РОҲ БА СӮИ ОСИЁИ МАРКАЗИИ ПУРҚУДРАТ ВА ҲАМГИРО

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

(дар ҳошияи иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, 16.11.2025)

        Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи стратегӣ дар минтақаи Авруосиё аз солҳои 1990-ум инҷониб равандҳои ҳамгироиро аз сар мегузаронад. Вохӯрии машваратии сарони давлатҳо платформаи муколамаи сиёсӣ мебошад, ки ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳамдигар асос ёфтааст. Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ин формати мунтазами саммитҳо аст, ки дар он раҳбарони панҷ кишвари минтақа (Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон) масъалаҳои асосии ҳамкории минтақавиро баррасӣ мекунанд. Ташаббуси ин механизм аз ҷониби Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод шуда буд.

        Аввалин вохӯрӣ 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остана баргузор гардид ва аз он вақт инҷониб саммитҳо ҳар сол гузаронида мешаванд, ки ҷойҳои баргузории онҳо дар пойтахтҳои гуногуни минтақа иваз мешаванд. Ин вохӯриҳо ба баланд бардоштани сатҳи муколамаи минтақавӣ мусоидат карданд ва онро системавӣ ва боэътимод гардониданд. Ҳар вохӯрӣ бо қабули изҳоротҳои муштарак ва ёддоштҳои тафоҳум анҷом меёбад. Диққати асосӣ ба мустаҳкам кардани эътимод ва шарикии иқтисодӣ дода шуд. Раҳбарон масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши гардиши молу хизматрасониҳо ва сармоягузориҳои муштаракро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, масъалаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, мисли табодули донишҷӯён ва барномаҳои муштарак дар соҳаи маориф муҳокима шуданд. Баъд аз вохӯрӣ изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он ӯҳдадориҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти умумӣ сабт шуданд. Ин вохӯрӣ асоси форматро гузошт ва эътимоди байни кишварҳоро афзоиш дод.

        Вохӯрии дувум соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Савдо ва захираҳои обӣ дар маркази баррасӣ ин Вохӯрӣ қарор гирифтанд. Раҳбарон масъалаҳои обтақсимкунии дарёҳои трансмиллиро, аз ҷумла Амударё ва Сирдарёро муҳокима карданд ва ба ҳамкории муштарак дар идоракунии захираҳои обӣ розӣ шуданд. Ҳамчунин, лоиҳаҳои савдоӣ, мисли содда кардани марзҳо ва коҳиши боҷҳои гумрукӣ баррасӣ гардиданд. Баъд аз саммит Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва энергетика имзо шуд, ки ба ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат кард ва замина барои вохӯриҳои минбаъда гузошт.

         Вохӯрии сеюм соли 2019 дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид. Ба масоили нақлиёт ва энергетика тамаркуз карда шуд. Масъалаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои роҳҳои оҳан ва шоҳроҳҳо (мисли коридори Чин-Қирғизистон-Узбекистон) баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, ҳамкории энергетикии муштарак, интиқоли газ ва барқ муҳокима шуд. Баъд аз вохӯрӣ Созишномаҳо дар бораи лоиҳаҳои муштараки нақлиётӣ ва энергетика имзо шуданд, ки ба афзоиши тиҷорати минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мусоидат карданд.

        Вохӯрии чорум соли 2019 дар шаҳри Тошканд гузаронида шуд. Изҳороти муштарак дар бораи рушди минбаъдаи формат қабул гардид. Раҳбарон масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизмро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, рушди сайёҳӣ ва ҳамкории фарҳангӣ муҳокима шуд. Баъд аз саммит изҳороти муштарак ва нақшаи амал барои солҳои оянда қабул шуд, ки форматро институсионалӣ кард ва уҳдадориҳои мушаххасро муайян намуд.

