АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Роҷеъ ба тарҷумаҳо ва   тарҷумонҳои асарҳои адибони Ҳинду Покистон дар Тоҷикистон

Муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло

Расм

Адабиёти ҳиндӣ, ки оғози онро дар замонҳои қадим офаридаҳо ба забони санскрит ташкил додааст, таърихи беш аз чор ҳазорсола дорад ва бо беҳтарин адибону беҳтарин асарҳо дар мисоли Калидаса барин драматург бо беҳтприн драмааш бо номи “Шакунтала”  машҳури ҷаҳон шудааст.[7]

Таърихи тарҷумаи асарҳои бадеӣ дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1918 оғоз ёфтааст. Ҳамон сол дар шаҳри Петроград нашриёти “Адабиёти ҷаҳонӣ” таъсис дода шуда буд.  Дар таъсиси ин нашриёт шоирон, нависандагон ва мунаққидони бузурги рус ба мисли    А. Блок (1880-1921), К. Чуковский (1882-1969), Н. Гумилев (1886-1921), Ф. Батюшков (1857-1920) ва дигарон саҳми худро гузоштаанд. Онҳо мехостанд, ки тамоми адабиёти классикии хориҷиро аз асри XVIII сар карда то ин ҷониб тарҷума, чоп ва дастраси хонандагон  намоянд.Ҳамин тариқ, вақте ин нашриёт ба кори худ шурӯъ кард, имконияте пеш омад, ки  асарҳои ҷудогонаи адибони пешқадами дунё  ба забони русӣ тарҷума шаванд. Дар чорчӯбаи ҳамин имконият асарҳои ба забони русӣ тарҷумашударо ба дигар забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ тарҷума мекарданд ва ҳоло ҳам ин кор қатъ нашудааст.[13] Инро дар мисоли романи “Гора”-и Равиндранатҳ Тҳакур мебинем, ки бори аввал соли 1961[8] ва бори дувум соли 2017 [9] тарҷума  шуда худи ҳамон солҳо рӯи чопро дидааст.

Соли 1964дар заминаи редаксияи гуманитарии нашриёти “Адабиёти ҷаҳонӣ” нашриёти давлатии “Прогресс” дар шаҳри Маскав таъсис ёфт, ки ҳоло пас аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ нашриёти шахсӣ шудааст. Соли 1982 як бахши нашриёти “Прогресс” ҷудо шуда номи “Радуга”-ро гирифт, ки танҳо ба тарҷума ва нашри адабиёти бадеӣ машғул мебошад. Маҳз  ҳамин нашрияҳо ба дараҷаи хеле хуб тарҷума ва нашри асарҳои бадеии адибони хориҷиро ба забони русӣ ва тарҷумаи асарҳои адибони гуногунзабони   Иттиҳоди Шӯравиро ба забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда чоп менамуданд. Тамоми хонандагони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз аз тариқи ҳамин нашрияҳо ва маҷаллаи “Адабиёти хориҷӣ” мунтазам ба беҳтарин дурдонаҳои адабиёти ҷаҳонӣ ошно мешуданд. Аз тариқи асарҳои дар ин нашрияҳо расман чоп шуда, тарҷума аз забони русӣ ба забонҳои дигари халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ, сурат мегирифт. Бо ин васила барои хонандагони тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дарвозаи васеъ ба ҷониби адабу фарҳанги ҷаҳон кушода шуда буд. Хонандаи тоҷик имкон пайдо намуд, ки на танҳо аз чакидаҳои қалами адибони давлатҳои ҳамсоя, балки аз эҷодиёти адибони мамолики Аврупову Амрико огоҳӣ гирифта тавонад. Ҳиндшиноси рус академик Челишев Е. П. роҷеъ ба адабиёти хориҷӣ, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр мешавад чунин гуфтааст: “Тарҷума ва нашри беҳтарин асарҳои адибони Шарқ, аз ҷумла асарҳои адибони Ҳинд бо теъдоди  хеле  зиёд ҳанӯз соли 1918 бо ташабуси Максим Горкий оғоз ёфта буд. Горкий ин корро ҳамчун фаъолияти муҳими давлатӣ, ҳамчун яке аз қисмҳои таркибии  як ҳалқаи занҷири  инқилоби фарҳангӣ меҳисобид, ки вай имкониятҳои беҳудудро барои инкишофи шахсияти инсон  фароҳам меорад.” [2,50]

Нақши адабиёти бадеӣ дар ташаккули муносибатҳои фарҳангӣ байни халқҳи ҷаҳон ниҳоят бузург аст. Адабиёти асил ҳамеша барои бо ҳам наздик ва дӯст намудани халқҳо ва фарҳангҳои мухталифи дунё кӯшиш менамояд. Мақолаҳои рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо инчунин дигар хабару маълумотҳо, кадом навъе, ки онҳо набошанд ва чӣ қадар қимате надошта бошанд, ҳатто шиорҳо ва даъватҳои ба дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ даъваткунанда ва мисли инҳо муддати зиёд наметавонанд мавҷудияти худро нигоҳ доранд, наметавонанд муҳаббат ва эътибори одамонро бо якдигар дар давоми садсолаҳо қувват бахшанд, яъне онҳо хусусияти мувақатӣ доранд.  Лекин он чизе, ки ҳамчун асарҳои бадеӣ иншо шуда нашр мегардад, аҳамияти маънавию тарбиявиу ахлоқиаш баҳои хуб мегирад, писанди хонандагони зиёд мешавад ва боз ба забонҳои халқҳои дигар мамлакатҳо тарҷума мешавад, умри дароз мебинад ва бо ин васила дар ҳалли масъалаҳои бо ҳам наздик шудани мардумони гуногунзабон ҳатман ҳиссагузорӣ мекунад.

