РАВАНДИ ТАЪМИНИ СУЛҲ ДАР ШАРҚИ НАЗДИК ДАР ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ҶАҲОНИ БИСЁРҚУТБА

Муаллиф: Зиёев Субҳиддин

Расм

        Соли 2026 дар Ховари Миёна хеле пурталотум оғоз ёфт. Эътирозҳо дар Эрон, созишномаҳо байни Димишқ ва курдҳо, таҷдиди сохтори низоъ дар Яман, бадтар шудани якбораи муносибатҳои Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб, таҳаввулот дар Ғазза, бастани созишномаи дифоъ байни Арабистони Саудӣ ва Покистон бо эҳтимоли шомил шудани Туркия аз як тараф ва ниятҳои ҳамкории дифоъӣ байни Имороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳиндустон аз тарафи дигар. Ҳамаи ин дар миёни интизории изтироби ҷанги нави ИМА ва Эрон буд. Баъзе аз ин рӯйдодҳо хеле интизорӣ буданд, дар ҳоле ки дигаронро танҳо як гурӯҳи хеле хурди коршиносоне, ки бо тафсилоти он чизе, ки дар маҳал рӯй медиҳад, ошно буданд, пешгӯӣ карда метавонистанд. Дар ҳар сурат, мувофиқати тағйироти хеле назаррас ва босуръат дар минтақаҳои гуногуни мушкили минтақа ва таҳаввулоти бисёрҷониба дар ҳар яки онҳо пешгӯии вазъияти минтақавиро дар асоси сенарияҳо айни замон номуносиб мегардонад.

        Роҷеъ ба вазъи Шарқи Наздик коршиносони рус Рябцева Е.Е., ва Рябцев А.Л. чунин андеша доранд, ки: Низоъ дар минтақа боқӣ мемонад, ҷанги шаҳрвандӣ дар Яман, бесарусомонӣ дар Либия ва низоъҳои низомӣ дар Сурия ва Ироқ идома хоҳанд ёфт.

         Сабаби таъмин набудани сулҳ дар Шарқи Наздикро се масъалаи бунёдии ба ҳам алоқаманд дар бар мегирад, ки инҳоро масъалаи Фаластин, ғаразҳои бозигарони ғайриминтақавӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва фаъолони ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд.

1. Масъалаи Фаластин аслан аз он ба миён омад, ки давлатҳои мустақил ва соҳибихтиёри яҳудию араб, ки дар резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 1947 пешбини шудааст. Дар айни замон як қисми зиёди заминҳое, ки бо қарори СММ ба давлати араб ҷудо карда шудаанд, дар зери ишғоли Исроил мебошад. Ҳудуди 5 миллион фаластинӣ аз ин сарзаминҳо дар кишварҳои ҳамсоя ҳамчун паноҳанда ба сар мебаранд. Нақшаҳои сершумори сулҳ, ки аз соли 1967 инҷониб тартиб дода шудаанд, барбод рафтаанд. Низоъ байни Исроил ва Фаластин яке аз тӯлонитарин ва мураккабтарин низоъҳо дар таърихи муосир аст. Решаҳои он дар таърихи минтақае, ки дар он манфиатҳои динӣ, миллӣ, сиёсӣ ва қаламравӣ ба ҳам мепайванданд, решаҳои амиқ доранд.

2. Назорати канали Суэтс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки аз муҳимтарин роҳҳои тиҷоратии ҷаҳон ҳастанд, барои монархияи ҷаҳонӣ муҳим аст. Ҳадафи дигарро метавон нигоҳ доштани назорат аз болои захираҳои табиии минтақа арзёбӣ кард. Пас аз ҷанги сард ҳузури Амрико дар минтақа афзоиш ёфт ва дар замони ҷанги дохилии Сурия нуфузи низомии Русия афзоиш ёфт. Қутбҳои қудратманди дигари ҷаҳонӣ, яъне Чин ва Ҳинд низ дар Ховари Миёна фаъол буда, бо Эрон ва Арабистони Саудӣ равобити сиёсиву иқтисодии хуб доранд.

