АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: дируз, имрӯз ва фардо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

    Миллати тоҷик бо миллати ӯзбек, таърихи ҳазорсолаи дӯстӣ ва бародарӣ доранд. Дар ин давраи таърихӣ, халқи тоҷик, алалхусус бо бародарони ӯзбеки худ, дар ҳудуди сарзамини беҳаду канори Осиёи Миёна дар якҷоягӣ умр ба сар бурда, бо ҳам сардию гармӣ, ҳуҷумҳои пай дар пайи аҷнабиён, ҷангу ҷидол, давлату давлатдориҳои зиёдеро дида, дар рафти он, баъзан шикаст ва аксар вақт ба музафариятҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил мегардиданд.

   Аз тарафи дигар, ин ду миллатро урфу одат, хислатҳои хоси бо ҳам монанд, суннатҳои якхела, фарҳанги муштарак ва аз ҳама муҳим, дар ҳар давру замон дастгири якдигар буданд, боз ҳам зичтар менамояд. Соли 1924 дар натиҷаи гузаронидани тақсимоти миллӣ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳудуди Аморати Бухороро ба чанд ҷумҳуриҳо тақсим намуда, дар бахшҳои шарқии он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар таркиби Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон таъсис дод.

   Соли 1929 бошад, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шуд. Бояд қайд намоем, ки бо дарназардошти дар ҳудуди беканори Осиёи Марказӣ асрҳо бо ҳам умр ба сар бурдан, бунёди ҷумҳуриҳои шуравии сотсиалистӣ - тоҷикон ва ӯзбеконро аз ҳам ҷудо карда натавонист. Мафҳуми сарҳад дар давоми тамоми таърихи давлати Шуравӣ, байни ин ду миллат умуман вуҷуд надошт ва истифода ҳам намешуд.

   Дар тамоми давраи Иттиҳоди Шуравӣ тоҷикон ва ӯзбекон бе маҳдудият дар корхонаҳои гуногуни саноатӣ фаъолият намуда, бо истифода аз урфу одатҳои муштарак бо ҳам умр ба сар мебурданд. Тиҷорати озоди байни мардумӣ ба авҷи камолоти худ расида буд. Онҳо гурӯҳи молҳои истеҳсолнамудаи худро дар бозорҳои ҳамдигар озодона ба фурӯш бароварда, ба ивази маблағи ба даст омада, номгуй зиёди молҳои барои онҳо лозимаро аз Тоҷикистон харидорӣ карда, бо худ мебурданд.

   Дар тӯли зиёда аз ним аср дар марзҳо аз ду ҷониб назорати гумрукӣ ва истифодабарии низоми ситонидани пардохтҳои гумрукӣ умуман вуҷуд надошт. Робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳода, маблағи савдои ин ду давлат дар сол ба садҳо миллион доллари ИМА расонида шуда буд.

   Аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон тамоми номгӯи молҳои истеҳсолӣ корхонаи алюминии тоҷик, корхонаи кимёии Ёвон, корхонаи трансформаторсозии шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа), корхонаҳои ноқилсозии Тоҷикистон, корхонаи яхдонсозии шаҳри Душанбе, маҳсули корхонаҳои нах ва матоҳои пахтагин ва абрешимини Душанбе ва Хуҷанд, маҳсулоти корхонаҳои саноати вазнин, сабук ва коркарди маҳсулоти кӯҳӣ, чорвои зинда ва номгӯи зиёди маҳсулоти саноати хӯрокворӣ содир карда мешуд.

    Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бештар трактор, комбайнҳо ва қисматҳои зиёди таҷҳизотҳои комилкунандаи онҳо, нӯриҳои минералӣ, молҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои саноати сабук, хурокворӣ ва маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешуданд.

   Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ боиси таъсиси давлатҳои нави соҳибистиқлол гардид. 1уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 9-уми сентбри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуданд. Бо ба даст овардани соҳибистиқлолии комили худ дар сарнавишти халқҳои тоҷику ӯзбек давраи нав, давраи бунёди давлатҳои нави миллӣ оғоз ёфт. Вобаста бо талаби замона, муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оҳиста-оҳиста маҷрои нав пайдо менамуд.

