АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Равшанфикрӣ ва рисолати миллӣ (бардоштҳои иҷмолӣ дар заминаи семинар-машварати илмӣ-омӯзишӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

  Гузаронидани нишасту конфронс ва семинар-машварату маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ ва фаннӣ-ихтисосӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, 7 январи соли ҷорӣ, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо бо ҳузури доираи муҳаққиқону коршиносон семинар-машварати илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Мақоми равшанфикрон дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва таъмини амният” баргузор гардид. Семинар-машваратро директори пажӯҳишгоҳ Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ифтитоҳ карда, минҷумла тазаккур дод, ки дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақола ва матолиби зиёде дар матбуоти даврӣ, сомона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилӣ пахшу нашр мегарданд. Дар ин замина, матлаби илмӣ-ихтисосии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор С. Ятимов таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад”, ки бар мабнои нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардидааст, дар баъзе маҷаллаву рӯзномаву ҳафтаномаҳои расмию мустақили ҷумҳурӣ ва сомонаву пойгоҳҳои таҳлилию иттилоотии ватанӣ интишор ёфт. Ба ин маъно, мудирияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо тасмим гирифт, ки дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва матлаби илмӣ-ихтисосии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор С. Ятимов “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад” семинар-машварате доир намояд. Ба ин тартиб, дар семинар-машварат гузориши илмии сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Америкаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо доктори илмҳои сиёсӣ Шамсиддин Каримов дар мавзуи “Мақоми равшанфикрон дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва таъмини амният” мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт. 

  Гузоришгар Шамсиддин Каримов, ки таҷрибаи корӣ-идорӣ, илмӣ-назарӣ ва эҷодию амалиро дар ташкилоту муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ андӯхтааст, ҳудуди 20 дақиқа сари мавзуъ ва масъалаҳои марбута. аз ҷумла: мафҳуму моҳияти истилоҳи “равшанфикр” ва муносибати маъноию мазмунии он бо силсилавожаҳои маъмули “зиёӣ”, “интеллигенсия”, “интеллигент”; даврабандии ҳаракати равшанфикрии миллӣ; мушаххасоти симои равшанфикр; чеҳраҳои матраҳи равшанфикрии миллӣ дар замони шуравӣ ва мароҳили Истиқлоли давлатӣ; сатҳу сифати иҷрои рисолати қишри равшанфикрӣ; нақши равшанфикрон дар таҳкими ҳувиятсозӣ ва раванди амнияти миллӣ; бетарафию саҳлангории насли зиёиёни ватанӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва амсоли инҳо тамаркуз намуда, дар ин замина андешаҳои ҷолиб ироа дошт. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки равшанфикрон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ натавонистанд ба таври дастҷамъона мавқеъгирии миллӣ дошта бошанд, аз ин лиҳоз, кишвар ва миллат ба бунбасти ақидатӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳувиятӣ гирифтор ва хисороти зиёдеро мутаҳаммил гардид. Ба назари гузоришгар Шамсиддин Каримов, равшанфикрон, ғолибан дар замони ҳассоси таърихӣ (ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар назар аст), ки онро метавон сарнавиштсоз унвон кард, на танҳо муттаҳид нагардиданд, балки дунболи манофеи шахсию гурӯҳӣ гардида, миллат ва давлатро ба вартаи нобудӣ кашиданд. Ин аст, ки қишри зиёӣ ва аз ҷумла равшанфикрони вақти миллӣ яке аз омилони ҷанги шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд. Хулоса, устод Шамсиддин Каримов дар доираи як гузориш тавонистанд мавзуъ ва масоили асосиро бо далелҳо матраҳ намоянд ва назароти фардиро дар заминаи мавзуи меҳварӣ манзур созанд.

