АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Равобити фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз назари таърих

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Равобити фарҳангии халқҳои тоҷику ҳинд дорои таъриху суннатҳои бою бостонӣ буда, решаи онҳо ба давраҳои хеле қадим мерасад. Ин робитаҳо аз ҳамкориву муносибатҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ ва сиёсӣ, ки дар тӯли беш аз дуву ним ҳазор сол дар байни ду халқи баҳам хеш вуҷуд дошт, ғизо мегирифтанд. Охирин бозёфтҳои илмиву бостоншиносӣ аз қабили муҷассамаи 12 метраи Готаи Буддҳа дар Аҷинатеппаи Тоҷикистон, ҳамоҳангии готҳои «Авесто» ва гитҳои «Ригведа», бо калимаи санскритии «виҳара» (маъбад, ибодатгоҳ), робита доштани номи шаҳри бостонии Бухоро, тавассути донишманди маъруф Муҳаммад Хоразмӣ дар тамоми ҷаҳон роиҷ гаштани системаи шумури даҳии ҳиндӣ ва даҳҳо далелҳои дигар аз ин равобити хеле қадимӣ гувоҳӣ медиҳанд.

   Роҳи абрешим, ки аз Осиёи Миёна ва Ҳинд мегузашт, ҳам ба инкишофи муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар ва ҳам ба ривоҷи робитаҳои фарҳангии байни онҳо мусоидат мекард.

   Бо яке аз ҳамин гуна корвонҳо ҳаким Барзуя китоби ҳикматомези санскритиро бо номи «Панчатантра» ба Эронзамин меорад. Дар асри 6 ин китоб ба забони паҳлавӣ ба суриёниву арабӣ тарҷума мешавад. Махсусан, тарҷумаи озоди арабии адиби эрониасл Хусрави Рӯзбеҳ, ки бо тахаллуси Ибни Муқаффаъ маъруф аст, бо номи «Калила ва Димна» зуд шӯҳрат пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки тарҷумаҳои форсӣ, юнонӣ, лотинӣ, яҳудӣ, испанӣ, итолиёӣ, олмонӣ, англисӣ, ҳоландӣ, славянӣ, туркӣ ва амсоли инҳо маҳз аз рӯи тарҷумаи Ибни Муқаффаъ сурат гирифтаанд.

   Китоби «Калила ва Димна» махсусан дар байни форсизабонон хеле маъмул гардида, дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба тақозои завқу салиқаи мардум борҳо таҳриру такмил меёбад. Аввалин шоире, ки ин асарро ба риштаи назм кашидааст, асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ буд. Дар асрҳои минбаъда асар аз тарафи Абулмаолии Насрулло, Аҳмади Қонӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Абдулфазл Муборак ва адибони дигар таҳриру такмил дода мешавад.

   Дар натиҷаи лашкаркашиҳои таҷовузкоронаи Султон Маҳмуд дар асри Х1 мардуми Ҳинд бо забону фарҳанги тоҷик ошноӣ пайдо мекунанд ва роҳи васеъ барои равобити фарҳангии тоҷику ҳинд боз мегардад. Султон Маҳмуд ҳангоми лашкаркашиҳо ҳамроҳи худ як идда шоирону донишмандонро ҳам мегирифт, то ки сафару ҷангҳои ӯро тасвиру тавсиф намоянд. Шоирони маъруфи давр Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ дар қасоиди худ баробари тавсифи корнамоиҳои Маҳмуд ҳодисаҳои муҳимми таърихӣ, шаҳру ноҳияҳои Ҳиндустон, табиату сарватҳои моддии он, урфу одат, расму оини мардуми ҳинд ва як қатор асноду далелҳои мӯътамадро ба қалам додаанд. Бинобар ин, осори шоирони мазкур имрӯз ҳам арзиши баланди таърихӣ доранд.

   Омӯзиши илмии Ҳиндустон низ дар Осиёи Миёна аз асрҳои 1Х-Х1 шурӯъ мешавад. Донишмандони маъруф Муҳаммад Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абдуллои Хоразмӣ дар тадқиқи соҳаҳои гуногуни илму фарҳанги Ҳиндустон саҳми зиёд гузоштаанд. Махсусан хидмати Абурайҳони Берунӣ, ки ҳамсафари Султон Маҳмуд буд, дар таҳкими равобити илмиву фарҳангии Мовароуннаҳру Ҳинд хеле бузург аст. Ӯ солҳои зиёд дар Ҳиндустон зиста, забон, таърих, табиат ва умуман тамаддуни моддиву маънавии ин сарзаминро ба таври амиқ омӯхта, асари энсиклопедии худ «Таҳқиқи молал - Ҳинд»-ро, ки бо номи «Китоб-ул-Ҳинд» низ маъруф аст, офаридааст.

