АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Равобити иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Тавре маълумаст, асоси тамоми соҳаҳои муносибати иҷтимоиро равобити иқтисодӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ пешбурди равобити иқтисодӣ бо Фаронса, ки дорои иқтидори бузурги сармоягузорӣ, технологияи рақамӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи саноатӣ-истеҳсолӣ мебошад, барои кишвари мо аҳамияти махсусро доро аст.

Боиси таъкид аст, ки равобити иқтисодии ҷонибҳо асосан ба ду давра ҷудо мешавад: то соли 2001 ва баъд аз он. Дар давраи аввал ҳамкории иктисодии кишварҳо асосан тариқи Кумитаи аврупоии кумаки башардӯстона (ECHO), САҲА, шӯъбаҳои молиявӣ-иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва барномаи TASIC сурат мегирифт. Танҳо дар давраи дуюм ин навъи равобити кишварҳо ба сатҳи нисбатан нав дохил гардид.

Дар самти бисёрҷониба ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо аз нимаи дуюми соли 1992 шурӯъ гардидааст. Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо дар асоси барномае, ки аз ҷониби парлумони он тасдиқ шуда буд, дар ҳаҷми 1,2 млрд. ЭКЮ барои дастгирии давлатҳои тозаистиқлол ва бартараф намудани камбудии маҳсулоти озуқаворӣ қарз ҷудо намуд.

24 июни соли 1992 дар Брюссел Созишномаи қарзии байни Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва ҶТ ба имзо расид, ки дар асоси он ба Тоҷикистон 54,5 млн. экю қарз ҷудо карда шуд. Дар доираи ин қарз солҳои 1992-93 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 34,5 млн. ЭКЮ маҳсулоти ғалладона, дар ҳаҷми 15 млн. экю шакар дар ҳаҷми 5 млн. экю доруворӣ ворид карда шуд.[1]

Дар баробари ин аз оғози соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи махсуси кӯмакҳои техникӣ Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо, ки дар ҷаҳон бо номи ТАСIS машҳур аст, дохил карда шудааст.[2]

Соли 1995 дар асоси барномаи ТАСIS ба Тоҷикистон барои расонидани кӯмакҳои техникӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, энергетика ва маориф 4 млн. доллари ИМА ҷудо карда шуд. Иттиҳоди Аврупо баҳри тезонидани татбиқи барномаҳои банақшагирифташуда аз моҳи августи соли 1995 барои ҳамоҳангсозии барномаи ТАСIS – ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Мақсади асосии Бюрои ҳамоҳангсозии барномаи ТАСIS – ин ба ҳукумати ҶТ расонидани кӯмакҳои машваратӣ барои бароҳмонии корҳои идора кардан ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ иборат буд.[3]

Аз соли 1993 дар қаламрави ҶТ фаъолияти Намояндагии Идораи Комиссияи Аврупоӣ оид ба масоили кӯмакҳои башардӯстона (ЕСНО) оғоз мешавад, ки дар ташаккули равобити мутақобилаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо саҳми муассире гузоштааст.[4]

Дар тӯли фаъолият Идораи намояндагӣ ба созмонҳои ғайридавлатӣ маблағҳои зиёд баҳри гузаронидани чорабиниҳо оид ба татбиқ намудани барномаҳои кӯмаки башардӯстона, ҷобаҷосозии мӯҳоҷирони дохилӣ ва гурезаҳо ҷудо намудааст, ки дар даврони душвор барои кишвари  мо аҳамияти ҳаётӣ дошт.

