АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Иштирок ва суханронии корманди Институт  дар   конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум», дар Қасри Арбоби вилояти Суғд.
14 ноябри соли 2021 дар Қасри Арбоб бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва МИҲД-и вилояти Суғд конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ба муносибати Рӯзи Президент баргузор гардид. Дар кори конференсия роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, вакилон, ходимон ва арбобони давлатӣ, иштирокчиёни иҷлосияи XVl-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону донишмандон иштирок ва баромад намуданд.
Имрӯз 15 – ноябр, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикисон таҳти унвони “Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” бахшҳои кори конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёни конференсияи чумҳуриявиро шодбош ва муаррифӣ кард. Сарвари донишгох афзуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони садоқат ва муҳаббати бепоёни мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба Пешвои маҳбуби миллат мебошад, зеро ба шарофати сиёсати оқилонаву ҳадафманд ва ояндасози Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошта, рушди босуботи мамлакат таъмин гардидааст.
Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Муртазохон баромад кард. Иброз шуд, ки таърихи давлатҳо ва тамаддуни гузашта собит месозад, ки шахсиятҳо дар густариш ва пойдории кишварҳо нақши ҳалкунанда дошта, қудрати роҳнамоӣ ва идоракунии онҳо башарро ба дараҷаи камолот расонида, тамаддуни инсониро ҷавҳар ва асолати офарандагӣ ато намудааст. Дар идома, як зумра меҳмонон, роҳбарону намояндагони АИД- и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ДДҲБСТ перомуни кору фаъолият ва хизматҳои мондагори Пешвои миллат маърӯза намуданд. Кайд шуд, ки боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистони азизи моро чун кишвари соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва дорои таърихи куҳан, миллати тоҷикро тавассути ташаббусҳо ва хизматҳои беназири Пешвои миллат чун миллати эҷодкору созанда мешиносанд ва ба мақому нуфузи Тоҷикистон дар раванди созандагӣ ва пешрафти ҷаҳони муосир арҷ мегузоранд.
Дар идомаи ҳамоиши ҷумҳуриявӣ иброз гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.
Дар ҷамъбасти конференсия ба баромадкунандагон Ифтхорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
 
http://tsulbp.tj/archives/13412

БОЗГАШТ