   22 декабри соли 1992 байни ин ду давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуд ва дар ин замина соли 1995 сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошкент фаъолияти худро оғоз намуд. Дар ин замина, аз соли 1992 то имрӯз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 111 санадҳои расмӣ ба имзо расид, ки онҳо дар маҷмуъ ҳамкориҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангиро дар бар мегиранд. 28 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи ХVIII Шӯрои Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд: «Барои мо тоҷикон муносибати дӯстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ниёзи мардумист».

   Дар миёни силсиласанадҳое, ки байни ду давлат ба имзо расиданд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июли соли 2000 ба ҳисоб мераванд.

   Дар санади охирин «принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба аз ҷумла, эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, кӯшишҳои мутақобила ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои шарикии иқтисодӣ барои ҳарду ҷониб судманд, ҳам дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳам дар сатҳи субъектҳои хоҷагидории ду кишвар дарҷ шуданд.

   Дар бораи дӯстии абадӣ «ҷонибҳо бо назардошти дурнамо барқарор кардани шакли нави муносибатҳо миёни кишварҳои минтақа уфуқҳои ҷадиди ҳамкории давлатиро муайян намуданд ва усулҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро моҳиятан васеъ карданд».

   Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон тайи бисту шаш соли истиқлолияти худ дар асоси муносибатҳои дипломатӣ пайгирона кӯшиш менамуд, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сиёсати дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судмандро пеш барад.

   Аз тарафи дигар, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз сардии фазои сиёсӣ ва сукунатҳои муваққатии солҳои охир эъҷод гардида, дар муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фаҳангии ӯзбекони муқими дар Тоҷикистон ва тоҷикони муқими дар Ӯзбекистон, таъсири манфӣ нарасонида, баръакс солимфикрӣ ва дӯстии байни ин ду миллатро мустаҳкамтар намуд.

   Бо интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳо байни ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

   Умед аст, ки сафари давлатии дар пеш истодаи Президенти Ӯзбекистон дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар робитаҳои ду кишвар саҳифаи нав боз намуда, ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон такони ҷиддӣ хоҳад дод.

   Аслан, масъалаҳои солҳои охир ба миён омада:

   - бардоштани маҳдудиятҳои раводид;

   - кушодани сарҳадот;

  - бардоштани маҳдудиятҳои парвози ҳавопаймоҳо;

  - шурӯи истифодабарии роҳи оҳани Термез - Душанбе, Термез – Курғонтеппа, Тошкант – Хуҷанд - Фарғона, Самарқанд – Панҷакент;

   - делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, масъалаҳои тақдирсоз набуда, боварии комил дорам, ки то сафари расмии Президени Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтаррам Шавкат Мирзиёев онҳо аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллӣ худро меёбанд.

   Ин сафари расмӣ натанҳо роҳбарияти ҳукуматҳо ва миллатҳои сершумори Ӯзбекистон ва Тоҷикистонрл, балки сарони давлатҳои ИДМ, СММ ва халқҳои давлатҳои ҳамсоя умеди натиҷагирии мусбатро доранд.

   Аз ин лиҳоз, аз ду ҷониб ба барномарезии ин сафар эътибори махсус дода, бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон самтҳои муҳими барои ин ду давлат тақдирсоз ва муфидро интихоб намуда, баъд аз татбиқ натиҷаҳои онро ба нафъи ду миллат бояд истифода намуд.

   Аз нуқтаи назари мо дар рафти ин сафар, сарони ду давлат бояд пеш аз ҳама ба масъалаи таъмини бехатарии сарҳадот ва ҳамоҳангсозии ҳамкории дуҷонибаи қувваҳои сарҳадӣ ва артиши миллӣ эътибори махсус зоҳир намуда, бо дарназардошти бо суръат ивазшавии вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон, бо яроқҳои навтарин мусаллаҳшавии баъзе давлатҳо, тезу тунд шудани вазъи дохилии давлатиба мо ҳамсояи Афғонистон, дар ин замина бо шиддат дар ин минтақа ҷойгиршавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ бояд фавран ҳамкориҳои дуҷонибаи худро дар ин бахш муайян намояд.