3. Созмонҳои террористӣ ва фаъолони ғайридавлатӣ, ки мехоҳанд давлатҳои худро таъсис диҳанд, манбаи дигари муҳими аз байн бурдани сулҳи минтақа мебошанд. Онҳоро кишварҳои минтақа ва бозигарони ғайриминтақавӣ, ки мехоҳанд динамикаи Ховари Миёнаро назорат кунанд, истифода мебаранд.

       Бе ҳалли ин се масъала дар Шарки Наздик ба сулху осоиши пойдор ноил шудан мумкин нест. Бо вуҷуди ин, ҳалли онҳо ниҳоят душвор аст. Дар ҷаҳоне, ки Созмони Милали Муттаҳид тибқи ҳадафҳо ва принсипҳои бунёдии худ фаъолияташ мушкил шудааст, масъалаи Фаластин наметавонад ҳал шавад, бозигарони ғайриминтақавӣ аз минтақа хориҷ карда шаванд ва мубориза бо созмонҳои террористӣ муассир нест.

        Мушкили дигар набуди механизми таҳримӣ барои риоя накардани қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ аст. Бисёр қарорҳое, ки Шурои Амният оид ба Шарқи Наздик қабул кардааст, ҳанӯз иҷро нашудаанд.

        Дар шароити феълӣ яке аз омилҳои адами субот дар Ховари Миёна ба созиш нарасидани панҷ қудрати ҷаҳонӣ дар мавриди тарҳҳои минтақа мебошад. Як қисми бузург ва муҳимми кишварҳои Шарқи Наздикро Халиҷи форс ташкил медиҳад ва кучактарин чолиш ва низоъ дар ин минтақа ба сиёсати ҷаҳонӣ таъсиргузор мебошад. Халиҷи Форс минтақае ҳассосест, ки кӯчактарин таҳаввулот ва тағйирот дар ин минтақа метавонад ба сиёсати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таъсиргузор бошад.

       Агар байни ИМА, Русия ва Чин (ва то андозае Иттиҳоди Аврупо ва Ҳиндустон) дар бораи ояндаи Ховари Миёна созиш ҳосил шавад, гумон кардан мумкин аст, ки Британия ва Фаронса аз он розӣ мешаванд.

       Дар ниҳояти кор, фаъолияти давлатҳои бузург дар Шарқи Наздик як қисми муборизаи бисёртарафа ва бисёрқутбаи умумиҷаҳонии байни худ мебошад. Онро аз мубориза барои хукмронӣ дар дигар минтақаҳои муҳимми ҷаҳон алоҳида дидан мумкин нест.

        Дар асоси ду давлат ҳал кардани масъалаи Фаластин аҳамияти ниҳоят калон дорад. Давлати мустақили Фаластин бо марзҳои соли 1967 ва пойтахти он Қудси шарқӣ бояд дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шавад. Иҷрои ин ба мавқеи Исроил вобаста аст.

        Ин танҳо дар сурате имконпазир мешавад, ки ИМА Исроилро бовар кунонад, ки дар ояндаи наздик интизори он нест. Гузашта аз ин, барои ноил шудан ба ҳалли дуҷониба мушкилиҳои азими марбут ба вазъи муҳоҷирони яҳудӣ дар заминҳои ишғолшуда, бозгашти гурезаҳои фаластинӣ ва мақоми Байтулмуқаддасро бартараф кардан лозим аст. Раванде, ки бо тавофуқномаи Осло оғоз шуда буд, боздошта шудааст. Бо идомаи фоҷиа дар Ғазза, музокирот дар бораи таъсиси ду давлат ғайриимкон аст. Чизи асосие, ки ҳоло барои Фаластин метавон анҷом дод, таъмини оташбас дар навори Ғазза ва интиқоли кумакҳои башардӯстона аст. Бо кӯшиши Миср дар октябри соли 2025 миёни ин ду давлат оташбас ба роҳ монда шуд. Дар нишасти сулҳ дар Ғазза, ки рӯзи 13-уми октябр дар шаҳри Шарм-уш-шайхи Миср доир шуд, созишномаи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос ба имзо расид. Ба ин санад Доналд Трамп - раисҷумҳури Амрико, Абдулфаттоҳ Сисӣ - раисҷумҳури Миср, Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ - Амири Қатар ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон - раисҷумҳури Туркия ба унвони миёнҷигарон ва кафилони оташбас дар Ғазза имзо гузоштанд. Вале баъд аз ин оташбас то ҳол вазъ дар Ғазза ноором аст.

