарраёсати генералии политсияи миллии Туркия ба ташкилоти марказӣ (the Central Organization)  ва шуъбаҳои ҳудудӣ (минтақавӣ) тақсим мешавад.

Ташкилоти марказӣ сохти хеле мураккаб дорад.

Политсияи Туркияро директори генералӣ роҳбарӣ мекунад. Ҳафт Раёсатҳо тобеи ӯ мебошанд:

- Идора (6);

- Раёсати робита бо матбуот ва протокол;

- Раёсати иктишофӣ (разведка);

- Раёсати амалиётҳои махсус;

- Раёсати нозирон (бозрасиҳо);

- Мақомоти назоратӣ;

- Маркази роҳбарии политсия (7).

Ба директори генералӣ панҷ ҷонишин ёрӣ мерасонанд, ки ҳар кадоми онҳо ба якчанд шуъба роҳбарӣ мекунанд. Масалан, яке аз муовинҳо масъули умури байналмилалӣ аст, ки ба он: равобити байналмилалӣ, корҳои аврупоӣ, шуъбаи сарҳад ва муҳоҷират ва шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дохил мешаванд.

Аз ҷиҳати маъмурӣ Туркия ба вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тақсим шудааст. Тибқи ин бахш, Туркия дорои:

- 81 Раёсати политсияи вилоят (8);

- 751 Раёсати политсияи шаҳрҳо, ки ба вилоятҳо ҳамроҳ карда шудаанд;

- 22 Раёсатҳои сарҳадии нуқтаҳои гузаргоҳӣ;

- 18 Шуъбаи политсия дар минтақаҳои озод;

- 834 Шуъбаҳои ноҳиявии политсия (9).

Ташкилоти марказӣ тобеи Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Дар вилоятҳо бошад, роҳбарони мақомоти политсия аз лиҳози оперативӣ ба ҳокимони вилоятҳо (валӣ-(vali) ва раисони ноҳияҳо (кеймакам(keymakam) тобеъ мебошанд (10).

Сохтори неруҳои марказӣ ва минтақавии политсия аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки дар доираи низоми маъмурии гражданӣ фаъолият намуда, вазифаҳои худро дар доираи салоҳият ва назорати мақомоти давлатӣ амалӣ менамоянд, муайян карда мешавад. Кори ҷузъу томҳо тахти назорати роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст (11).

Раёсатҳои калон метавонанд чандин шуъбаҳои политсияро барои нигоҳдорӣ ва хизмати минтақа дошта бошанд. Номҳое, ки барои ин объектҳо истифода мешаванд, инҳоянд:

Казармаҳо; Идораҳои округӣ; Минтақаҳо (Участкаҳои) политсия; Раёсати политсия; Бинои политсияи минтақавӣ; Зеристгоҳ ва истгоҳҳои начандон калон, ки бисёр Раёсатҳо, хусусан шерифҳо истифода мебаранд; Шуъбае, ки аз ҷониби политсияи савора бештар истифода мешавад; Минтақае, ки шуъбаи политсия хидмат мекунад, номҳои гуногун дорад, ба монанди участка, ноҳия, шуъба ва минтақа.

Аммо, дар баъзе ҷузъу томҳои политсия, ба монанди политсияи Гэмпшир, нозирони минтақавии  политсия ба як минтақаи мушаххас хидмат намекунанд ва афсарон дар ҷое, ки метавонанд кор кунанд, имконияти зиёд доранд (12).

Имконияту беҳбудиҳои маъмулӣ дар шуъбаҳои политсия одатан инҳоро дар бар мегиранд:

Бинои хизматие (офисе), ки дар он афсарон, детективҳо ва кормандони маъмурӣ метавонанд кор кунанд;

Ҳуҷраҳо барои боздоштшудагон;

Ҳуҷраҳои пурсишӣ ҳам барои боздоштшудагон ва ҳам барои ташрифоварандагони ғайриҳабсӣ;

Ҳуҷраҳо барои нигоҳ доштани далелҳо ва молу мулки ҳабсшуда;

Ҷевонҳо ва ҷойҳои нигоҳ доштани таҷҳизот;

Гӯшаи қайд ва қабули муроҷиаткунандагони ҷамъиятӣ;

Таваққуфгоҳ ва анборҳо барои мошинҳои хизматӣ ва шахсии кормандони политсия;

Бино барои кормандони дигар хадамоти таъҷилӣ;

Минтақаҳои махсусгардонидашуда дар як қатор кишварҳо мавҷуданд, ки одатан дорои иншооти ба ҳам монанд мебошанд. Ба ин участкаҳои политсияи занона дар Америкаи Лотинӣ мисол шуда метавонанд (13).

Сарчашмаҳо:

  1.  https://m.ok.ru/group/54035384631419/topic/151590517506171
  2.  https://www.birgun.net/haber/turkiyedeki-asker-sayisi-tskde-kac-asker-gorev-yapiyor-guncel-433963
  3. Функсияҳо. Профилҳои полиси давлатҳои иштирокчӣ ва шарик. Polis.osce.org. Бозгашт аз 9 ноябри соли 2008. Аз нусхаи аслӣ 23 июни соли 2007 бойгонӣ карда шуд.(Functions. Policing Profiles of Participating and Partner States. Polis.osce.org. Дата обращения: 9 ноября 2008. Архивировано из оригинала 23 июня 2007 года).
  4. Гвардияи соҳилии Туркия дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилӣ аст. Бо вуҷуди ин, дар замони ҷанг баъзе воҳидҳои онҳо метавонанд аз ҷониби президент ба Флоти Туркия тобеъ бошанд.
  5. Бинои корӣ (офис), ки дар он афсарон, детективҳо ва кормандони маъмурӣ кору фаъолият мебаранд.
  6. https://en.wikipedia.org/wiki/Police_station
  7. https://ru.wikipedia.org/wiki/Turkish_Police
  8. Шуъбаҳои пулис (баъзан "участка" ё танҳо "хона" номида мешавад) биноест, ки барои ҷойгир кардани афсарони пулис ва дигар кормандони политсия хизмат мекунад. Дар шуъбаҳои политсия маъмулан дафтарҳои корӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон ва воситаҳои нақлиёти хизматӣ, инчунин хонаҳои либоспӯшӣ, камераҳои нигоҳдории муваққатӣ ва утоқҳои бозпурсӣ мавҷуданд.
  9. Маълумоти умумӣ. Профилҳои политсияи давлатҳои иштирокчӣ ва шарик. Polis.osce.org. Бозгашт ба 9 ноябри соли 2008. Бойгонӣ 23 июни соли 2007.
  10. Маълумоти умумӣ. Профилҳои полиси давлатҳои иштирокчӣ ва шарик. Polis.osce.org. Бозгашт аз 9 ноябри соли 2008. Аз нусхаи аслӣ 23 июни соли 2007 бойгонӣ карда шуд.
  11.  https://m.ok.ru/group/54035384631419/topic/151590517506171
  12. https://en.wikipedia.org/wiki/Police_station
  13. https://en.wikipedia.org/wiki/Police_station

Назарзода Носир Ҷобир

сарходими илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздики ИОМДОА-и АМИТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

 

БОЗГАШТ