АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Рақамикунонӣ дар соҳаи гумрук: таҷрибаи Сингапур

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

  Имрӯз раванди рақамикунонӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи муосир, аз ҷумла дар самти гумрук мушоҳида мегардад. Ҳанӯз соли 2016 аз ҷониби Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Мекурио муҳимияти раванди рақамикунонии гумрукӣ таҳти шиори “Гумрукҳои рақамӣ: ҳамкории пешрафта” таъкид шуда буд. Созмони умумиҷаҳонии гумрук муайян кардааст, ки истилоҳи «гумруки рақамӣ» ба ҳама гуна фаъолияти худкор ё электронӣ дахл дорад ва ба самаранокӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукӣ мусоидат мекунад.[1] Бояд қайд кард, ки низоми автоматии барасмиятдарории гумрукӣ, мафҳуми “Равзанаи ягона” буда, ба воситаи табодули иттилооти электронӣ, вебсайтҳо барои интиқоли иттилоот, шаффофият ва истифода аз технологияҳои интеллектуалӣ мебошад.

  Мавриди зикр аст, ки мақсади асосии технологияҳои рақамӣ ин барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, иштирок дар иқтисоди ҷаҳонӣ, риояи қонунгузорӣ аз ҳисоби беҳтар намудани дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ, расмиёти гумрукӣ, таҳкими ҳамкориҳои байни мақомоти гумрук ва инчунин дигар мақомоти танзимкунанда мебошад.

  Дар раванди мазкур тамоюли эҷоди платформаҳои рақамӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ин росто, барои бахши гумрук, пеш аз ҳама, консепсияи “Равзанаи ягона” амалӣ карда мешавад. Низоми равзанаи ягонаи барасмиятдарории автоматии гумрукӣ барои ташаккули платформаҳои гумрукии рақамӣ, ки ҳамчун муҳити иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, дастрасӣ ба хидматҳои рақамӣ фаҳмида мешаванд ва раванди рақамиро таъмин менамояд, ки дар ин муҳит ҳамкорӣ мекунанд, тарҳрезӣ шудаанд.

  Дар самти рақамикунонии гумрукӣ таҷрибаи Сингапур ҷолиб ва омӯзанда мебошад, ки дар заминаи низоми шабакаи тиҷоратии TradeNet “Равзанаи ягона”, низоми ҳамкории шабакаи тиҷоратии TradeXchange байни иштирокчиёни фаъолияти дипломатияи иқтисодии хориҷӣ ва низоми барасмиятдарории гумрукии электронӣ eCustoms, Платформаи миллии савдо таъсис дода шуданд ва ба экосистемаи нави тиҷорат ва логистикии IT (технологияи иттилоотӣ) табдил ёфт. Дар он ҷомеаи тиҷоратӣ, системаҳои платформаҳои ҷамъиятӣ, инчунин системаҳои давлатиро муттаҳид намуд. Ин имкон медиҳад, ки бо хизматрасониҳо ва қобилиятҳои нав пурра карда мешавад. Платформаи миллии савдои Сингапур доираи васеъи хидматрасониҳои ҳукуматӣ ва тиҷоратиро пешниҳод мекунад, ки бо тариққи онлайн дастрас аст. Азбаски Платформаи миллии савдои Сингапур ҳамчун як платформаи инноватсионӣ пешбинӣ шудааст, дар он хидматрасониҳои эҳтимолии навро барои таъмини “савдои қатънашаванда” таъкид мекунад. Платформаи миллии савдои Сингапур аз чунин вазифаҳо иборат аст:

  -дарку фаҳмиши бозор - дар он коршиносони онлайнӣ, навсозии хабарҳои савдо ва ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи фаъолияти бозор хизматрасонӣ менамояд.

  -ҷустуҷӯи харидории муштарӣ-маълумот дар бораи шарикон ва хизматрасониҳо.

  -ҳуҷҷатҳо - ба воситаи системаи абрӣ истифода гардидани онҳо. Савдои молиявӣ - портали дархостҳои электронӣ барои маблағгузории тиҷоратӣ мебошад.

  -ташкилотҳои хизматрасонӣ. Интихоби киштӣ барои бори хатарнок ба хадамоти мултимодалӣ тавассути Сингапур мебошад.