   Бояд зикр кард, ки сарҳади имрӯзаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон марзҳои берунмарзии ИДМ низ ба шумор меравад ва хатари он метавонад ба ҷамъи давлатҳои узви ИДМ таъсири манфии худро низ расонанд.

   Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки дар рафти ин сафар сарони давлатҳо аз вазифаи раисии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бурда, масъалагузории муштараки худро оид ба баррасии масъалаи таъмини бехатарии сарҳадот дар Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ анҷом диҳанд.

   Масъалаи дигаре, ки сарони ду давлати ҳамсояро бояд ба худ ҷалб намояд, ин бароҳмонии ҳамкорӣ бар зидди зуҳуроти номатлуб мебошад. Паноҳ нест, ки бо афзоиши гурӯҳҳои зиёди террористӣ хавфи интиқоли маводи мухаддир ва мадҳушкунанда бо истифода аз марзҳои ин ду кишвар эҳтимолияти афзоиш доранд. Ба ин масъала дар якҷоягӣ бояд натанҳо давлатҳои узви ИДМ, балки бо истифода аз минбари СММ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, тамоми давлатҳои тарақикардаро ба мубориза бар зидди чунин зуҳурот ҷалб намудан лозим аст.

   Бо дарназардошти мавқеи геополитикии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бароҳмонии ҳамкориҳои дуҷонибаи башардӯстонаи ҳар ду кишвар муваффақ арзёбӣ мешавад. Ҷаҳониён медонанд, ки даҳсолаҳои охир ин ду кишвар дар ин замина таҷрибаи ғание пайдо намудаанд ва мутобиқ ба муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳро барои муътадил нигоҳ доштани вазъи имрӯзаи Афғонистон ба миён мегузоранд.

   Дар баробари масъалаҳои муҳими сиёсӣ боварӣ дорем, ки таҳти роҳбарии сарони давлат, гурӯҳи корӣ ба масъалаҳои иқтисодӣ эътиборӣ махсус зоҳир намуда, бо ба имзо расонидани Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷории ду давлатро барои солҳои 2018 – 2025 муайян менамоянд.

   Қобили зикр аст, ки лоиҳаи Созишномаи бояд дурнамои татбиқи самт ва барномаҳои барои ҳар ду давлат муҳим ва фоидаовари иқтисодиро дар бар гирад.

   Дар ин замина, Вазорати энергетика ва мелеоратсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо бастани қарордод оид ба барқарор намудани хати баландшиддати барқи Осиёи Марказӣ ва эҳё намудани қарордод оид ба харид ва фурӯши барқ, фавран ба интиқоли барқ шуруъ намуда, ҷадвали таъминоти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо об, бо дарназардошти танзими марҳилаҳои зарурии мавсимӣ, барои имзо дар сатҳи роҳбарияти Ҳукуматҳо ва Сарони давлат омода намоянд.

   Масъалаи дигаре, ки ба нафъи ду миллат муҳим ҳисоб мешавад, ин ҷалби сармоя ва мутахассисони ӯзбек ба соҳаҳои мухталифи мамлакати мо мебошад. Бо назардошти имкониятҳои кишвари мо ва потенсиали энергетикии он аз як тараф ва аз тарафи дигар эҳтиёҷоти ҷумҳурии ҳамсоя бо барқ, бояд ду тарафро водор намояд, ки дар якҷоягӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, бо ҳам дар бунёди иншоотҳои барқию обии як чанд лоиҳаҳо иштирок намоянд.

   Дар баробари соҳаи энергетика, самтҳои зиёди иқтисодиёти мамлакати мо (ба вижа саноати вазнин, сабук, хурокворӣ, кишоварзӣ, мелеоратсия) низ эхтиёҷ ба сармояи хориҷӣ доранд.

   Дар рафти таҳия намудани Созишномаи иқтисодӣ, таҳия ва ба имзо расонидани қарордоди хариди гази табиӣ эътибори махсус бояд дод. Дар ин масъала, бо мақсади гузаронидани ташхис ва таъмири хати пеш амалкунандаи лӯлаҳои интиқоли газ ва омода сохтани корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав қабул кардани гази табиӣ, пешбинӣ намудани муҳлати лозима зарур аст.

   Масъалаи дигаре, ки ба он роҳбарияти ҳар ду давлат бо назардошти дар ҷаҳон аз нав эҳё гардидани шоҳроҳи абрешим эътибори махсус зоҳир намоянд, ин истифодабарии пурсамари шоҳроҳҳои Тоҷикистон аст. Даҳсолаҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ бозсозии шоҳроҳҳои мамлакатро анҷом дода, Тоҷикистонро аз бумбастӣ коммуникатсионӣ раҳо намуд.

   Бо мақсади самаранок истифода намудани ин шоҳроҳҳо, бояд Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Созишнома дар бораи истифодабарии муштараки шоҳроҳҳо, танзими барасмиятдарории гумрукӣ, ташкили хизматрасонии ронандагон ва мусофирон, бунёди ташкилотҳои муштараки нақлиётӣ ва бе мамоният ҳаракат намудани нақлиёти боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Миёна, чораҳои лозимиро андешанд ва ба имзо расонанд.

   Умед аст, ки татбиқи дурусти танҳо истифодабарии транзитии нақлиёти автомобилӣ ба буҷаи ду давлат миллионҳо доллари ИМА даромад меоварад.

   Дар соҳаи роҳи оҳан низ бояд тарафҳо дар якҷоягӣ дар муҳлатҳои кутоҳтарин проблемаҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, дар баробари хариди локомотив ва вагонҳои ҳозиразамони истеҳсоли Ӯзбекистон дар фикри татбиқи лоиҳаи электрификатсиякунонии роҳи оҳан шаванд.

   Самти дигари барои ду давлат муфид ин истифодабарии муштараки захираҳои табии ҳудуди давлати Тоҷикистон мебошад. Бояд ёдовар шавем, ки солҳои пеш тоҷикон бо дар якҷоягӣ бо бародарони ӯзбек аз қаторкуҳҳои Зарафшон, Ҳиссор, Туркистон ва Помир тилло, нуқра, мис, оҳан, сангҳои қиматбаҳо истеҳсол намуда, коркарди онро васеъ ба роҳ монда буданд.

   Маълум аст, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масъалаи истихроҷи маъданҳои мухталиф, аз он ҷумла тилло ва нуқра нисбат ба мо таҷрибаи бештар пайдо намудааст.

   Қобили қайд аст, ки бо назардошти истифодаи таҷҳизотҳои замонавӣ, ҳаҷми истеҳсоли тилло дар як сол дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯзҳо то ба 110 тонна расонида шудааст.

   Аз ин лиҳоз, бо назардошти конҳои зиёди кашфшудаи тиллои Тоҷикистон ва таҷрибаи корхонаҳои истихроҷи тиллои Ӯзбекистон ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкории Вазорати саноат ва технологтияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон беҳад муфид мебуд.

   Дар ин замина, ҳамкории дуҷонибаро дар бароҳмонии истихроҷи маъдани квартс ва бунёди корхонаи муштараки шишабарорӣ, истихроҷи маъдани намаксанг ва бунёди корхонаи муштараки кимёӣ, истихроҷи санги мармар ва бунёди корхонаи муштараки коркарди санги мармар, истихроҷи сангҳои қимматбаҳо ва бунёди корхонаҳои муштараки коркарди сангҳои қимматбаҳо, бунёди корхонаи муштараки коркарди алюминий ва дар ин замина истеҳсоли молҳои ниёзӣ мардум низ ҳамкориро бароҳ мондан мумкин аст.