 Солҳои аввалини баъди Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ буд, дақиқтараш соли 1947.   Маҳз дар моҳи марти ҳамин сол шоири машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода дар ҳайати намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал аз Ҳиндустон дидан карданд. Ин дар арафаи озоду соҳибистиқлол шудани Ҳиндустон мустамликавӣ буд.  Мирзо Турсунзода ва ҳамроҳонашон, ки шахсиятҳои шинохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, аз  Ҳиндустон бо як ҷаҳон таасурот баргаштанд.  Таасуроти худро Мирзо Турсунзода дар 13 шеър рӯи коғаз овард, ки онҳо бо номи “Қиссаи Ҳиндустон” нашр карда шуданд.  Ба ин силсилаи назм шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди  Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара Чандри», “Дар ёди кас” “Сайёҳи Ҳинд” “Тоҷмаҳал”, “Дар орзуи ошён” “Қадаҳи ман”, “Кулоҳи профессор Ахвледиани” ва  “Ду роҳ”,     шомил шудаанд. Баробари аз чоп баромадани ин силсилаи шеърҳо Мирзо Турсунзода боз зиёдтар дар миқёси СССР ва дигар давлатҳо машҳур шуд.    Шеърҳо ҳосили андешаҳои адиби инсондӯст, муборизи матин барои сулҳ ва ҳамкорӣ байни халқҳои ҷаҳон буданд.  Дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ онҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, португалӣ, испанӣ, полякӣ, чинӣ, грузинӣ, узбекӣ, қазоқӣ ва дигар забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳои дунё тарҷума шуданд.Ҳамин тариқ,  ба воситаи ин шеърҳо дар пеши назари хонандаҳои мухталиф манзараи зиндагии ноосудаи мардуми ҷафодидаи Ҳинд, бо ҳамон андозае, ки шоири бузурги тоҷик дар як сафари кӯтоҳи худ дар ин мамлакати зебо метавонист эҳсос кунад, намудор мешавад. Маҳз ҳамин шеърҳо боис шуданд, ки шӯҳрати шоири тоҷик бисёр тез дар тамоми дунё паҳн гашт ва аз ҳама муҳимаш ин буд, ки Ҳиндустон, мардуми боистеъдоду ҳайратовар мӯъҷизакори  он ва санъати бемислаш барои мардуми тоҷик боз наздиктар шуд. Таваҷҷуҳи мардуми тоҷик нисбат ба ин мамлакат аз пештар дида даҳчанд бештар гардид. Ин  далелро садҳо муҳаққиқону мунаққидон тасдиқ кардаанд, аз ҷумла яке аз тарҷумонҳои асарҳои адибони Ҳинду Покистон Шарафбону Пӯлодова (аз забони русӣ) чунин гуфтааст: “Маҳз “Қиссаи Ҳиндустон”-и Мирзо Турсунзода завқу ҳаваси аҳли адаб ва табақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистонро, нисбат ба Ҳиндустон, зиндагии мардумони ин сарзамин ва фарҳангу ҳунари волои онҳо беш аз пеш афзуд. Адибони тоҷик  намунаҳои беҳтарини адабиёти Ҳиндустонро, чи назму чи наср, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва пешкаши оммаи  васеи хонандагон мекарданд, ки қисми зиёди онҳоро ҳикояву новелла ташкил менамуд”.[6]

Мирзо Турсунзода соли 1967 сазовори мукофоти байналмилалии  Ҷавоҳирлол Неҳру шуданд. (Соли 1964 идораи дар Ҳиндустонбу­даимаҷаллаисоветии«Soviet Land(Иттиҳоди Шӯравӣ), ки ба забонҳои гуногуни ин мамлакат ва англисӣ нашр мешуд, ба хотири қавитар  намудани   муносибатҳои дӯстонаву фарҳангии   халқҳои советӣ ва Ҳинд   Мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳруро таъсис дода буд. Ин мукофоти бисёр арзишманд ҳар сол 14 ноябр дар рӯзи таваллуди  аввалин  сарва­зири  Ҳиндустони озод Ҷавоҳирлол Неҳру барои саҳмгузорӣ дар муносибатҳои фарҳангии байни халқҳои Ҳиндустон ва дигар халқҳо ва барои беҳтарин асардҳои адабӣ, публисисти, инчунин тарҷумаҳои   асарҳҳи нависандагни Ҳиндустон  ба забонҳои шӯравӣ ва баракс ба забонҳои халқҳои Ҳиндустон дода мешуд. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти ин маҷалла ва додани мукофоти Неҳру ҳам қатъ шуд).

Ҳарчанд, ки ҳанӯз аз солҳои бистуми асри ХХ шоирони тоҷик ба мавзӯи Ҳиндустон рӯ оварда бошанд, ҳам, лекин танҳо қалами мазбуту сеҳрноки Мирзо Турсунзода он чизеро дод, ки ҳам хонандаи  оддӣ ва ҳам хонандаи мушкилписанди тоҷик дар  ҳамон солҳо  кайҳо боз интизор буданд.

Адиби инсондӯст Мирзо Турсунзода то сафари худ ба Ҳиндустон аз фарҳангу адабу таърихи  ин кишвари афсонавӣ огоҳии кофӣ дошт. Сафар ба Ҳиндустон дараҷаи ин огоҳиро боз баландтар намуд.  Турсунзода ҳамчун раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба адибони тоҷик ва дигар ашхоси ба илму адаб сару кор дошта ва дӯстдорони адабиёти хориҷӣ, аз ҷумла Ҳиндустону Покистон маслиҳат медоданд, ки ба тарҷума ва омӯзиши адабиёти мамлакатҳои дигар машғул шаванд ва мардуми тоҷикро аз беҳтарин дастовардҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла мамлакатҳои бо Тоҷикистон ҳамсояву наздик шинос намоянд. Пас дар аввалин даҳсолаи озодии Ҳиндустон нависандаи шинхтаи Тоҷикистон  Ҷалол Икромӣ романи “Палангсавор”-и Бҳаттачария Бҳабаниро (1906-1988) тарҷума намуда, дар он бо қалами худ мақолаеро бо номи “Якчанд сухан дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Бҳаттачария” низ ҷой  додааст.[1] Ин китоб, ки  бо номи “Оседлавший тигра” соли 1956 дар шаҳри Маскав аз забони банголӣ ба забони русӣ тарҷума ва чоп шуда буд, акнун ба забони тоҷикӣ соли 1958 дар шаҳри Сталинобод ба табъ расид. Худи ҳамон сол Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар пас аз баргаштан аз сафари Покистон маҷмӯаи шеърҳои шоири машҳури форсизабону урдузабони Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқболро бо номи “Шеърҳо” аз чоп баровард ва бори аввал хонандаи тоҷикро бо ин  шоири бузург ошно намуд. Бояд зикр кард, ки маҳз боздиди Мирсаид Миршакар аз Покистон боис шуд, ки дар Тоҷикистон иқболомӯзӣ ва нашри осори форсизабони (тоҷикзабони) адиб оғоз ёфт ва то имрӯз идома дорад.