  - декларатсияи гумрукӣ;

  - пайгирии бор;

  -ҳисоботдиҳӣ ва пардохт;

  Ба воистаи шабакаи тиҷорати дуҷониба Busness to Busness (B2B) васеъ кардани хатти пардохт ва инчунин таҳлили хатарҳо занҷири таъминот, мувофиқати ҳисобнома ва омилҳои нақлиётӣ мебошад.[2]

  Платформаи миллии тиҷоратии Сингапур дар се самт тақсим карда мешавад:

  • тиҷорат-давлат;
  • давлат-шаҳрвандон;
  • ҳамкории тиҷоратӣ бо шарикони тиҷорат, ки дар муҳити ягонаи иттилоотӣ ҳамкорӣ мекунанд.

  Хусусиятҳои асосии рақамикунӣ дар самти гумруки Сингапур чунин мебошанд:

  - таъмини нигаҳдории абрӣ. Бо мақсади мубодилаи маълумотҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ барои ширкатҳо бо шарикон ва ҳукумат.

  -фаъолияти портали ягонаи савдо. Дар он барои ҷонибҳои манфиатдор, маълумотҳо ва хизматрасониҳо дар тамоми занҷири таъминот пешниҳод карда мешаванд. Платформаи шабакавии абрии B2B/B2G - барои ҳамгироии равандҳо ва паёмрасонӣ.

   -хизматрасониҳои стандартии логистикӣ - барои табдил додан ба форматҳои рақамии стандартӣ ва соҳавӣ;

  -маҷмӯи воситаҳои таҳиякунанда, ки барои таҳияи замимаҳо барои Платформаи миллии савдо истифода мешаванд;

  -рақамикунонии ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ - барои оптимизатсияи раванди савдо ва истифода аз маълумот аз ҳуҷҷатҳое, ки дар системаи иттилоотӣ мебошад.

  Хулоса, бояд қайд кард, ки рақамикунонии соҳаи гумрук, пеш аз ҳама, бо таъсиси платформаи рақамӣ алоқаманд аст, на танҳо тамоми захираҳои иттилоотӣ ва системаҳои дар соҳаи гумрук истифодашавандаро муттаҳид месозад ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратиро осон мекунад. Аз ин рӯ, аз ҷониби мақомоти танзимкунанда, соҳибкорон ва шарҳвандон истифода карда мешавад ва инчунин тамоми марҳилаҳои равандҳои соҳаи тиҷоратӣ беруниро таъмин мекунад.

  Ҳамин тариқ, пас аз равандҳои табдилдиҳии рақамӣ, системаҳо ва захираҳои иттилоотии гумрукӣ бояд як ҷузъи платформаи рақамӣ гарданд, ки равандҳои иқтисодиро дар соҳаи тиҷоратӣ хориҷӣ таъмин менамояд. Дар ин самт таҷрибаи Сингапур нишон медиҳад, ки барои ташкили чунин як платформаи тиҷоратӣ рақамӣ барои фаъолияти он заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд, яъне системаи “Равзанаи ягона”, платформаи ҳамкории электронӣ барои иштирокчиёни фаъолияти дипломатияи иқтисодии хориҷӣ, системаи барасмиятдарории автоматии гумрукӣ ва ғайра ҳамчун як таҷрибаи нодир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ лозим аст. Инчунин таҷрибаи байналмилалии бунёди чунин платформаҳои рақамиро бо осонии фаъолияти байни давлат, шарвандон ва сармоягузорони хориҷиро муттаҳид менамояд, зеро дар доираи таъсиси фазои рақамӣ дар минтақаи Осиё лозим аст. Платформаи рақамӣ дар минтақа барои системаи муттаҳидаи иттилоотӣ бунёд карда шавад. Дар шароити имрӯза рақамикунӣ ва ба танзим даровандани системаи гумрукии Тоҷикистон низоми содиротӣ ва воридотиро осон магардонад.

 

Соҳиби Баҳруло,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

 

 

[1]World Customs Organization declares 2016 to be the year of Digital Customs [] // https://ct-strategies.com/2016/01/26/2016-international-customs-day-launches-the-year-of-digital-customs/

[2] Почему таможню Сингапура считают лучшей в мире? https://beltamas.by/novosti/pochemu-tamozhnyu-singapura-schitayut-luchshej-v-mire

БОЗГАШТ