АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Рӯдакишиносӣ дар Ғарб

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар ҷаҳони муосир ҷусторҳои маданӣ, фарҳангӣ ва адабӣ, ки мероси маънавии ҳар як халқи хурду бузурги рӯи заминро муайян мекунад, аҳамияти хос пайдо намудааст. Дар ин замина хазинаи маънавии осори ниёгонамон дар шарқшиносии Ғарб, ба вижа дар дастовардҳои шарқшиносии англис пурра омӯхта нашудааст.

Шарқшиносӣ дар Ғарб пештар аз дигар манотиқи дунё, ҳатто пештар аз Русияи подшоҳӣ (баъдан Иттиҳоди Шӯравӣ), ки заминаи пурқуввати илмиро дорад, ба вуљуд омад. Шарқшинсӣ, ки бештар муҳаққиқони Ғарб илми мазкурро Orientalistics ва бештар Oriental Studies меноманд, аз рӯи анъанаҳои миллӣ, забон, адабиёт ва дигар усулҳои хоси ин ё он кишвари Шарқ ба шохаҳои мухталиф, ба мисли арабшиносӣ (Arabic Studies), форсишиносӣ (Persian Studies), ҳиндшиносӣ (Hindi Studies), чиншиносӣ (Chinese Studies), ҷопоншиносӣ (Japanese studies), африқошиносӣ (African Studies) ва ғ. тақсим шудааст. Зимни тақсимоти мазкур ҳар кадоми ин шохаҳо рушду тақвият ѐфта, дастовардҳои заруриро ноил шудаанд [3, 59].

Боиси қайд аст, ки тамаддуни ҳар халқият дар ҳамкории тарафайн ба роҳ монда мешавад ва дурнамои он ба пуррагӣ ҳаллу фасл мегардад. Вобаста ба ин дар тӯли таърих миёни мамолики дунё равобити дутарафа ва бисёртарафа вуҷуд дорад ва он самараҳои хуби назаррасро дар ин муддат ба бор овардааст. Равобити гуногунҷабҳаи форсии тоҷикӣ ва англисӣ таърихи куҳан дорад ва онҳо бештар аз ба ҳазор сол мерасанд. Дар ин бора олим ва муҳаққиқи бузурги англис Вилям Ҷонс (William Jones (1746-1794) чунин андешаронӣ намудааст: «Омӯхтани сарзамини Форс, тарзи ҳаёт, маданият ва фарҳанг аз љониби англисҳо ҳанӯз аз асрҳои X-XI шурӯъ шудааст ва он ҳам тавассути тоҷирон ва сайёҳони англис ба вуљуд омад» [7, 219].   

Бинобар ин зимни гуфтаҳои муҳаққиқи англис Вилям Ҷонс хулоса намуд, ки фарҳанг ва маданият форсии тоҷикӣ басо ҳам қадим ва ғанӣ мебошад, ки муҳаққиқон ва донишмандони ҷаҳон ба ҷустуҷӯ ва дарёфти сарчашмаҳои арзишманди бузургон барвақт (яъне асрҳои X-XI - Ш.Г.) оғоз намуданд.  

Дар баробари доду гирифти тиҷоратии тоҷирони шарқиву ғарбӣ, аҳли илму адаб низ тавассути сайёҳон ва тољирон аз адабиёти ҳамдигар бохабар бурданд ва ба ҳамин васила мубодилаи афкор менамуданд. Огоҳӣ ёфтани ғарбиён аз сарзамини Форс маҳз ба воситаи сайёҳон ва тољирони англис ба вуқӯъ пайваст, зеро то ҳол китобҳо ва асарҳои нодиртарини ниёгони мо дар осорхонаҳои машҳури Ғарб, ба вижа дар осорхонаи Лондони Британияи Кабир маҳфузанд. Новобаста аз муборизаҳои шадиди таърихӣ мардуми саросари сарзамини Форс дар натиљаи шикаст хӯрдан аз тарафи сулолаҳои муғулу турк, араб ва ғ., тавонистанд муқаддасоти хеш, хусусан ҳудуд, ёдгориҳои таърихӣ, адабиёт ва маданияти худро ҳифз намоянд. Дар тӯли таърихи худ он бо давлатҳову шаҳрҳои қадима, ба мисли Юнон, Рум ва Византия муносибатҳои зиёди фарҳангӣ, илмӣ ва ҳатто иқтисодиро дошт. Дар тӯли садсолаҳо равобити пайваста нуктаҳои зиёди назарраси форсиро бо забонҳои юнонӣ ва лотинӣ ба вуҷуд овард [7, 123].