Ғайр аз тасвири мавзӯи Ҳиндустон  аз ҷониби адибони тоҷик ва тарҷумаи асарҳои адибони Ҳинду Покистон ба забони тоҷикӣ, боз   оид ба тарҷума ва нашри асарҳои адибони тоҷик ба забони ҳиндӣ  бояд таваққуф кард, гарчанде ин дар муқоиса бо тарҷума ва нашри асарҳои адибони Ҳинду Покистон ниҳоят кам аст. Ин норасогӣ сабабҳои объективии худро дорад. Лекин имрӯзҳо агар маъсулони сафоратҳои Тоҷикистон дар Ҳиндустону Покистон  тарҷумонҳои ҳиндустониву покистониро дастгирӣ намоянд, барояшон китобҳои тоҷикиро муҳайё намуда, маслиҳатҳо диҳанд, бебаҳс дар ин мамлакатҳо шумораи тарҷумаи асарҳои адибони шинохтаи тоҷик ҳатман зиёд хоҳад шуд.

 Адабиёти бадеӣ ҳамеша сарчашмаи муҳими дарки зиндагии халқҳои ин ё он мамлакат мебошад.  Аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар ҷумҳурии мо пайваста тарҷума намудани асарҳои адибони Ҳинд оғоз ёфт.  Инро низ бояд гуфт, ки дар он солҳо тарҷумаи асарҳои адибони Ҳинд ва адибони дигар кишварҳои хориҷӣ, тавре болотар ишора кардем, танҳо аз забони русӣ буд, чунки дар Тоҷикистон ҳанӯз тарҷумонҳое набуданд, ки забонҳои ҳиндустониро донанд, то ин, ки мустақим асарҳои бадеиро аз забонҳои асл  тарҷума намоянд.Ҳамин тариқ, забони русӣ нақши забони миёнаравро миёни Ҳиндустону Тоҷикистон ва Покистону Тоҷикистн иҷро менамуд.  Дар чунин ҳолат   тарҷумонҳо зарур буданд, ки забони русиро ба дараҷаи олӣ донанд ва онҳо бояд хеле дақиқу аълосифат образҳои бадеӣ, андешаҳои муаллифон, ғояҳо ва дигар хусусиятҳои асарҳои бадеиро ҳамчун тарҷумон касбӣ дода тавонанд.  Тарҷумонҳои баландихтисоси тоҷик   ба мисли Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Мирсаид Миршакар, М. Қаноат, Раҳим Ҷалил, М. Аминзода, А. Деҳотӣ, Ш. Мастон, Қутбӣ Киром, Бобо Ҳоҷӣ, Баҳром Фирӯз, А. Насимов, Шариф Шараф, Муллоқандов Э., Муллоқандов Н., Абдуҷалил Воситзода, Ҳасан Ирфон, Раҳим Ҳошим, Пулод Толис, Ҳикмат Раҳмат, Холида Айнӣ, Ғанӣ Абдулло, Салимшо Ҳалимшо, Абдулло Зокиров, Одина Мираков, А. Воситзода, Уктам Холиқов, Уктам Пӯлодов, Ҷ. Одинаев, А. Ҷумъабой, У. Ҳақбердиев, З. Сафар, А. Шараф, Б. Умарӣ, Т. Самадӣ, Р. Фаромуз, Ш. Баҳор, Ф. Баҳодур, Р. Абдусаломова, М. Шарқӣ, Р. Ортуқзода, М. Муҳаббатшоев, Ф. Кобулӣ, Ҳ Носиров, А. Қаюмов, Р. Матлуба, Б. Буринисо, М. Хӯҷаев, Н. Ҷӯраев, Ғ. Мрзоев, А. Қаюмов, Ф. Исҳоқӣ, И. Нуъмонов, Ғ. Ҷӯразода, Н. Шарифов, Н. Кароматуллоева, М. Сабо, С. Мақсудӣ, М. Абдураҳмонов, Р. Абдуллоев, Малоҳат, С. Шафқат, Ғ. Сафарзода, Б. Сиддиқова, М. Юсуфов, С. Абдуллоева, А. Шарифӣ, И. Диёров, М. Тоҷиев, Н. Неъматов, Ҷ. Тошматов  ва дигарон бо майлу рағбати зиёд асарҳои манзуму мансури адибони шинохтаи Ҳинду Покистонро тарҷума менамуданд.