   Масъалаи дигаре, ки барои ду миллати ҳамсоя хеле муҳим аст, ин аз нав эҳё намудани ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва куҳнавардӣ шуморида мешавад. Маълум аст, ки солҳои охир дар бунёди инфраструктураи соҳаи сайёҳии ду давлати ҳамсоя пешрафти назаррас бараъло дида мешавад. Дар баробари комплексҳои зиёди сайёҳӣ дар шаҳрҳои марказии ду давлат меҳмонхонаҳои замонавӣ, минтақаҳои махсуси сайёҳӣ, кемпингҳо, маҷмааи лижаронӣ, барномаҳои зиёди сайёҳӣ (шикори сайд, хатҳои куҳнавардӣ, шиносои бо осори қадима, зиёрати ҷойҳои муқаддас), барномарезӣ гардиданд, ки онҳо дар якҷоягӣ ба рушди ин соҳа мусоидат менамоянд.

   Умед аст, ки бо ба имзо расидани Созишнома миёни Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди саиёҳии дуҷониба дар баробари рушди сайёҳии хориҷӣ бо назардошти наздикии ин ду миллат, пайвастагии хешу таборӣ ва аз миён бардоштани маҳдудиятҳои раводидӣ, туризми дохилии ду давлат ба авҷи камолоти худ мерасад.

   Татбиқи дурнамои самтҳои дар боло зикргардида, имрӯз дар сатҳи олии ду давлат ҳал намудани масъалаҳои молиявиро тақозо дорад. Қобили зикр аст, ки солҳои охир системаи амалкунандаи асъори хориҷии давлатҳои абарқудрат бо назардошти дар сиёсати ҷаҳонӣ истифода шуданашон, мавқеи худро аз даст дода истодаанд. Солҳои охир, бисёри давлатҳо дар муомилоти дуҷонибаи худ, ҳисоббаробаркуниро бо асъори миллии худ анҷом дода истодаанд.

   Дар ин замина, ҳалли масъалаи бунёди бонки муштараки ҳисоббарорӣ, яке аз масоили муҳим маҳсуб мешавад.

   Бинобар ин, то вохӯрии роҳбарони давлатҳо бояд роҳбарияти ҳукуматҳо ва бонкҳои миллии ду давлат бо мақсади баррасии ин масъала, якчанд вохӯриҳои худро анҷом диҳанд.

   Ба диди мо дар рафти ин сафар боз бояд пеш аз ҳама ба масъалаҳои:

   - бунёди комиссияҳои муштарак;

   - ифтитоҳи намояндагии тиҷоратии ду давлат;

   - баргузории намоишгоҳҳои молҳои истеҳсоли ватанӣ;

   - бунёди корхонаҳои муштарак;

  - татбиқи лоиҳаи электрификатсиякунонии роҳи оҳан;

  - таъмини аввалиндараҷаи аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо барқ;

  - ба роҳмонии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди он;

  - истифодаи таҷрибаи бойи истеҳсоли пахта ва ғалладонаи бародарони ӯзбек; - дастгирии молиявии соҳибкорони инфиродии ҳар ду давлат.

   - вусъат додани ҳамкории фарҳангӣ;

   - баргузории вохӯриҳои адибон ва нависандагон;

   - эҳё намудани барномаҳои дуҷонибаи телевизионӣ;

   - тақвияти марказҳои фарҳангии тоҷикон дар маҳалҳои тоҷикнишин ва марказҳои фарҳангии ӯзбекӣ дар маҳалҳои ӯзбекнишин;

   - баргузории чорабиниҳои муштараки ҷашнҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ;

   - ҳамкорӣ дар соҳаи барқарор намудани мактабҳои тоҷикӣ дар маҳалаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ва мактабҳои ӯзбекӣ дар маҳалаҳои ӯзбекнишини Тоҷикистон;

   -муайян намудани квотаҳои давлатӣ барои донишҷӯёни донишкадаҳои олии ин ду кишвар;

   - ба роҳ мондани чопи китобҳо ва маҷалаю рӯзномаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ;

   - афзоиш додани шумораи донишҷуёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо назардошти таъмини мактабҳои миёнаи Ӯзбекистон бо муаллимон эътибор дода шавад.

   Умед дорем, ки вохӯрии дарпешистодаи сарони ду давлат дустӣ ва бародарии ин ду миллатро аз ин беш мустаҳкамтар менамояд.

Маҳмадамин Оймаҳмадов

 мудири шуъбаи

ИДМ-и Институт

БОЗГАШТ