Боиси қайд аст, ки осори ниёгонамон пули муҳими ҳамкориҳои бисёрсамтаи Шарқу Ғарб маҳсуб меёбад. Устод Рӯдакӣ яке аз нахустин шоирони форсии тоҷикӣ мебошад, ки дар мустаҳкам намудани равобити Шарқу Ғарб замина гузоштаанд. Роҷеъ ба масъалаи мазкур А. Арберри чунин қайд кардааст: «Rudaki managed the literary atmosphere in the Samanid palace for 40 years and led a number of poets and fuzalas. From the great literary heritage of Master Rudaki, about one hundred and thirty thousand bytes have come down to us» («Рӯдакӣ муҳити адабии Сомониёнро дар давоми 40 сол рушд додааст ва ҳатто роҳбари шуарову фузалои он давр буд. Аз Устод Рӯдакӣ то ҳанӯз зиёда аз ҳазор байт боқӣ мондааст») [1, 35]. 

Дарвоқеъ, Устод Рӯдакӣ шоҳкориҳои худро ба забони форсӣ офаридааст, ки минбаъд шоирони дигар чун Ҳаким Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ  ва дигарон осорашонро ба забони форсӣ навиштанд.

Осори Устод Рӯдакӣ дар Англия тарҷумаҳои зиёдро ба бор овард. Офаридаҳои онҳо, ки ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, англисӣ, арабӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд, мероси фарҳангии мардуми тамоми ҷаҳон гардидаанд.

Дар саҳифаҳои илмии бисёре аз шарқшиносони англис Устод Рӯдакӣ бо унвони “шоири бузурги тоҷик ва асосгузори адабиёти тоҷику форс” дарҷ гардида, шоири асрҳои IX-X, яъне давраи шукуфоии фарҳанг, илм, ҳунар дар Шарқ баён шудааст [1, 38].

Шарқшиноси маъруфи англис Э. Браун роҷеъ ба шукуфоии илму шеъри замони Рӯдакӣ сухан ронда, Форсро «гаҳвораи олимони барҷаста ва шоирони беҳамто» номидааст. Ӯ бар он андеша аст, ки шоҳкории Рӯдакӣ шеъри баланди форсӣ бо мавзӯъ ва муҳтавои ишқи зиндагӣ, ғанимандии хаёлот, муроҷиат ба эҳсосоти инсондӯстонаи хеш нисбат ба дигар шеърҳои шарқӣ ҷолибтаранд. Омӯзиши мероси Одам-уш-шуаро Рӯдакӣ дар шарқшиносии Аврупо аз асри XIX бештар гардидааст. Роҷеъ ба ин И.В. Гёте панҷ ситораи дурахшандатарини форсиро ном бурдааст: Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва Устод Рӯдакиро заминагузори асосии шоҳкории адабиёти форсии тоҷикӣ ном бурдааст [5, 19].

Дар баробари олимони англис олимони сартосари Ғарб, ки ба маркази шарқшиносии Бритониёи Кабир пайвастагии амиқ доштааст, олими барҷастаи австриягӣ Ҳаммер фон Пургстахл, ки анъанаи илмии шарқшиносиро дар Австрия таъсис дода, дар омӯзиши шеъри форсӣ низ саҳм гузоштааст. Дар соли 1818 ин олим асари худ «Таърихи шеъри форсӣ»-ро нашр кард, ки дар он 200 шоири форсии тоҷик муаррифӣ карда шуданд. Аз нимаи дуюми асри XIX шарқшиносони Аврупо омӯзиши мероси Устд Рӯдакӣ шурӯъ карданд.