         Барои бозигарони ғайриминтақавӣ рафтан аз минтақа низ ниҳоят мушкил аст. Иёлоти Муттаҳида пойгоҳҳои низомӣ дар Арабистони Саудӣ, Ироқ, АМА, Қатар ва Баҳрайн дорад. Дар Сурия ҳузури возеҳи низомии ИМА ва Русия вуҷуд дорад. Интизор шудан бемаънӣ аст, ки ин иншооти низомӣ дар ояндаи наздик баста мешаванд ва тамоми низомиёни хориҷӣ минтақаро тарк мекунанд. Нерӯҳои дарёии эътилофи таҳти раҳбарии ИМА дар Баҳри Сурх, гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳузур доранд ва амнияти баҳриро барои киштиҳои тиҷоратӣ таъмин мекунанд.

         Барои қонунӣ кардани ҳузури низомии худ дар Ховари Миёна бисёр давлатҳо ноустувории минтақаи Шарқи Наздик ва фаъолияти созмонҳои террористӣ ва унсурҳои низомии ғайриминтақавиро мисол меоранд. Ба эътидол овардани Ховари Миёна ва таъмини сулҳи минтақавӣ тавассути механизмҳое, ки кишварҳои минтақа эҷод кардаанд, баҳсҳои бозигарони ғайри Шарқи Наздикро аз байн мебарад.  Барои он ки дар динамикаи Ховари Миёна, ки як минтақаи муҳими стратегӣ барои мувозинати ҷаҳонӣ аст, нуфуз доштан ҳузури низомӣ зарур аст.

         Агар бозигарони феълии Шарқи Наздик берун раванд, эҳтимол дорад, ки бозигарони дигари байналмилалӣ ҳузури низомии худро ба минтақа интиқол диҳанд. Аз ин рӯ, фаъолони ғайриминтақавӣ, ки мехоҳанд дар Шарқи Наздик мавқеи худро дошта бошанд, барои ба эътидол овардани вазъияти минтақа талош намекунанд.

        Ниҳоят, ба сулҳ дар Ховари Миёна фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва дигар субъектҳои ғайридавлатие, ки аз ҷониби баъзе фаъолони минтақавӣ ё ғайриминтақавӣ дастгирӣ мешаванд, таҳдид мекунад. Муборизаи муассир алайҳи ҳама созмонҳои террористӣ, бахусус алайҳи ДИИШ, Ихвонулмуслимин ва дигар гуруҳҳои терористӣ зарур аст. Имрӯз терроризм дар Ховари Миёна торафт бештар шакл мегирад. Барои густариши фаъолият ва тақвияти мавқеи худ, роҳбарияти сиёсӣ ба сохторҳои махсус барои афзоиши маблағгузорӣ барои мақсадҳои идеологӣ манфиатдор аст.

         Дар доираи қарорҳои Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи муассир бо созмонҳои террористӣ дар минтақа, маҳдуд кардани маблағгузории терроризм, аз байн бурдани имкони таблиғ ва намояндагии ин созмонҳо дар кишварҳои дигар, андешидан ва амалӣ намудани тадбирҳои муассири низомии бисёрҷониба муҳим аст. Аммо бархе аз кишварҳои минтақа ба муборизаи муассир бо ин созмонҳо, ки ба василаи муфиди онҳо барои расидан ба ҳадафҳои кӯтоҳмуддат табдил шудаанд, манфиатдор нестанд. Илова бар ин, бархе аз бозигарони ғайриминтақавӣ низ аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба он далел ҳимоят мекунанд, ки гӯё ин ба онҳо дар мубориза бо ДИИШ кумак мекунад.