Тавре мебинем миёни тарҷумонҳои номбаршуда ҳам адибони номӣ ҳастанду  ҳам олимон - муҳаққиқони адабиёт, ҳам журналистон ва ҳам дигар зиёиёне ҳастанд, ки нисбат ба адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла адабиётҳои Ҳиндустону Покистон назари махсус доранд. Маҳз ҳамин дӯстдорони асили адабиёти Ҳинду Покистон таваҷҷуҳи рӯзафзуни хонандагони тоҷикро нисбат ба   адабиёти ғании миллатҳои гуногуни ин мамлакатҳо  ба инобат гирифта, танҳо дар давоми ҳамагӣ 30 сол, (солҳои 1950-1980) аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ бештар аз 300 ҳикоя, повест, роман, афсона ва шеърҳои ҷудогонаи муаллифони ҳиндустониву покистонӣ ва афсонаҳои халқии онҳоро тарҷума кардаанд. Он солҳо рағбати хонандагони тоҷик ба асарҳои адибони хориҷӣ, аз ҷумла адабиётҳои Ҳиндустону Покистон беандоза буд.  Ин далел низ ҷолиби диққат аст, ки бебаҳс ба забони русӣ беҳтарин намунаҳои асарҳои нависандагону шоирони номии Ҳинду Покистон, устодони каломи бадеъ, тарҷума ва чоп мешуданд. Маҳсули қалами адибони ҷавони умедбахш низ  мадди назар намешуд.  Тарҷумонҳои тоҷик ҳам ин анъанаро нигоҳ дошта, аз ин хазинаи бебаҳо ва ниҳоят ғанӣ асарҳои беҳтарин аз беҳтаринҳоро интихоб мекарданд ва имрӯзҳо ҳам ин корро идома дода истодаанд.Ғайр аз ин гуна меъёри интихоб, табиист, ки боз қимати бадеияти ин ва ё он асар ва мазмуни баланди инсондӯстӣ доштани он  муҳим аст, ки ҳамон вақт    ва имрӯз ҳам албатта, ба назар гирифта мешавад.

Ин ҷо боз ба як нуқтаи дигар нигаристан ба маврид аст. Миёни дӯстдорони воқеии адабиёти асил ҳатман шахсоне ёфт мешаванд, ки дар тарҷумаи тарҷума гум шудани сифати дилхоҳро мебинанд. Албатта, ин чизе нест, ки ноаён монад. Чунончӣ, тарҷумони варзида Урунбой Усмонов, ки “Тарҷумон пулест, ки адабиёти ҷаҳонро бо ҳам мепайвандад” гуфтааст, чунин  ақида дорад:. “Ростӣ, манбачунинтарҷумаҳозидҳастам. Хоҳ -нохоҳдартарҷумаиаввалақаллан 20-30 фоизиаслиятихешрогуммекунад, тарҷумаазрӯитарҷуманисфиназокатиаслииасарроазбайнмебарад. Даринмиёнтасаввуротихонандаизабонисевумаллакайдармавридиасар ё адабиёти ин ё он халқдигархелшуданашмумкинаст”. [12]Лекин аз ҷониби дигар тарҷумони номбурда боз инро низ илова намудааст:”Зимнанбоядгуфт, китарҷумаиаввалагарнағзҷараёнгирифтабошад, тарҷумаазтарҷумабаҳарҳолмӯҳтаворохубрасонидаметавонад. Масалан, тарҷумаҳоиасариСадриддинАйнӣбазабонирусӣхубаства аз русӣбадигарзабонҳоихалқиятҳоисобиқиИттиҳодиШӯравӣнағзшудааст” [12]

Дар солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта ба забони тоҷикӣ аз ҳама бештар асарҳои Равиндранатҳ Тҳакур (1861-1941), Премчанд (1880-1936), Моҳан Сингҳ (1906-1978) ва Хоҷа Аҳмад Аббос (1914-1987) тарҷума шудаанд.  Миёни адибони дар боло ёдшуда дар мамлакати мо дар ҳамон солҳо  маҳбубияти махсусро асарҳоиРавиндранатҳ Тҳакур ва Премчанд     доштанд ва ҳоло ҳам ин қадрдонӣ   кам нашудааст.

Дар нимаи дуюми  асри ХХ ба забони тоҷикӣ асарҳои Вишну Прабҳакар (“Меҳр”, ҳикоя, тарҷумаи Д. Раҷабӣ),    Кришан Чандар (“Як гулу сад харидор”, повест, тарҷумаи У. Холиқов), Дњанирам Чатрик (“Бевазан”, шеър, тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат), Мулк Раҷ Ананд (“”Соати тилло, ҳикоя, тарҷумаи Т. Самадӣ), Яшпал (“Ёди сафари кӯҳсор”, ҳикоя, тарҷумаи Д. Раҷабӣ),   Упендранатҳ Ашк (“Мухбир”, ҳикоя, тарҷумаи А. Воситзода), Варма Рамкумар “Ҷаннати рӯи замин”, пиеса, тарҷумаи Бобо Ҳоҷӣ),   Гурчаран  Рампурӣ (“Арӯси сол, шеър”, тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат,   Премчанд (“Ҳикояҳо. Нирмала”, роман,тарҷумаи А. Зокиров), Амрита Притам (“Нома”, шеър, тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат),   Моҳан Сингҳ (“Лабханди гул”, шеър, тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат), Равиндранатҳ Тҳкур (“Биё бар дил умеди зиндагӣ ор”, шеър, тарҷумаи О. Мираков), Бҳатачария Бҳабанӣ (“Навмедӣ”, ҳикоя, тарҷумаи Ҳ. Ирфон”), Сароҷинӣ Найду (“Суруди ҳиндуёни моҳигир”, шеър, тарҷумаи Ш. Мастон)   ва дигарон чоп шудан гирифтанд.

Соли 1956 Нашриёти давлатии Тоҷикистон “Ҳикояҳои ҳиндӣ ва покистонӣ” ном китоберо бо теъдоди ҳашт ҳазор нусха аз чоп баровард. Ин китоб соли 1954 дар шаҳри Маскав чоп шуда буд. Адиби намоёни рус, яке аз дӯстони наздики Мирзо Турсунзода Николай Семёнович Тихонов (1896-1979) ба ин маҷмӯаи ҳикояҳо бо номи “Ба ҷои сарсухан” пешлафз навишта, чунин зикр кардааст:  “Халқи советӣ ва халқҳои Ҳинду Покистон дӯстони қадиманд. Ин дӯстӣ ҳаргиз ва бо ҳеҷ чиз доғдор нашудааст. Муносибатҳои байни мо бо иззат, ҳурмат ва муҳаббати ба якдигар обу тоб ёфтааст.Мо ҳар қадар ҳикоятҳои нависандагони ҳинду Покистнро бештар шунавем, ба ҳаёти одамони оддии он ҷойҳо чуқуртар сар медароварем, орзу ва умеди ононро беҳтар фаҳмида мегирем”.[9,XV-XVI] Он чӣ адиби рус шасту панҷ сол гуфта буду тарҷумааш дар китоби зикршуда оварда шудааст, дар асри нав  низ дорои аҳамияти хос аст.