   Берунӣ ҳангоми зистан дар Ҳинд дар баробари тадқиқи ин кишвар ба тарҷумаи сарчашмаҳои бостонии ҳиндӣ, аз қабили «Санкҳя», «Патанҷоли», «Лагҳуҷатаке» аз санскрит ба арабӣ пардохтааст. Ӯ на танҳо ҷаҳониёнро бо Ҳинду илму тамаддуни бостонии он шинос кардааст, балки барои пешрафти илму фарҳанги он низ саҳм гузоштааст. Аз ҷумла ӯ «Ибтидо»-и Евклид (Уқлидус), «Алмаҷест»-и Птоломейро ба забони санскрит тарҷума кардааст. Ҳамин тавр, бар хилофи Султон Маҳмуди ғосиб, ки ба тороҷи сарзамини Ҳинд камар баста буд, аҳли илму адаб монанди Берунӣ бо азму нияти дӯстиву ҳамкорӣ ба ин кишвар пой ниҳода, ба омӯзиши таъриху фарҳанги он пардохтаанд.

   Бо ҳамлаи лашкари истилогари муғул ба Мовароуннаҳр ва харобу валангор шудани шаҳру ноҳияҳои кишвар, қашшоқу бенаво гаштани мардум гурӯҳе аз аҳли илму адаби тоҷик тарки ватан намуда, ба сарзамини Ҳинд паноҳ ҷустанд ва ба доираҳои адабии форсизабони он ҷо пайвастанд.

   Аз мардуми муқими Ҳиндустон ҳоло қадимтарин шоире, ки аз ӯ шеърҳо боқӣ мондаанд, Абӯабдулло Рӯзбеҳ Нукатии Лоҳурӣ мебошад, ки дар асри Х1 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар асрҳои Х11-Х1V аз адибони машҳури форсигӯе, ки дар Ҳинд зиндагӣ кардаанд, Абулфараҷи Рунӣ, Масъуди Саъди Салмон, ки бо забонҳои форсӣ, арабӣ ва ҳиндӣ се девон тартиб додаст, Бадри Чочӣ, Зиёиддини Нахшбӣ, ки «Шукасаптати» бо унвони «Тӯтинома» ба форсӣ гардондааст, Ҳасани Деҳлавӣ, ки бо лақаби «Саъдии Ҳиндустон» маъруф аст, Масъуди Деҳлавӣ ва амсоли инҳоро номбар кардан мумкин аст. Аз шоирони ин давра, махсусан, суханвари мумтоз Амир Хусрави Деҳлавӣ дар таърихи адабиёти Шарқ мақоми шоистае ишғол менамояд. Ба осори Амир Хусрави Деҳлавӣ арбоби барҷастаи ҳинд Ҷавоҳирлаъл Неҳру баҳои баланд дода навишта буд: «Ман мисоли дигареро намедонам, ки суруди 600 сол пеш таълифшуда то имрӯз дар байни халқ шӯҳрату маҳбубият дошта бошад ва бидуни тағйири матн иҷро бишавад».

   Равобити фарҳангии Мовароуннаҳру Эрон бо Ҳиндустони дар замони Салтанати Деҳлӣ (1206-1526) хеле ривоҷ меёбад. Бесабаб нест, ки яке аз намояндагони маъруфи ин сулола Султон Ғиёсиддини Аъзамшоҳ ба ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ рағбати зиёд пайдо карда, ӯро барои мулоқот ба Бангола даъват менамояд. Дар ин бора Ҳофиз дар ғазале навиштааст:

   Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,

   З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

   Ҳофиз зи шавқи маҷлиси Султон Ғиёсиддин

   Хомӯш машав, ки кори ту аз нола меравад.

   Шӯҳрати ғазалиёти Ҳофиз дар Ҳинд дар асрҳои баъдина боз ҳам бештар мегардад. Падари Робиндранат Такур – Дебендронатҳ Такур ғазалҳои Ҳофизро чунон зиёд аз ёд медонистааст, ки ба ӯ «Ҳофизи Ҳофиз» лақаб додаанд.

   Абдураҳмони Ҷомӣ низ ҳарчанд ба мисли Ҳофизи Шерозӣ ба Ҳинд сафар накардааст, вале ашъори ӯ ҳам дар ин сарзамин шӯҳрату овоза доштааст. Ҷомӣ бо маҳфилҳои адабии Дакан робита дошта, бо донишмандону суханварони он ҷо мукотиба мекардааст. Ҳамчунин як қатор шоирони доираҳои адабии Ҳинд аз Ҷомӣ сабақи эҷодӣ гирифтаанд.