  Баъди ироаи гузориши хуби Ш. Каримов, ки дар тахтаи электронӣ тариқи ҷадвалу диаграммаҳо манзур гардид, ҳамкорону муҳаққиқон, аз ҷумла ҷавонон доир ба муҳтавои гузориши илмии Шамсиддин Каримов изҳори назар карданд. Музокиракунандагон ба ин нукта тамаркуз намуданд, ки муаллиф мавзуи муҳим ва саривақтиро интихоб ва мавриди таҳқиқи муқаддимотӣ қарор додааст ва аз рӯйи он метавон вазъи равшанфикрӣ ва ҳолати зиёигариро дар минтақа шинохт ва баҳогузорӣ намуд. Албатта, гузориши илмиро доктор Ш. Каримов бар асоси мутолеот, мушоҳидот, дидгоҳ, мавқеъгирӣ ва андӯхтаҳои фардӣ матраҳ намуд ва худи ӯ ҳам батакрор изҳор дошт, ки он чи ки ба унвони тезису фишурда ироа медорад, маҳсули назароти шахсии муаллифанд ва сари ҳар яки онҳо метавон соатҳо баҳс кард. Ин буд, ки музокиракунандагон аз матраҳ кардани чунин навъи мавзуъ ва масоили ҷиддӣ изҳори хушӣ карданд ва ба гузориш баҳои сазовор доданд.

  Мо низ дар қатори дигар музокиракунандагон сари мавзуи меҳварӣ “Мақоми равшанфикрон дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва таъмини амният” суҳбате муқаддимотӣ анҷом додем, ки хулосаи онро манзур месозем:

  Якум. Равшанфикр ба кору умури фикрӣ машғул аст ва албатта, кори равшанфикрӣ кори на як ё ду нафар, балки кори қишр ё ниҳоди мушаххаси иҷтимоӣ аст, ки бо номи “равшанфикр” миёни ҷомеа машруият касб мекунад. Танҳо дар натиҷаи муколамаи мутақобилан судманд ва орӣ аз ғараз ва табодули назари табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фазои бози равшанфикрӣ дар ҷомеа доман густурда, роҳи наҷоти инсонӣ аз вартаи хурофоту таассуби саросарӣ тадриҷан дар ҳамаи сатҳҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодӣ имконпазир мегардад. Ин аст, ки файласуфи машҳури асри бистум Мишел Фуко навиштааст: “Кори равшанфикрӣ корест ҳамагонӣ, маҳсули хиради ҷамъӣ ва мантиқи муколама” (ниг.: Аҳмадӣ Бобак. Кори рӯшангарӣ. Теҳрон: Марказ, 1384. –С.11).

  Дувум. Ҳарчанд ки устод Шамсиддин Каримов истилоҳи “равшанфикр”-ро ба лиҳози вожашиносӣ матраҳ кард, зарур мешуморем, масъалаи мазкурро ба таври иҷмолӣ баён созем, то ин ки хонанда ба мавзуъ аз ибтидо ошно гардад. Вожаи “равшанфикр” дар шакли истилоҳ ва мафҳуми илмию фарҳангӣ аз фарҳанги урупоӣ ба муҳити фарҳангӣ ва фазои сиёсию фалсафии мо ворид гардидааст. Нависандагони давраи машрутаи Ирон ба ҷойи истилоҳи франсавии “Siecle des lumieres”  таъбири “асри мунавварфикрӣ” -ро истифода мебурданд ва дар солҳои баъдӣ ба ҷойи “мунавварфикр” вожаи “равшанфикр” мутадовил гардид ва натиҷатан, ба ҷойи истилоҳи франсавии “Siecle des lumieres” мафҳуми “асри равшанфикрӣ” мавриди истифода қарор гирифт. Дар асрҳои миёна вожаи “равшанфикр” дар шакли рӯшандил камокон арзи ҳастӣ намудааст ва Ҳаким Носири Хусрав ҳангоми баёни матолиби мавриди назар вожаи “рӯшандилӣ”-ро дар шакли “Рӯшандилони Рӯшон ойинаи сафоянд” истифода кардааст. Устод Айнӣ ҳам дар китоби “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” аз калидвожаҳои “танвири фикрӣ” ва “мунавварфикрӣ”, ки ба шарофати робитаҳои иқтисодию тиҷорӣ ва ҳамкориҳои сиёсию фарҳангӣ бо Русия дар ибтидои садаи бистум дар фазои фикрию эҷодии Бухорои амирӣ падид омадаанд, кор гирифтааст (ниг.: Нуров Н. Мақоми рӯшанфикр дар ҷомеа. //Илм ва ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ № 3-4,  2016. –С.108-109).