Ба қавли ӯ Устод Рӯдакӣ ягона шоирест, ки «шоҳасарҳои сурудҳои Шарқро ихтироъ кардааст ва тавассути онҳо калиди дари маънавии ҷаҳонро кушодааст».

Ҳамчунин баътар шарқшиноси бузурги англис А. Арберри таърих ва фарҳанги классикии форсии тоҷикиро амиқ омӯхта, дар бораи мероси А.Рӯдакӣ қайд мекунад, ки тамоми нобиғаи ашъори ӯ дар соддагиву вижагии хоси худ «услуби Рӯдакӣ» аст. Ҳамчунин қайд кардааст, ки ҳар мисраи шеърии шоир ҳассосиятиву ҷаззобии худро дорад. Ӯ тавонист ашъори ноби Устод Рӯдакиро ба англисзабонон шинос намояд:

     Juye-Muliyān’s scent drifts my way,

     As do memories of a kind friend.

     The Āmuy is hard to cross, but its stones

     Feel silken soft beneath our feet.

     Thrilled to see a friend, the Jayhun’s waves

     Leap halfway up our horses’ flanks.

     O Bukhārā, be happy, live long:

     The cheerful Amir is returning to you.

     The Amir is the moon, Bukhārā, the sky;

     The moon is returning to the sky.

     The Amir is a cypress, Bukhārā, the garden;

     The cypress is returning to the garden.

                                                                                        [4, 59].

             Тарҷума:

       Буи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме.

       Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

       Реги Омӯву дурушти роҳи ӯ

       Зери поям парниён ояд ҳаме.

       Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯи дӯст

       Хинги моро то миён ояд ҳаме.

       Эй, Бухоро, шод бошу дер зӣ

       Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

       Мир моҳ асту Бухоро осмон

       Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.

       Мир сарв асту Бухоро бӯстон

       Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.

                                                                                [2, 11].

Олимон ва шарцшиносони варзидаи англис чун Эдвард Браун (Edward G. Browne), Ролф Ҳамфриз (Rolfe Humphries), Вилям Ҷексон (Williams Jackson), Ҷулиа Скотт Мейсами (Julie Scott Meisami) ва дигарон то замони мо ашъори гениалии Рӯдакӣ, элегияҳои фалсафии ӯ, инчунин шоҳкориҳояш «Калила ва Димна», «Синбадном» ва ғазалу байтҳои ӯро тарҷумаву таҳқиқ намудаанд. Онҳо хонандагони аврупоиро бо давра, забон ва осори пургавҳар шоири бузург ошно намуда, ҷавҳари маънавии Шарқ ба Ғарб пурратар шинос намудаанд.

 

                     АДАБИЁТ

  1. Вестник Европы // Москва, 1815, №10, 87 с.
  2. Рӯдакӣ.Лирика / Пер. с фарси В. Левика и С. Липкина. –Душанбе: Ирфон, 1978. -128 с.]
  3. Шозиёева Г.П. Фирдавсӣ ва Шекспир, Душанбе, 2021, 300 с.
  4. Arberry Arthur. Classical Persian Literature. -London, 1958, 234 p.
  5. Dryden, John. An Essay of Dramatic Poesy.Oxford: Clarendon Press, 1889, 36 p.
  6. Sylvestre de Sacy, Mémoires de l'Institut royal de France, Académie des inscriptions et belles-lettres, VI, pp. 470-522, Paris, 1866
  7. William Jones. Sacontala: on the mystical Poetry of the Persians and Hindus. London: Oxford University, 2001, 219 p.

 

Шозиёева Г.П.

ходими пешбари

илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ      

 

БОЗГАШТ