   Асрҳои XVI-XVII давраи пуравҷтарини инкишофи равобити фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустон ба шумор меравад. Дар ин давра шоирону донишмандони зиёде, ки дар ватани худ қадр надоштанд, роҳи Ҳиндро пеш мегиранд. Ҳукумати Темуриёни Ҳинд (1526-1857) ҳам, ки бо ташаббуси ҳокими донишманд Заҳириддини Бобур ва ворисонаш таъсис ёфта буд, барои ривоҷи илму адаб ва равобити фарҳангӣ замина муҳайё менамуд. Ба сарзамини Ҳинд аз ҷумла донишмандони таъриху адабиёт Хондамир, Шайх Зайни Садр, Абдулвоҳиди Фориғӣ, табибони маъруф Мавлоно Юсуфӣ, Хоҷа Низомиддин, Абдулбақо ворид шуда, дар пешрафти илму фарҳанги ин кишвар мадад мерасонанд. Махсусан, хидмати Юсуфии табиб дар инкишофи илми тиб хеле бузург аст. Ӯ ҳамчунин луғатномаи форсиву ҳиндиро мураттаб намудааст.

   Дар асри XVII бар асари бӯҳрони иқтисодиву сиёсӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрон ва ривоҷи таассуби диниву мазҳабӣ марказҳои адабӣ дар сарзаминҳои мазкур пароканда шуданд ва аксари адибон роҳи Ҳиндро пеш гирифтанд. Дар натиҷа марказҳои асосии адабиёти тоҷик ба Ҳинд кӯчид. Ин сарзамин воқеаи барои пешрафти адабиёти форсизабон мадад расонда, сарпаноҳу маъвои як қатор адибони маъруфи тоҷику форс гардид.

   Муҳити файзосори Ҳинд, фалсафаву фарҳанг ва шеъру адаби ин сарзамин ба назми форсу тоҷик, ки дар ин ҷо маъво ёфта буд, таъсир бахшида, боиси пайдоиши сабки тозае гаштанд, ки бо унвони сабки ҳиндӣ маъруф аст.

   Қобили қайд аст, ки ин сабк беш аз ҳама дар байни тоҷикон шӯҳрату маҳбубият пайдо карда, ҳатто то мобайни асри ХХ идома ёфтааст. Намояндагони машҳури ин сабк аз қабили Урфии Шерозӣ, Шавкати Бухороӣ, Назирии Нишопурӣ, Зуҳурӣ, Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Соиби Исфаҳонӣ, Бедил, Носир Алӣ, ки аксари онҳо зодаи Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрон буда, дар сарзамини Ҳинд нашъунамо ёфтаанд, барои ривоҷи робитаҳои фарҳангӣ саҳми бузург гузоштаанд.

   Дар асрҳои XVI-XIX марказҳои адабии форсизабон дар вилоятҳои Панҷоб, Синд, Бангола, Кашмир, Дакан ва дигар музофотоҳои Ҳинд равнақ пайдо мекунанд. Бахусус инкишофи адабиёти форсизабон дар Кашмир хеле ҷолиби диққат буд. Назар ба маълумоти сарчашмаҳо дар ин вилоят қариб ҳазор суханвар ба забони форсӣ асар таълиф кардаанд. Сарфии Кашмирӣ, Мӯҳсини Фонӣ, Исмоили Биниш, Ҷӯё, Ғании Кашмирӣ аз суханварони номии ин сарзаминанд, ки дар байни ҳамаи форсизабонон шӯҳрат доранд.

   Тазкиранависиву фарҳангнигории тоҷику форс ҳам беш аз ҳама дар сарзамини Ҳинд инкишоф ёфтааст. Он тазкираву луғатномаҳои фаровоне, ки ба забонҳои форсиву урду ва ҳинду дар тӯли беш аз 700 сол офарида шудаанд, имрӯз барои тадқиқи таърихи забону адабиёт ва фарҳанги бостонии халқҳои эрониву ҳинду сарчашмаи мӯътамаде мебошанд.

   Робитаву ҳамкории халқҳои эронинажоду ҳиндро дар соҳаҳои гуногуни ҳунар, аз ҷумла дар меъморӣ ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Чунон ки донишманди Ҳинд В.Х.Сиддиқӣ тадқиқу тайин кардааст, як қатор биноҳои бузурги асрҳои XVI-XVII Ҳинд аз рӯи лоиҳаи меъморони Хуҷанду Бухоро сохта шудаанд. Мақбараи Ҳумоюнро дар Деҳлӣ меъмори бухороӣ Мирак Мирзоғиёс, лоиҳаи мақбараи Шамсиддин Муҳаммадхонро низ меъмори бухороӣ устод Қулӣ кашида, Боқи Муҳаммади Бухороӣ хаттотӣ кардааст.