Аввалин сафари ҳайати олирутбаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муовини аввали Ҳукумати ҶТ М.Убайдуллоев 31 октябри соли 1995 ба Белгия доир гардид. Дар натиҷа Меморандум байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати ҶТ ба имзо расида, ба Тоҷикистон 47500тонна орд ҷудо гашт.[5]

Дар баробари гуфтаҳои боло Иттиҳоди Аврупо  дар асоси Барномаи кӯмаки озуқавории Иттиҳоди Аврупо  барои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 ҳазор тонна орд фиристод.[6]

Равобити кишварҳоро таҳлил намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки вобаста ба вазъи душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамкориҳо танҳо дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои башардӯстона ва ёрии техникӣ аслан имконпазир буда, маҳз онҳо баҳри рушду густариши равобити мутақобилан судманд дар оянда заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Дар соҳаи муносибатҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса 7 ҳуҷҷат имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду давлатро ташкил медиҳанд.
Бо мақсади инкишоф додани муносибатҳои савдоӣ-иқтисодӣ дар рафти ташрифи вазири мудофиаи Фаронса ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ҳайъати иқтисодӣ ҳамроҳӣ мекард. Онҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов қабул гашта, баъд аз вохӯрии мазкур қарори таъсиси Маҳфили бозаргонии Тоҷикистон ва Фаронса қабул карда шуд.

Намояндагони ҳайати иқтисодии Фаронса, инчунин, бо намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати рушди иқтисод ва савдо, палатаи савдо ва саноат вохӯрӣ намуда, масъалаҳои марбут ба иқлими инвеститсионии мамлакатро мавриди муҳокима қарор доданд. Инчунин аз ҷониби онҳо якчанд лоиҳаҳо дар соҳаҳои бонкӣ, энергетикӣ ва саноати хӯрокворӣ пешниҳод шуданд.

Ҳаҷми савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса дар соли 2006 - 6214,5 ҳазор доллари ШМА-ро (содирот- 175 ҳазор дол., воридот- 6039,5 ҳазор дол.ИМА) ташкил дод.[7]

8 августи соли 2008 дар Вазорати молияи ҶТ протоколи молиявӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Фаронса дар бораи сохтмони терминали нави фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе ба имзо расид. Мутобиқи он Фаронса ба ЧТ қарзи хориҷӣ ба маблағи 17 млн. евро дар тӯли 35 соли пешниҳод менамояд, ки 25 соли он давраи имтиёзнок мебошад.[8]

24 феврали соли 2012 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани ва роҳбарияти ширкатҳои «СОФЕМА» ва «ВЕНСИ»- и Фаронса масоили татбиқи лоиҳаи сохтмони терминали мусофиркашонии фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе мавриди баррасӣ қарор дод.

Оқил Оқилов таъкид кард, ки сохтмони терминали байналмилалии Душанбе аз ҷониби ширкатҳои фаронсавӣ ба таъхир афтода, дар иҷрои мувофиқаҳое, ки қаблан ба даст омадаанд, мушкилиҳои зиёде пеш овардааст ва маҳз ба хотири кашол ёфтани корҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ ва ташхиси техникию молиявӣ арзиши лоиҳавии сохтмони терминал ба маротиб боло рафтааст.[9]

Зимни сафари расмӣ ба Аврупо аз 6 то 11 июни соли 2011 (Австрия) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Аврупоии сармоягузорӣ Филипп Мейштадт (10 июн) мулоқот намуд. Баъди анҷоми мулоқот миёни Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии сармоягузорӣ боз ду созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки нишонаи возеҳи ҳавасмандии Иттиҳоди Аврупо ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мебошад. Мутобиқи ин санадҳо дар давраи аввал барои татбиқи амалии лоиҳаҳои энергетикӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон 14 миллион евро қарзи имтиёзнок ва 7 миллион евро маблағи грантӣ ҷудо карда  шуд.

Муносибатҳои фарҳангӣ низ байни кишварҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт пеш аз ҳама робитаи қадими халқҳоро метавон зикр кард. Аз асрҳои XII-XIII оғоз намуда фаронсавиҳо бо осор ва ашъори Рудакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ваКамоли Хуҷандӣ ва дигарон ошно буданд.

Осори бузургони классики мо дар ин кишвар чандин маротиба баргардон ва нашр шудаанд. Ба қавли Шокир Мухтор аввалин асаре, ки фаронсавиҳоро бо Шарқ шинос намуд, «Гулистон»-и Саъдӣ мебошад, ки аз ҷониби сафири Фаронса дар Теҳрон Андол де Рие соли 1684 тарҷума гардидааст.

