АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Роҷеъ ба Covid-19

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Имрӯзҳо мардуми тамоми дунё ба  гирифтории бемории “коронавирус”, ки вабои қарни XXI ба ҳисоб меравад, дар ҳаяҷон мебошанд.
Вақте ки сухан атрофи коронавирус дар кишварҳои Аврупо меравад, махсусан кишвари Олмон, канслери он хонум Ангела Меркел ин мушкилотро ҳамчун як бадбахтие медонад, ки он ҳамчун мушкилоти Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аст.
Имрӯзҳо дар Олмон қариб 100 ҳазор нафар ба бемории коронавирус гирифтор буда, аллакай 1590 нафарашон фавтидаанд. Сатҳи фавтидагон аз коронавирус 1,6 % мебошад. Нисбати дигар кишварҳо амсоли Испания 9,7 % Италия, 12,3 % олмониҳо тавонистанд, худашонро ҳифз кунанд, пеш аз ҳама риоя кардан ба қоидаҳои карантин, дастшӯӣ бо антисептикҳо, риояи фосилаи суҳбат то якуним метр ва ғайра. Масалан дар Берлин барои вайрон кардани қоидаву қонун, милитсия метавонад аз 25 то 500 евро ҷарима кунад. Ҳамаи тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо басташуда, гузаронидани конфренсияву семинарҳо манъ шудааст. Ба мардумони Олмон фақат барои рафтани мағозаҳои хӯрокворӣ ва ба толорҳои варзиши иҷозати рафтан дода шудааст.
Аз 6-уми апрел сар карда, дар Олмон, қонуне ҷорӣ шудааст, ки дар муҳлати 14-рӯз сафар кардан ба Олмон мамнуъ барои нафароне, ки аз иттиҳоди Аврупо меоянд ё мехоҳанд дар Олмон зиндагӣ кунанд, аст. Ин қонун барои кормандони тиббӣ, дипломатон, мардуме, ки дар сарҳад иқомат доранд, ё ронандагони автомабилҳои калонҷусса, ки ба кишварҳои ҳамсоя равуо доранд, мансуб аст.
Олмон барои ҳифзи саломатӣ ва зиндагии шоиста кишвараш аз триллион евро зиёдтар ҷудо кардааст. Сирри муваффақии мардуми Олмон бо мубориза ба ин вабои аср ин аст, ки дар вақташ ба табиб муроҷиат карда, ҳамаи нозукиҳои карантинро риоя мекунанд.
Ин беморӣ имрӯз ҷомеъаи ҷаҳонро ба ларзиш овардааст. Мутаассифона таъсири бади худро ба мардуми мо ҳам расонида истодааст. Мардуми Тоҷикистон низ аз омадани ин беморӣ дар ҳаросанд, ки мабодо ин беморӣ ба мо низ таъсири шуми худро расонад. Мо бояд доимо омода бошем, пеш аз ҳама мо иродаи қавӣ дошта бошем, ба суханҳои беасоси ҳар кас дода нашавем. Зеро қариб ҳамаи бемориҳо ба тариқи асаб  ба инсон таъсири бад мерасонад. Маслиҳатҳое, ки табибон ба мо медиҳанд саривақт иҷро кунем, чун ки саломатии ҳар як фард дар дасти худи ӯ аст.
Мо метавонем таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ амсоли Олмон ва кишвари ҳамсоя Узбекистонро ба назар гирем ва омӯзем. Ин кишварҳо қариб ҳамаи амалҳояшонро ба тариқи тестӣ ташхис кардаанд, чун пешгирии беморӣ ба ташхиси мушаххас натиҷаҳои хуб медиҳад.
Дар Олмон корхонаҳои саноатӣ ба монанди фирмаи фолсфаген ва дигар корхонаҳо аллакай кору фаъолият намуда истодаанд, ки ин нишони рӯ ба беҳбудӣ овардан аст.
Мардуми Тоҷикистон бояд ба воҳима наафтида, доимо қоидаҳои гигиениро ҷиддан риоя кунанд. Ҳамарӯза аз телевезион ташвиқот оиди дуруст риоя кардани карантин ва бархӯрди дуруст бо ин беморӣ бурда шавад. Бояд гуфт, ки саломатии мардум аз худи онҳо вобастагӣ дорад.
Вақте ки инсон меҳаросад ва ё тарсе дар худ дорад, ин пеш аз ҳама эҳтимоли хурӯҷи дигар касалиҳоро тавлид кунад. Аз ин рӯ ба тарсу ҳаррос наафтида, ба қоидаҳое, ки аз ҷониби духтурон тавсия дода шудааст, риоя кунем.
Фикр мекунам, ки мардуми тоҷик ҳам метавонад аз ин вартаи фалокат барояду ба зиндагии осоишта рӯ оварад.
 Аз   фурсат    истифода    бурда,    хохони    саломатии    мардуми  бо сабру таҳаммулпазири Тоҷикистон  ҳастам. Бигузор ҳамеша саломату болидахотир бошанд.

 Санавбарбону Воҳидова,
доктори илмҳои таърих, профессор,
мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
АМИТ

БОЗГАШТ