   Самараи барҷастаи ҳамкории халқҳои Ҳиндустон ва Осиёи Миёнаву Эрон сохтмони Тоҷмаҳал – яке аз мӯъҷизоти меъмории олам мебошад, ки меъмори он Усто Исо буда, дар бунёди он бинокорони тоҷику ҳинду ва халқҳои дигар ширкат варзидаанд.

   Хидмати Ҳинд дар чопу интишори осори адабиёти форсу тоҷик низ хеле бузург аст. Дар асри XIX дар Калкатта, Лакҳнав, Бомбай, Канпур, Кашмир, Лоҳур китобҳои зиёде ба забони форсӣ чоп гардида, ба гӯшаву канори олам фиристода мешуданд. Воқеаи Ҳинд маркази асосии чопи осори форсизабон дар қарни XIX ба шумор мерафт.

   Асри ХХ яке аз бузургтарин суханварони форсизабони оламро дар сарзамини Ҳинду Покистон ба арсаи таърих овард, ки аллома Муҳаммад Иқбол буд. Эҷодиёти серпаҳлӯи Иқбол намунаи барҷастаи синтезӣ на танҳо анъанаҳои адиби тоҷику ҳинд, балки умуман имтизоҷу пайванди тамаддуни Шарқу Ғарб аст. Инсонпарвари бузург Муҳаммад Иқбол бо ашъори оташбораш бузургдошти инсонро ситоиш намуда, барои бедории мардуми Шарқ хидмати азимеро ба ҷой овардааст. Ӯ асарҳои ҷовидонии худро ба забонҳои урду ва форсӣ эҷод карда, латофату ширинии ҳар ду забонро таъкид мекунад ва ҳатто бартарии форсии дариро таъкид месозад:

   Дар узубат гар чи ҳинди шаккар аст,

   Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

   Осори Муҳаммад Иқбол, ки худ дар мактаби эҷодии Мавлоно Румиву Саъдӣ, Ҳофизу Ҷомӣ сабақ гирифта буд, имрӯз барои шоирони тоҷик мавриди пайравӣ на омӯзиши ҳунари суханварӣ қарор гирифтааст.

   Робитаҳои илмиву фарҳангии тоҷику ҳинд сол аз сол тавсиаву ривоҷ меёбад. Адибону донишмандон ва аҳли ҳунари ҳар ду кишвар ҳамкориву робитаи зич доранд. Дар Тоҷикистон осори адибони маъруфи ҳинд Асадулло Ғолиб, Муҳаммад Иқбол, Робиндранат Такур, Хоҷа Аҳмади Аббос, Кришан Чандар, Алӣ Сардори Ҷаъфарӣ, Премчанд бо теъдоди хело зиёд ба чоп расидааст. Дар таҳқиқи адабиёт ва фарҳанги ҳинд ва муаррифии адибони маъруфи Ҳиндустон хидмати олимони тоҷик А. Ғаффаров, Ш. Пӯлодова, Ҳ. Раҷабов,З. Ғаффорова, Н. Содиқова, И. Зиёев, Б. Раҳимов, Н.Нурзод, М. Усмонов, С. Акрамов,З. Раҳматуллоева, М.Нурова, Ҷ. Холов ва дигарон назаррас аст. Солҳои охир, махсусан адабиётшиносони варзида Ҳ. Раҷабов ва З. Ғаффорова бо осори илмии худ дар пешрпфти ҳиндшиносии олам саҳми калон мегузоранд. Асарҳои онҳо на танҳо дар Душанбеву Маскав, балки дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон нашр нардида, бо ҷоизаҳо тақдир мешаванд.

   Академияи илмҳои Тоҷикистон бо бисёр муассисаҳои илмиву фарҳангии Ҳиндустон, аз ҷумла бо донишгоҳи Кашмир ва ба хусус бо Маркази мутолиоти Осиёи Марказӣ робитаву ҳамкорӣ дорад. Натиҷаи ҳамкории донишмандони тоҷик бо профессор Кошинот Пандито ва Розия Ҷафри таълифу нашри як қатор асарҳо, аз қабили «Харитаи ҷуғрофии ҷаҳон аз рӯи «Сурат-ул-арз»-и Хоразмӣ» ва «Дӯстони тоҷики ман» мебошад, ки барои китоби охирӣ профессор Пандито ба ҷоизаи байналмиллалии Неҳру ноил гардид.

   Умед аст, ки равобиту ҳамкории илмиву фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон минбаъд боз ҳам ривоҷ пайдо карда самараҳои хуб медиҳад.

Мирзо Муллоаҳмад,

мудири шуъбаи Институт,

узви вобастаи Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗГАШТ