АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

РАВОБИТИ ЧИН БО КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ҚАРИНАИ "ЯК КАМАРБАНД, ЯК РОҲ"

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Ҳамкориҳои байналмилалии Роҳи Абрешим пешниҳодест, ки дар солҳои 2010-ум аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин барои муттаҳид кардани тарҳҳои Камарбанди иқтисодии роҳи абрешим ва роҳи абрешими баҳрии асри 21 пешниҳод шудааст. Ин пешниҳод бори нахуст аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳангоми сафараш ба Қазоқистон ва Индонезия дар тирамоҳи соли 2013 пешниҳод шуда буд. Дар асноди сиёсӣ, аз қабили Нақшаи рушди иқтисодиву иҷтимоии соли 2015 ва гузориши иҷрои ҳукумат, сохтмони “Як камарбанд, як роҳ” ба феҳристи вазифаҳои муҳиме, ки ба ҳукумати нави Чин вогузор шудааст, шомил гардид. Моҳияти ин ташаббуси чинӣ ҷустуҷӯ, ташаккул ва пешбурди модели нави ҳамкориҳо ва рушди байналмилалӣ тавассути таҳкими механизму сохторҳои минтақавии дуҷониба ва бисёрҷонибаи мавҷудаи ҳамкориҳо бо Чин мебошад. "Як камарбанд, як роҳ" дар асоси идома ва рушди рӯҳияи Роҳи Абрешим ба таҳияи механизмҳои нави шарикии иқтисодии минтақавӣ, ҳавасмандгардонии шукуфоии иқтисодии кишварҳои ҷалбшуда, таҳкими табодули фарҳангӣ ва робитаҳо дар тамоми соҳаҳо мебошад. [1].
  Осиёи Марказӣ маконест, ки ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”- ро дар он бори нахуст пешниҳод намуда буданд ва ҳамчунин як минтақаи намунавӣ барои ба даст овардани натиҷаҳо дар соҳаи сохтмони муштараки барномаи “Як камарбанд, як роҳ” мебошанд. [2].
  То 13 марти соли 2022 Чин бо 148 кишвар ва 31 созмони байналмилалӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд .[3].
  Дар чаҳорчӯби ин иқдом равобити Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ торафт наздиктар шуда, ҳамкориҳои байни онҳо пайваста амиқтар гардида, натиҷаҳо ҳарчи бештар самара бахшида истодааст.
  Бо пешниҳоди ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”, дар гузоришҳои ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин борҳо оид ба ҳамбастагии тарафайн дар соҳаи инфрасохтор зикр шудааст. Бисёр лоиҳаҳои бузург низ далели эътимодбахши рушди ҳамкориҳои мутақобила дар муносибатҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гардиданд. Лӯлаи гази Чин-Осиёи Марказӣ, ки дарозтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад, беш аз 380 миллиард метри мукааб гази табииро ба Чин интиқол дод ва аз ин 500 миллион нафар баҳра бардошт.
  Аввалин артерияи фаромарзӣ барои воридоти нафт тавассути гузаргоҳи заминии Чин, лӯлаи нафти Чину Қазоқистон дар маҷмӯъ беш аз 150 миллион тонна нафтро ба Чин интиқол дод. Роҳи оҳани Ангрен-Поп, ки тӯлонитарин нақб дар Осиёи Марказӣ аст, шеваи сафари сокинони маҳаллиро ба шакли мусбат тағйир додааст.
  Тибқи иттилои расмии Чин “Як камарбанд, як роҳ”аксари кишварҳои Авруосиёро фаро гирифта, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла “иқтисодҳои нав” ва кишварҳои пешрафтаро мепайвандад. Дар ҳудуди лоиҳа захираҳои ғанӣ мутамарказ шуда, 63% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва ҳаҷми тахминии иқтисодӣ 21 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
  Ба гуфтаи Сун Жуанҷзи, директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои иҷтимоии Чин, лоиҳаҳои бузург дар чаҳорчӯби “Як камарбанд, як роҳ”, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешаванд ва ба пешбурди беҳсозии корҳо таъсири мусбат мерасонанд. Сохтори истеҳсолии ин кишварҳо, мусоидат ва бо кор таъмин намудани аҳолии маҳаллиро, ки қувваи нави пешбарандаи рушди минтақа мебошанд, таъмин менамояд.
  Ҳамзамон, неругоҳи шамоли 100 мегаватт дар Қазоқистон, неругоҳи барқи обии Турғусун, хатти барқи Датка-Кемин, шоҳроҳи Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон, нақби роҳи оҳани Ёвон-Ваҳдат ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 ба «мавзеъҳои» нави сархати «Як камарбанд, як роҳ» табдил меёбанд.
  Лю Хуакин, директори Пажӯҳишгоҳи Авруосиёи Академияи ҳамкориҳои байналмилалии тиҷорат ва иқтисодии назди Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз дошт, ки лоиҳаҳои дар боло зикршуда, ба болоравии некӯаҳволии мардум, ба беҳбуди вазъи иқтисодӣ мусоидат мекунанд.
  Зиёда аз 8 сол аст, ки ҳамкориҳо дар доираи «Як камарбанд, як роҳ» дар Осиёи Марказӣ натиҷаҳои хуб дода истодаанд. Беш аз 25 ҳазор қатораи боркаш дар ду самт аз рӯи сайрхатҳои боркашонии байналхалқии роҳи оҳани Чин - Аврупо гузашт, ки ин зиёда аз нисфи шумораи умумии ҳаракати чунин қатораҳоро ташкил медиҳад. Бисёре аз меваҳо ва хушкмеваҳои Осиёи Марказӣ дар платформаҳои тиҷорати электронии Чин ба фурӯшандатарин маҳсулотҳо табдил ёфтанд.
  Тайи солҳои охир рушди босуръати тиҷорат ва сармоягузории мутақобила миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки “Камарбанду роҳ” ба камарбанди рушди умумибашарӣ ва роҳи зиндагии хушбахтона табдил меёбад.
  Ҳамкориҳои тиҷоратии Чин ва Қазоқистон пайваста амиқтар мешаванд. Дар ҳоли ҳозир ҳарду кишвар панҷ гузаргоҳ, панҷ лӯлаи нафту гази наздисарҳадӣ, ду роҳи оҳани наздисарҳадӣ, як маркази байналмилалии ҳамкориҳои сарҳадӣ ва пойгоҳи ҳамкориҳои логистикии Чину Қазоқистонро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба истифода доданд. Ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” яке аз сарчашмаҳо ва такони асосии густариши ҳамкориҳои Чину Қирғизистон дар бахшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона мебошад. Чин солҳои тӯлонӣ пайи ҳам мақоми бузургтарин шарики тиҷоратии Қирғизистон ва манбаи воридоти ин кишвар эътироф гардидааст.
  Ҳамкории Чину Туркманистон дар чаҳорчӯби ҳамбастагии ибтикори “Як камарбанд, як роҳ” ва стратегияи “Эҳёи Роҳи бузурги абрешим” сурат мегирад, ки барои мардуми ҳарду кишвар манфиатҳои амалӣ овардааст. Чин даҳ сол паиҳам бузургтарин шарики тиҷоратии Туркманистон аст. Ин ду кишвар бузургтарин шарикони тиҷоратӣ дар масъалаи хариду фурӯши гази табиӣ мебошанд.
  Чин солҳои тӯлонӣ мақоми бонуфузи шарики тиҷории Ӯзбекистон ва бузургтарин воридкунандаи маводҳо аз ин кишвар мебошад, дар ҳоле ки ҳаҷми умумии сармоягузории Чин дар ин кишвар беш аз 9 миллиард доллар гузаштааст. Дар Ӯзбекистон қариб 2000 корхона бо сармояи Чин кору фаъолият бурда истодааст. Сохтмони муштараки “Як камарбанд, як роҳ” як муҳаррики нави рушди равобити ду кишвар гардид.
  Дар ҷараёни Форуми ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Чин ва Осиёи Марказӣ, ки моҳи январи соли ҷорӣ баргузор шуд, Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин, шъбаҳои савдо ва иқтисодии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ташаббуси муштаракро барои босифат ва рушди устувори ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Чин ва Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои судмандро оид ба густариши равобити муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, рақамикунонӣ ва иқтисодиёти сабз ба даст оварданд.
