АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Раҳул Санкритияян – нахустин тарҷумони Садриддин Айнӣ ва пайвандгари адабу забон ва дӯстии мардумони Тоҷикистону Ҳиндустон (Ба муносибати 9 ва 15 апрел-зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ва Раҳул Санкритияян)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Адабиёт, забон, фарҳанг ва адибону шоирону нависандагони онҳо аз муҳимтарин омилҳову воситаҳои тарбияи аҳли башар мебошад. Аз ин рӯ омӯзиш ва шинохташон аҳамияти бузург дорад. Зеро беҳтарин асару эҷодиёти адабии онҳо доираи ҷаҳонбиниро васеъ ва шавқу завқи эстетикиву ахлоқиро баланд карда, эҳсоси равонии хонандаашро ҳушманду нозукбин месозад.
Бузургони илму адабиёти ҷаҳон бо ҳамин хусусиятҳо тавонистанд башариятро аз гӯзаштаи қадим то имрӯзи ҷадид ба фардои нек бо китобу эҷодиёташон роҳнамоӣ карданд. Ҳамаи ин бузургон адабу илму дониш ва китобу китобхониро ситоишу таъриф карда, аҳли башарро ба дӯст доштан ва эҷод кардан тарғибу талқин мекунанд ва аз забони Низомии Ганҷавӣ:
          Дониш талабу бузургӣ омӯз,
          То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.   
Дар воқеъ, асару китобҳои беҳтарин дар бораи ҳаёти мардумон ҳамдаму ҳамроҳу ҳамкор ва машваратчии хираду донишмандии онҳо буданду ҳастанду боқӣ мемонанд. Зеро онҳо чун чашмаи оби ҳаёте ҳастанд, ки хираду бинишро барои башар ба вуҷуд оварда, онҳоро аз бадӣ нигоҳ дошта, барояшон роҳи дурусту равшанро нишон медиҳанд ва ба қавли Фирдавсии сухандон:
         Касе, к-аш хирадаш бошад омӯзгор, 
         Нигаҳ дорадаш гардиши рӯзгор.
Ҳамин буд, ки устод Садриддин Айнӣ дар пайравӣ бо падари адабу шеъри форсии тоҷикӣ устод Рӯдакӣ роҳи донишро гиромӣ дошта, тавонист дар адабиёту забони тоҷик таҳаввулоти илмиву адабӣ биофарад. Китоби ягонааш, зери унвони "Намунаи адабиёти тоҷик" чун шаҳодатномаи миллати тоҷик пазируфта шуда, барои мо ҳамчун армуғони адабӣ то ҳол боқӣ мондааст, аз саъодату ифтихори миллати мост. Ӯ аз шахсиятҳои маъруфи на фақат Тоҷикистон, балки Осиёи Миёна ва ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки намо ва симову имиҷи адабиёту тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ҷаҳон тасвиру тавсиф намуд.

                                       