         Сабаби асосии бесуботӣ дар минтақа ин фаъолияти созмонҳои террористӣ аст. Имрӯз дар Ховари Миёна шумораи зиёди созмонҳои террористӣ фаъолият мекунанд. Маъруфтарин аз инҳо ДИИШ (Давлати исломии Ироқ ва Шом), Ал-Қоида, Ансор ал-Ислом, Артиши Ислом, Ихвонулмуслимин, Гурӯҳи исломии мусаллаҳ, Ҳаракати ҷиҳоди исломӣ дар Фаластин, Ҷабҳаи исломӣ, Фатҳ (ё Ҳаракати озодихоҳии миллии Фаластин), Ҳамос (Ҳаракати муқовимати исломӣ) ва Ҳизбуллоҳ мебошанд.

         Ҳангоми баррасии проблемаҳои Шарқи Наздик мо бояд эътироф кунем, ки бидуни риояи чаҳор принсипи асосӣ:

1.иҷрои қатъии қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид,

2.эҳтироми ҳамдигар ба сарҳадҳо ва бутунии ҳудудии кишварҳо,

3.дахолат накардан ба корҳои дохилӣ

4. риояи пурраи қоидаҳои байналмилалӣ дар соҳаи яроқ сулҳ дар Шарқи Наздик пойбарҷой нахоҳад шуд.

        Илова бар ин, ба ҳамаи давлатҳо зарур аст, ки ду принсиперо, ки асоси ҳуқуқи байналмилалиро ташкил медиҳанд, эҳтиром кунанд: pacta sunt servanda (эҳтироми созишномаҳо) ва bona fide (назари неки воқеӣ). Барои таъмини на танҳо суботи деринтизор дар Шарқи Наздик, балки сулҳу оромии тамоми ҷаҳон аз ҷониби тамоми аъзои СММ риояи қатъии ин ду принсип зарур аст.

         Шарқи Араб минтақаи пур аз низоъ дар ҷаҳон буд ва боқӣ мемонад. Аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ин қаламрав бо низоъҳои сершуморе рӯбарӯ шудааст, ки бо дахолати омилҳои беруна тавсиф мешаванд. Шарқи Наздик макони ҳама гуна низоъҳост, ки ин низоъҳо  этникӣ, динӣ, сиёсӣ ва низоъҳо барои камбудии захираҳои об мебошанд. 

        Бояд қайд намуд, ки сабабҳое, ки кишварҳои арабро ба "Инқилобҳои ранга" дар солҳои 2011 ва 2019 оварда расониданд, ҳанӯз ҳал нашудаанд ва ҳама моҷароҳои сиёсӣ имрӯз идомаи ҳамон омилҳоянд.

        Тибқи андешаи Марина Сапронова, профессори кафндраи шарқшиносии МГИМО кишварҳои араб бузургтарин истифодакунандагони силоҳ мебошанд ва бояд донист, ки ин силоҳҳо аз ҷониби Амрико таъмин карда мешавад.

         Коршиносони масоили сиёсӣ дар Шарқи Наздик андеша доранд, ки низоъҳо дар Шарқи Араб ҳамеша ҷанбаи байналмилалӣ доштаанд ва онҳо қудратҳои берун аз минтақаро ҷалб мекарданд ва ҷангҳо ҷараёни бузурги гурезагонро ба вуҷуд оварданд.

         Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони араб аз замони "Баҳори Араб"-и соли 2011 ва мавҷи соли 2019 ба таври назаррас тағйир ёфтааст.  Қайд намудан ба маврид аст, ки пас аз ин, раванди нобудсозии ниҳодҳои давлатӣ оғоз ёфт ва ҳоло роҳбарон ба барқарорсозии онҳо машғуланд ва бояд ду омил дар вазъиятҳои низоъӣ фарқ карда мешаванд, ки якум ин:   Қудратҳои минтақавии ғайриарабӣ - Исроил, Туркия ва Эрон - ҳоло дар саҳнаи сиёсӣ қарор доранд ва моделҳои рушди худро барои минтақа таблиғ мекунанд ва фаъолони ғайридавлатӣ Ҳамас, Ҳусиҳо, Ҳизбуллоҳ ва дигар гуруҳҳое ҳастанд, ки дар низоъҳо дар ин минтақа нақш бозидаанд.

        Омили дуюм аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва Қатар ба вуҷуд оварда шудааст, ки муборизаи худро барои нуфуз дар минтақа мебаранд.

        Дар доираи ҷаҳони бисёрқутба мо дар Ховари Миёна бозигарони навро мебинем, ба монанди Чин, ки лоиҳаҳои нави сармоягузориро пешниҳод мекунад ва бо роҳи неруи нарм мехоҳад фарҳангу расму русуми худро дар ин минтақа ҷорӣ намояд ва бояд гуфт, ки Чин дар ҷараёни низоъҳои Шарқи Наздик даст нахоҳад дошт ва мақсади он бо роҳи дипломатияи фарҳангӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Афзоиши нуфузи Чин дар Ховари Миёна як таҳаввулоти назаррас дар сиёсати ҷаҳонӣ аст, ки онро нодида гирифтан мумкин нест.

         Вале қутбҳои дигаре ҳастанд, ки барои фурухтани силоҳ ва манфиатҳои табиӣ дар Ховари Миёна солҳои дароз сабабгори асосии бесуботӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар шароити гегемонияи Амрико, ҳукуматҳои шарики ИМА дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ дар байни кишварҳои аз ҳама бештар харҷкунанда барои бахшҳои низомӣ ва иктишофӣ дар ҷаҳон ҷой гирифтаанд ва Иёлоти Муттаҳида таъминкунандаи асосии силоҳ мебошад.

         Ин модели силоҳмарказ на танҳо амнияти минтақавӣ, балки иқтисоди сиёсии Ховари Миёнаро низ ташаккул дода, ҳарбикунониро дар идоракунӣ ва сиёсати хориҷӣ амиқ ҷой додааст. Ҳангоме ки низоми ҷаҳонӣ ба самти бисёрқутбӣ тағйир меёбад, ин чӣ гуна метавонад ба хароҷоти бахши амниятӣ аз ҷониби ҳукуматҳои Ховари Миёна таъсир расонад? Бе Иёлоти Муттаҳида дар нақши гегемони низомии бебаҳс ва манфиатҳои мавҷудаи харидани силоҳҳои ИМА, ин метавонад имкониятҳоро барои равона кардани буҷаҳои низомӣ ё ҳатто силоҳҳои марказӣ дар стратегияҳои амниятии минтақавӣ эҷод кунад? Ё ноустувории даркшудаи бисёрқутбӣ ба ҷои ин хароҷотро боз ҳам бештар ва пайваста ба равишҳои низомӣ водор мекунад?

         Хусусияти гузариш аз якқутба ба бисёрқутбаи тавозуни қудрат баҳсбарангез боқӣ мемонад, ки қисман аз сабаби таърифҳои гуногуни якқутбагӣ ва бисёрқутбагӣ мебошад.

         Бо вуҷуди ин, худи ҳукумати ИМА дар соли 2008 пешгӯӣ карда буд, ки низоми ҷаҳонӣ то соли 2025 бисёрқутба хоҳад шуд.

         Гарчанде ки вақти дақиқи пайдоиши бисёрқутбагӣ метавонад ба таври мувофиқашуда муайян карда нашавад, масири умумӣ равшан аст, ки саволҳои муҳимро дар бораи он ки чӣ гуна тартиботи парокандаи ҷаҳонӣ метавонад ба тиҷорати силоҳ ва парадигмаҳои васеътари амниятӣ дар минтақаи Ховари Миёна таъсир расонад, ба миён меорад.

