АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

РАҲБАРОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО НАТАВОНИСТАНД ЧИНРО БА МАҲКУМ КАРДАНИ РУСИЯ ВОДОР СОЗАНД

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Рӯзи панҷшанбеи 6 апрел мулоқоти президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ва дигар мақомоти расмии ин кишвар доир гардид. Ҳадафҳои ин сафар беҳбуди равобити тиҷории Иттиҳоди Аврупо ва Чин ва ҳамчунин фишор болои Си Ҷинпин барои кӯмак ба поёни ҷанг дар Украина эълон гардидааст. Тайвани баҳсбарангез низ мавзуи гуфтугӯ хоҳад буд[1]. Ҳамчунон дипломатҳои Аврупо умедвор буданд, ки Чинро ба нақши бузургтар дар кӯшиши хотима додани ҷанги байни Русия ва Украина метавонанд ҷалб намоянд. Ба андешаи коршиносон, дар маҷмуъ Иттиҳоди Аврупо ва Чин ба мувофиқа расиданд, ки музокироти сулҳ дар Украина бояд оғоз шавад ва равобити тиҷоратии байни Чин ва Иттиҳоди Аврупо муназзам сохта шавад[2].
  Воқеан, мулоқоти мазкур аз нигоҳи мазмун ва вазни сиёсӣ ниҳоятдараҷа ҳассос ва тақдирсоз буд, ки назираш дар таърихи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ камтар ба назар мерасад. Дар асл ин охирон кӯшиши роҳбарони Аврупо буд, ки Чинро водор созанд, то амалҳои Кремлро дар бобати қазияи Украина маҳкум намояд ва раванди ҳодисаҳои марбут ба вазъи ноороми муносибатҳоро ба манфиати худ тағйир бидиҳанд.
  Расман Пекин эълон кардааст, ки дар ҷанги Украина бетараф аст. Аммо мулоқоти Си Ҷинпин бо ҳамтои русаш Владимир Путин рӯзи 21 март "давраи нави ҳамкориҳоро" миёни Пекин ва Маскав оғоз кард. Баъди ин мулоқот раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки Чин метавонад ба Русия аз ҷиҳати низомӣ кӯмак намояд. Ба ҳамин муносибат баъзе аз аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳатто талаб намуданд, ки баъди сафари Си ба Маскав номи Чин аз феҳристи шарикони ҳамкори кишварҳои Иттиҳод ба куллӣ хориҷ карда шавад.
  Бо вуҷуди ин, ҳам Макрон ва ҳам фон дер Лейен ба хабарнигорон дар Пекин гуфтанд, ки "нигоҳ доштани муколама" бо Чин бо назардошти равобити наздики он бо Русия муҳим аст. Пас аз мулоқот бо Си Ҷинпин онҳо изҳор доштанд, ки музокироти сулҳи Русияву Украина бояд "ҳарчи зудтар" сурат бигирад ва бори дигар таъкид карданд, ки аз силоҳи ҳастаӣ набояд истифода шавад.
  Ба ҳар ҳол, сафари Макрон ба Чин як амали шоистаи таҳсин аст, чун ин ду кишвар - Чин ва Фаронса - тавоноӣ ва масъулият доранд, ки ихтилофҳо ва монеаҳои мавҷударо сарфи назар намоянд ва барои ҳамкориҳои мутақобилан муфид якҷо саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз ин нуқтаи назар, бино ба гузориши расонаҳои расмии Чин, сафари Макрон “ба равобити Чин ва Аврупо нерӯи тоза ворид хоҳад намуд”.
  Пас аз анҷоми мулоҷот бо Си, Макрон чунин изҳор доштааст, ки "барои ба даст овардани сулҳи пойдор дар Украина ҳарчи зудтар музокиротро аз сар гирифтан лозим аст". Омадааст, ки раисиҷумҳури Чин "ҳамла ба мардуми осоишта" дар Украинаро маҳкум кардааст[3] ва "ҷомеаи ҷаҳониро дар масъалаи Украина ба ақлу заковат ва худдорӣ даъват намудааст"[4].  
  Ба таври мухтасар моҳияти мавқеи Чинро дар мавриди буҳрони Украина метавон бо як ибораи ҷаноби Си ҷамъбаст кард: “ба сулҳ ва музокирот мусоидат бояд кард: Чин аз ҳама ҷонибҳо даъват мекунад, ки оромӣ ва заковатро нигоҳ дошта, якҷоя барои музокироти сулҳ шароит фароҳам оваранд. Дар ҳоли ҳозир мусоидат ба қатъи амалиёти ҷангӣ, инчунин пешгирӣ аз сар задани сӯхтори нави ҷанг ва тезутунд шудани мушкилиҳои мавҷуда вазифаи аввалиндараҷа аст” [5].
  Ба ҳар ҳол, дар ҷараёни ин сафар чанд нуктаҳои нав ба таври расмӣ иброз гардиданд, ки дар ниҳояти кор барои таъмини сулҳи саросарӣ, анҷоми қазияи Украина ва беҳбуди вазъи буҳронии муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд. Аз ҷумла президент Макрон изҳор кард, ки кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ набояд онро дар қаламрави кишвари дигар ҷой диҳанд. Чунин тарзи гузориши масъала, албатта, хилофи сиёсати имрӯзи Амрикост, ки дар 5 кишвари Аврупо дар маҷмӯъ 6 маркази истиқрори силоҳи ҳастаӣ дорад. Ва ишора ба тасмими ахири Кремл дар бобати истиқрори силоҳи ҳастаии Русия дар қаламрави Белорусия низ мебошад. Аз тарафи дигар, роҳбари Иттиҳоди Аврупо хонум фон дер Лейен таъкид намуд, ки Аврупо ба робитаҳои густурда бо Чин зарурат дорад ва ин сиёсатро таъқиб хоҳад намуд. Ба ҳамин муносибат раисиҷумҳур Си бо риояи назокати дипломатӣ изҳор намуд, ки хуб мебуд, агар Иттиҳоди Аврупо мустақилона ва бо назардошти манфиатҳои миллии кишварҳои аъзои худ амал намояд. Дар робита ба кӯшиши маҳкум намудани сиёсати Русия бошад, Чин мавқеи худро тағйир надод, ҳарчанд иброз намуд, ки роҳи осоиштаи ҳалли мушкилоти Украина вуҷуд дорад ва аз он бояд истифода кард.
 
Шамсиддин Каримов,
сарходими илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка
 
Манбаъ
[1] https://news.israelinfo.co.il/110284
[2] https://www.msn.com/en-xl/news/other/can-france-s-macron-and-the-eu-s-von-der-leyen-smooth-eu-china-relations/ar-AA19ytjH?ocid=msedgntp&cvid=4ae264c98c344a4a890fff07942a2977&ei=26&fullscreen=true#image=1
[3] https://www.dw.com/ru/makron-posle-vstreci-s-si-prizval-k-skorejsim-peregovoram-po-ukraine/a-65247754
[4] https://rg.ru/2023/04/06/ursuloj-klianus.html
[5] “The Rambler”: https://news.rambler.ru/world/50516189/?utm_content=news_media&utm_medium=read_more&utm_source=copylink

БОЗГАШТ