Талошу кӯшишҳои Садриддин Айнӣ омили пайдоиши Тоҷикистон дар харитаи олам ва ташаккулёбии миллати тоҷик шуданд. Ӯ аввалин Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон буд ва бо ҳамин заҳамоташ дар замони истиқлол ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Асарҳои реалистии ӯро бештари адибони дунё мутолиа карда, шефтаи фарҳанг ва адабу забони ширини тоҷик шуданд. Бояд зикр кард, ки адабу забони кишварҳо ва шахсиятҳои адабу фарҳанги онҳо, омили рафту омад ва рушди равобити мардумони сайёра буда, мукотиба ва дӯстии онҳоро нигоҳ ва ҳифз менамоянд. Зеро онҳо муаррифгар ва таблиғгари асосии рушд ва равобит ба шумор рафта, дар таҳкими адабӣ ва фарҳангӣ масъулияти умда доранд. Лизо шинохт ва қадрдонии онҳо муҳим арзёбӣ мешавад, то чароғи дӯстии инсонҳо канда нашавад. Ҳамаи ин бузургони адабро метавон чун ифтихорнома ва санади дипломатияи мардумӣ донист, зеро онҳо ҳастанд, ки заминаи равобитро истеҳком бахшида, миёни кишварҳо қарордоди ҳасанаро барқарор месозанд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Ҳиндустон аз гӯзаштаи қадим робитаи адабӣ ва фарҳангӣ дошта, дар замони истиқлол муаррифгарони адабӣ ҳар ду кишвар шинохта шуда, заминаи рушди равобити ҳар ду кишварро ба вуҷуд оварданд. Мисоли онро метавон дар корномаҳои эҷодиёти адабии адибони ҳар ду кишвар мушоҳида кард, то санаи 15-уми апрели зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ва рӯҳу равонаш дубора шод шавад. Чуноне ки дар боло зикр кардем, устод Айниро на фақат дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои олам аз ҷумла Ҳиндустон низ мешиносанд, ки ифтихори мо тоҷикон мебошад. Тибқи санадҳои дарёфтшуда, корномаву қаҳрамониҳои Айниро аввалин маротиба дар Ҳиндустон адиб, тарҷумон, нависанда ва тоҷикшиноси ҳинд Раҳул Сакритиян муаррифӣ кардааст. Мавриди зикр аст, ки Раҳул Санкритияян тарҷумон, нависанда ва адиб санаи 9-уми апрели 1893 дар деҳаи Пандаҳа, ноҳияи Азамгҳари вилояти шарқии Утар Прадеши Ҳиндустон таваллуд шудааст.
Дар забони адабиёти ҳиндӣ адибро чун қаландар ё мусофир мешиносанд, зеро вай чиҳилу панҷ соли ҳаёташро дар сафар ва берун аз маҳал гузарондааст. Аввалҳо ӯ ба ҳайси намояндаи мазҳаби Буддои буда, ба ҷойҳои зиёде аз ҷумла ба Шриланка сафар мекунад ва бо худ номи Раҳулро сарфароз мешавад. Дертар вай ба кишвари Россия мусофират карда, бо адибони рус ва собиқ донишмандони Иттиҳоди Шуравӣ шинос шуда, муддате дар онҷо кору фаъолияти илмӣ мекунад. Чун адиб ва тарҷумон бо забонҳои рӯсӣ ва форсӣ-тоҷикӣ шавқи адабӣ пайдо карда, ба омӯзиши ин забонҳо бештар машғул мешавад. Илова аз забони ҳиндӣ, урду, арабӣ Раҳул забони форсӣ-тоҷикиро низ медонист. Дар аснои сафараш ба Россия ӯ бо устод Садриддин Айнӣ шиносоӣ пайдо карда, бо асарҳояш аз наздик шинос мешавад ва равобити адабии худро оғоз менамояд. Баъди бозгашт ба Ҳиндустон чанд асари устод Айниро мутолиа карда, ба забони ҳиндӣ тарҷума мекунад ва аввалин тарҷумони осори Айнӣ дар ин кишвар шинохта мешавад. Раҳул Санкритияян аз воқеаҳои солҳои 1917 хело таъсир гирифта, майлу рағбаташро ба ҳаёту низоми онвақта мусбат нишон медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи заҳматҳову қаҳрамониҳои ин адибро чун аз нахустин тарҷумонони осори Айнӣ дар Ҳиндустон давлати Тоҷикистон қадрдонӣ карда, бо ташаббуси Академияи фанҳои Тоҷикистон ва ибтикори Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо гӯшаи фарҳангие бо номи Раҳул Санкритияян бунёд гардид, чун маркази фурӯғи донишу малакаҳо ҳамеша дар он семинару нишастҳои илмиву адабӣ, ёду зикри корнамоиҳову қаҳрамонии адибону донишмандон ва дигар мавзӯъҳои муҳимму муосир баргузор мешавад, ки аз натиҷа ва ҳосили корҳои илмӣ, адабӣ ва дӯстии Устод Айнӣ ва Раҳул Санскритиян маншаъ мегирад.
Хулоса, бо амри тақдир дар санаи 14 апрели 1963 бо асари бемори Раҳул Санкритияян дунёи фониро тарк менамояд ва номи некашро чун ҳадяи адабӣ ба мардуми Тоҷикистону Ҳиндустон боқӣ мегузорад ва месазад аз забони шоир бигӯем,

        Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накуном зист,
        К-аз ақибаш зикри хайр бедор кунад номро.
 
Раҳмонов Мирсаид,
ходими илмии
Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
АМИТ

БОЗГАШТ