        Вохӯрии панҷум соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор шуж, ки ин вохӯрӣ 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва ба ҳамкории минтақавӣ дар формати "Осиёи Марказӣ +" аҳамияти калон додо шуд. Иштирокчиён – Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев – масъалаҳои асосии рушди иқтисодӣ, нақлиёт, энергетика, обтақсимкунӣ ва амниятро баррасӣ карданд. Диққати хоса ба институтсионализатсияи формат дода шуд, ки бо таъсиси Шӯрои координаторони миллӣ (механизми доимии тайёрӣ ва татбиқи қарорҳои раҳбарон) мустаҳкам гардид. Ин қадам ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои байнидавлатӣ ва афзоиши самаранокии ҳамкорӣ мусоидат кард. Дар саммит Изҳороти муштарак қабул шуд, ки аҳамияти истисноии механизми вохӯриҳои машваратиро барои мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯстона таъкид намуд. Ҳуҷҷатҳои калидӣ, аз ҷумла Созишнома дар бораи сиёсати умумии ҷавонон миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Созишнома дар бораи мустаҳкам кардани пайвастагии нақлиётӣ дар минтақа, имзо шуданд. Ин ҳуҷҷатҳо ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, аз қабили лоиҳаҳои роҳҳои оҳан ва шоҳроҳҳо ва ҳамчунин ба барномаҳои ҷавонон барои табодули фарҳангӣ ва таълим мусоидат мекунанд. Ҳамчунин, масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, баррасӣ гардиданд, ки бо талошҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) ҳамоҳанг буданд – ИА ин вохӯриро ҳамчун қадами пешрафти ҳамкориро дар формати "Осиёи Марказӣ + ИА" истиқбол кард. Дар натиҷа, раҳбарон ба афзоиши тиҷорати байниминтақавӣ (ки то соли 2023 аз 60 воқеаи баландсатҳа то 158 расид) ва ҳалли мушкилоти марзӣ, мисли озодӣ дар ҳаракати шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон бо корти шахсӣ аз моҳи сентябри соли 2023 розӣ шуданд. Ин вохӯрӣ на танҳо ҳамкориро амиқтар кард. Умуман, Саммити Душанбе рамзи ваҳдати минтақавӣ шуд ва ба рушди устувор мусоидат кард.

        Вохӯрии шашум 9 августи соли 2024 дар шаҳри Останаи таҳти раёсати Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев баргузор гардид ва бо имзои ҳуҷҷатҳои муҳим дар бораи савдо, экология ва амният анҷом ёфт. Масъалаҳои васеи ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисод, нақлиёт, энергетика, амният ва экологиро баррасӣ гардиданд. Меҳмонон, аз ҷумла Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва сардори Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирӣ Каҳа Имнадзе формати "Осиёи Марказӣ +" -ро васеъ карданд. Дар саммит ҳуҷҷатҳои калидӣ қабул шуданд: Изҳороти муштарак дар бораи натиҷаҳои вохӯрӣ, Консепсияи рушди ҳамкории минтақавӣ "Осиёи Марказӣ – 2040" (ки рӯйхати стратегӣ барои рушди минтақа то соли 2040 муайян мекунад), Харитаи роҳ барои рушди ҳамкории минтақавӣ барои 2025-2027, Нақшаи ҳамкории саноатӣ барои 2025-2027, Ёддошти тафоҳум дар бораи рушди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ. Ин ҳуҷҷатҳо ба афзоиши тиҷорат, ҳифзи муҳити зист  ва амният тамаркуз мекунанд. Масалан, Консепсияи "Осиёи Марказӣ – 2040" ҳамкориро ба сатҳи доимӣ бардошт ва ба ҳамоҳангии парламентҳо, вазирхонаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тиҷоратро васеъ кард. Дар формати васеъ бо Озарбойҷон масъалаҳои нақлиётӣ, мисли коридори миёна тавассути Баҳри Каспӣ муҳокима шуданд. Гарчанде ки имзои Шартномаи дӯстӣ, ҳамсоядорӣ ва ҳамкорӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва Туркманистон ба даст наомад, саммит ба афзоиши эътимод ва ҳамоҳангии сиёсати Қазоқистон ва Ӯзбекистон мусоидат кард. Раҳбарон ба рушди ҳамкории ҷавонон, сайёҳӣ ва саноат розӣ шуданд, ки тиҷорати минтақавиро аз 10% афзоиш медиҳад. Ин вохӯрӣ қадами пешрафти институтсионализатсия буда, раёсатро ба Узбекистон интиқол дод ва барои саммити ҳафтум дар Тошкент замина гузошт. Умуман, саммити Остона рамзи "Ренессанси Осиёи Марказӣ" шуд ва ба сулҳу бароҳи устувор мусоидат кард.

        Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 15-16 ноябр соли 2025 дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд. Ин вохӯрӣ барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт ва энергетика баргузор гардид. Инчунин доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд. Дар вохӯрии ҳафтум диққат ба формати "Осиёи Марказӣ +" (C5+) бо иштироки шарикони берун аз минтақа дода мешавад. Мушкилоти минтақавӣ, аз ҷумла захираҳои обӣ, иқлим ва амният муҳокима гардиданд. Масалан, масъалаи обтақсимкунии дарёҳои Амударё ва Сирдарё ҳамеша муҳим аст, зеро Тоҷикистон ва Қирғизистон сарчашмаҳои асосӣ доранд, дар ҳоле ки Узбекистон ва Қазоқистон ба об барои кишоварзӣ ниёз доранд. Ҳамчунин, лоиҳаҳои энергетикии муштарак, мисли CASA-1000 (интиқоли барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон) баррасӣ шуд. Тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва обшавии пиряхҳо (ки 80% оби минтақаро таъмин мекунанд) ҳамчун таҳдидҳои умумӣ баррасӣ мешаванд. Кишварҳо уҳдадор мешаванд, ки ҳамкориро дар ин соҳаҳо афзоиш диҳанд. Баъд аз вохӯрӣ бастаи ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамкории минбаъда, аз ҷумла созишномаҳои тиҷоратӣ ва ташаббусҳои экологӣ, қабул шуданд, ки Созиш дар бораи содда кардани савдои байниминтақавӣ, ки ҳоло ҳамагӣ 10% аз гардиши умумиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, Нақшаи муштарак барои мубориза бо тағйирёбии иқлим, аз ҷумла мониторинги пиряхҳо ва лоиҳаҳои обтаъминкунӣ, пешниҳод гардид. Ҳафтумин вохӯрӣ бо иштироки Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун иштирокчии пурра марҳилаи нави васеъшавиро ифода мекунад. Иштироки Озарбойҷон форматро васеъ мекунад ва имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои нақлиётӣ, мисли коридори миёна (аз Осиёи Марказӣ тавассути Каспий ба Аврупо), татбиқ шаванд.

        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла зимни суханронӣ нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии гарм ва ташкили вохӯрӣ дар сатҳи баланд изҳори сипос намуданд. Инчунин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Илҳом Алиевро ба муносибати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табрику таҳният гуфтанд.

Инчунин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, андешаҳои худро ба таври мушаххас баён намуданд:

1. Нақши Вохӯрии машваратӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақш ва мавқеи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбари он бо эътимод мавқеи худро ҳамчун иштирокдори муҳимми равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ устувор мегардонад. Дар ин зимн муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким меёбанд ва мо тамосҳои худро бо шарикони хориҷӣ фаъолона пеш мебарем. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар доираи ҳамин қолаб мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ин санад уҳдадории муштараки ҷонибҳоро ба пешбурди пайвастаи рӯзнома, ки дар асоси принсипҳои шарикии баробарҳуқуқ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтааст, возеҳ тасдиқ менамояд.

2. Табдилёбии Осиёи Марказӣ ба маркази рушд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои муколамаи пурсамари дипломатӣ, ташаббусҳои созанда ва ташаккули робитаҳои нави ҳамкорӣ табдил ёфтааст. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки минтақаи мо бо иқтидори назаррас маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ мебошад

3. Консепсияҳои рушд ва амният. Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мувофиқаҳои бадастомада, ки дар Консепсияи рушди ҳамкории минтақавӣ “Осиёи Марказӣ-2040” инъикос ёфтааст, заминаи мустаҳкам барои расидан ба ин аҳдоф фароҳам меоранд. Оид ба аҳамияти қабули Консепсияи таъмини амният, субот ва рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфта шуд, ки ин санад барои таъмини амну субот, тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди ҳамаҷонибаи минтақаи мо нигаронида шудаанд, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

4. Рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии истеҳсолӣ. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисодиро заминаи устувори оянда номида, зарур шумурданд, ки иқтисоди минтақавӣ тавассути ҳамкорӣ ва навовариҳо густариш дода шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъ намудани нақлиёти ҳавоӣ ва омехта, иқдомҳои муштараки созанда зарур аст. Дар ин робита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад. Истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа зарур шумурда шуд.

5. Зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва платформаи тиҷорати электронӣ. Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин соҳа, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Ба андешаи Сарвари давлати мо вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд. Бо истифода аз фурсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ ҷиҳати қабули Қатъномаи махсус таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, изҳори сипос намуданд. Гуфта шуд, ки таъсиси як платформаи ягонаи рақамӣ барои рушди тиҷорати электронӣ, ки имрӯз ба нерӯи пешбарандаи иқтисодиёт табдил ёфтааст, мувофиқи мақсад хоҳад буд. Таъкид гардид, ки татбиқи ин ташаббус на танҳо ҳамгироии иқтисодиро тақвият медиҳад, балки ба афзоиши фаъолияти тиҷоратӣ ва гуногунсозии ҷараёнҳои тиҷорат дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

6. Амнияти минтақавӣ ва таҳдидҳои муосир. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ доштани амнияти минтақавии устуворро яке аз авлавиятҳои асосии ҳамкорӣ номиданд, зеро таҳдидҳои терроризм, экстремизм, идеологияи тундгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир нигаронкунанда боқӣ мемонанд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки ба масъалаи баланд бардоштани иқтидори сохторҳо ва идораҳои дахлдор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Рушди мунтазами ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии касбии кадрҳо ва коршиносон барои бахши амният яке аз унсурҳои муҳими муқовимати муносиб бо таҳдидҳои нав номида шуд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бо назардошти афзоиши таҳдидҳои киберӣ, тақвияти чораҳои муштарак бо истифода аз технологияҳои пешрафта зарур аст.

7. Илм, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва масъалаҳои экологӣ. Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои бо мундариҷаи нав ғанӣ сохтани равандҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати рушди ҳамкорӣ дар ин самт, пешниҳод намуданд, ки дар Осиёи Марказӣ як маркази байналмилалии инноватсия ва маориф таъсис дода шавад. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои бузург барои таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки барои баланд бардоштани обурую нуфзи минтақа аз мероси ғании фарҳангию таърихӣ бояд васеъ истифода намоем. Масъалаи экологӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд, зеро тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва хокборишҳои тӯлонӣ ба амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд.

Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шукуфоии ояндаи Осиёи Марказӣ ба ҳамкории зич вобаста мебошад, ки пеш аз ҳама ба беҳтар намудани сифати зиндагии шаҳрвандон равона шудааст.

        Воқеан ба андешаи мо ин вохӯриҳо на танҳо ҳамкориро мустаҳкам мекунанд, балки Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи мустақил дар харитаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд. Дар оянда, формат метавонад бо кишварҳои дигар (мисли Чин, Русия, ИА) васеъ шавад. Барои Тоҷикистон ин имкон аст, ки масъалаҳои энергетика (НБО Роғун) ва обро пеш барад. Умуман, рамзи ваҳдати минтақавӣ аст, ки ба рушди устувор ва сулҳ мусоидат мекунад.

         Ин вохӯриҳо ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ, аз қабили обтақсимкунӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисодӣ кӯмак расонданд. Масалан, дар вохӯриҳои солҳои 2018-2019 масъалаҳои марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон муҳокима шуданд, ки ба коҳиши танишҳо мусоидат кард. Ҳамчунин, лоиҳаҳои муштараки нақлиётӣ, мисли роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон, пешниҳод ва татбиқ шуданд. Ин формат ба кишварҳои минтақа имкон дод, ки бе дахолати қудратҳои беруна масъалаҳои дохилиро ҳал кунанд, ки ин мустақилияти сиёсиро мустаҳкам мекунад. Вохӯрии ҳафтум механизми ҳуқуқии ҳамгироиро аз маҷлиси машваратӣ ба ҷаласаи институсионалӣ табдил дод, ки таърихи 7-солааш (аз 2018) онро инъикос мекунад.

 

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД

муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

 

БОЗГАШТ