Дар китоби  “Ҳикояҳои ҳиндӣ ва покистонӣ” 27 ҳикояи 11 адибони Ҳинду Покистон ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳикояҳо ба таври зайл ҷой гирифтаанд: Мулк Раҷ Ананд - ҳикояҳои “Иттифоқи сартарошон”,”Ҳаёти хушбахтонаи кашмирӣ”, “Дарахти банон”, “Маҳароҷа ва сангпушт”, “Ғазали сари гавҳора” ва “Мӯзадуз ва машина”; Иброҳим Ҷалис - ҳикояҳои “Ғуломи озод”, “Хатои Муҳаммад Исҳоқ”; Содиқа Бегим - ҳикояи “Лаълбаҳодур”; Кришан Чандар - ҳикояҳои “Тӯй”, “Сад рупия”, “Ман интизорам”, “Ваҳте, ҳайкалҳо гап мезананд” ва “Калу Бҳангӣ”; Маҳиндор Натҳ - ҳикояи “Пагоҳӣ, пешин, бегоҳӣ ”; Навтеҷ Сингҳ - ҳикояи “Бе рул бо ҷараён”; Хоҷа Аҳмад Аббос - ҳикояҳои “Аҷанта”, “Бундуи бинокор”, ”Соябон”, “Беитоатӣ” ва “Ҷаноби инспектори политсия”;   Алӣ Сардор Ҷафрӣ ҳикояи - “Чеҳра капитан”; Аҳмад Надим Қосимӣ -  ҳикояи “Абрҳо кай ғун мешаванд”; Бҳабанӣ Бҳатачария - ҳикояи “Навмедӣ”; Яшпал - ҳикояҳои “Ҳаққи ғӯсса хӯрдан”,  “Парда” ва “Бузургтарин хайрот”. Ба истиснои он, ки ҳикояи Алӣ Сардор Ҷафрӣ   “Чеҳра капитан”-ро Н. Муллоқандов тарҷума кардааст, боқӣ тарҷумаи ҳама ҳикояҳоро Ҳасан Ирфон ба анҷом расондааст. Агар ба мазмуни ин ҳикояҳо нигоҳ кунем, табиист, ки мазмунҳо  мухталифанд, вале ҳадаф якранг аст. Яъне диққати хонандаро ба ягон масъалаи муҳими вақт ҷалб кардан. Масалан, дар ҳикояи Иброҳим Ҷалис ба масъалаи бархӯрдҳои мазҳабӣ дар соли 1947, ҳангоми пора шудани Ҳиндустон   ба Ҳиндустону Покистон диққат дода шудааст. Адиб дар мисоли тақдири   якчанд нафар шаҳрвандони Ҳинду Покистон рӯзи сиёҳтарини ба сари мардумони ин кишварҳо омадаро дар тасвири бадеӣ додааст. Хоҳони бунёди Покистон дар вақташ гумон аст тахмин карда бошанд, ки  гирифтори чӣ гуна  бадбахтиҳову хонабардушиҳо мешаванд. Дар арафаи  соҳибистиқлолшуданиҲиндустони мустамликавӣ бо сабаби тақсимшудани ин мамлакат ва бо сабаби зидиятҳидинӣфоҷиаҳое ба амал омадаанд, ки мислашро дар таърихи муносибатҳоимусулмононуҳиндувониҲиндустонкасеёд надошт. Оқибатҳои даҳшатовари тақсим шудани Ҳиндустон чун захми табобатнашавандае дар дили ҳиндувону мусулмонҳои ин минтақаҳанӯзам боқӣ мондааст Вале онҳое, киазинбархӯрдҳоманфиатмеҷустанд, ба мақсадрасида, парвоисадҳоҳазорқурбоншудагонубеманзилизистмондаҳо  надоштанд.   Ҳамаи ин аз ҷонибиравшанфикроне, киҳадафҳоиасосиитарафдоронвасозмондиҳандагониинҳодисаипурфоҷиароба хубӣдарккардаандҳеҷгоҳ  ва дар ягон шакл дастгирӣнаёфтааст. Таҳлилгаронизамонинавнизазҳарпаҳлӯе, кибаинмасъаланигоҳнакунанд, агардардилашондилсӯзиебаинсондоштабошанд, агархайрхоҳивоқеиидарамонивуоромӣзистанимардумонигуногунмазҳаббошанд, боядандешаҳоихудробаҳамонсамтеравонкунанд, кипешироҳибадбинӣ, оштинопазирӣвадарҳаминпоябавуҷудомаданибархурдҳоимазҳабӣгирифташавад. Душманонибоҳаморомзистаниҳиндувонумусулмонҳоэҳсосидиндорӣ, нигаҳдорииодатуанъанаҳовасабукандешагиибаъзенамояндагонроазҳардуҷониббоусулҳоиборҳотаҷрибакардаашонистифодабурда, оташҳоинафратухаробазоркунии   хомӯшшударобоз гоҳ-гоҳеаз нав равшан карданӣ мешаванд. Танҳоашхосиазақлбегонанисбатбаинмасъалаҳометавонад бепарво бошад ва оқибатҳоидаҳшатовариҳарнавъзадухӯрдвакашмакашиҳоибадиндорӣалоқамандбударопайхаснакунад. Адибони пешқадамиҲиндустон, ки яке аз онҳо Иброҳим Ҷалис мебошад,баинмасъала борҳо эътибор дода, кӯшишкардаандбемаънӣ, зиёноварватуҳфаба душманони ором зистани мардум буданашро дар асарҳоибадеӣвамақолавубаромадҳояшонсобитнамоянд. Ҳоло барои ба ин масъала   пурратар равшанӣворидкардан   зарур аст ба мисолҳоидақиқрӯоварем. Бамавридаст як назаре ба   ҳикояи Иброҳим Ҷалис “Ғуломи озод”, ки тавре дар болотар ишора шуд, ба забони тоҷикӣ  тарҷума шудааст, дошта бошем. Иброҳим Ҷалис - яке аз  адибони маъруфи урдузабон,   ба мавзӯизериборонифоҷиаҳотақсимшуданиҲиндустонвабоҳамдигардарафтоданиҳиндувонумусулмонҳо  махсус эътибордодааст. Дар  ин ҳикоя бори дигар на танҳоандозаиваҳмангезивоқеаҳоитақсимшавӣ, балкиҷараёни гум кардани ақлисолимрониздидаметавонем. Аз тариқи ин ҳикоя тахмин кардан мумкин аст, ки бо ҳам осоишта назистани тарафдорони динҳои мухталиф ва ба якдигар бо нафрату бадбинӣ нигоҳ кардан ба чигуна  фоҷиаҳо оварда мерасонад.