  Сун Жуанҷӣ инчунин қайд намуд, ки сатҳи умумии тиҷорати Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста афзоиш меёбад ва ҷонибҳо метавонанд аз шароити мусоид, аз қабили қатораҳои боркаши Чину Аврупо барои таҳкими равобити иқтисодӣ ва идомаи мусоидат ба либерализатсияи тиҷорат ва мусоидат ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба истифода баранд.
  Дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули башардӯстонаро дар бахшҳо, аз қабили маориф, фарҳанг, табодули ҷавонон, сайёҳӣ ва ғайра фаъолона пеш мебаранд, ки ба наздикшавии муратаби халқҳо мусоидат мекунанд.
  Моҳи январи соли ҷорӣ дар ҳамоиши маҷозии "Кишварҳои Осиёи Марказӣ - Чин", ки ба муносибати 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ баргузор шуд, Чин эълом дошт, ки дар 5 соли оянда ба донишҷуёни давлатҳои Осиёи Марказӣ стипендияи давлатӣ 1200 квота ҷудо мекунад.
  Инчунин чорабиниҳои пурмазмун, аз қабили ҷашнвораи санъати ҷавонон, лагери пешвоёни ҷавон «Пули оянда» ба нақша гирифта шудаанд.
  Бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Чин омода аст, ки платформаи муаррифии захираҳои сайёҳӣ таъсис дода, минбаъд ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказиро ба феҳристи самтҳои гардишгарии берунӣ барои шаҳрвандони Чин шомил намояд.
  Дар нишасти дар боло зикршуда, Чин хостори талошҳо шуд, то дар 5-10 соли оянда шумори бародаршаҳрҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 100 ҷуфт афзоиш ёбад.
  Ғайр аз ин, Чин лоиҳаи муштаракро оид ба барқарорсозии (реставратсия) ёдгориҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқарор намудани осори бостоншиносӣ дар шаҳри Хиваи Ӯзбекистон ва лоиҳаи кофтуковҳои бостоншиносиро дар ҳудуди шаҳри Роҳати Қазоқистон амалӣ намуд.
  Моҳи феврали соли ҷорӣ миёни Чин ва Қирғизистон ёддошт дар бораи тарҷума ва нашри мутақобилаи осори классикӣ ба имзо расид. Бар асоси ин санад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар панҷ соли оянда дастикам 50 осори классикии ду кишварро муштаракан тарҷума ва нашр кунанд.
  Дар хулоса гуфтан мумкин аст, ки табодули башардӯстона ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, инчунин барои бунёди муштараки «Як камарбанд, як роҳ» заминаи устувори иҷтимоӣ мегузорад ва барои рушди бомуваффақияти ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳо шароит фароҳам меорад.
  Муносибатҳои Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз 30 соли ҳамкории судманд дар ҳоли афзоиш қарор доранд ва дурнамои умедбахши рушди пурсамарро тақозо менамоянд.
  Дар чунин нуқтаи оғози муносибатҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳо дар ҳама бахшҳо барои мусоидат ба рушди босифати муштараки “Як камарбанд, як роҳ” густариш хоҳанд ёфт.[4].
 
                                                                                                  Сарчашма:
 1. Юрий Шикарев. CNPC реализует эффективное сотрудничество в рамках продвижения инициативы «Один пояс-один путь»// http://www.cnpc-amg.kz/?p=nov_138//санаи муроҷиат 08.04.2022с
 2.Обзор: Китай и страны Центральной Азии прилагают совместные усилия к высококачественному строительству "Пояса и пути" // http://russian.news. cn/2022-03/11/c_1310509324.htm http://russian.news.cn/2022-03/11/c_1310509 324.htm /Санаи муроҷиат: 04.04.2022с.      
 3.Один пояс-один путь// https://globalcentre.hse.ru/OBOR/ санаи муроҷиат 08.04.2022с.
 4.Обзор: Китай и страны Центральной Азии прилагают совместные усилия к высококачественному строительству "Пояса и пути"// http://russian.news. cn/2022-03/11/c_1310509324.htm http://russian.news.cn/2022-03/11/c_1310509 324.htm/Санаи муроҷиат: 04.04.2022с.       
Давлиёрова Сафаргул
ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ

БОЗГАШТ