         Динамикае, ки хароҷоти ҷориро ба вуҷуд меорад, фаҳмиши арзишмандеро дар бораи он ки чӣ гуна ин тамоюлҳо метавонанд дар оянда таҳаввул ёбанд, фароҳам меорад. Расман, фурӯши силоҳи ИМА ба Ховари Миёна ҳамчун ҳадафҳои сиёсӣ, ба монанди "мусоидат ба амният ва ҳамкории бештари дохилиминтақавӣ", "таҳкими иқтидори шарикон" ва тақвияти "ҳамкории мутақобила" тавсиф мешавад ва ҳамин фурӯши силоҳ яке аз монеаҳои равшан барои суботи сиёсӣ дар минтақа дониста мешавад.

         Гарчанде ки қобилияти мутобиқшавӣ асосан ба даст оварда шудааст, набудани доимии амнияти пурмазмун, ҳамкории минтақавӣ ва иқтидори шарикон саволҳои муҳимеро ба миён меорад, ки чаро шарикони Амрико дар минтақа бо вуҷуди миллиардҳо долларе, ки барои силоҳҳои ИМА сарф шудаанд ва ба назар чунин мерасад, ки ҳадафҳои эълоншударо иҷро намекунанд, чунин муштариёни содиқ боқӣ мемонанд.

Хулоса

         Роҷеъ ба хулоса ва натиҷагириҳои мавзуи мазкур якчанд пешниҳодҳо манзур карда мешавад, ки метавонад барои таъмини сулҳу субот дар минтақаи Шарқи Наздик кӯмак кунад ва онҳоро дар зер меорем:

         Яке аз муҳимтарин идеяҳо ба роҳ мондани муколамаи мустақим байни бозигарони асосӣ, яъне Исроил, Фаластин ва кишварҳои минтақа дар асоси ҳуқуқҳои байналмилалӣ аст. Ҳамчунин пешниҳод карда мешавад, ки нақши созмонҳои байналмилалӣ барои эҷоди сохтори устувори назорат ва дастгирӣ бамаврид мебошад.

         Яке аз натиҷаҳои муҳим, ки метавонад бошад, ки созишномаҳо қадам ба қадам, на якбора, барои таҳкими эътимод тадриҷан баста шаванд. Ҳамчунин, дастгирии лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва инфрасохторӣ ба коҳиши танишҳо мусоидат мекунад. Инчунин таъсири маориф ва фарҳанг барои наслҳои ҷавон аҳамияти калон дорад.

          Як натиҷаи мусбати дигар метавонад ин бошад, ки бо эҷоди каналҳои муошират байни ҷомеаҳои гуногун ва истифодаи ВАО, одамон дар бораи раванди сулҳ огоҳии бештар пайдо мекунанд. Ҳамчунин, тақвияти нақши занон дар гуфтушунидҳо метавонад ба дурнамоҳои гуногунтар ва устувортар оварда расонад. Ниҳоят, иштироки ҷомеаи байналмилалӣ дар назорат ва татбиқи созишномаҳо низ суботи бештарро ба бор меорад.

          Барои муқовимат бо гурӯҳҳои террористӣ, яке аз чораҳои калидӣ тақвияти ҳамкории иктишофӣ ва амниятӣ байни кишварҳо мебошад. Ҳамчунин, зарур аст, ки манбаъҳои маблағгузории ин гурӯҳҳо кам карда шаванд, аз экстремизм пешгирӣ карда шаванд ва роҳҳои ҳалли иҷтимоӣ, аз қабили маориф ва некӯаҳволӣ, то хатари ҷалби ҷавонон ба экстремизм коҳиш дода шавад.

          Таъмини сулҳ дар Шарқи Наздик дар шароити ҷаҳони бисёрқутба аз мувозинати манфиатҳои қудратҳои бузург, иродаи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ вобаста аст. Агар муколамаи созанда ва дипломатияи бисёрҷониба тақвият ёбанд, имкони расидан ба суботи нисбӣ вуҷуд дорад. Дар акси ҳол, минтақа метавонад ҳамчунон яке аз нуқтаҳои доимии таниш дар низоми байналмилалӣ боқӣ монад.

 

ЗИЁЕВ Субҳиддин Насриевич,

мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

номзади илмҳои филология

БОЗГАШТ