  Вожаи “равшанфикр” аз лиҳози луғавӣ маънои навгаро ва таҷаддудпарастро далолат намуда, ба касе итлоқ мешудааст, ки эътиқод ба ривоҷи ойину афкори нав дорад (ниг.: Деҳхудо Алиакбар. Луғатнома. Ҷилди 8. Теҳрон, 1373. –С.10912). Дар китоби Доиратулмаорифи форсӣ вожаи “равшанфикрӣ” дар баробари Enliqhtenment омада, ки ҳамон равшанфикрӣ аст ва ҳеҷ ишорае ба вожаи англисии Intellectual нашудааст ва дар ин китоб шарҳе аз гуманизми роиҷи Урупои асри ҳаждаҳум омадааст (ниг.: Мусоҳиб Ғуломҳусайн. Доиратулмаорифи форсӣ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1345. –С. 1128.). Ба таври куллӣ, дар фарҳанги муосири форсӣ истилоҳи “равшанфикр” дар ду маъно шарҳ ёфтааст:

  1.Касе, ки дорои бинише огоҳона, мантиқӣ, дур аз хурофа ва таассуб бошад.

  2.Касе, ки муътақид ба нақш ва арзиши донишу фарҳанг дар пешрафти ҷомеа ва беҳрӯзии мардум бошад (ниг.: Афшор Ғуломҳусайн Садрӣ, Ҳакамӣ Насрин, Ҳакамӣ Настаран. Фарҳанги муосири форсӣ. Теҳрон, 1381. –С.683).

  Севум. Соли 1806 нахустин маротиба масъалаи равшанфикрӣ ба маърази баҳси илмӣ кашида мешавад ва Канти олмонӣ меъёрҳои фаъолияти равшанфикрро дар масири зиндагӣ таъйин мекунад. Пайванди фалсафа бо донишгоҳ, ки аз мақолаи “Кашокаши донишкадаҳо”-и Кант ва номаи “Хитоб ба миллати Олмон”-и Фихте оғоз шуда, то “Суханронии Раёсат”-и Ҳайдеггер (соли 1933) идома ёфт, кори равшанфикриро бо назардошти талабот ва муктазиёти замон ривоҷ дод. Мусаллам аст, ки пас аз Ҳегел фалсафа бештар рӯйи масоили иҷтимоӣ тамаркуз кард ва файласуфону ҷомеашиносони баъдӣ аз Зиммел, Вебер, Дилтей то Маркузе, Адорно ва Ҳабермас ковишу ҷустуҷӯҳои ҷомеашинохтии масоили иҷтимоиро бунёд гузоштанд.

  Ба ин тартиб, ҷомеашиносон оғози равшанфикриро садаи нуздаҳум медонанд ва барои намуна аз асрҳои қаблӣ чеҳраҳои мондагори фарҳангиро чун сарчашма ва пойдевор мисол мезананд. Масалан, Эрнст Касирер ё Томас Манро ба унвони яке аз нахустин чеҳраҳои равшанфикрии модерни пеш муаррифӣ мекунанд. Маркс, Толстой, Нитше, Дарвин ва Будлер аз ҷумлаи номҳои алифбоии андешаи равшангаройианд. Нитше дар саргаҳи равшанфикрии урупоӣ дар замони нав қарор гирифтааст. Ӯ ба мукобили авомзадагӣ ва суннатгаройии урупоӣ баромада, тавассути дониш ва ҳунар арзишҳоро, бо назардошти замон ва макон таҷдиди назар кард. Нитше ҳунарро бузургтарин муҳаррики зиндагӣ (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. Теҳрон: Қакнус, 1383. –С.255) дониста, бо эҷоду офариниш, ки махсуси равшанфикрист, ба майлу хоҳиши инсоният тағйир додани ҷаҳонро тақозо кардааст. Нитшеи олмонӣ чун медонист, ки кори равшанфикрӣ сахту мушкил аст, таъкид карда буд: Мо набояд аз сахтиҳои худ эҳсоси шармандагӣ кунем, балки бояд аз ин амр шарманда шавем, ки натавонистаем чизҳои зебое аз он бирӯёнем (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. Теҳрон: Қакнус, 1383. –С.272) . Дар ин миён нависандаи ҷумҳурихоҳ ва озодиталаб Виктор Ҳуго (Гюго) ба чеҳраи равшанфикри озодихоҳи асри бистум Ҷон Пол Сартр наздикӣ дорад. Дар садаи бистум равшанфикрӣ ба сифати ҷараёни муқаввои фикрию сиёсӣ тавассути андешаву орои симоҳои намоёни илму фалсафа Сартр, Камю, Марсел, Ясперс, Рассел ва дигарон дар муҳиту фазои қишрҳои мухталифи ҷавомеи ғарбӣ ҳамсадойӣ пайдо намуд.

  Чаҳорум. Мусаллам аст, ки равшанфикрӣ ба сифати як ҳаракати фикрию иҷтимоӣ бо чолишу хатарҳои ҷиддие рӯбарӯ будааст. Дар Урупо барои шикастани навандешӣ ва равшангарӣ калисои католикӣ дар қарни сездаҳум дастгоҳи муқтадири тафтиши ақоид (инквизитсия)-ро таъсис дода (ниг.: Дебуро Б. Тафтиши ақоид. Тарҷимаи Маҳдӣ Ҳақиқатхоҳ. Теҳрон: Қақнус, 1373. –С.10), минбаъд донишмандону равшанфикронро аз тариқи ин дастгоҳи зулму куштор таҳти фишор қарор медод. Сарнавишти донишмандони зиёди урупойӣ, бар асари навандешию таҷаддудписандӣ вахим гардида, бисёр равшанфикрони асримиёнагии урупоӣ дар ҷабҳаи муборизаю мучодала бо хурофоту таассуби расмӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ваҳшиёна ба қатл расонидани Ҷордано Бруно мисоли зиндаи ба равшангарӣ нафрат доштани мутаассибони расмии давр буд.

  Ҷараёни муборизоти возеҳу аланӣ алайҳи равшанфикрӣ дар ҷаҳони ислом низ дар асрҳои миёна бо ҷиддияти том тадовум ёфт. Аммо ба муқобили истибдоди динӣ аз асри ҳашт то дувоздаҳи мелодӣ ҳаракатҳои гуногуни оппозитсионӣ таҳти ном ва шиори миллии шуубӣ зуҳур карданд (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. –Душанбе, 2012. -С.390). Бо таваҷҷуҳ ба ин, нахустин зарбаро дар ин давра ба муқобили истибдоди арабӣ равшанфикрони иронӣ дар қолаби наҳзати шуубия заданд (ниг.: Фашоҳӣ Муҳаммадризо. Гузорише кӯтоҳ аз таҳаввулоти фикрӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи феодалии Ирон. Теҳрон, 1354. -С.94).

  Ба куфру илҳод муттаҳам кардани аҳли фалсафа ва калом дар асрҳои миёна ба ҳукми анъана даромада буд. Ҷойи нуфузи онҳоро аҳли ҳадис ва фақеҳони суннатгаройи муқаллид гирифта буд. Ҳар кӣ ақвол ва аҳодиси зиёди динӣ медонист, аз андешаманди мустақилфикр боло дониста мешуд. Кор то ба ҷое расида буд, ки Имом Шофеӣ рӯйирост ба муқобили мутакаллимон (теологҳои исломӣ) баромада, бад-ин мазмун фатво содир карда буд: “Агар бандае ба ҳама мунҳиёти Худованд ғайр аз ширк дучор шавад, беҳтар аз он аст, ки дар илми калом назар кунад ва агар шунидӣ, касе аз аҳли калом аст, шаҳодат деҳ, ки вай...дине надорад ва ҳукми ман дар боби уламои калом он аст, ки ононро ба тозиёна бизананд ва дар миёни ашоир ва қабоил бигардонанд ва бигӯянд: ин суоли касест, ки китоб ва суннатро раҳо карду ба калом рӯй овард (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал. Теҳрон:Интишороти Донишгоҳи Теҳрон,1371. -С.143). Ба ин нигоҳ накарда, равшанфикрону озодандешони миллӣ мисли Ибни Муқаффаъ ва Ибни Ровандӣ ба арсаи эҷод қадам ниҳода, парчами муборизаро алайҳи бегонапарастӣ ва торикфикрӣ баланд бардоштанд. Хусусан, Ибни Ровандӣ ҳамчун равшанфикри ҷасур нахустин маротиба дар олами ислом биниши диниро дар ойинаи хираду мантиқ баррасӣ карда, як навъ барномаи инқилоби озодандеширо дар маҳдудаи қаламрави давлати арабӣ-исломӣ роҳандозӣ намуд (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. –Душанбе, 2012. -С.231).

  Зулму куштор ва барчасби тӯмори «куфру илҳод» ба рӯшанфикрону донишмандон ва умуман, ҳар каси бедор боиси аз илму маърифати зинда дур шудани табақоти фарҳангӣ дар асрҳои миёна гардид. Кор ба ин ҳад расида буд, ки донишмандони забардасте на танҳо дар тарвиҷи илм саҳм нагирифтанд, балки барои шикастану хомӯш намудани чароғи хирад мусоидат карданд. Донишманди маъруфи қарни чаҳордаҳ Ибни Халдун сареҳан ишора кардааст, ки аз улуми ақлӣ ва фалсафӣ, ҳамчунин табиӣ ниёзе ба дину маош нест, баръакс, касе пайи онҳо меравад, гумроҳ аст. Ӯ Абӯалӣ Сино ва Форобиро намунаҳои барҷастае аз он мардони гумроҳ донистааст (ниг.: Зебокалом Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем: решаёбии илали ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378. –С 270). Ин “иқдом”, мутаассифона имрӯз низ идома дорад ва хирадситезию миллатбезорӣ ба суннати фикрию ақидатии иддае аз табақоти рӯҳонии кишвар бадал гашта, дар миёни зиёиёну фарҳангиёни кишвар низ машруият пайдо кардааст.  

  Панҷум. Равшанфикрӣ ва равшангарии муосири миллӣ дар марҳилаи нави таърихӣ дар симои устод Айнӣ қабл аз инқилоби Бухоро дар қаламрави амирсолорӣ буруз кард. Устод Айнӣ, ки бо китоби “Наводир-ул-вақоеъ” - и Аҳмади Дониш шинос мешавад, худро дар олами воқеиёти давр тасаввур намуда, ба таври худогоҳ тағйир меёбад. Дӯстӣ бо яке аз бузургтарин равшандилони Бухорои вақт Садри Зиё дар ташаккулу таҳаввули ҷаҳонбинии устод нақши муассир гузоштааст. Китобхонаи Садри Зиё дар бедорӣ ва таҳаввулоти фикрии як зумра адибону донишмандон, аз ҷумла Айнӣ ҳамчун манбаи иттилоияи асосӣ хидмат кардааст (ниг.: Асозода Х. Воқеият, сиёсат ва Айнӣ. – Душанбе, 2010. -С. 7.). Дар зимн, устод Айнӣ, бо таваҷҷуҳ ба донишу таҷрибаи равшангарони вақт, аз ҷумла Аҳмади Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Сиддиқхоҷаи Аҷзӣ ва дигарон дар масири ислоҳи авзоъ ва тағйироти зеҳнию иҷтимоӣ бардамона гом бардошт. Устод Айнӣ рисолати равшангариро дар беҳбуд бахшидани вазъи асафбори иҷтимоию маънавӣ, саводнок кардани мардум ва пахшу нашри улум қаламдод карда, тавсияи худро дар шакли стратегияи фикрию маданӣ ироа медорад: “Аввал танвири афкор ва нашри улум лозим аст, сонӣ ислоҳот худ ба худ ё ба иҷбори афкори умумӣ хоҳад шуд. Хулоса: илм чу ояд, ба ту гӯяд, ки кун” (ниг.: Айнӣ, С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. /Куллиёт. –Ҷ.14. –Душанбе: Матбуот, 2005. С.160). Ин аст, ки устод  ҳанӯз хеле барвақт пай бурда буд, ки ягона роҳи мусоид ва муътадил барои расидан ба ҳадаф танвири афкори ҷомеа аст. Танвири афкор ба мактабу маориф ва мутолиаи ҷароид сахт бастагӣ дорад. Ба назари устод Айнӣ, ҳар қадар рӯзномаю ҷароиди гуногунмазмун ва пурмуҳтаво дастраси ҷомеа гардад, ҳамон қадар сатҳи равшангарӣ ва танвири фикрӣ дар ҷомеа боло меравад (ниг.: Нуров Н. Нигоҳе ба масъалаи рӯшангарӣ ва танвири фикрӣ дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-и устод Айнӣ. //«Ҷаҳонбинии оянда» ва бархӯрди андешаҳо. -Душанбе: «Дониш», 2015. -701 саҳ. –С.608-623).