Ҳикояи Яшпал  (1903-1976) “Ҳаққи ғӯсса хӯрдан” андешаеро дар бар мегирад, ки чаро одамон дар вазнинтарин вақту шароит бояд маҷбуран риояи урфу одатҳо кунад. Дар ин ҳикоя пиразане харбуза фурухтанӣ ҳасту зор-зор мегиряд. Дирӯз аз захми мор писари ҷавони  вай ҳалок шудааст ва ҳар он бисоте, ки дар хона будаст, сарфи гӯру чӯб шудааст ва акнун дар хона барои кӯдакони бе падар монда ҳеҷ чизи хӯрданӣ нест, барои ҳамин ҳам пиразан маҷбур аст харбузаҳои полези худро фурушад. Одамон дигар паҳлӯи воқеаро фикр накарда пиразанро танҳо таънаву маломат мекунанд, ки вай бар хилофи анъанаҳо бар ивази дар хона нишаста мотам гирифтан ба савдои харбуза машғул аст. Танҳо адиб ноилоҷ мондани кампирро мефаҳмаду халос.

Ҳамин тариқ, ба воситаи ҳикояҳои адибони дар боло ёдшуда мо аз аҳволи мардуми оддии Ҳинду Покистон бохабар шуда, бо ҳамон андозае, ки эҳсос мекунем, ба яке дилсӯзӣ мекунему ба пуртоқатии дигаре аҳсан мегӯем.

Дигар асаре, ки дар солҳои шастуми асри гузашта зуд ба дили хонандаи тоҷик роҳ ёфт ин романи маъруфтарин адиби Ҳинд Премчанд (1880-1936) “Нирмала” буд, ки соли 1962 ба табъ расидааст. Дар ҳамин китоб боз ҳафт ҳикояи Премчанд низ илова шудааст. Ҳам роман ва ҳам ҳамаи ҳикояҳоро тарҷумони варзида Абдулло Зокиров ба анҷом расондааст.[5]

Бо дастёбии Тоҷикистон ба мустақилият давраи нави муносибатҳои фарҳангии мардумони Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз ёфт. Албатта, ин мавзӯи  дигар аст, лекин маҳз ба ҳамин воқеаи таърихӣ дурнамои сифатан нави омӯзиш ва тарҷумаи  адабиётҳои Ҳиндустон      алоқаманд аст.

Дар оғози асри ҷадид дар соли 2002 ба забони тоҷикӣ маҷмӯаи ҳикояҳои адибони муосири Ҳиндустон бо номи “Ҳикояҳои ҳиндӣ”[11] аз чоп баромад, ки 18 ҳикояи 14 адиби шинохтаи ин мамлакатро, ки аслан ба забони ҳиндӣ эҷод кардаанд, дар бар мегирад.   Асарҳои баъзе аз ин адибон ба мисли   Премчанд, Яшпал, Упендранатх Ашк ва Кришан Чандар  кайҳо боз ба хонандаи тоҷик шиносанд, лекин ҳикояҳои  Мадҳаврао Сапре, Удай Пракаш, Муниманкиям Нарасимҳа  Рао, Моҳан Ракеш, Манну Бҳандарӣ ва чанде  дигарон бори аввал аст, ки тарҷума шудаанд.  Ин аввалин кӯшиши ҳикояҳои ҳиндиро мустақим аз задбони асл тарҷума кардан буд. Дар ин ҷо пеш аз овардани ҳар як ҳикояи тарҷумашуда дар бораи муаллифи ҳикоя маълумоти мухтасари тарҷумаиҳолӣ дода шудааст.

Соли  2003 ба муносибати сафари расмии сарвазири Ҳиндустон ҷаноби   Атал Биҳарӣ Ваҷпейи ба  Тоҷикистон  аз забони ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ маҷмӯаи ашъори Атал Биҳарӣ Ваҷпейи бо номи “Як қатраи меҳрубони борон” тарҷума ва нашр шуд. Маҳз ба воситаи ҳамин асар мо огоҳ шудем, ки сарвазири Ҳиндустон ҷаноби Атал Биҳарӣ Ваҷпейи на танҳо сиёсатмадор, балки шоири хушсалиқа низ будааст.   Нашри ин китоб боз як хиштест дар пойдевори бинои дӯстии мардумони тоҷику ҳинд шудааст. Ин китоб бори дигар соли 2019 боз аз чоп баромадааст. 

