То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти рохбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмун беҳтарин парчами миллӣ матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниход намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд.
Ҳамин тавр, комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллоев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар ҳамон Иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».