  Шашум. Баъди устод Айнӣ ҳаракати равшанфикрӣ ва равшангарӣ дар замони шуравӣ, бо дарназардошти шароит ва вазъи сиёсиву мафкуравӣ идома ёфт. Аммо мо бояд қишри фарҳангиро аз равшанфикр фарқ карда тавонем. Фарҳангӣ ё зиёӣ (ҳарчанд ки зиёӣ аз лиҳози луғавӣ ба равшанфикр тавъам аст, аз назари истилоҳӣ мутафовит мебошад) ҷуръату ҷасорати равшанфикрро надорад. Фарҳангӣ ҳамеша бо суннат ва вопасмондагиҳои иҷтимоъ даргир намешавад ва барои ҳифзи обрӯю эътибор ва нуфузи иҷтимоӣ бо суннатҳои хурофотии авом созишу муросо менамояд, аммо равшанфикр аз онҳо сареҳан имтиноъ меварзад ва амдан муқобили ҷараёни хавфноку номутавозини иҷтимоъ ҳаракат мекунад. Ҷуръату ҷасорати равшанфикр, пеш аз ҳама, аз мутолеоти васеъ, диди фарох, биниши илмӣ-мантиқӣ ва таҷриботи зарурии зиндагӣ маншаъ мегирад.

  Ҳафтум. Даргир шудану муқовимату мубориза кардан бо хурофоту таассуб дар ҳар шакле ва интиқоди мантиқии хушкандешон, ки дар адабиёти илмӣ аз он ба унвони “авомзадагӣ” ёд мешавад, вазифа ва рисолати ҷонии қишри равшанфикрӣ аст. Ба назари донишмандону равшанфикрон, авомзадагӣ ба унвони як бемории риққатбор ва андешакушӣ иҷтимоӣ (ниг.: Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377.-С.227) роҳи ҷаҳолату хурофот ва таассубро ҳамвор намуда, барои тохтутози хирадситезон, ки шуморашон рӯз ба рӯз афзун шуда истодааст, майдони фаррох фароҳам овардааст. Тағйири вазъ ва мусоид шудани он, қабл аз ҳама, ба руҳи хастанопазири қишри равшанфикрӣ ва ниҳоди фарҳангӣ сахт бастагӣ дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо такя ба манобеи дастраси бадеӣ, таърихӣ, ахлоқӣ, динӣ, ирфонӣ, фалсафӣ ва илмӣ-таҳқиқӣ вазъи равшанфикрии ҷаҳонӣ ва миллиро ҷиддӣ омӯзем, аз таҷриботи таърихии гузашта дар мувоҷеҳа бо хурофоту таассуби динӣ ва сиёсӣ сабақ гирем, дар бархӯрд бо афкори суннатӣ ва умуман, андешаҳои хушк. ки ҷомеаро ба сӯйи вопасгаройиву миллатситезӣ савқ медиҳанд, аз илму мантиқи зинда кор бигирем ва дар ниҳоят, дар таҳкими роҳи ояндадори хурофазудойӣ, ки боиси тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва билохира фарҳангӣ мегардад, қадамҳои устувор бардорем.

  Ҳаштум. Ҳаракати равшанфикрӣ ва равшангарӣ, қабл аз ҳама, дар ниҳод ва институти иҷтимоии маориф решаву шакл гирифта, минбаъд ба як ҷунбиши фарогири миллӣ табдил меёбад ва ҳавзаю муҳитҳои дигари иҷтимоиро ба худ ҷалб месозад. Тавре ки сиёсатшинос С. Ятимов дар мақолаи илмӣ-ихтисосии худ “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад”, таъкид мекунанд, маорифи кишвар муҳаррики асосии ҷараёни саводнокию маърифатпазирии ҷамъият аст. Агар кори он сусту заиф ҷараён бигирад, насли наврасу ҷавон ва дар маҷмуъ, миллат ҳатман ба чолишу таҳдиду хатарҳо мувоҷеҳ мегардад ва дар бунбасти амиқи ақидатӣ, фикрӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ қарор мегирад. Натиҷа аз қабл маълум аст: буҳрони ҷиддии ҳувиятӣ миллатро аз по дароварда, роҳро барои густариши ҷаҳолату хурофоти динию дунявӣ ҳамвор месозад ва он гоҳ яқин дер хоҳад шуд. Бинобар ин, ба равшанфикрию равшангарӣ ҳамчун ҳаракати муассири фикрӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва билохира миллӣ бетафовут будан ва худро аз ин раванд амдан канор кашидан гуноҳест кабира. Фардо назди миллат мо, ба истилоҳ, муддаиёну меросбарони фарҳангу тамаддуни тоҷик, ки худро боифтихор зиёӣ ва равшанфикр меномем, посух хоҳем дод.

 

Нозим Нурзода

пажӯҳишгар

7 феврали соли 2023, сешанбе, соати 17:14

  

 

БОЗГАШТ