АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

“РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДИ АМИТ”

Муаллиф: Қудратов Комрон

Расм

“РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДИ АМИТ”

Имрӯз дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар назди даромадгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт “Рӯзи дарҳои кушоди АМИТ” – намоиши дастовардҳои АМИТ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии зертобеъи он баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории “Рӯзи дарҳои кушод” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пеш аз ҳама муаррифии илми тоҷик ва муаррифии дастовардҳои АМИТ дар рушди эҷоди илмиву техникаи мамлакат ва ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи илм дар истеҳсолот мебошад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати меҳмонони даъватшуда ва раисони Шуъбаҳои АМИТ И. Амонзода, А. Мирзораҳимзода, ва С. Ибодзода ва роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ, аз ҷумла директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. аз намоиши дастовардҳои АМИТ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии зертобеъи он дидан намуданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони муассисаҳои зертобеъи АМИТ, намояндагони ҷомеаи шаҳвандӣ ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон иштирок доштанд.

Инчунин, аз чорабинии мазкур намояндагони Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олии ш. Душанбе дидан намуданд.

Дарвоқеъ, “Рӯзи дарҳои кушоди АМИТ” ё намоиши дастовардҳои АМИТ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии зертобеъи он дар сатҳи баланд гузаронида шуда, муаррифгари шароити кунунии АМИТ ба ҳисоб меравад ва имконияти хуб баҳри муаррифии илми тоҷик дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.

Дар чорабинии “Рӯзи дарҳои кушоди АМИТ” ё намоиши дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ низ фаъолона иштирок намуд. Дар ин раванд зиёда 200 номгӯй дастовардҳои илмӣ – тадқиқотии кормандони институти мазкур дар шакли китобу монографияҳо, дастури таълимиву методӣ ва маҷаллаву сертификатҳо бахшида ба масоили сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, таърихиву муносибатҳои байналмиллалӣ, ҷунбишҳои мазҳабиву низоъҳои минтақавӣ ва дигар масъалаҳо дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳангоми дидан намудани Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз гӯшаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ таъкид намуданд, ки фаъолияти илмӣ-тадқиқотии институти мазкур назаррас аст ва дар оянда дар ҳамин сатҳу суръат идома дода шавад. Директори институт, профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. дастовардҳои институти мазкурро муаррифӣ намуданд. Ҳайати меҳмонони даъватшуда ва раисони Шуъбаҳои АМИТ  низ аз намоиши дастовардҳои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дидан намуда, бо адабиётҳои тозанашри институт аз наздик шинос шуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт  идомаи чорабинии илмии мазкурро дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки васеъи намояндагони муассисаҳои зертобеъи АМИТ ва намояндагони васоити ахбори омма идома доданд.

Қудратов К.А.,

н.и.т, дотсент, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