Соли    2007 дар ду ҷилд ба забони тоҷикӣ маҷмӯаи ашъори шоирони Ҳиндустон зери унвони “Овози ёре аз ҳар диёре” [4]  дар тарҷумаи тарҷумони  варзида Ҳикмат Раҳмат рӯи чопро дид. Ёдовар мешавем, ки тарҷумаи ҳамаи шеърҳо аз забони русӣ мебошанд.   Дар ин гулдастаи назм 28 намунаи ашъори ҳафт чунин шоирони намоёни Ҳиндустон ба мисли  Бҳайвир Сингҳ, Дҳанирам Чатрик, Моҳан Сингҳ, Гурчаран Рампурӣ. Амрита Притам ва Субхадра Кумари Чауҳан  шомил шудааст. Пас аз як сол маҷмӯаи ҳикояҳои адибони Ҳинд бо номи “Армуғони Ҳинд” дастраси хонандагони тоҷик   гардид. Ҳикояҳоро Шарафбону Пӯлодова аз забони русӣ тарҷума карда,   пешлафз низ навиштааст. Дар ин маҷмӯа 14  ҳикояи ҳашт адиби Ҳинд, аз ҷумла Ҷайшанкар Прасад  (ҳикояи “Маъбади мусавварот”), Премчанд (ҳикояҳои “Баҳои шир”, “Санҷиш” ва “Зансардои оила”), Амрита Притам (ҳикояи “Бахтиёр”) ва Равиндранатҳ Тҳакур (ҳикояи “Моҳамайя”), гирд оварда шудаанд.

Ҳикоянавис ва романнависи боистеъдоди адабиёти ҳиндӣ Моҳан Ракеш (1925-1972) буд. Соли 2007 маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ дар Душанбе зери унвони “Зиндагии талх” ба забони русӣ ба табъ расид.  Соли 2009  монографияи Раҷабов Ҳ.    “Пҳанишварнатҳ Рену” рӯи чопро дид. Дар ин китоби тадқиқотӣ барои нишон додани услуби асарофарии ПҳанишварнатҳРену ду ҳикояи ӯ дар тарҷумаи муаллифи монография бо номҳои “Ҷарроҳӣ” ва “Қасами сейум” оварда шудааст.  Ҳикояи “Қасами сейюм” ба захираи тиллоии адабиёти муосири ҳиндӣ дохил шудааст.  Ин ҳикоя моро ба зиндагии мардумони оддии қисмати шимолии Ҳиндустон ошно месозад. Худи ҳамин сол китоби Ҳ. Раҷабов “Ин аст Ҳиндустон” нашр карда шуд, ки маълумотҳои зиёде оид ба Ҳиндустон дода метавонад. Китоб ба 60 солагии истиқлоли Ҳиндустон бахшида шудааст.

Соли 2010 дар тарҷумаи Рафоати Саидаҳмад аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ 54 ҳикояи 52 адиби Ҳинд бо номи “Нафири Ҳинд” аз чоп баромад, ки осори баъзе адибони он бори аввал ба хонандаи тоҷик пешниҳод карда мешавад.[3]. Соли 2015 монографияи Ҳ. Раҷабов бо номи “Премчанд”   аз чоп баромад. Дар замимаи ин китоб тарҷумаи чор ҳикояи  адиб мустақим аз забони ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Дар солҳои 2017 ва 2018 рисолаи илмии Раҷабов Ҳ. “Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав” ба табъ расид. Соли 2019 чунин асари машҳури мардуми ҳинд ба мисли “Бҳагавад-гита” рӯи чопро дид. Ин асарро Мирхолиқ Солиев аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Дар чанд соли охир як силсила китобҳои дигар муаллифон, аз ҷумла китобҳои  Раҳматуллоева З., Қурбонов Ҳ., Нурова М., Юнусӣ Аҳтамшоҳ ва ғайра нашр шудаанд. Танҳо дар соли 2021 китоби “Рамаяна”, Адабиёти қадимаи Ҳинд (Раҷабов Ҳ),  “Забони ҳиндӣ” (Раҳматуллоева З.), “Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳафиз Ҷоландҳарӣ” (Қубонов Ҳ) ва ғайраҳо чоп шудаанд. Роҷеъ ба муҳтавои ин китобҳо ва аҳамияти онҳо дар тақвияти робитаҳои адабӣ месазад, ки ҷудогона тавақуф кард.

Ҳамин тариқ, тарҷумонҳои тоҷик бо тарҷумаи шумораи зиёди асарҳои адибони номвари Ҳиндустон, барои тақвияти муносибатҳои фарҳангии мардумони ду мамлакати Осиё – Тоҷикистону Ҳиндустон саҳми арзандае гузоштаанд.

 

Адабиёт

 

  1. БҳатачарияБ. Палангсавор. Сталинобод, 1958, 308 с..
  2. Москва – Дели. Взаимодействие культур во имя мира и прогресса. М., 1979, 288 с.
  3. Нафири Ҳинд. (Ҳикояҳои адибони Ҳиндустон). 448 с.
  4. Овози ёре аз ҳар диёре. Ҷилди 2. Душанбе, 2007, 314 с.
  5. Премчанд. Нирмола. Душанбе, 1962, 300 с.
  6. Пӯлодова Шарафбону. Пешгуфтор. Армуғони Ҳинд. (Тарҷума аз забони русӣ). Душанбе, 2008, 168 с.
  7. Рабинович И. С. Сорок веков индийской литературы. М., 1969, с
  8. Такур Р. Гора.  Душанбе, 1961. (тарҷумаиХолидаАйнӣ), 476 с.
  9. Такур Р. Гора. Душанбе, 2017. (тарҷумаи Салими Зарафшонфар), 482 с.
  10. Ҳикояҳоиҳиндӣва покистонӣ. Сталинобод, 1956, 328 с.
  11. Ҳикояҳои ҳиндӣ. (Тарҷумаи Раҷабов Ҳ). Душанбе, 2002, 200 с.
  12. Ҳақиқати Суғд. (рӯзнома). 5 феврали соли 2021.