Осори Сино, Фирдавсӣ ва дигар мутафаккирони тоҷик дар Фаронса маҳбубият доштанд. Танҳо тӯли солҳои 1900-1910 рубоиёти Хайём дар тарҷумаҳои Никол, Шарл Гролло, Ферманд Анри, Жорж Фриллей, Мертолд ва дигарон борҳо ба табъ расиданд

Ҳамзамон дар ҳудуди Фаронса тоҷикон зиндагӣ менамоянд, ки дар ташакули ҳаёти ҷамъиятӣ ва илмӣ-фарҳангии ин кишвар саҳми босазо доранд. Масъуди Миршоҳӣ, шоира Гулбаҳор Мирзоева – духтари шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо, узви вобастаи АУ ҶТ Ёқубова Муҳиба аз қабили онҳоянд. Ба қавли Масъуди Миршоҳӣ соли 1996 танҳо дар ҳудуди шаҳри Париж 36 ҳазор эрониҳо зиндагӣ мекарданд.

Бо такя ба робитаҳои таърихӣ ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳо дар замони истиқлолият инкишоф ёфта истодаанд. Намунаи возеҳи он ташрифи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҷумҳурии Фаронса барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО моҳи октябри соли 2005 мебошад. Дар рафти ташриф «Рӯзи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса» бо иштироки васеи намояндагони санъати тоҷик баргузор шуд. Ҳамзамон вохӯрии президенти Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Жак Ширак бо арбобони санъати тоҷик доир гардид, ки дар он ҷаноби Жак Ширак онҳоро бо мукофотҳои давлатии Фаронса сарфароз гардонид.

Соли ҷорӣ 29 март дар шаҳри Париж бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо ҷамъияти тоҷикон дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии «Наврӯз» дар зери манораи Эйфел Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони ҷамъиятҳои Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон бо Сафорати Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд. Намояндагон ва сайёҳоне, ки ба тамошои манораи Эйфел ҳар рӯз аз тамоми дунё меоянд, шоҳиди ин иди бошукӯҳ гардиданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ Раиси анҷумани «Journée Internationale de Norouz», узви ҷамъияти «Пайванд», профессори Донишгоҳи Париж ва маркази тадқиқотии «Кюри» Масъуди Миршоҳӣ ба ҳозирин, ки теъдоди онҳо аз се ҳазор зиёд буд, дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз, расму оин, урфу одат, тарзи ҷашнгирии он ва либосҳои миллии кишварҳои номбурда маълумот дод. Инчунин дар раванди ҷашн намоиши либосҳои миллии минтақаҳои кишварҳои таҷлилкунандаи наврӯз ба маърази тамошо гузошта шуд.

Умуман ҳамкории ҷонибҳо дар самти иқтисодӣ-фарҳангӣ мӯътадил ҷараён доранд. Вале бояд қайд намоем, кибо иқтидори кишварҳо ин сатҳ пурра мувофиқат намекунад. Зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт инкишоф дода шаванд.

 

                            Адабиёт
  1. М.Оймаҳмадов, М. Муртазоев. «Иқтисодиёти ҷаҳон» Теҳрон. Нашри замон. 2001. саҳ
  2. М.Оймаҳмадов, М.Муртазоев. «Иқтисодиёти ҷаҳон». Саҳ

www/mid.tj.

  1. М.Оймаҳмадов, М.Муртазоев. «Иқтисодиёти ҷаҳон». Саҳ
  2. http://www.mid.tj/index.php?node=article&id=367
  3. Зарифӣ Х. Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. – С. 146.
  4. Мулоқоти Оқил Оқилов бо Сафири Фаронса. http://khovar.tj/archive
  5. Бобохонов М. Таърихи тоҷикони ҷаҳон. Душанбе, 2002, - С.304.

 

  1. http://khovar.tj/archive/3815-

Матни суханрониҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти  матбуотӣ бахшида ба фаъолияти Вазорат дар се моҳаи дуюми соли 2011. www.khovar.tj.

 

Исоқов Маҳмадлатиф – ходим илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

БОЗГАШТ