РОҶЕЪ БА СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 34 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

       Тўли 34 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайроҳаи истиќлоли сиёсӣ ќадам мезанад ва дар ин муддат барои идора ва мусоидат ба пешрафти ҷомеа таҷрибаи ғаниро андўхтааст. Маҳз тавассути самараи чунин таҷрибаҳо  ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро имрўз ҳамчун кишвари дорои сулҳу оромӣ ва рў ба инкишоф эътироф намудааст. Арзишу маќоми ин падида маҳз дар шароити кунунии ҷаҳони ноороми муосир барои мардум равшантар мешавад ва дарки зарурияти  арзгузорию ҳифзи он дар  шуури  мардум меафзояд.

        Ба касби Истиќлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократи ҳуќуќбунед ва дунявӣ эълон гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ќайд кардаанд: “Истиќлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст. Дарки амиќи моҳияти истиќлолу озодӣ барои пойдории давлат ва баќои миллат аҳаммияти фавќулода дорад. Маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мо имкон фароҳам овард, ки номаи таќдири худро ба дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ ва фарзандонамон заҳмат кашем”.

        Ќобили зикр аст, ки даврони Истиќлолият барои мардуми тоҷик имконият  фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуќуќбунёд ва дунявӣ интихоб намояд. Истиќлолият ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатдории мустаќил, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиќлолияти иќтисоду сиёсӣ ва фарҳангӣ, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як ваќт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воќеии миллатро таъмин намуд. Истиќлолият барои мардуми тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиќлоли Тоҷикистон мебошад.

       Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуќуќи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳо ва минтаќаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иќтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем.

        Дар давоми 34 сол Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустаќили муносибатҳои байналмилалӣ баромад карда, дар самти сиёсати хориҷӣ барои фароҳам овардани эътидол дар минтаќа, ба даст овардани  имконияти ба роҳҳои баҳрии байналмилалӣ баромадан, рушди ҳамкориҳои иќтисодӣ дар минтаќа, пешгирии таҳдиду  хатарҳои марбут ба вазъи  кишварҳои ҳамсояро дорад.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутаќобилаи судмандро бо кишварҳои дигар ҳамеша бо назардошти манфиатҳои миллӣ, дар асоси принсипҳои баробарӣ рушд медиҳад. Муносибати Тоҷикистон бо субъектҳои дигари байналмилалӣ яксон набуда, майлу алоќамандии ҷонибҳо бо таваҷҷўҳ ба манфиати тарафайн онро муайян месозад ва вусъат мебахшад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори роҳандозии робитаҳои неку созанда бо ҳама кишварҳои дунё ва созмонҳои гуногуни минтаќавиву байналмилалӣ буда, бо ќаноатмандӣ метавон таъкид кард, ки сиёсати дурандешона ва хушбинонаи Президенти кишвар дар ин замина зина ба зина амалӣ мегардад. То имрўз зиёда аз 147 кишвари ҷаҳон истиќлолияти давлатии Тоҷикистонро пазируфта, бо беш аз 128 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад. Дар ҷумҳурӣ сафоратҳои зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон, даҳҳо намояндагии созмонҳои мухталифи минтаќавию байналмилалӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин теъдоди намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа рў ба афзоиш дорад. Алҳол сафорату консулгариҳои кишвар дар 24 давлат, аз ҷумла, Австрия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Беларус, Белгия, Британияи Кабир, ШМА, Миср, Олмон, Озарбойҷон, Покистон, Россия, Туркия, Туркманистон, Хитой, Эрон, Ќазоќистон, Ќирғизистон, Ўзбекистон, Ҳиндустон, Япония бомуваффаќият амал менамоянд.

        Аз ҷониби худ Тоҷикистон низ бо назардошти имкониятҳо ва авлавиятҳо дар сиёсати хориҷиаш дар чанд кишвари хориҷӣ сафоратҳо ва консулгариҳо кушода, дар назди созмонҳои бонуфузи байналхалќӣ намояндагони доимии худро ваколатдор намуд. Ҳоло Тоҷикистон дар 22 давлати хориҷӣ - Австрия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Беларус, Белгия, Британияи Кабир, ШМА, Ќазоќистон, Ќирғизистон, Миср, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Россия, Туркия, Туркманистон, Украина, Ўзбекистон, Эрон, Хитой, Ҳиндустон, Япония сафоратҳо, дар шаҳрҳои Мазори Шариф (Афғонистон), Дубай (Амороти Муттаҳидаи Араб), Екатеринбург (Россия) консулгариҳои генералии худро дорад, ки онҳо дар кишварҳои иќомат дар мустаҳкам кардани робитаҳои доимӣ, муносибатҳои судманд, васеъ кардани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд.

        2 марти соли 1992 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ќабл аз ин - моҳи январи соли 1992 ҷумҳурӣ ба раванди Ҳелсинки ҳамроҳ шуда, иштирокчии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (то соли 1995 - Ҷаласаи амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо) гардид. Баъд аз ин пайи ҳам узви чандин созмони байналмилалӣ, минтаќавӣ ва иттиҳодияҳои байнидавлатӣ гардида, сиёсати бисёрсамтаи худро бо истифода аз имкониятҳои ин сохторҳо хеле ривоҷ дод.

       Намояндагиҳои доимии ҷумҳурӣ дар назди созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтаќавӣ, чун СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СКИ, СААД, Ҷомеаи иќтисодии АвруОсиё ва ғайра фаъолият доранд.

       Барои пешбурди сиёсати хориҷии давлат ва ривоҷ додани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои олам пойгоҳи мукаммали ҳуќуќӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Принсипҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Сарќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои муҳими кишвар инъикос ёфтаанд. Тарҳрезӣ ва амалӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар аз ҳуҷҷатҳои номбаршуда, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, сарчашма гирифта, дар ҳуҷҷатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар бораи ҷараён додани ҳамкориҳо идомаи мантиќии худро пайдо мекунанд.

       Дар шароити имрўза Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, ҷараён додани робитаҳо бо давлатҳои дигар ва субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ аҳамияти бағоят ҷиддӣ дода мешавад. Салоҳият миёни шохаҳои ҳокимият оид ба таҳия ва амалисозии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мутобиќ ба сохти конститутсионии давлат муайян шудааст.

 

ДОРОНШОЕВА Некбахт

ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

номзади илмҳои сиёсӣ

 

БОЗГАШТ