     13.https://moluch.ru/archive/339/76043/

  1. https://osiyoavrupo.tj/index.php/component/k2/item/606-robita-oi-adabii-to-ikistonu-induston-dar-asri-xx-va-ibtidoi-asri-xxi

 

Роҷеъ ба тарҷумаҳо ва   тарҷумонҳои асарҳои адибони Ҳинду Покистон дар Тоҷикистон

         Мардумони гуногунзабону гуногунфарҳангу гуногунмазҳаби ҷаҳон  дар кадом дурие, ки аз якдигар зиндагӣ накунанд, ҳамеша ба таъриху фарҳангу адаби якдигар таваҷҷуҳ менамоянд. Ва ин таваҷҷуҳ ҳамон вақт натиҷа меорад, ки агар забондонҳо, тарҷумонҳо ва муҳақиққон ба тарҷумаи асарҳои бадеӣ  ва  омӯзишу таблиғи онҳо даст зананд. Ҳадафи  мақолаи мазкур нишон додани саҳми аввалин тарҷумонҳои тоҷик ба мисли Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, М. Миршакар, М. Қаноат, Р. Ҷалил, М. Аминзода, А. Деҳотӣ, Ш. Мастон, Қ. Киром, Бобо Ҳоҷӣ,   Э., Муллоқандов, Ҳасан Ирфон, Раҳим Ҳошим, Пулод Толис, Ҳикмат Раҳмат, Холида Айнӣ,  Абдулло Зокиров,   А. Воситзода, Уктам Холиқов ва дигарон дар тарҷумаи асарҳои адибони Ҳинду Покистон мебошад. Онҳо дар   Тоҷикистон як силсила асарҳои адибони ин кишварҳоро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Дар ин мақола оид ба аввалин асарҳои тарҷумашудаи адибони ин   мамлакатҳо ва аҳамияти ин тарҷумаҳо дар тақвияти робитаҳои адабӣ, таваҷҷуҳ   шудааст. Чанд нуқтаи дигар оид ба тарҷумаи асарҳое, ки дар даҳсолаҳои охир ба чоп расидаанд, дахл дорад.

         Калидвожаҳо: аввалин, тарҷума, тарҷумон, адабиёти бадеӣ, адабиёти ҳиндӣ, Ҳиндустон, Покистон, Тоҷикистон, адибон, ҳикоя, роман, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Равиндранатҳ Тҳакур, Премчанд, робитаҳои адабӣ, муносибатҳои фарҳангӣ.

Дар бораи муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло, доктори илмҳом филологӣ, профессор, мудири Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои мамлакатҳои Осиё ва Аврупои АМ ҶТ, ш. Душанбе, к. Лоиқ Шералӣ 83, тел. 907 96 30 00.Эл. почта: rajabov_h@yahoo.com

 

 

О ПЕРЕВОДЕ И ПЕРЕВОДЧИКАХ ПРОИЗВЕДЕНИЙ ИНДИЙСКИХ И ПАКИСТАНСКИХ ПИСАТЕЛЕЙ В ТАДЖИКИСТАНЕ

            Люди разных языков, культур и религий мира, где бы они ни жили, всегда обращают внимание на историю, культуру и литературу друг друга. И этот интерес будет реализован только в том случае, если лингвисты, переводчики и исследователи одной страны будут изучать,  переводить и опубликовать произведения писателей других стран.  Цель даной статьи - показать вклад первых таджикских переводчиков, таких как Дж. Икромӣ, С. Улугзода, М. Миршакар, М. Каноат, Р. Джалиль, М. Аминзода, А. Дехати, Ш. Мастон, К. Киром, БобоХоджи, Э., Муллоканов, ХасанИрфон, РахимХашим, ПулодТолис, ХикматРахмат, Холида Айни, АбдуллоЗокиров, А. Воситзода, УктамХоликов и другие в деле перевода произведения индийских и пакистанских писателей.В Таджикистане они перевели с русского на таджикский язык ряд произведений писателей Индии и Пакистана. В статье рассматриваются первые переводы произведения писателей   этих стран и значение этих переводов для укрепления литературных связей. Рассматривается также некоторые переводы  относящиеся к   последним десятилетиям.            Ключевые слова:  первые, перевод, переводчик, художественная литература, индийская литература, Индия, Пакистан, Таджикистан, писатели, рассказ, роман, РахимХашим, Хасан Ирфан, РавиндранатТхакур, Премчанд, литературные связи, культурные связи.            Об авторе:РаджабовХабибулло, доктор филологических наук, профессор, заведующий отделом Юго-Восточной Азии Института азиатских и европейских исследований Национальной Академии Наук Республики Таджикистан, г. Душанбе. Душанбе, к. ЛоикШерали 83, тел. 907 96 30 00. эл. электронная почта: rajabov_h@yahoo.com 

ABOUT TRANSLATION AND TRANSLATORS OF INDO-PAKISTAN WRITERS IN TAJIKISTAN

            People of different languages, cultures and religions of the world, where they lived, always pay attention to the history, culture and literature of each other. And this interest will be realized only in that case, if linguists, translators and researchers from one country will study, translate and publish the works of writers from other countries. The purpose of this article is to show the contribution of the first Tajik translators, such as J. Ikrami, S. Ulugzoda, M. Мirshakar, М. Kanoat, R. Jalil, М. Aminzoda, А. Dehati, Sh. Maston, К. Kirom, Bobo Hoji, E., Mullokanov, Hasan Irfon, Rahim Hashim, PulodTolis, HikmatRahmat, KholidaAini, AbdulloZokirov, A. Vositzoda, UktamKholikov and others in the translation of works of Indian and Pakistani writers.In Tajikistan, they translated from Russian into Tajik a number of works by Indian and Pakistani writers. The article considers the first translations of the works of writers of these countries and the meaning of these translations for the strengthening of literary connections. Some translations relating to the last decade are also considered.            Keywords: first, translation, translator, fiction, Indian literature, India, Pakistan, Tajikistan, writers, story, novel, Rahim Hashim, Hasan Irfan, Ravindranath Thakur, Premchand, literary ties, cultural ties.

   About the author: Khabibullo Rajabov, doctor of Philology, Professor, head of the Department of Southeast Asia of the Institute for the study of Asian and European countries of the NA RT.

 

    

Ҳабибулло Раҷабов,

   д.и.ф., мудири шӯъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

  

 

 

 

 

 

БОЗГАШТ